Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

VII

Ним соли донишҷӯӣ ҳамин хел гузашт, ки бехабар мондем. Имтиҳонҳо оғоз ёфтанд: боз ташвиш, боз изтироб... Раҳораҳ ҳам китобхонӣ. Баъзе бачаҳои бепарвои курсҳои боло инро дида, писхандзанон мегуфтанд:

− Ҷона ин қадар азоб надиҳед... Акнун донишгоҳ аз шумо як диплом карздор аст... хоҳед-нахоҳед, онро мегиред.

− Дипломдор шудану дониш гирифтан фарқ дорад. Баъзеҳо бо пул ҳам диплом мехаранд, лекин аз он чӣ фоида? − мегуфт дигаре.

− Фоидааш ҳамин, ки бо одамони панҷ сол ранг зард кардаву ҷон коҳонда хонда баробар мешаванд,

«соҳибмаълумот» ном мегиранд, − бо исрор мегуфт дигаре.

− Маълумоти олӣ!

− Дипломи қалбакӣ, бачаҳо, бақо надорад, − омирона луқма партофт сеюмӣ. − Охир, обрӯи дипломфурӯшу дипломдорро мерезонад.

Чунин баҳсу мунозираҳои беохир қариб ҳар рӯз дар саҳни хобгоҳ cap мезанад. Аммо ғолибу мағлуб аён намешавад: ҳар кас дар сари андешаи худ устувор меистад. Ва аз ҳамин мубоҳисаҳо ҷавонони доништалабу дипломхоҳро фарқ кардан мумкин.

Имтиҳонҳоро ман чандон нағз насупоридам, дилтанг шудам. Гумон бурдам, ки амакам хафа мешавад, сарзанишам мекунад. Вале як ақидаи ӯ, ки бо исрор ба завҷааш таъкид мекард, ба ёд омаду тасаллоям бахшид. «Баъзе муаллимҳо шумораи хонандагони аълохони синфашонро сунъӣ меафзоянд, ба бачаҳо бебаркаш чору панҷ мегузоранд, ки ҳамчун «муаллими нағз» ном бароранд. Ин гуноҳи азим аст,

− мегуфт ӯ. − Дар ин маврид бача ба гирифтани баҳои муфт умед баста, кам мехонад... Баъд аз нахустин имтиҳони мактаби олӣ меафтад. Он гоҳ падару модараш аз мактабу муаллимон домангир мешаванд.

Баҳои се, агар ҳаққонӣ бошад, аз чору панҷи қалбакӣ авлотар аст...».

Муаллимаи забони русии мо ҳам пайрави ҳамин ақида будааст.

− Ба ту «чор» мондан мумкин, − пас аз он ки ба саволи охирин ҷавоби дилхоҳ нашунид, гуфт муаллима ва бо табассуми малеҳе илова кард: − Лекин ҳаққи ман меравад. Барои ҳамин ба ту «се»-и ҳалол мегузорам... Розӣ ҳастӣ?

Хайр, чӣ ҳам мегӯӣ? Аз як тараф ба хотири муомилаи хуши муаллима, ки мисли фариштаҳои хаёлӣ лабони гулобирангашро бо ҳам нарасонида ҳарф мезад, аз ҷониби дигар хирагиву бериёиро раво надидам, ки баҳоталошӣ кунам. «Баҳо дар коғаз мемонад, дониш дар дил», − гуфтам ба худ.

Баъзе бачаҳо аз санҷишу имтиҳон қарздор ҳам шуданд. Масалан, Қайс аз ду имтиҳон нагузашт, лек зиёфати алам дод. Раҳимбек ба ҷону ҳолам намонда маро ҳам ба ин зиёфат бурд.

− Мабодо мо сияҳмаст шавем, ту, махсум, ҳушёрӣ мекунӣ, − гуфт ӯ фориғболона. − Боз раҳи хобгоҳро гум накунем...

Дар қаҳвахонаи «Лола» ҷигарӣ нӯшиданд. Ман ҳамон ҷо нағз фаҳмидам, ки шароб баробари хун алам ва раги сухангӯии одамро ба ҷунбиш меовардааст. Оҳо, дар бораи навъҳои мошин, туфливу сарулибос, духтарбозиҳояшон чунон гап заданд, ки онҳоро намедонам, ман шалпару пакар гаштам.

− Инаш-ку духтар, паспорти хоса дорад, панҷ мондан мегиранд, − ниҳоят бо ҳасрат гапро ба сари имтиҳон кашид Раҳимбек. − Лекин наход ҳамин Хоҷаи сагпараст ҳам аз мо доно бошад?

Воқеан, танҳо Насиму Гулсоро аз ҳамаи имтиҳонҳо баҳои панҷ гирифтанд. Ва ҳоло Қайсу Раҳимбек аз ҳамин чиҳат дар оташи алам месӯхтанд,

− Паханаш ошнои декан... − сигарет даргиронда гуфт Қайс. − Пахани ман ошнобозия нағз намебинад.

Ҳм, агар ӯ мехост, ҳоло ман дар МГУ мехондам, дар кӯчаҳои Маскав сайру гашт мекардам. – Ӯ аз даҳонаш ҳалқа-ҳалқа дуд бароварда, пасмондаи сигаретро бо кароҳат ба хокистардон партофт. − Лекин гапамон напухт-дия...

− Ту ошно будани падари Насиму деканро аз куҷо донистӣ? − кунҷковӣ кардам ман.

− Аз Латофат. Гуфт, ки падари Сагпараст дар як колхози машҳури водии Вахш раис аст... Аз худи

Сагпараст пурсидам. Медонӣ чӣ ҷавоб дод? «Ин сирри махфӣ...»

− О муғамбир-е! Гуфтам-ку, ин сағира пуштибони зӯр дорад, − луқма партофт Раҳимбек ва истеҳзоомез афзуд: − Барои ин ки розаш ошкор нашавад, харгӯш барин аз мо мегурезад...

Росташ, дар дилам оташи шубҳа аланга зад. Бори аввал дар дил ба як ҳамдарси аълохонам нафрат хондам. Аммо аз рӯи рашк ё ҳасад не... Охир, дар синфи мо, дар мактаби деҳа бачаҳои аълохон буданд.

Падарсӯхтаҳо мисолу масъалаҳои математикиро ончунон нағз ҳал мекарданд, ки муаллимамон ҳайрон мемонд. Онҳо ҳоло дар донишгоҳҳои Москваю Ленинград таҳсил доранд. Ҳа, ба зеҳни тези Гулсоро ҳам шубҳа кардан беинсофист. Каллаи ин духтари аловдастаи безебу назарногир гӯё оҳанрабост. Вай суханҳои омӯзгоронро калима ба калима, ҷумла ба ҷумла аз ёд мекунад. Ва ҳангоми таҳсил агар муаллимон аз вай мавзӯеро пурсанд, мисли робот ноҷунбон истода, ончунон ки тирҳо бонизом аз мили туфанг мепаранд, суханҳо низ аз даҳони ӯ дунболи ҳамдигар мебароянд. Гулсоро ҳини сухангӯӣ чашмонашро ба шифт дӯхта, мижа намезанад ва ба назар чунин мерасад, ки нафас ҳам намекашад.

Боре муаллими сарсафедамон Ҳакимӣ ба булбулвор суханронии Гулсоро зеҳн монда, аввал хандид.

Сипас гуфт, ки кайҳо боз дар донишгоҳ ин хел тӯтиро надидааст.

Насимро ба Гулсоро муқоиса карда намешавад. Вай ором, пухта, бомулоҳиза гап мезанад. Муаллим

Ҳакимӣ ҳангоми дарсҳо мудом ӯро аз ҳама охир мепурсад, ки ҷавобҳои дигаронро пурра бикунад. Бисёр донишҷӯён, ҳатто баъзе муаллимон ҳам бе дафтару китоб гап зада наметавонанд. Вале Насим агар ба дафтар ё китоб нигарад, суханашро гум мекунад.

− Писар, агар то охир хамин хел нағз бихонӣ, ба як ҷо мерасӣ, − боре бо табассум қаноатмандона ба

Насим гуфт муаллим Ҳакимӣ. – Тақдири ҳар кас дар дасти худаш. – Ӯ пас аз андаке хомӯшӣ шӯхиомез боз афзуд: − Донишгоҳро нағз хатм бикунӣ, худам туро шогирд мегирам...

Он лаҳза ҳамкурсон бо ҳасад ба Насим нигаристанд. Вай шармгинона нигоҳашро ба дигар тараф гурезонд. Ба хаёлам, агар муаллим Ҳакимӣ ин ваъдаро ба Қайс ё Раҳимбек медод, онҳо курта-курта гӯшт мегирифтанд ва яқин зиёфат медоданд. Аз рӯи гуфти донишҷӯёни курсҳои боло муаллим Ҳакимӣ аз ҷиҳати сахтгиру серталаб буданаш худои факулта ҳисоб мешудааст. Касеро ӯ эътироф бикунад, ё ба касе баҳои аъло гузорад, донишгоҳро хатмкарда башумор мерафтааст.

− Ошнои падараш-дия, ҳавасманд, рӯҳбаланд мекунад, − ҳангоми танаффус гуфт Раҳимбек. − Хайр, бӯи гапашро фаҳмидӣ? Чаро танҳо ӯро шогирд мегирифтааст? Чаро фақат ба ӯ тавсия медиҳад, ки баъзе китобҳоро хонад? Ҳм, дар зери коса нимкосае ҳаст. Гумонаш, ки мо ин чизҳоро намефаҳмем...

Нафасгир шудам. Дилам бухс кард. Фазои қаҳвахона ончунон пурдуд буд, ки кунҷҳояш торик менамуданд, ҳавояш ҳам вазнин. Бӯи мурғшӯрбову машрубот бо дуди сигарет ва туршиҳои газзак омехта шуда, нохуш ба машом мерасид. Садои мубҳами мусиқии ҷаз бо овози хиррии ҳофизи мағрибие махлут гашта, сақфи қаҳвахонаро пур мекард ва дар саҳни нимторики бино даҳ-бист духтару писари олуфта дар ҳавои ин доду ғирев узвҳои худро ба тарзи хоса ларзонидаву ҷунбонида мерақсиданд.

Нишастагон ҳам ба коре овора буданд: як ҷавони айёш дастонашро ба гардани духтараки ҷӯлидамӯе ҳалқа карда, бешармона лабони ӯро мемакид, яке бо овози баланд қоҳ-қоҳ мезад, дигаре бо ғазаб рӯи миз мушт кӯфта, ба мусоҳибаш чизеро мефаҳмонд, сеюмӣ қиёфааш ҷиддӣ, чашмонаш пурғам сигаретро аз лаб наканда, дуди талх мебаровард ва дар гирдоби андешае ғӯтавар буд... Қайсу Раҳимбек низ ба майдони рақс рафтанд. Ман дар ин муҳити пурдуду серғавғо, дар доираи ин мардуми ба хаёлам, маишативу беғам худро бегона ҳис кардам ва бо нафрат аз онҳо рӯй гардонида, аз тиреза ба берун нигаристам. Дар кӯчаи яхпӯшу пурбарф, ки аз нури чароғҳо заҳир метофт, одамони хунукхӯрда бо эҳтиёт қадам канда, аз пайи корашон мешитофтанд. Хаёли ман танҳо ба Насим банд буд.

− Чаро бачаҳову духтарҳо доим ӯро ғайбат мекунанд? − пурсидам аз худ. − Магар гапи Пакана рост буд? Наход маҳз ба хотири падараш? Не, ин бадгӯиҳо аз бахилӣ... Лекин аз ҳама кебиданаш чӣ? Ана

Қайс ҳам писари раис аст, мошин дорад, ҳафтаи гузашта аз маркази шаҳр хонаи нав гирифт. Ҳм, корманди идораи манзилгоҳ ӯро кофтаву ёфта, калиди хонаро ба дасташ дод... Мегӯянд, ки баъзе олимшавандаҳо нисфи умрашонро дар хонаҳои иҷора мегузаронанд ва аз тадқиқи кори илмӣ бештар ғами сарпаноҳ азобашон медиҳад. Хайр, дунё хамин хел аст. Касе тавонад, дар ҷои нармтар менишинад...

Лекин Кайс доим бо мо ҳамнишин аст, баъзан зиёфат ҳам медиҳад, вале шоху дум набаровардааст. Ё падараш ба Насим таъкид карда бошад, ки ҳамроҳи ҳар кас нагардад.

Дар арафаи соли нав падари Қайс ба бинои донишгоҳ омада, писарашро суроғ кард. Котибаи раиси факулта Қайсро аз дарс бароварда назди падараш бурд. Ҳангоми танаффус мо ҳам, ба гуфти Раҳматшоҳ ба зиёрати раис мушарраф шудем. Вай марди пурсалобати миёнақад, рӯйгирди гандумгун буд ва кулоҳашро болои абрӯҳо каҷ ниҳода, аснои роҳгардӣ борашро ба қафо партофта, як даст дар кисаи пиҷакаш, бовиқор қадам мезад. Раис бо имои cap ба саломамон алек гардонд. Ҳамин рафтораш ба

Раҳматшоҳ хуш наомад.

− Ҳавобаланд менамояд, − гуфт ӯ ранҷишомез. − Эҳе, раиси мо ҷони одам аст. Ба хурду калон як хел салом медиҳад. Чунон меҳрубон ки...

«Падари Насим чӣ хел одам бошад? − пурсидам аз худ. – Мисли худаш мардумгурез... Ягон маротиба писарашро хабаргирӣ омада бошад? Ҳм, биёяд ҳам, шояд дуздвор пас-паси девор гардад, ки касе набинадаш. Ақаллан писараш ба худаш намерафт».

Ин фикрҳои мубҳам маро аз олами пурғавғои қаҳвахона даме берун кашиданд. Вале ҳиссиёти нохуш диламро фишор дод. Сабабаш ба худам маълум: аз ибтидои шиносоӣ − намедонам барои чӣ? дар дилам ба Насим меҳре пайдо шуда буд ва мехостам, ки ҳамин нахл ҳамеша сабз бошад... Ситораи ӯ ба ман маъқул, ба сари худ гарангу бепарво, пурхаёл гаштанаш ҳам. Вале ин кам. Боз чӣ? Ҳа, амакам низ барои сабзидани ин дарахти меҳр ҳиссае гузоштааст. Зеро ҳамин ки ба хона равам, вай бо вуҷуди Насимро як ё ду маротиба диданаш, албатта аз ӯ ёдовар мешуд.

− Ҳамон бача чӣ хел аст? − мепурсид.

− Нағз, − ҷавоб медодам ва дарҳол пай мебурдам, ки Насимро дар назар дорад.

− Фаромӯш накардед-а? − мепурсидам шӯхиомез.

− Хонданаш чӣ хел?

− Бад не.

− Ҷавони ҳалолу меҳнатӣ...

− Аз куҷо донистед?

Амакам даме ба хаёл рафт. Вай мӯйҳои мошубиринҷашро бо ангуштон ҳамвор кард, дар лабонаш нимтабассуме нақш баст.

− Аз чеҳрааш, аз ранги зардаш, − оромона ҷавоб дод ӯ ва боз афзуд: − Лаҳзаи аз имтиҳон баромаданаш дар ёдат ҳаст? Ба рӯяш нигариста будӣ ё не? Дир-дир меларзид, лабонаш торс-торс кафида буданд. Медонӣ барои чӣ? − пурсид амакам ва аз чӣ бошад, норозиёна рӯй тофту ғур-ғураш аранге ба гӯшам расид: − Ҳоло ҳам ту бачаӣ, Наим. Ғайри худат касеро намебинӣ... Имону виҷдони инсон дар дил аст. Одам, ки ҳалол меҳнат кунад, дил, ки сӯзад, лаб хушк мешавад, парсин мебандад... Одами доништалаб худ аз худ маълум, − амакам хомӯш монд, сипас маънидорона гуфт: − Ана ун ҷӯраи маҳмадоноят − номаш чӣ буд? Раҳимбек одами самимӣ нест. Табассум, хандаҳояш рӯйдилӣ, сард...

«Э амак, − хаёлан ҳоло нидо кардам, − Шумо ҳам чандон зираку одамшинос набудаед».

Раҳимбеку Қайс аз рақсгоҳ хандон-хандон баргашта, арақи нимпури соғарҳоро ба ҳалқ рехтанду аз лабу рӯи якдигар беҳисоб бӯсиданд. «Нағз рақсидем, − гуфт Қайс. − Гуларӯсакҳо ҳай мот шуданд...

Медонӣ, аксарияти инҳо духтарони одамҳои калон... якташа ба дом афтонӣ, кор ванг мешавад...».

Аз даромадгоҳи қаҳвахона суроби қадпасти пӯстинпӯш намоён гашт ва диққати Раҳимбекро ба худ кашид. Вай пештар омад, риши бетартибаш қариб тамоми рӯяшро фаро гирифта, шинохтани ӯро мушкил мекард. Ӯ ба мо эътибор надода, аз навбатпойҳо пеш гузашта, дар таги бинии фурӯшанда рост истод.

− Салом, мири шаҳр! − аз ҷояш хеста нидо кард Рахимбек ва рафта ӯро ба оғӯш кашид. − Садсӯма барин камнамоӣ. Қариб нашиносамат. Доро мешавӣ...

− БАМ рафта будам, − гуфт ӯ. – Ҳоҷӣ шудам, бин, риши ғарибӣ мондам...

Ӯ ба мо нописандона даст дод. Ва дар рӯшноии чароғакҳои рангоранги бозигар, ки бо пасту баланд гардидани савтҳои магнитофон паи ҳам «чашмак»-занон хомӯшу фурӯзон мешуданд, ба чеҳрааш дурусттар зеҳн мондам ва ӯро шинохтам: Пакана!

− Хостам «малах» ҷамъ карда, мошин бигирам...

− Наход? Гирифтӣ? Муборак бошад! − нидо кард Раҳимбек ва фукашро байни ришу мӯйҳои Пакана хаста, ӯро бӯсид.

− Не, нашуд. Чунон хунук ки... Ҷона азоб додан чӣ лозим, брат, − гуфт ӯ.

− Ҳеҷ гап не, − дилбардорона гуфт Раҳимбек. − Cap сиҳат бошад, ошно, кулоҳ ёфт мешавад. Лекин мошин мегирифтӣ, ба гуфти худат, кор ванг мешуд. – Ӯ айёрона чашмак зад. − Ягон химчамиёна ба чанг оварда, Варзоб мебурдем... Хайр, имсол биё, худам ҳастам.

− Хондан? Не, бас, брат, гӯшама кашида тавба кардам. Ҳм, ман писари раис нестам, ки… − Пакана аз ҷояш нимхез шуд ва ҳазломез гуфт: − Бо шумо баробар нашавам, ин ҷо нишастан мушкил…

− Аз ҷоят ҷунбӣ, хафа мешавам, − аз дасти ӯ дошта гуфт Раҳимбек ва ҷониби Қайс ишора кард. −

Ана, ин додари ман − Қайс ҳам писари раис аст. О бишин, ту аз он лаби дунё ҳоҷӣ шуда омадаӣ. −

Раҳимбек зӯран Паканаро ба курсӣ шинонд ва ба Қайс чашмак зад. − Ку додар, ҳиммататро як бори дигар биҷунбон...

Қайс айнакашро поккунон сӯи дӯкони машрубот рафта, бо як шиша баргашт.

− Парво накун, − ба қадаҳҳо арақ рехта, луқма партофт Раҳимбек. − Декан ҳамшаҳрам... Акнун, ошно, мо ҳам ба як почаки гӯсола шарик ҳисоб.

Пакана истеҳзоомез хандид.

− Бовар намекунӣ? Ана аз инҳо пурс: обрӯям аз баъзе муаллимҳои буздилу гаранг баланд. − Ӯ мағрурона ба атроф чашм давонд ва пичиррос зад: − Малахат ҳам лозим не. Имсол сарамро ба санг мезанаму туро дохил мекунам.

− Ҷои хоб надорам, брат, − ҷилави сухан ба дигар тараф кашид Пакана.

− Ҷои кор чӣ? − пурсид Раҳимбек.

− Бе ҷои кор ҳам зистан мумкин. Худат медонӣ-ку, барои ман пулёбӣ мушкил нест. Дина аз хона омадам. − Ӯ безеб хандид. − Боз ба сари як гови бева об рехтам...

Қиёфаи Раҳимбек, аз чӣ бошад, дигаргун шуд ва лаҳзае хаёломез ба рӯи Пакана нигарист.

− Ана ин рафторат ба ман намефорад − пичиррос зад ӯ. – Кампирро азоб додан гуноҳ аст.

− Бева кист? − ба ин гап эътибор надода пурсид Қайс.

− Очама мегӯм...

− Ҳа-а, − сохтакорона хандид Қайс ва афзуд: − Боз ман гумон кардам, ки зан ҳам дорӣ.

− Ҷои хоб ёфт шавад, брат, занёбӣ осон, − гуфт Пакана ва ба чор тарафи қаҳвахона нигарист. − Як ишора бас, ки почасурхакҳои фариштанамо ба cap бидаванд.

− Наход?! − бепарво нидо баровард Раҳимбек. − О чаро ин гапа барвақттар нагуфтӣ? Ғами сарпаноҳро асло нахӯр. Қайс ду хонаи холӣ дорад. Хонаҳои нав, ба хотири паханаш додаанд, оби гарм, газ... Дар хобгоҳ ҳам ҷой ёфт мешавад...

− Забонта хурам! − Пакана аз ҷояш барҷаст ва Раҳимбекро ба оғӯш кашид. − Ин хел бошад, ман хизматгори шумо, брат...

Сӯҳбати Раҳимбеку Пакана рангин ва тӯлонӣ гашт. Ман дилтанг шуда, ба соат нигаристам.

− Як гап! − истеҳзоомез гуфт Раҳимбек. − Махсуми гаранг бетоқат шуд, − ӯ ба ман ишора кард. −

Агар ҳозир ба хобгоҳ нарасад, арӯсаш қаҳр карда хонаи падараш меравад. Мехезем!

Хоҳиши сардорро ҳатто Қайс ҳам, ки агар аз тарафи ягон кас пешниҳод мешуд, бо нозу нузи кӯдаквор гапи худро мегузаронд, ин маротиба рад накард...

Дар саҳни хобгоҳ духтарон гӯё ба пешвози мо баромада буданд, чанд ҷавон дуртар аз онҳо барфбозӣ доштанд. Духтарҳо ба мо, ки дар ҳавои суруди «лайлиҷон» сархушона қадам мебардоштем, назар афканда, ба якдигар гӯшона заданду баланд хандиданд.

− Маймун дидед? − худро бедимоғ вонамуда мағрурона пурсид Раҳимбек.

− Аз маймун ҳам чизи аҷибтар, − ҳозирҷавобӣ кард Латофат.

− Чӣ будаст? Мо ҳам фаҳмем, ҷонам...

− Худи шумо! − гуфт Назокат ва истеҳзоомез хандид. – Дигарҳо имтиҳон супориданду шумо бинӣ сурх кардаед...

Духтарҳо баробар қоҳ-қоҳ заданд. Раҳимбек лаҳзае чи гуфтанашро надониста, тамаллуқомез лабонашро ба ханда моил кард. Пакана аз мо ҷудо шуда дуртар истод. Қайс аз қаҳр фиғони «лайлиҷон»- ро ба фалак хезонд ва чун одат, дастрӯймолашро бароварда ба пок кардани магнитофон саргарм шуд.

Лекин магар алам дар дилаш нағунҷид, ки кинояомез луқма партофт.

− Шуморо набурдем, алам кашидед-а?

Духтарҳо ба ин пичинги ӯ заррае эътибор надоданд. Яке аз онҳо, − намедонам Назокат буд, ё

Гулсоро, − хам шуда, як кулӯла барфро гирифт ва «бачаҳоя назанед» гӯён ба Раҳимбек дарафтод.

Дигарҳо ҳам маътали ишора буданд, ки ба ҳуҷум гузаштанд ва дар они воҳид сару рӯй ва либосҳоямонро аз барф сап-сафед карданд. Раҳимбек худро аз чанги духтарҳо раҳонида, сӯи хобгоҳ дум хода кард. Қайс

«лайлиҷон»-ро ба оғӯшаш фишурда, рӯи барфи канори роҳ парӯ мехобид.

Барфбозӣ чандон тӯл накашид, вале ҳаловату кайфияташ ҳанӯз ҳам аз ёд нарафтааст. Махсусан панҷаҳои нарми духтарон, − гоҳ бо барф, гоҳ бе барф, − рӯйро молида, ба ҷои сардӣ ҳарорат мебахшиданд. Ман, вақте аз зери дасти духтарон раҳо ёфтам, ин гапи кампири ҳамсоя ба хотирам расид.

«Дар зимистон шутуру гунҷишку гург маст мешавад».

− Ба ин духтарҳо чӣ бало расида бошад? − пурсидам аз худ ва ҳаллосзанон дунболи дигарҳо давида, ба ошёнаи дуюм баромада, ба Насим рӯ ба рӯ шудам. Вай зоҳиран мисли деҳқоне, ки аз дами субҳ то шом дар саҳро каланд задааст, коркӯфта, шалпар менамуд. Чашму рӯяш андаке варамида, мӯи сараш парешон буд.

− Имрӯз ҳам китоб хондӣ? − ҳаш-ҳашкунон пурсид Раҳимбек. – Соле нагузашта олим мешавӣ-дия.

Насим дар ҳолате, ки лабонаш ба заҳрханд моил шуданд, хастаҳол хамёза кашид:

− Хоб кардам.

− Аҷиб-ку, туро хоб мебурдааст? − роҳравон пичинг зад Раҳимбек. − Бача, бисёр нахон, ки аз ақл бегона мегардӣ... Фирефтаи ваъдаҳои пири сарсафедат ҳам нашаву барои баҳо рангатро зард ҳам накун.

Худаш моҳии дудхӯрда барин хушк шудааст. Ҳа, одам Афлотун шавад ҳам оқибат мемурад... Беҳтараш, дар ин дунёи бевафо кайфу сафо карда гард, − рӯи Раҳимбек турш шуд ва норозиёна даст афшонд. − Э агар ман ту барин писари раис мебудам, бо духтарҳои чордаҳсола...

− Ин ҳамон писари раис-а? − бо нешханд пурсид Пакана. − Қадаш дароз шудааст, нашинохтам.

− Ҳа, қадаш дарозу... − гуфт Раҳимбек дасташро ба китфи Пакана ниҳода, калавида-калавида аз мо дур шуд.

Аз лабони Насим табассум гурехт. Вай мӯи сарашро бо панҷаҳояш ҳамворкунон даме аз паси онҳо нигарист ва акнун баргашта рафтанӣ буд, ки ман пеши роҳашро гирифтам.

− Кай зиёфат мехӯрем?

− Чӣ хел зиёфат? − пурсид ӯ ва гӯё маро акнун дида бошад, шодона нидо кард: − Эҳа, ту ҳам ҳамроҳи инҳо будӣ! Чашмонат сурх нашудаанд-ку?

− Гапа надузд, ошно. Имтиҳонҳоро аъло супориданат нағз, лекин ба лаб кулӯх молида гаштанат хуб не.

− Хайр, боз чӣ кор кунам? − бо шакарханд пурсид ӯ.

− Як зиёфат диҳӣ, ҷонат халос.

− Зиёфат? Ҳозир хонаи мо даро, чою нон омода аст, − гуфт ӯ ва коҳилона чанд қадам ниҳод, сипас нимрӯя гашта, овоз баровард: − Ягон вақт, албатта зиёфат медиҳам... Донишгоҳро хатм бикунам, диплом гирам, дар ягон ҷо ба кор дароям...

− Эҳа, бузак намур, ки баҳор меояд. О ту чӣ хел писари раис? Мумсикиро аз ҳад гузарондӣ-ку.

− Ана ҳамин хел. Дидӣ, писарҳои раис ҳам ҳар хел мешаванд, − бо табассуми фарохи соддадилона гуфт ӯ ва ба хонаи шустушӯ даромад.

пешина
аз 17
навбатӣ