Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

VIII

Рӯзи дуюми дарс − баъди таътили зимистона ҷамъомади гурӯҳи мо барпо шуд. Роҳбарамон − муаллими тоссар Сабурӣ бо шаст ба синф даромада, ҷувздон рӯи миз ҳаво дод ва аз рӯи одат се-чор бор сурфида, бо панҷаҳояш гиреҳи гарданбанд, гиребони куртаву пиджакашро палмосида, байни курсиҳо чанде қадам зад. Аҷаб хислате дорад ин устод. Агар табъаш ниҳоят болида бошад, ё бағоят асабонӣ шавад, дар ҷояш нишаста наметавонад. Ин одат ба синну соли ӯ, ки аз панҷоҳ гузаштааст, ҳеҷ намезебад.

− Обу ҳаво вайрон шуд-ку, − буни гӯшам пичиррос зад Раҳматшоҳ. Ҳамин ки муаллиме бедимоғ ба дарсхона дарояд, вай дарҳол ин гапро ба забон меорад: − Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам...

− Хо-о-ош, − лабу лунҷашро бо дастрӯймол поккунон кашишнок овоз баровард Сабурӣ. − Нағз истироҳат кардед? Падару модар, хешу таборро хабар гирифтед? Нағз буданд?

− Салом гуфтанд... − пиқ-пиқ хандида, луқма партофт Латофат, ки имрӯз сарулибоси тамоман нав пӯшида, ба ҳалқаи чашмонаш ранги осмонӣ, ба абрӯҳояш ӯсма ва ба рухсораҳояш сурхӣ молида, мисли парӣ хушрӯй шуда буд.

Сабурӣ чун ҳамеша лутфи Латофатро хуш кабул накард, балки теғи нигоҳашро ба ӯ афканд ва бо қиёфаи ҷиддӣ аз мо пурсид:

− Имтиҳонҳоро чӣ хел супоридед?

Ҳама дам ба дарун заданд. Қарздорҳо гунаҳгорона нигоҳ аз муаллим гурезонда, сангпуштвор cap ба даруни гиребон хастанд. Дар синф, агар садои қадаммонии муаллимро ба ҳисоб нагирем, лаҳзае хомӯшии вазнин ба миён омад. Аммо овози Сабурӣ боз ин оромиро барҳам дод.

− Кӣ ба ҳушёрхона афтодааст?

Ришханд, ҷунбуҷӯл, ғулғула, миш-миш, пичир-пичир ба миён омад. Ҳама ба якдигар кунҷковона чашм ало карданд. Нигоҳи ҳар яке имтиҳонгари дигаре буд.

− Чаро писари раис нест? − пурсид муаллим ва назди курсии Раҳимбек истода, рост ба чашмони ӯ нигарист. Дар андоми Раҳимбек бесаранҷомие нақш баст, аммо мисли он ки дар курсӣ мехкӯбаш карда бошанд, базӯр аз ҷояш хест. Бачаҳо нимрӯя гашта ба Насим, ки одатан ҳангоми чунин ҷамъомадҳо дар курсии охирон нишаста, китоб мутолиа мекунад, дида дӯхтанд.

− Кадомаш? − аранге овоз баровард Раҳимбек.

− Чӣ, дар ин гурӯҳ танҳо писари раисҳо мехонанд? – асабиёна коғазҳоро тагурӯ карда пурсид Сабурӣ.

– Қайс Раҷабов!

− Хона рафта буд, − ҷавоб дод Раҳимбек ва пас аз каме хомӯшӣ илова кард: − Ё касал шудааст, ё дар роҳ мошинаш шикастааст...

− Аз ҳоли ҷӯраат бехабарӣ, сардор, − афсӯсхӯрон гуфт Сабурӣ ва истеҳзоомез хандид. − Мӯъҷизаҳои асри илму техника чунон аҷоибанд, ки... Одам ҳатто бо мошинаш ба ҳушёрхона меафтад. Боз номаш донишҷӯ. Ҳм, пешравӣ аз ин зиёд намешавад...

Боз хандаву гаппаронӣ авҷ гирифт.

− Ҳангоми дарсҳо-ку дугоник барин аз якдигар ҷудоӣ надоштед, − овози Сабурӣ нармтар, вале сурфиданаш беохир гашт. − Чаро дар хобгоҳ базм оростӣ? Чаро вақти мастияш гузоштӣ, ки ба мошин шинад? О ин аз рӯи оини ҷавонмардӣ авфнопазир аст! − Чашмони нимкофи муаллим бо як зиракии пирона ҳар яки моро аз ғирбол гузарониданд. Ногоҳ Сабурӣ хитоб кард: − О ту намедонӣ, ки ин воқеа обрӯи факулта ва тамоми донишгоҳро мерезонад! Аммо обрӯ ёфтан осон нест. – Вай магар нафастанг шуд, ки ҳалқаи гарданбандро боз суст кард ва аз кисаи сари синааш айнак гирифта, ба чашм гузошту ба коғаз нигарист. Ва боз сурфакунон қадам ниҳод. − Ҳм, авлодҳои ношуди Хайём! Арақро шумо нӯшеду бори ҷанҷолашро мо кашем. О қувват, ки надоред, нанӯшед... Баъд бо ҳарифе май хӯред, ки розатонро пӯшида дорад. – Муаллим нигоҳи озмоишкоронаашро ба мо дӯхта, даме ҳайкалвор рост истод, сипас гӯё сараш мӯи ғулӣ дошта бошад, ки бо панҷаҳо онро ба қафо шона кард. − Медонед, арақхӯриву борбардорӣ як аст. Агар борро аз қувватат зиёд бардорӣ, миёнат мешиканад. Арақро бебаркаш нӯшӣ, чӣ?

Шарманда, расвою радди маърака мешавӣ...

Сабурӣ, ба хаёлам, аз ин суханҳояш хеле лаззат бурд, зеро рӯяшро табассуми зебое фаро гирифт. Ва мисли он ки ягон хас ё мӯй ба гулӯяш андармон шуда бошад, зӯр зада, кунд-кунд сурфид.

Раҳматшоҳ безобита гашт.

Одами сер барин гап мезанад муаллим, − оҳиста гуфт ӯ ва аз китобдонаш қандина баровард. − Аз афташ, ягон бор гирифтори дарди меъда нашудааст... Ҳм, гунаҳгор дар кадом таги буттае маишат дораду мо гап мешунавем...

− Ба ту огоҳии охирин, сардор! − гуфт устод Сабурӣ. − О ту як чизро ба ҳисоб гир, ки дар ин гурӯҳ чашми декану мо, устодон ҳастӣ...

Ҳарчанд Раҳимбек мисли халтаи холӣ рӯи курсӣ нишаст, дилаш аз ин сухани устод яқин об хӯрд. Вай осудаҳолона нафас кашид ва бо ғурур ба духтарон назар афканд. Аммо овози Сабурӣ боз дар пӯстинаш кайк андохт.

− Лекин ҷонат бо ин муҳокима халос намешавад. Ту дар назди декану ташкилоти комсомолӣ ҷавоб медиҳӣ, − мисли шахси атолахӯрда лабу лунҷашро поккунон гуфт Сабурӣ. − Чаро ҳафт нафар аз имтиҳонҳо қарздор? Шумо барои хондан омадед, ё кӯчагардӣ? Чӣ, устодон аз пасатон подабон барин давида зорӣ кунанд, ки омада имтиҳон супоред? Ин фикратон хом! − муаллим пас аз андаке хомӯшӣ хастаҳолона ба курсӣ нишаст ва айнакро ба чашмонаш ниҳода ба рӯйхат нигарист. Сардор, ки қарздор бошад, аз дигарҳо чӣ гила? – Ӯ даме ба хаёл рафт, баъд аз Гулсоро пурсид:

− Ту ба ин фалокатзадаҳо чӣ маслиҳат медиҳӣ?

Гулсоро шармгинона аз ҷояш хест ва чашмони сабзтобашро ҳаросе фаро гирифт, лабонаш ноаён ҷунбиданд. Шояд вай андешаашро гуфтан хост, аммо ҷуръат накард. «Намедонам» − аранге овоз бароварду лаб газид ва саросема нишаста, худро дар паси Раҳматшоҳ баҷо кард.

− Ғайр аз хондани худаш ҳеҷ чизро намедонад… − пичинг зад духтаре.

− Насим кист?

− Ин ҳам писари раис...

− Наход?! − кӯдаквор нидо баровард Сабурӣ. − Аҷоиботи дунёро бинед, ки як писари раисаш дар хондан усто, дигараш айёш... Ку аз ҷоят хез, писари раис.

Насим мисли одами хоболуд коҳилона бархест ва суоломез ба муаллим назар афканд.

− Хоболуд менамоӣ, бача. Ҳоло мо дар кадом хусус гап мезадем? − кунҷковона пурсид муаллим, вале

Насим ҷавоб надод. Аз ин ваҷҳ Сабурӣ ба шубҳа афтод ва ба соаташ нигаристу нафаси чуқур кашид.

− Гап, ба фикрам, аз ҳад гузашт... Бовар дорам, ки ту барои «намедонам» гуфтанат баҳои аъло нагирифтаӣ. Ба ин рафиқони фалокатзадаат ягон маслиҳат деҳ охир.

− Ҳоҷати маслиҳат додан нест, устод, худашон медонанд...

− Ин гапи нав-ку! − Сабурӣ аз ҷояш хест. − Чиро медонанд?

− Медонанд, ки бояд китоб мутолиа кард, − бепарво ҷавоб дод Насим ва нешхандзанон афзуд: −

Барои таҳсил омадаанд. Аз паси китоб даванд, дар гирди китоб гарданд...

− Офарин, писар! Ҷони гапро гуфтӣ. Фаҳмидед? − Сабурӣ ба мо зеҳн монд. − Ба ҷои магазину кӯчагардӣ, ба ҷои либосҳои шик пӯшида, саёҳат кардан, ба ҷои гирди мошинҳо тор танидан ки-то-об хондан лозим!

Ҳама хомӯшона аз соат чашм намеканданд. Лашкари гуруснагӣ дар шикамҳо табл мезад. Устод ҳам магар инро бо рамуз дарёфт, ки ҷузвдонашро бардошта «ҷамъомад тамом» гуфт ва сурфидаву лабу лунҷ поккунон аз синф баромад.

− Наим, ин гапҳо ба ту ҳам дахл доранд, − ҳангоми аз зинаҳо фаромадан даст ба китфам ниҳода, гуфт

Раҳматшоҳ ҳӣ-ҳӣ хандида. − Аслан ба ҷои Раҳимбек гӯши туро тоб медоданд, беҳтар буд. О ту ҳамон шаб хоб нарафта Қайсро эҳтиёт мекардӣ, ба ҳушёрхона намеафтод. Гирди мошини вай минбаъд пашша нашав...

Шояд сабаби гуруснагиву хастагӣ буд, ки пичингҳои Раҳматшоҳ ба мағзи устухонам расиданд. Дар вуҷудам як ларзиши ношиносро эҳсос кардам. Баробари вай асабиёна қадам зада, дар дилам андешае туғён мекард; барои ин таҳқираш ҷавобе гардон, ки мисли кӯрмушт ҳангашро канаду ҳисоб баробар шавад. Охир, ин мулоимхунук доим пайт ҷуста, чунон гапҳои бӯйгину нешдор мегӯяд, ки ҷони кас намебарояду бас. Аммо мақсадам боз дар дил монд, зеро Раҳимбек бо китфаш маро тела дода гузашту даст дароз карда, аз гиребони

Насим, ки бо сари хам пеш-пеш мерафт, дошта қафо кашид.

− Куҷо мегурезӣ, Сагпараст? − овози Раҳимбек мисли ҷуссааш ларзон буд. − Маҳмадонои номарди хабаркаш.

Насим ҳайратомез даме ба рӯи Раҳимбек нигарист, сипас дасти ӯро аз гиребонаш раҳо кард.

− Овози худи номарду хабаркаш меояд, − гуфт Насим бо мулоимат, вале рангу рӯяш ба сурхӣ моил шуд. − Чаро пишак барин панҷа мезанӣ?

− Панҷаро баъдтар мебинӣ! Мард бошӣ, биё паси хобгоҳ равем! − дӯғ зад Раҳимбек.

− Мақсад?

− Ҳисобро баробар мекунем.

− Кадом ҳисобро?

− Ҳисоби хабаркашиву одамфурӯширо.

Насим китф дарҳам кашид ва истеҳзоомез хандид.

− Худат хабаркаш! Бобиву бобокалонат хабаркаш! − авзои Насим якбора беҷо шуд. Вай нигоҳи ғазабборашро ба қаъри чашмони Раҳимбек дӯхт ва панҷаҳои дасти росташро мушт кард. Магар дар ҳамин лаҳзаи ғазаб ҳам андешае ба сари ӯ зад, ки нафратомез даст афшонд ва баргашта рафтанӣ шуд.

Вале Раҳимбек боз аз гиребони ӯ дошту силтав зад. Насим ин маротиба такони сахт хӯрд ва дарзи палтояш канд.

− Аз чанги ман куҷо мегурезӣ? − дарандавор ғурид Раҳимбек ва китобдонашро рӯи барфи канори роҳ партофт, пӯстинашро кашида як сӯ ҳаво дод ва остинҳояшро бар зад. − Даҳону биниатро ҳамвор мекунам, маҳмадоно! Typo то ҳол касе ранда накарда будааст. – Ӯ муштҳояшро гиреҳ карда, дар таги фуки Насим сутунвор рост монд ва чашмони хунгирифтаашро бозӣ доронд, хашмгинона ғурид: − Аз пушти падарат мепарӣ? Ҳм, ман ту барин раисбачаҳоро ба як тин намегирам! Рафтем!

− Бачаҳо, девона шудед-чӣ? Дилсиёҳӣ хуб нест. Ҷангҷӯйӣ феъли саг аст, − ба мобайн даромада, гуфт

Раҳматшоҳ ва боз афзуд: − Охир, ин корҳо ғайр аз пушаймонӣ суде надорад. Бачаҳои курсҳои боло масхара мекунанд. Хурӯсчӯҷаҳо барин дарҳол нӯл ба нӯл...

Насим гиребони даридаашро дуруст кард, ки ба чашми касе нанамояд. Зоҳиран ҳоло ҳам ӯ дар банди хаёле буд ва мекӯшид, ки чашмаш ба чашми касе наафтад, лабонаш пир-пир мепариданд. Ӯ якбора cap бардошт ва ба Раҳимбек нигариста, бо табассум гуфт:

− Сардор, ҳозир ман вақт надорам... − сипас ба мо ишора кард. − Инҳо ҳам гуруснаанд. Аввал хӯрок хӯрем, баъд ягон фикр мекунем. – Ӯ чанд қадам ниҳоду боз баргашта, кинояомез таъкид кард. − Лекин як бори дигар дурусттар фикр бикун...

Бачаҳои ҳангоматалабу фитнаангез хандида, гуфтанд:

− Ӯҳӯ, кучук барин писандат накард-ку.

− Тарсидӣ? − аз пас дод зад Раҳимбек.

− Бешубҳа. Аз сардор, аз сояи декану муаллимҳо кӣ наметарсад? − писхандзанон посух дод Насим.

− Ҳе очағари занмиҷоз!

Насим бо шаст баргашт, вале аз ҷояш наҷунбида, ҳайкалвор рост истод. Дар як нафас қиёфаи ӯ тамоман дигар шуда, чашмонаш сурхи шарарбор, раги пешониаш барҷаста метофт. Раҳимбек магар маътали ҳамин лаҳза буд, ки ғаюрона ба ӯ ҳамлавар шуд. Ман гумон кардам, ки вай Насимро зада маҷрӯҳ мекунад. Ба воҳима афтодам. «Аҳмақ, сиҳату саломат ба роҳат рост мерафтӣ, зарар дошт?» − гуфтам ба Насим хаёлан. Вале овози наҳиф ва тапар-тупур давидани бачаҳо маро ба худ овард. Бинам чор-панҷ қадам аз Насим дуртар рӯи барфи нуқрагуни канори роҳ Раҳимбек ҷонсарак печутоб мехӯрад.

− Садқаи модар шавӣ, аблаҳ! − овози хашмолуди Насим ба гӯшам расид, − Бо ҳамин фаросату забони чиркин омӯзгор шуданист. − Вай бо сари хамида сӯи хобгоҳ равон шуд. − Туфу...

Акнун дар вуҷудам ҳолати аҷибтаре cap зад, росташ ба ҳоли Раҳимбек заррае дилам насӯхт. «Ба ҷои ин шатта рафта хӯрок мехӯрдӣ, нағз набуд?» − гуфтам дар дил ба Раҳимбек.

− Ба раги хобаш мушт расид... − бепарвоёна мегуфт Раҳматшоҳ. Ӯ Раҳимбекро, ки аз биниаш хун мешорид, такя гирифта, бо кулоҳаш шамол медод ва кинояомез ғур-ғур мекард: − Раҳимбек, чашмонатро кушо, худатро ба мурдагӣ наандоз. Насим рафт. О сағира, гунҷишк барин кувват надорӣ, боз чаро пешхезӣ мекунӣ? Тезтар ҷунб, ки ошхона дарашро мебандад...

Раҳимбек як тоб хӯрд, Раҳматшоҳро тела дода, аз ҷояш хест, аммо калавида ба Сӯҳроби боксёр бархӯрд.

− Куҷо рафт? − ҳаросон атрофро аз назар гузаронида ғурунгид ӯ.

− Бепарво бош, гурехт... − ҷавоб дод Раҳматшоҳ ва бо ришханд илова кард: − Алови чашмашро нағз гирифтӣ, ошно. Дар он дунё ҳам, ба хаёлам, ба ту дигар даст намерасонад...

− Чӣ хел зад? Ба куҷоят расид? Номард ногаҳон зад-а? Накаут барин. О вай дар секцияи бокс иштирок намекунад-ку, − ҳайратомез гуфт Сӯҳроб ва барфи сарулибоси Раҳимбекро афшонда афзуд: −

Инсон набошам... акнун паси каллаашро нишон гирифта будам, ки...

− Куҷо гурехт, мегӯям?! Агар ҳолӣ ба чангам афтад, дар пӯсташ коҳ ҷой накунам, аз камари Алибой набошам! − бо дастрӯймол хуни биниашро поккунон ғурунгос зад Раҳимбек.

− Ба кофтан ҳам дигар ӯро намеёбӣ... Беҳуда саргардон нашав, ошно, ӯро ёбӣ, дар шаҳр коҳи сабилмонда ёфт намешавад. Гурехт, худашро дар хонаи кадом мӯрча паноҳ кард, − ҷиддӣ гуфт

Раҳматшоҳ. − Беҳтараш, раву дасту рӯятро бишӯй, хӯроки гарм бихӯр...

Раҳимбек пӯстинашро ба китф партофт. Мо сӯи хобгоҳ равон шудем. Вале магар алами ӯ аз нав аланга гирифт, ки якбора баргашту ҷониби донишгоҳ шитофт.

− Куҷо меравӣ? − Раҳматшоҳ давида пеши роҳи ӯро гирифт. – Сарат чарх зад-чӣ? Хобгоҳ ин тараф аст...

− Гум шав! − Раҳматшоҳро тела дод ӯ. − Пеши декан рафта, очаи ин авбошро дар чашмаш нишон надиҳам...

− Ин аҳмақиро накун, номардӣ мешавад! − нидо кард Раҳматшоҳ. Вай, ки зотан ҳар як суханро бо хандаву истеҳзо мепайвандад, дар ин лаҳза қиёфааш чиддӣ гашт ва шитобон пеши роҳи Раҳимбекро баста таваллоомез гуфт: − Ҷӯраҷон, шикоят накун, айб аст... Ин хислат ба мард намезебад. О аввал худат даст бардоштӣ-ку?

− Ту ҳам думрави ҳамон авбошӣ! Вай хабаркаши ноодам маро зада хуншор кунаду хап шинам? Не-е, решаашро месӯзонам! – Овози таҳдидомези Раҳимбек аз дуртар ба гӯш расид: − Дар донишгоҳ ё ман мемонам, ё вай!

Лаҳзае хомӯшу ҳайратзада ҳайкалвор рост истодем. Раҳматшоҳ ҳанӯз ҳам аз паси Раҳимбек менигарист. Шамоли сард вазида, бӯи барфро ба машом мезад. Раҳматшоҳ мисли одами коркӯфта шалпар ва бо алам пичиррос зад:

− Бисёр сабукфикр, бемағз будааст...

− Хайр, ба фикри ту шӯрангезиву одамфурӯшӣ нағз аст? – пурсид Сӯҳроб ва оташин гашт. − Ман ин хел одамҳоро чашми дидан надорам.

Раҳматшоҳ мулзам монд. Дар ниҳоди ман боз оташи шубҳа аланга зад. Мо оҳиста қадам мегузоштем, ҳар кас ба андешае побанд буд. Нолаи барфи зери по ба гӯш ҳазин мерасид. Дигарҳоро намедонам, аммо ман ҳоло дар бораи Насим фикр мекардам. Одами зоҳиран хомӯшу баъзан аз кулӯх шарора паридагӣ барин як рафторҳое мекунад, ки ҳанги кас меканад. Масалан, чанд рӯз пеш зимни дарси рӯҳшиносӣ

(психология) як ғамза карду устод Бобозодаро зери бори шарм гузошт. Аслан худи муаллим гунаҳгор буд. Охир, вай мудом нисфи дарсҳоро ба таърифу тавсифи зан, писару духтар, ҳатто сагу гурбааш мебахшад. Боз ҳангоми ҳикояташ аз рӯи қонунҳои рӯҳшиносӣ талаб мекунад, ки бачаҳо ноҷунбон хомӯш истода, ду чашм аз вай накананд. Агар мабодо касе сурфад, ё биҷунбад, димоғи устод дарҳол месӯзад... Хулосаи каломаш хамин аст, ки занаш бонуи меҳрубон, фарзандони ӯ нисбат ба тамоми бачаҳои шаҳр, ҳатто мо оқилу доноанд. Сагу пишакаш ончунон бофаросату зираканд, ки ба ҳайвон буданашон он кас афсӯс мехӯрдаст. Аслан ин суханҳоро як ё ду маротиба бо шавқ шунидан мумкин.

Лекин даҳ-бист карат-чӣ? Дилбазану гӯшхарош мешаванд. Аммо баъзе тоифаҳо аз дарс дида, ба ҳамин хел нақлҳои пучу бемағз таваҷчӯҳ доранд. Чун аз рӯи дафтар ҳарфзании Бобозода ба дил зад, аксаран Латофат, баъзан Раҳимбеку Қайс луқма мепартоянд:

− Муаллим, аз ҳамон нақлҳо шавад... Мегӯянд, ки саги Шумо ниҳоят аҷиб аст...

− Бале, номаш сагу аз баъзе одамҳо ҳам батамиз − айнакашро ба рафи минбар ниҳода, бо ангушти хурд лабашро хорхорон овоз мебарорад Бобозода. Воқеан, вай аз ин ишора бениҳоят шод мешавад.

Самараи тарбия-дия, бачаҳо. Саги мо як ҳамел нишон ҳам дорад. Чанд кас пас аз шунидани таърифу тавсифаш хона омада, бо пули зиёд онро хариданӣ шуд. Надодам... Ҳм, ин хел саги нағзро ба тилло ҳам намефурӯшанд, − бо шавқу завқ мегӯяд Бобозода. − Саги дастомӯз...

Донишҷӯёни курсҳои боло ҳикоят мекунанд, ки Бобозода ин «ғазалро» солҳо боз ба онҳо мехондааст.

Ва ҳатто маротибае барои ҳамин «ғазалфурӯшияш» бачаҳои як гурӯҳ ӯро аз дарс пеш ҳам кардаанд.

пешина
аз 17
навбатӣ