«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.
Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
БА МОДАРАМ
Модар, ба чашми чор
Дар подарии кулба, ки танҳо нишастаӣ,
Бар сар хаёли мо, дарди висоли мо
Бар фаҳми ранҷу дарди ҳама ранҷ кай расем.
Бар диданат чу дер агар меравем, маранҷ,
Зинҳор раҳ мадеҳ ту ба қалбат малоли мо.
З-оғӯши гарми ту ҳама чун пар кашидаем
То дурҳои дур,
То шаҳрҳои фикр.
То даштҳои сабз,
То ҷодаҳои нур.
Аммо дар ин ҷаҳон,
Бо ҷумла шаҳру деҳ,
Бо ҷумла мардумон,
Бо ҳарчи ҳасту нест
Дар соҳати замон
Як авҷи ишқ ҳаст.
Он авҷи меҳри туст,
Дунёи сеҳри туст.
Он ҷо ҳароратест,
Гармии чеҳри туст.
Модар, маро бубахш,
Бошам чу дури ту
Ҳар ҷо ки меравам,
Нурам, ки нури ту.
ИТОБИ ЗИНДАГӢ
Омадам бар шоҳроҳи зиндагӣ,
Ҷони ман, то бо ту бошам ҳамсафар.
Хонаи торики ту равшан кунам,
Ҳамчунон хуршед ҳангоми саҳар.
Омадам, то бо ту ёбам бахтро,
Чун ниҳоли сабзи умеди дилам.
Бош бо ман, эй сафои зиндагӣ,
Бош бо ман, шаҳсутуни манзилам!
Илтиҷо дорам, маро танҳо намон,
То ки дарёбам ҳисоби зиндагӣ.
Бо ту бошам соҳиби ганҷи ҷаҳон,
Бе ту монам дар итоби зиндагӣ!
ИНТИЗОР
Дар баҳри чашми ман,
Сайр дорад сафинаи маҳтоб.
Нест андар дидагон хоб,
Дил даруни синаам об.
Ёри ҷонам, дар куҷоӣ,
Аз дарам кай медароӣ?
Лаҳзаҳоро мешуморам,
Бе ту ман сабре надорам,
Оқибат ҷон месупорам,
Ёри ҷонам, дар куҷоӣ,
Аз дарам кай медароӣ?
Ман ба ишқи ту асирам,
Дарду доғатро бигирам,
Дар қадамҳоят бимирам,
Ёри ҷонам, дар куҷоӣ,
Аз дарам кай медароӣ?!
ОТАШИ ИШҚ
Ту ба ман бӯи баҳор овардӣ,
Ҳамраҳи савти ҳазор овардӣ.
Магар аз ишқи ман огаҳ гаштӣ,
Дили афтодаи зор овардӣ?
Ту раҳи ишқ нишонам додӣ,
Шӯълае ҳам ба гумонам додӣ?
Як назар карда ба кошонаи дил,
Офтобе ба ҷаҳонам додӣ.
Дигар аз синаи ман рафт қарор,
То баҳор омаду афканд шиор.
Чӣ кунам бо дили бечораи худ,
Зинда шуд ишқи ман аз бӯи баҳор.
КӮЛОБ
Зодгоҳам шаҳри Кӯлоб аст,
Қалби ман аз дурияш об аст.
Хоб мебинам варо ҳар шаб,
Ширполо ғарқи маҳтоб аст.
Ман диламро худ наовардам,
Дар лаби рӯди Сияҳоб аст.
Ҷодаҳояш сабзу атрогин,
Мардумаш поку шарафёб аст.
Зодгоҳам шаҳри Кӯлоб аст,
Қалби ман аз дурияш об аст.
Чашми бад ӯро намегирад,
Мӯҳраи чашмиш афтоб аст.
ЗАБОНИ НОЗ
Кош ман бобуна бошам,
То баҳорон
Дар қадамгоҳат бирӯям.
Аз нигоҳи чашми хуршедии ту
Ғунчаи дилро кушоям,
Бо ту хандам, бо ту бӯям,
Бо ту, эй маҳбуби дунё,
Роз гӯям,
Бо забони ноз гӯям.
Кош ман бобуна бошам,
Барг – барги меҳри дилро
Дар қадамҳои ту чошам…
То ки дар ҷони ту ҷо шам!
З-ин сабаб бобуна бошам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё