Зеҳн
«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.

Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САБРИ ҒАМ

Гулпарастам, гулпарастам, эй Худо,

Ошиқи чашмони мастам, эй Худо.

Ҳар гаҳе селоби ғам омад ба сар,

Ман ба кунҷе менишастам, эй Худо.

Аз ману оҳи дилам охир маранҷ,

Шоҳиди рӯзи аластам, эй Худо.

Кушта дида ишқро дар ними раҳ,

Шишаи дилро шикастам, эй Худо.

Оҳи ман, оҳи фалаксайри замон,

Ҷоми ғамҳоят ба дастам, эй Худо.

Мондаам дар чорсӯ бо чашми чор,

Бо вуҷуди ғампарастам, эй Худо.

Гар саропои дилам оҳ асту оҳ,

Дар сари роҳат нишастам, эй Худо.

Ту магӯ, Шоҳонаам аз ёд бурд,

Дил ба пои сабр бастам, эй Худо…

БАРФРЕЗИ УМР

Лолоиям ба гӯшаки тифлат нагуфта монд,

Бахтам, ки хуфта буд, сад афсӯс, хуфта монд.

Умеди қиссаҳои маро дар замири ман,

Дардо, дареғ, ин дили зорам нуҳуфта монд.

Он лаҳза рафтӣ аз ману хӯ карда бо дигар,

З-он рӯз навбаҳори дилам бо ту даргузашт.

Хуш лаҳзаҳо, ки қалби манат буд дар канор,

Чун кӯзаи сафолие партофтиш, шикаст.

Тифлони ормонии мо дар даводаванд,

Дар осмони зеҳн ба мастиву шавқу шӯр.

Чордарди модарӣ набудам, буд ҷабри ту,

Заҳдоннадидагони манаш мебарам ба гӯр.

Имрӯз оламам ҳама ях басту сард гашт,

Боғи дилам зи сардии меҳри ту гул накард.

Бо барфрези умр дар ин дашти бекарон,

Аз тундбоди умр нафас мекашам ба дард.

Ман мондаму хаёли туву хонаву чароғ,

Ман мондаму хаёли туву сӯзи дарду доғ.

Печидаам ба худ, на туӣ марҳаму даво,

Ҳоли дили маро набувад аз касе фароғ.

МӮЪҶИЗА

Манам он соддаи танҳо, ба ёдат ашк меборам,

Ҳавасрониву умре ишқро бозича пиндорӣ.

Ту мағрурию мағрурии ту бишкаст ҷонамро,

Маро як духтари рустоию девона бишморӣ.

Бале, рустоиям, ки ишқро мӯъҷиза медонад,

Туро, эй марди раҳгум, бар дили мӯъҷиза мехонад.

Ту напсандӣ агар ишқу вуҷуди чун биҳишти ман,

Худоро, дар дилат доғи маломатҳои ман монад.

Биё, то баҳри ту афсонаҳои ишқро хонам,

Ки донӣ қадри ишқу лаззати бунёди ҳастиро.

Биё, Шоҳонаро хушбахт кун аз ишқи худ, эй мард,

«Чунон мастат кунад, то худ бидонӣ қадри мастиро».

ХУМОРИ БӮСА

Имшаб суроғат омадам, эй бехабар зи ман,

Бар кӯчабоғат омадам, эй бехабар зи ман.

Бархезу рӯшноии айвони хеш бин,

Ҳамчун чароғат омадам, эй бехабар зи ман.

Бо қалби пора-пора, ки ту ошно наӣ?

Сад гуна доғат омадам, эй бехабар зи ман.

Шоҳонаат туро чу бихонад ба мулки хеш,

Оре, фароғат омадам, эй бехабар зи ман.

ЁРИ ХАТОКОР

Маро дар нимараҳ танҳо ниҳодӣ,

Магар аз ман хатое дидаӣ ту.

Калиди номусам бар кӣ супурдӣ?

Вафои ишқи ман санҷидаӣ ту?

Биҷӯям ман нишони бахти худро,

Зи ҳар як кӯчае овораву зор.

Аҷаб сангин, аҷаб сахт аст бӯҳтон,

Ки дилро медиҳад ҳар лаҳза озор.

Агар санҷиданам хоҳӣ, биё ту,

Ки ҷуз ман нест маҳбуби вафодор.

Биҷӯям гар тамоми рӯи олам,

Намеёбам чу ту ёри хатокор.

Агар сад бор созӣ имтиҳонам,

Наёбӣ ҷурми ман, эй ёри дерин.

Намесозад агар, Шоҳона авфат,

Намеёбӣ ту ҳам як бахти ширин.

ОРЗУ

Бирафтӣ, то бароят ашк резам,

Бисӯзам ҳамчу машъал аз бароят.

Ба подоши ҳамон якрӯза даврон

Ҳама дороиям созам фидоят.

Марав аз пеши ман, манмой таркам,

Намон танҳо миёни нимароҳам.

Миёни анҷуман танҳои танҳо,

Тӯӣ пуштам, набошӣ бепаноҳам.

Агар бо ман бимонӣ то саҳаргаҳ,

Чӣ парвои гапи бегона дорам.

Чӣ ғам бошад маро аз ҳарфи душман,

Ман, охир, як дили девона дорам!

Барои ман надорад фарқ дигар,

Ки ту ёри касон будӣ аз ин пеш.

Ба умри монда сад шукрона дорам,

Ки хонӣ як маро Шоҳонаи хеш!

пешина
аз 10
навбатӣ