«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.
Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
ВА МАН ҲАМ…
Дилам аз ишқ месӯзад, аё ҷон,
Хаёлам даври чашмони ту сарсон.
Нигоҳат кардааст обу адоям,
Куҷое дида дӯзӣ, номусулмон?
Шаби маҳтобу ман пушти тиреза,
Бисозам номаҳоят реза-реза.
Намонад то барам ному нишонат,
Туро ронам зи қалбам, ай гуреза.
Қаландарпешаи хилватгузине,
Шудӣ шаҳзодаи болонишине.
Ба даргоҳи дилат ҳамчун ғуломам?
Шудӣ шаҳдухтареро ҳамнишине.
Ба болинам, биё, ҷононаи ман,
Ки ғам дорад дили девонаи ман.
Биё, бовар макун ҳарфи ҳасудон,
Намирад меҳри ту дар синаи ман.
Даруни сина месӯзам дили хеш,
Бисӯзонад дилам аз ман маро беш.
Намехоҳад маро он ёри дерин,
Ки ман ҳам аз дилам ӯро кунам пеш.
НОМЕҲРУБОНИ ФИТНАСОЗ
Аз нолаи хомӯши ман сар мезанад афғони ман,
Ку ҳамдами деринаам, то бишнавад овои ман?
Савдои ишқаш бар сарам, Лайлояму девонае,
Ку ошиқи бегонаам, то бишнавад ғавғои ман?
Маҳбуби ҷони ман, биё, эй ошиқи ошиқнавоз,
Дар ишқи ту ман бандаам, номеҳрубони фитнасоз.
Гуфтам, ки озодам бикун аз макри ишқи дигарон,
Бар ҷони ман марҳам бинеҳ,
бар қалби ман шав чорасоз.
Гаштам асири кӯи ту, боре ту ҳам ёдам намо,
Ман бандии ишқи туам, аз банд озодам намо.
Шоҳонаро, эй бевафо, дар ишқи худ кардӣ ғулом?
Шоме биё бар кулбаам, аз васли худ шодам намо.
НАСИМИ РАҲГУЗАР
«Зардинамӯт» будаму рӯзаъфарон шудам,
Девори шӯрахӯрда бидидӣ, чунон шудам.
Дар арнаи1 муҳаббати ту бастам оби рӯ,
Ҳолам бубин, ки зор ба он нокасон шудам.
Бо дигаре ба айшу басе лоф мезанӣ,
Дар кӯчаи хиёнати ту посбон шудам,
Чун он насим, ки ҳар даре бар рӯт во шавад,
Тӯфон гузашт, беназаре дар миён шудам.
Сӯзам гадои даҳр, ба ашк эътибор нест,
Як ҳавз об ба синаи сӯзон ниҳон шудам.
Султони айшу ишрату бедардиҳо тӯӣ,
Бо ранҷу дарди даҳр Шоҳи шаҳон шудам?
ХАЗОН
Маро гуфтӣ, ки бедардам,
Зи ранги рӯй рӯшан нест?
Ҳама дам оҳи сарди ман,
Туро ин дард гуфтан нест?
Забон додам, наменолам
На аз дардеву озоре.
Вуҷудам, тинатам умре
Ҳама афтода дар хорӣ.
Шукуфон меваи умрат,
Чи хушранг ин ҷаҳони ту.
Хазон аст ошёни ман,
Баҳор аст ошёни ту.
Баҳоре бо хазон омехт,
Ҷаҳоне з-он чу музтар монд,
Вале Шоҳонаро ҳосил
Аз он ду дидаи тар монд.
ХИРМАНИ АФСОНА
Туро меҷӯяму меҷӯям аз дунёи тақдирам,
Вале тақдир монанди китоби бози дастам нест.
Агар фарёди дил бо пардаи андӯҳ мепӯшам,
Чи андӯҳе, ки лабханди дили ғамсози мастам нест.
Хаёлат боғбоне себи хубон дар бағал дорад?
На, ин себи дили ман лолагун аз хуни фарёд аст.
Ту бо бегонае рафтиву бо ман ҷабрҳо кардӣ,
Бидон расми вафо, ин шеваи дерини аҷдод аст.
Занам дасте зи ғам бар мавҷи мӯҳои парешонам,
Сиришкам, нолаам дар пойи рашк афтода саргардон.
Сиришкам абри боронист, оҳам наъраи тундар,
Чароғак мезанам бар хирмани афсонаи мардон.
Раҳораҳ мезанам, то хирмани афсонаро ёбам,
Суроғат меравам бо қалби оташбозу оташноз…
Ба ҷуз Шоҳона шоҳеро набуда лашкар аз оташ,
Ту оташ дидаӣ ҷуз ӯ, ки ҷӯяд оби оташтоз…?
АФСОНАИ ИШҚ
Туро меҷӯям аз дунё, аз ин дунёи дилгирам,
Ба ёдат зинда мегардам, ба номат боз мемирам.
Дилам лабрези фарёд аст, фарёд аст, хомӯшам,
Ба ин сон дасткӯтоҳӣ, зи домони кӣ мегирам?
Сарои синаи тангам макони шӯру афғон аст,
Намехоҳад шунидан оҳи қалби зорро гӯшат.
Миёни нимароҳи зиндагӣ ошуфта чун ман нест,
Чӣ мекардӣ, агар бори ғамам мемонд бар дӯшат?
Парешон мезанам панҷа ба мӯҳои парешонам,
Зи абри дидаи пурмеҳр резам қатраҳои ашк.
Шавам хуни ҷигар, бо лоларухсоре туро бинам,
Набошад дардманде мисли ман, мушкил давои рашк.
Намесозӣ суроғи ман, вале ҷӯям нишони ту,
Ба ишқат дар китоби ишқи худ афсона мемонам.
Ба ҷуз Шоҳона шоҳеро ба сар фикри ғуломӣ нест,
Ғуломии дарат воло зи шоҳии ҷаҳон донам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё