Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

КОРДЧА

- Вай, кордча не, дандон буд. Ҳар чӣ меёфтам, бо он реза карда мехўрдам . Пирӣ-дия, синну сол ба як ҷо расад, аз дандон мемонӣ. Қувваю мадорат кам мешавад. Дар ҷавонӣ ба қадри мўйсафедон расидан даркор. Ҳар касе, ки мўйсафедонро ҳурмат мекунад, дар пириаш хор намешавад. Аз дигарон ҳурмат мебинад. Набераи ман Анварҷон маро бисёр дўст медорад. Ў ба Душанбе ба слёти пионерон рафта буд. Кордчаро ба ман аз он ҷо савғо овард. Он ду теғ, қайчӣ, дарафш, парма ва боз ким чи дошт. Ба он ғилоф дўзондам. Ана ҳоло ғилофаш холӣ . Ҳа, дар рўи дастааш нақши гавазн дошт. Бисёр зебо буд. Бинам, мешиносам. Махсусан, дар ин фасли пурнеъмат лозим шуда мемонад. Ҳар куҷое равӣ, ба пешат себу бодиринг, ё харбўзаю тарбуз медароранд. Кордча дошта бошӣ, аз ғилофаш мебарорию себро пўст карда, ё аз харбуза порчае гирифта хўрдан мегирӣ. Кордча ба одами пир дандон аст, дандон!

Аз сари хирман меомадам. Падари Абдуҳаким «ба хона даро» гуфт. Даромадам, ки меҳмон доштааст. Рўи дастархон аз меваю нон, қанду қандалот пур. Муроот карданд. Кордчаамро аз ғилоф баровардаму себ тоза карда хўрдам.

Кордчаро дар лаби дастархон мондам. Меҳмонҳо хестанд. Ман ҳам баробари онҳо омин кардам.

Хона рафтаму ба ёдам расид, ки кодчаро фаромўш кардаам. Ҳеҷ гап не, дар вақти бозгашт даромада мегирам, гуфтам....

Расул-бобо кордчаашро бо тафсил таъриф мекарду модари Абдуҳаким меҳмонхонаро такурў мекард. Аз бошандагони ҳавлӣ мепурсид. Кордча ёфт нашуд. Ҳатто даруни пўчоқҳоро ҳам кофта диданд , аммо аз кордча дарак набуд

- Ман аз корам дер намонам. Дар ҳамин хона гум шудааст. Албатта, ёфт мешавад, -гуфт Расул-бобо ва бо дили пур аз хона баромада рафт.

Модари Абдуҳаким пагоҳӣ чун ҳамешагӣ аз ҳама пешакӣ аз хоб хест. Ба молҳо ем дод. Ва ба сари болини писараш Абдуҳаким омад. Либосҳои ўро аз назар гузаронд. Хост шими ўро шўяд. Кисаҳояшро холӣ карданӣ шуд. Аз кисаи вай он кордчаи дар дастааш расми гавазндори Расул-бобо баромад.

Рангу рўи модар пахта барин сафед шуд. «Ношуд» гуфт худ ба худ. Чизу чораи писарашро ба кисааш андохту шимро дар ҷояш гузошт.

Абдуҳаким, вақте ки аз хоб бедор шуда, либосҳояшро пўшида, ба айвон баромад, модарашро дид, ки ҷомашўӣ мекунад. Вай ба модараш рўй оварда гуфт:

- Очаҷон, ин пагоҳ чӣ мехўрем?

- Ман очаи ту не! Ман ба бачаи дузд оча намешавам! Кордчаи Расул-боборо зуд бурда деҳ ва аз ў узр пурсида биё. Набошад ба падарат мегўям, бо ҳамон кордча гўшу биниятро бурида мепартояд.

Зуд бош, чӣ рост истодаӣ?

Пас аз рафтани меҳмонон Абдуҳаким аз кўча омада,. ба меҳмонхона даромада буд. Вай дар лаби дастархон кордчаи ялаққосиро дида, беихтиёр онро гирифта ба кисааш андохту ба кўча баромад. Ўро ҳеҷ кас надид. Дар хона ҳеҷ кас гумон надошт, ки кордчаро Абдуҳаким гирифтааст ...

Абдуҳаким ҳоло бо дили нохоҳам ба сўи хирман мерафт. Дар майнааш хаёлҳои мухталиф: ба Расул- бобо чӣ гўям? Ўкоям гирифта аст- гўям? Не, модарам фаҳмида монад-чӣ? Аз таги гилем ёфтам гўям? Не, ин ҳам намешавад. Бо ҳамин хаёлҳо ба назди шипанг омада монданашро надонист. Расул- бобо аз пеш баромад.

- Ҳа, Абдуҳаким, ба куҷо? - пурсид ў. Абдуҳаким як қад парид. Дасту по хўрд. Ҳамаи хаёлҳои дар роҳ такрор кардааш ба як тараф монданд. Ў беихтиёр росташро гуфту дод:

- Корд, кордчаатонро овардам, онро ман гирифта будам. Маро бубахшед, бобоҷон!

- Ба гуноҳат, ки иқрор шудӣ, мебахшам, лекин агар ин кордча аз меҳмонҳо мебуду омада суроғ мекарданд ва онро ёфта намедодед, кори айб мешуд.

Абдуҳаким аз шарм суп-сурх шуда буд. Рухсора ва гўшҳояш тафсида рафтанд. Ба рўи бобо нигоҳ карда наметавонист. Сархам меистод.

Расул-бобо илова намуд:

- Аз гуноҳат гузаштам. Сир байни ҳардуямон мемонад, ба шарте ки дар бораи ту дигар ягон гапи бад нашунавам. Рав, ба хонаатон рав акнун.

Абдуҳаким гўё бори вазнинеро за дўшаш раҳо карда башад, ба сўи ҳавлиашон раҳсипор шуд.

ҶАНГИ МОР ВА ГЎСФАНД

Мо он вақт дар қишлоқ зиндагӣ мекардем.

Ҳавлии мо аз ҳама боло, дар ҷои баландӣ воқеъ буд. Дар паси ҳавлиамон як порчаи замини колхоз бекор мехобид. Дами роҳи роҳи пода гуфта чизе намекоштанд.

Мо як бузу ду меш доштем. Ҳар пагоҳӣ онҳоро пеш аз ҷамъ шудани пода ба замини бекорхобида бароварда, мечарондем. Мардум гову молҳояшонро паси ҳам ба подаҷо ҷамъ мекарданд.

Подаҷамъкунӣ ним ё соат тўл мекашид. То ҷамъ шудани пода бузу гўсфандони ман хеле мечариданд.

Сонӣ, ман ҳам молҳоямро ба подабон месупурдам.

Вай подаро ба чаро мебурд. Мо, бачаҳо, ҳамеша ба ў ёрӣ медодем.

Як пагоҳӣ модарам маро аз ҳаррўза барвақттар бедор карда гуфт:

- Хез, писарам, меши пешониқашқаат барра зоидааст!

Ман либосҳоямро саросема пўшида ба сўи оғил давидам. Пешониқашқа дар ҳақиқат ду барра зоида буд. Яктояш ба худам монанд: сиёҳи пешониқашқа, дигараш кабуди почасафед. Модар бачаҳояшро меҳрубонона бо навбат мелесид. Мўи ҷингилаи барраҳо ялаққос мезаданд. Пешониқашқа маро дида, пешониашро сахт-сахт ба замин кўфтан гирифт. Вай гумон мекард, ки ман барраҳои ўро меситонам. Онҳоро муҳофизат карданӣ мешуд. Ман аз барра зоидани мешамон хурсанд шудам. Ба охураш кунҷора оварда рехтам.

Пешониқашқаро якчанд рўз ба пода ҳай накардем. Дар ҳавлӣ хуб парвояш намудем.

Пас аз як ҳафта чун ҳарвақта як пагоҳӣ бузу гўсфанд ва баррачаҳоямро ба чаро бурдам. Ман ҳамроҳи худ доимо китоб доштам. Молҳо, ки ба чаро даромаданд, ман китобхонӣ мекардам.

Баррачаҳо дар гирду атрофи модарашон ҷастухез мекарданд. Гоҳ-гоҳ аз ду паҳлўи модарашон омада, ба пойҳои пешашон зону зада, сина мемакиданд. Аз шири гарм, ки сер шуданд, боз ба бозӣ медаромаданд.

Боре молҳоямро барвақт ба чаро бароварда, худам машғули китобхонӣ шудам. Ногоҳ баррачаҳо аз чизе рамида, ба модарашон нигоҳ мекарданд. Буз ҳам хўсида буд. Пешониқашқа ба замин по мекўфт.

Дар пеши пойҳояш чизе мисли арғамчине, ки аз ҳад зиёд тофта ва аз тоби бисёр таранг шуда бошад, мепечид. Худро ба ҳар сў мезад. Ман таёқамро бардошта ба он ҷо рафтам. Вай мор буд! Мор сарашро боло бардошта, забони думи фароштурукмонандашро аз даҳонаш бароварда, ба ҳар сў тоб медод. Ба гўсфанд ҳамла карданӣ мешуд.

Меш аз ҳамлаи мор пай бурда, давида ба ақиб мерафт ва бо шаст ба пеш медавид. Мор аз ваҳми ҷон сарашро хам мекард. Ба меш заҳр пошида наметавонист. Гўсфанд аз фурсат истифода бурда, бо пояш морро лагад мезад ва боз ба ақиб мерафт.

Мор ин дафъа қувва ҷамъ карда, сарашро боло намуд. Дар ғазаб буд. Мехост, ки худро ба болои пешониқашқа ҳаво диҳад. Вале аз зарби таёқи ман гарданаш суст шуда, чаппанокӣ афтид. Гўсфанд бо суми сахти худ ба сари мор кўфтан гирифт. Сари мор аз зарбаи суми меш маҷақ шуда бошад ҳам, бадани сиёҳчатоби он печу тоб мехўрд. Мор ҳанўз ҳам ҷон дошт, ҷасадашро бо қувваи думаш тоб медод.

Пешониқашқа дид, ки мор дигар мадори ҳамла кардан надорад, онро монду давида, ба пеши баррачаҳояш рафт. Бачаҳояшро бо навбат бўй мекард ва дам ба дам мелесид.

Ман мори мурдаро ба чуқурӣ тела дода, бо нўги асо ба болояш хок канда партофтам. Бегоҳӣ ҷанги мору гўсфандро ба падарам нақл карда додам.

- Мешҳо бачаҳояшонро бисёр дўст медоранд, - гуфт падарам.- Онҳоро аз хазандаю даррандаҳо муҳофизат мекунанд. Пешониқашқаи мо ҳам барраҳояшро аз мор муҳофизат карданӣ шуда, морро зада куштааст. Агар ту ба наздаш намерафтӣ, вай аз қаҳр ҷасади морро мехўрд.

Модар барои бачаҳояш ҳар коре, ки аз дасташ ояд, мекунад:- ба дашту саҳро, ба кўҳу камаре, ки рама мебарояд, аз мор хавфу хатаре намемонад.Ҷои хоби чўпонҳо дар назди рама аст, аз ин рў, онҳо аз ҳеҷ гуна хазанда бим надоранд.

Ман аз падарам дар бораи ҳаёти аҷоиби чўпонон ва олами ҳайвонот бисёр чизҳоро дониста гирифтам.

ҶОНВАРАКИ АҶОИБ

Ҳомидҷон ба шасташ аз дарёчаи канали канори қишлоқ хеле моҳӣ дошт. Ў аз шохаи дарахти зарбед навдаеро бурида, ширмоҳиҳои доштаашро ба он ҳамел кард. Ҳамели моҳиҳоро ба даруни кўли об гузошта, нўги дигари навдаро ба зери санг маҳкам карда монд. Сонӣ досту арғамчинро гирифта, барои алафдаравӣ ба боғашон, ки дар доманаи кўҳ воқеъ аст, рафт.

Вай ҳар бегоҳӣ барои модаговашон аз он ҷо алаф даравида меовард. Ҳомидҷон ду банд алаф даравида, пушт карда, ба назди кўл омад. Аммо моҳиҳоро аз он ҷо наёфт. Химча бе моҳӣ буд.

«Шояд ягон кас гирифта бошад? - фикр кард ваӣ худ ба худ. - Не, агар одам мебурд, бо химчааш мебурд».

Ў борашро рўи санг ниҳода, ба реги мулоим симчакунон нигоҳ кард. Дар лаби кўл ба рўи реги тар нақшеро дид, ки ба изи пойи гурба монанд буд, аммо калонтар. Ҳомидҷон аниқ фаҳмид, ки моҳиҳоро кадом ҷонваре омада хўрдааст.

Ҳомидҷон рўзи дигар як қапқонро ба ҳамроҳии шасташ гирифта ба лаби дарё фаромад. Як моҳии лаққаро дошта, ба руи қапқон гузошт. Қапқонро бурда ба лаби кўл монд.

Худаш каме дуртар, зери буттае пинҳон шуда нишаст.

Лаҳзае нагузашта ҷонвараки сиёҳи мўи баданаш ҷилонок аз об баромада, ба сўи кўл рафт. Вай дар кафаки қапқон лаққа – моҳиро дида хурсанд шуд, ба гирду атроф саросема як назар андохт. Атроф хилват буд. Ҷонварак пойи пешашро ба моҳӣ расонда буд, ки ба қапқон даромад.

Ҳомидҷон саросема нашуда, ҷомаашро аз тан кашид. Ба сайд наздик омад. Ҷомаашро ба болои сайд ҳаво дод. Сари онро ба остини ҷома андармон кард. Пойи ҷонваракро аз қапқон раҳо намуда, онро ба ҷома печонда баст.

Ҳомидҷон сайди худро ба қишлоқ овард. Ҳама ёру ҷўраҳо ва ҳамсояҳои Ҳомидҷон ба тамошои ҷонвараки обӣ омаданд. Ҷондори аҷоиб ба сагча монанд буд. Мўи бадани он мисли пари мурғобӣ ҳим-ҳим медурахшид. Ҳар кас ҳар чиз мегуфт. Амин - бобо диду шинохт:

- Саги обӣ! - фаҳмонд ў.

Зани Ҳомидҷон –тағо, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба хона даромада палтояшро аз ҷевон гирифта баромад . Мўйи гиребони онро ба мўйи бадани ҷонварак муқоиса карда, вай ҳам гуфтаи Амин- боборо тасдиқ намуд.

Ба деҳа чанд рўз пеш донишҷўёни факултети зоологияи институти педагогӣ барои таҷрибаомўзӣ омада буданд. Онҳо ҳаёти ҷонварони кўҳҳои моро меомўхтанд.

Ҳомидҷон сайди нодирашро ба онҳо супорид.

Донишҷўён барои ин ҷонвар ҳавзи сементӣ сохта, дар тамғаи қафас навиштанд: «Саги обӣ, аз дарёчаи Симиганҷ дошта шудааст».

ДИЛОВАРӢ

(Ҳикояи воқеӣ)

Мувофиқи қарори Совети дружинаи мактаб расми барпокунандаи сохти колхозӣ Комрон- боборо дар «Гўшаи ветеранҳо» гузоштанӣ шудем.

Бо ҳамин мақсад ҳуҷҷатҳои ўро аз назар гузаронидем. Дар байни онҳо як даста грамота буд.

Якеи онро Комитети комсомолии районамон охири солҳои сиюм барои диловариаш ба Комрони ҷавон додааст. Ман аз Комрон-бобо илтимос кардам, ки дар бораи диловарии аввалини худ нақл кунад.

- Аввали баҳор буд, - ба нақл шурўъ кард Комрон-бобо,- водиҳо аз сабзаю себарга пероҳани тоза ба бар карда бошанд ҳам, барф аз қуллаҳои кўҳ акнун рахти сафар мебаст. Офтоби оламтоб нурҳои заррини худро саховатмандона ба дашту водӣ мепошид.

Мо раммаи колхозро ба домани кўҳи Юмсуроқ баровардем. Ин ҷо барои молчаронӣ хеле қулай буд. Бармоли теппаҳо аз алафҳои хушки порсола сап-сафед метофт. Рамма аз замин сар набардошта чаро мекард.

Сафаралӣ раммаро ба ман супурда, роҳи қишлоқро пеш гирифт. Ў медонист, ки ман бо ҳамроҳии Барбосу Калта аз ўҳдаи нигоҳубини рамма мебароям. Бинобар ин, ў гоҳҳо баромада ба колхоз мерафт. Камбудиҳоямонро буд мекард. Ба хонааш рафта, бачаҳояшро хабар мегирифт, аз аҳволи модари ман ҳам ҷўё шуда, зуд бармегашт.

Вале ин дафъа ў дер кард.

Ман хеле молчаронӣ кардам. Пас аз як поси шаб раммаро ба қутан ронда овардам. Аз Сафаралӣ ҳанўз ҳам дарак набуд. Рамма, ки сер буд, гўсфандон хоб рафта, кафша мекарданд. Барбосу

Калта дар атрофи рамма ҳалқа зада мехобиданд…

Нимишабӣ ногоҳ осмони лоҷувардиро абрҳои сип-сиёҳ печонида гирифтанд.

Раъд замину замонро меларзонд. Раъду барқ гоҳ- гоҳ атрофро бо шўълаи худ равшан карда, гоҳи дигар гўиё якбора ҳамаро ба чоҳи торикӣ ҳаво медод.

Пас аз шамоли сахт борон борид. Ман чакманамро дар бар карда, ба назди рама омадам.

Гўсфандон аз ҷо хеста, ба ҳам ҷафс мешуданд. Гўё роҳ намедоднд, ки борон аз байнашон гузашта, ҷойи хобашонро тар кунад.

Барбосу Калта ҳамроҳи ман атрофи раммаро давр мезаданд. Беқарор буданд.

Борон шиддат мекард. «Меборам» мегуфт.

Ними шаб, вақте ки ҳаво аз боридан монд, ба хайма даромада хостам, ки чакманарамро иваз кунам. Дар ҳамин вақт аз осмон омадагӣ барин дар байни рамма чизе «гуруммӣ» карда афтид. Давида ба берун баромадам. Гўсфандон аллакай ба ҳар сў пароканда шуда буданд.

Дар кунҷаке ду ҷонвар бардору зан мекарданд.

Дар торикӣ онҳоро нашинохтам. Гумон кардам, ки Барбосу Калта «бозӣ» карда истодаанд. Бозии онҳо давом мекард. Онҳоро ҷудо карданӣ шуда, ҷеғ задам, ҷудо нашуданд. Ба наздашон рафта бинам,

«бозӣ» нею ҷанг мекардаанд. Ҳамдигарро сахт газида мехоиданд.

Якеро аз сар то пояш даст-даст карда дидам, дум надошт. «Ин Калта» гуфтам худ ба худ. Дигарашро даст-даст карда бинам, думаш дароз. «Ана инаш гург будааст» гуфтам ба худ, чунки сагҳои мо думкалта буданд.

Гургро бо таёқи дастам занам, ба Калта расида, ўро ҳам маиб мекард. Ба Калта ёрӣ додан лозим.

Вай ҳоло ҷавон буд. Гургро буғӣ мекард, сар намедод.

Ман илоҷи корро ёфтам. Аз ғилоф зуд корди чўпониро кашида баровардам. Пойи ҷонвари думдарозро аз зонуяш бурида устухонашро хам андохта шикастам. Бо ин корам ба Калта ёрӣ додам. Худам аз пайи ҷамъ кардани гўсфандон шудам.

Вақте ки рамаро ҷамъ кардам, рўз сафед шуда буд. Шуморида бинам, барраи очамурда нест.

Думбаи қучқори зард тамоман канда гирифтагӣ.

Сару рўи Барбос ҳам пури хун. Барбос дар хами поён гургеро дарронда куштааст.

Вақте ки Сафаралӣ аз қишлоқ баргашту гургҳоро пўст кардем, барраи очамурда аз шиками гурги Калта куштагӣ баромад. Барраи бечораро зинда ба зинда фурў бурда будааст. Думбаи қучқори зардро гурги дигарӣ кандааст. Дили ман барои барраи бечораи берўзӣ, ки аз хурдӣ аз модар маҳрум гардидаву худ ҳам тўъмаи гурги хунхор шуда буд, сахт сўхт, вале илоҷи дигар набуд.

Аз раммаи колхоз як баррача талаф дода бошам ҳам, ду дарранда-ду гурги калонро Барбосу Калта ва ман нобуд кардем.

пешина
аз 32
навбатӣ