Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Маъмурияти факултаву донишгоҳ борҳо танобашро кашида, танбеҳаш додааст. Вале бефоида... Ҳа, чанд рӯз пеш устод Бобозода барои дам додани майнаи мо − аз рӯи кашфи баъзе олимҳо ин зарур ва муфид будааст − боз шаммае аз «ғазалҳояш»-ро ба забон овард.

− Гурбаи мо, бачаҳо ҳар рӯз маро пешвоз мегирад, − сухан оғоз кард ӯ. − Аҷиб ҳайвонест гурба. Чӣ?

Ҳа, албатта салом медиҳад. Маро дидан замон се-чор маротиба мияв-мияв мегӯяд. Баъд ҳамин ки ба пойгаҳ қадам ниҳодам, аз болодарӣ парида, ба сари китфам менишинад. − Бобозода хушҳолона хандида, лабашро хорид. − Ба гурба гуфтанаш ҳайфам меояд. Ниҳоят зирак, одам барин. Ягон кас ба ҳавлӣ даромаданӣ шавад, аввал сагро огоҳ мекунад, сипас назди мо меояд. − Ӯ ногоҳ ҳикояро қатъ кард, ваҷоҳаташ хаёле беҷо шуд ва айнак ба чашм ниҳода ба кунҷи синф нигаристу ранҷишомез нидо кард: −

Ҳӯй бача, хобӣ ё бедор? Ку аз ҷоят бихез!

Ҳама ба қафо нигаристанд.

− Туро мегӯям! − овози Бобозода андаке ларзид. Вай босавлат қадам ниҳода назди Насим рафт. − Чӣ кор мекунӣ?

− Китоб мехонам, − хиҷолатомез посух дод Насим ва аз ҷояш бархост.

− Китоб?! − бо як оҳанги хандаовар овоз баровард Бобозода ва рӯи офтобнадидааш бенуртар гашт, дастонаш ларзиданд. − Ман хуни ҷигар хӯрда, ба девор гап мезадаам-дия. Китоб-а? Ман нури чашм равонда панҷ китоб навиштам... Чаро дарсро гӯш намекунӣ?

− Гӯш кардам, − табассумкунон ҷавоб дод Насим.

− Агар гӯш карда бошӣ, бигӯй, ки ман чӣ мегуфтам? – Бобозода айнак аз чашмонаш гирифт ва лабашро хорхорон пичингомез афзуд: − Марҳамат, ҷавоб деҳ. Китоб мехондааст. То ҷавоб надиҳӣ, ман дарс на-ме-гу-за-рам!

Насим хайкалвор рост истода ба рӯи устод менигарист. Бобозода ғолибона боз ба коҳиш шурӯъ кард:

− Гунг нашав, ҷавоб деҳ. Китоб хондан осон, лекин китоб навиштан, ба дарс ҷавоб додан ҳазл не...

− Шумо гуфтед, ки − бо мулоимат сухан оғозид Насим ва гӯё қудрати идома додани гапро надошта бошад, боз хомӯш монд. Не, ба хаёлам, вай хомӯширо авлотар донист, вале таънаву маломати Бобозода маҷбураш кард, ки боз лаб кушояд.

− Ҳамаашро гӯям?

− Ҳа!

− Шумо гуфтед, ки сагу гурбаатон...

Хандаи осмонкафе ба амал омад ва аз байни ин садоҳои мубҳам овози ларзони Бобозода аранге ба гӯш расид.

− Бас, беодоб! Ту маро ранҷондӣ! Аз синф баро-о! − вай дилашро дошта назди минбар омад. Акнун ба рӯяш каме сурхӣ давид. Бачаҳо ҳолати нобоби устодро дида якбора хомӯш монданд.

− Бубахшед, муаллим, суханҳои худатон... − узрхоҳона гуфт Насим, аммо Бобозода гапи ӯро бурид.

− Ман барои шумо муаллим не! Харро думу одамро ақл гуфтаанд...

Хайрият занг садо доду Бобозода аз ин ҳолати ногувор раҳид.

− Ту аз куҷо донистӣ, ки Насим хабар кашидааст? – овози Раҳматшоҳ андешаи маро бурид.

− Аз гапи худаш маълум, − бедимоғ ҷавоб дод Сӯҳроб. − Хайр, муаллим аз куҷо хабар ёфтааст, ки дар хобгоҳ базм оростаанд ва Қайс ба милиса афтодааст?

− О Насим иштирок надошт-ку, − гуфтам ман.

− Ҷони гап ҳам дар ҳамин! − ғолибона нидо кард Сӯҳроб. − Бахил-дия, даъваташ, ки накардед, аз алам шӯр ангехтааст.

Воқеан, байни донишҷӯён ҳам якта-нимта бачаҳои хушомадгӯй, хабаркаш, фитнаангез ҳастанд. Онҳо ҳангоми дарсу сӯҳбат гӯшашонро сих карда меистанд ва ҳамин ки дар бораи асар ва шахсияти ягон муаллими шиносу ҳаммаҳаллаашон аз касе эроде шунаванд, дарҳол онро нарезондаю начаконда ба вай мерасонанд. Ин суханчинони бадбахт на танҳо байни донишҷӯён, ҳатто байни омӯзгорон ҳам оташи низоъ ва ҷанҷолро аланга медиҳанд.

Устод Ҳакимӣ рӯзҳои нахустини таҳсил моро ҳушдор дода буд, ки аз ҳамин хислати паст, ифлос барҳазар бошем, зеро аз суханчиниву шӯрангезӣ касе некном нашудааст.

− Аз Насим беҳуда гумони бад мебаред, − андешаманд гуфт Раҳматшоҳ. − Вай ин хел одами палид нест.

− Ошно, аз одами хаппак тарс. Об барин аз таги коҳ чунон мегузарад, ки бехабар мемонӣ, − калонгирона гуфт Сӯҳроб ва илова кард. − Хайр, ба фикри ту ин хабарро кӣ расонидааст? Ман, ту?

− Кӣ медонад? Шояд худи Қайс дар милисахона ба гуноҳаш иқрор кардааст...

− Не, Қайс девона нашудааст, ки сирри худро фош созад, − ранҷишомез гуфт Сӯҳроб.

− Дузд як кас, гумонбар сад кас... Ҳаққу ноҳақ баъд маълум мешавад, − гуфт Раҳматшоҳ ва аз мо ҷудо шуда, бедимоғ ғурид: − Номард, худаш хархаша бардошту боз ба шикоят рафт...

Саҳари рӯзи дигар декан Насимро наздаш хонд. Касе намедонад, ки байни онҳо чӣ гуфтугӯе ба амал омад.

Аммо Раҳимбек ҳангоми танаффус бо даҳони пур чунин лоф зад:

− Аз моҳона хориҷаш кардам! Ҷазои муштзӯрон ҳамин: минбаъд қадамашро дониста мемонад...

− Бе моҳона-ку рӯзи Насим мегузарад, лекин ин кирдор туро якумр бадном мекунад. Охир, шумо боз чор соли дигар бо ҳам вомехӯред, − омирона гуфт Раҳматшоҳ.

− Ман дар рӯи вай туф кардам! − бо ғазаб посух дод Раҳимбек. − Ҳм, ман зинда бошам, ин фисин ҳамин сол аз донишгоҳ дафъ мешавад.

− Наход?! − истеҳзоомез хандид Раҳматшоҳ. − Ҷои шатта ҳоло ҳам месӯзад-а? Ҳм, бо ту ҳазл кардан хатарнок. Ҳамшаҳр, чашму гӯши декан...

Занги даромадан садо дод ва оташи ин моҷаро низ хомӯш гашт.

Пас аз ин низоъ ҳам дар рафтору гуфтори Насим дигаргуние пайдо нашуд. Танҳо гоҳ-гоҳ ба дарсҳои аввал дер меомад, хаста, ниҳоят хаставу хоболуд менамуд. Аммо фориғболии азалияш ҳеҷ гоҳ ӯро тарк намекард. Дар хусуси аз моҳона маҳрум шуданаш пеши касе лаб накушод. Вай ҳар ҳафта ду-се шаб дар хобгоҳ намеистод. Бачаҳои ҳамхонааш гуфтанд, ки дар идорае ба сифати посбон шабона ба кор даромадааст. Ин ҳам ба назари ҳангоматалабон муаммо намуд.

пешина
аз 17
навбатӣ