Зеҳн
ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.

Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ХАТОИ МУРҒИ ҲУМО

Аз нахустин рӯзҳои инқилоби октябр дар давлати Шӯравӣ гузоштани ҳайкалу нимпайкараҳо расм гардид.

Аъзоёни бюрои сиёсӣ, ки баъдтар номи бисёре аз онҳо сиёҳ шуд, соҳибҳайкал буданд. Пайкараи барқади Феликс Эдмундович Дзержинский бо риши кундикаш муҷассамаи Дон Кихоти Ламанчиро ба ёд меовард. Хулоса, ба ҳар хару хингал ҳатто дар ҷумҳуриҳои тобеи ин сохтори абарқудрат нимпайкараҳо мегузоштанд. Ҷумҳурии мо низ аз ин истисно набуд. Дар майдони назди яке аз бозорҳои калон нимпайкараи Путовскийро гузоштанд. Бозорро низ ба исму насаби вай ном мебурданд. Кас намедонист, ки ин мардак кисту барои кадом хизматҳои шоёнаш ба ӯ нимпайкара мондаю номашро ҷовидонӣ намудан хостанд, лекин ҳамон вақт аз бинӣ боло гап занед, дар балои азим мемондед.

Хайрият, баъди пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ ин анъана барҳам хӯрд. Бозорро бо номи шоҳ Мансур гузоштанду нимпайкараи Путовский ғайб задаю ормонӣ шуд. Шаҳру ноҳияҳо бо номҳои қадимаи аслиашон баргаштанду ҳайкалу нимпайкараҳои шахсони арзанда кӯчаю хиёбонҳоро оро медодагӣ шуданд. Академик

Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик мебошад, ки дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмию таърихӣ китоби “Тоҷикон” – ро навишта ба ҳар гуна қадрдонӣ сазовор гардид. Дар қатори унвонҳои баланду олӣ Бобоҷон Ғафуров инчунин дар миёни мардум боз бо номи Аллома низ машҳур аст, ки ин ба кам касон муяссар мешавад. Пас, гузоштани ҳайкал низ барои чунин ашхос ифтихор ҳисоб меёбад, ки фарзанди хешро қадр карданд.

Рӯзҳои насбӣ муҷассамаи вай дар пояи ҳайкали ӯ мардуми бисёре ҷамъ омада, ба ин манзара бо ҳавас менигаристанд. Мардуми ба қавле омӣ, ки аз ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ба таври кофӣ огоҳ набуданд, аз ҳамдигар мепурсиданд, ки он кист ва барои миллат чи хизматҳое намудааст? Ба гузоштани ҳайкал оё сазовор аст?

Ин қабил одамон муҷассамаю пайкараҳои дар замони Шӯравӣ зӯраки гузошташударо дар назар доштанд.

Барои ба мардум шиносонидани ин олими забардаст баъди анҷоми кору насби ҳайкал дар пояи он митинги тантанавие барпо шуд, ки дар он одамони бисёре ҷамъ омаданд. Чӣ тавре мегӯянд аз байни сафи онҳо ҳатто шамол намегузашт. Чанд нафар олимону шоиру нависандагон баромад намуда, ба хизматҳои Бобоҷон Ғафуров баҳои баланди воқеӣ доданд.

Чуноне дар консертҳо мушоҳида мешавад, дар аввал ҳофизони на он қадар номӣ сурудхонӣ менамоянд. Баъдан ҳунармандони машҳур ба саҳна баромада, маъракаро бо овози хушу гуворояшон то бас гуфтан метафсонанд.

Ҳамон рӯз низ чунин шуд. Калоншавандае, ки мӯи сарашро умре дар корҳои савдо сафед карда буду аз фаъолияти олиму хизматҳои вай хабар надошт, чорабиниро ҷамъбаст карданӣ шуда, бо савлати султонӣ ба минбар баромад. Сурфа саночаш мекашад, кола ба зоташ.

- Рафиқон, - гуфт ӯ,

- аламун Бобоҷон Ғафуров паҳлавон, э қаҳрамон аст. Барои мо хизматҳои бисёре кардааст. Чунин аламунро ҳатто дар Бағдод ҳам намеёбед. Мурғи ҳумо бархато ба кифти калоншаванда нишаста будааст...

АБРУ МАПАРОН

Чашмакзанӣ як навъ ифодагари ҳасби ҳол аст.

Одамон бо он бегуфтугӯ ягдигарро мефаҳманд. Ин ҳолатро хусусан мардуми шӯху базлагӯй ва маъракаю давраоро бештар истифода мебаранд. Агар ягон касро дӯстона мазаммату масхара карданӣ шаванд, тарафи одами рӯ ба рӯяшон нишаста чашмакӣ мезананд. Мазмун, акнун аланга задани вайро нигаред. Нигоҳи маънидору чашмакзанӣ боз моли ошиқон низ аст, ки рози дили худро ба ҳамдигар баён месозанд. Дар байни сад кас бошанд ҳам, изҳори меҳру садоқати хешро бе шарҳу баёни зиёдатӣ мефаҳманд.

Хулоса, нигоҳу табассуму чашмакзанӣ ҷои забони гуфтугӯиро нигарад ҳам, дар лаҳзаҳои ҳассос баёнгари розу ниёзи инсонҳост. Ин хислатро кинояю эродгирӣ ба кору рафтори баъзе одамон низ шуморидан мумкин аст, ки сари ин ва ё он масъала ҳангоми баҳсу мунозира мушоҳида мегардад. Тарошаи аз бом афтодагӣ барин ҳангоми мансабхоҳию курситалабӣ низ гоҳҳо чашмакзаниҳои беҳудаю ноҷоро пайхас намудан мумкин аст, ки шояд он зиёдатӣ бошад.

Ба Мирзои Неъмат ном марде, ки бо русӣ лақаби Хачуро дошт, ин хислатҳо бо ширеш намечаспид, зеро вай на ошиқ буду на дар ягон баҳсу мунозира иштирок мекард.

Чашмакзаниҳои ӯ касалии модарзодию кӯдакӣ буд.

Бисёре аз шиносҳояш ин одати вайро медонистанду ба он аҳамият додаю фиреб намехӯрданд. Лекин, фалокат аз таги по хест. Боре ба ӯ ҳодисае рӯй дод, ки мисли қиссаю афсонаҳо аз даҳон ба даҳон гузашту ба сараш ташвиши зиёд овард. Ронандае дар замони Шӯравӣ, ки молу маноли он дарёро банд меандохт, ба идораи онҳо як мошин тахта овард.

- Шеф, - гуфт ӯ ба Мирзои Неъмат, ки дор он ҷо роҳбар буд, - барои шумо аз Душанбе як мошин тахтаи сарчин овардам. Ҳамин роҳхати маро имзо намуда, фармоед, ки борро тезтар фароранд, чунки дер нашуда бояд ба манзил баргардам.

Сардор, ки одати ҳаринаи чашмакзанӣ дошт, тарафи ронанда нигоҳе карду ду - се бор рупак зада, абрую чашм паронд. Шофёр, ки бори аввал ба ноҳия меомаду касалии чашмакзаниҳои сардорро намедонист, аз ин ишораҳо ба таври худ рамуз гирифт.

- Нагӯед ҳам мешавад, - расиҷон. Ишораатонро обкапак барин фаҳмидам, - даст ба чакка бурд ронанда.

Дар як они воҳид ҳамаашро текис мекунам.

Мирзо Неъмат хост чизе гӯяд, лекин ронанда ба гапи вай эътибор надода, аз ҳуҷраи корияш пай канд, зеро гапи бисёр як харро бор гуфтаанд. Тахтаҳои овардагияшро, ки ҳамон вақтҳо хеле камчин буд, ба деҳот бурда, дар як зум ба савдо заду баргашт.

- Ана, раисҷон, тут пухт, - гӯён шофёр як дарза пулро аз ҷайбаш бароварда ба рӯи мизи Мирзо Хачу гузошту лаб лесад, ки аз нӯги он ба вай чойчақаашро диҳад, то зудтар ба манзилу маконаш баргардад.

- Ин чӣ хел пул? - дар ҳайрат монд сардор.

- Охир, навакак худатон ба ман чашмак задаю абру паронда, ишора намудед, ки тахтаҳоро бурда обу лой кунам - ку? - гуфт ронанда. - Ин чашми сабилмондаи ман аз кӯдакӣ ҳамин хел иллатӣ,

- ҷавоб дод Мирзо.

- Ман фолбинам, ки абрупаронию ишораи чашми исқотии шуморо донам, - ҷавоб дод ронанда. Ҳаминро барвақттар мегуфтед, осмон ба замин омада мечаспид?

Сардору ронанда шаби дароз хона ба хона гашта, тахта ғундоштанд...

ТАРБУЗИ ГӮЁ

Дар табиат ғайр аз инсон дигар ягон ҷуку ҷондори дигаре қобилияти сухан гуфтану гап задан надорад.

Парандаҳои хушовоз бо чаҳ - чаҳи худ танҳо садо баланд мекунанд, ки ин ба худи онҳо маълум асту халос. Дар миёни болдорон фақат тӯтӣ метавонад калимаю ибораҳои ба онҳо ёддодаи соҳибашро талаффуз намояд, ки инро сухандонӣ гуфтан нашояд. Боре дар бозор марде тӯтиашро таърифу тавсиф намуда, нархашро ба осмони ҳафтум мебардорад. Харидоре мепурсад, ки ба он чӣ медиҳад?

- Ҳар саҳар ба ин ҷонивар мағзу чағзу мавизу дигар донагиҳои хушлаззат медиҳам, - гапро туқуз монда мегӯяд фурӯшанда.

- Бо ин дурӯғҳои чилдурӯғаат намурдӣ,

- ситеза менамояд тӯтӣ ба сари соҳибаш.

- Шояд ин лаҳзаро мардумони шӯхтабиат ҳазломез бофта бошанд, вагарна тӯтӣ ситезаю дурӯғи чилдурӯғаро намедонаду онро ба ёд оварда ҳам наметавонад. Дар хусуси харбузаю тарбуз ва дигар сабзавоту меваҷот ҳоҷати гап нест. Себҳо сурх мешаванду харбузаҳо ранг мегардонанд, ки ин аломати пухтагиашон аст. Тарбузро бошад, барои шинохтанаш, ки он хом аст ё пухтагӣ одамон бо ангушт нохун мезананд. Вале гоҳҳо муъҷизаҳое рӯй медиҳад, ки кас дар ҳайрат мемонад. Яъне ҳатто тарбуз ба сухан меояд, ки агар онро нақл кунанд, касе ба ин бовар намекунад.

Дар ҷавонӣ, ки он айёми шӯру шари наврасӣ асту давраи моҷароҷӯӣ чунин ҳодисаҳои гӯшношунид баъзан рӯй медиҳад. Ҳатто тарбузи хомӯш ба сухан медарояд. Расул ном ҷавоне сари худро ба теғ чунон тоза метарошад, ки он дар офтоб ялаққос мезанад.

Дар чунин ҳолат вай рӯзе ду нафар дӯстонашро, ки онҳо низ мисли худаш шӯху бесар буданд, ҳала - ҳала менамояд, ки ба палаки деҳаи ҳамсоя ба тарбуздуздӣ раванд. Онҳо навакак як - ду дона тарбузро чида буданд, ки дар ширмоҳтоб мебинанд се суроб ҷонибашон омада истодааст. Ҷавонҳо онҳоро палакбону фарзандонаш гумон карда, дар пуштаи ҷӯякҳо лап задаю болои худро бо баргҳо мепӯшонанд, то касе дуздҳоро набинад.

- Яке аз омадагон тарбузеро бо ангушташ нохун зада, ба ҳамроҳаш, ки дар даст корди тези калоне дошт, мефармояд онро аз навда ҷудо намояд. Вай бо корд шартӣ навдаро бурида, тарбузро ба ҳамроҳаш медиҳад. Дар ширмоҳтоб сари тарошидаи Расул ҷило медиҳаду зери панҷаҳои сенафараи аввал меафтад. Вай чанд дафъа онро тук - тук зада, магар хом ё пухтагӣ буданашро намефаҳмад, ки бо ду даст калларо зери зону гирифта мефишорад. Сафедтарбуз ширин мешавад, - гӯён ба ҳамроҳаш мефармояд тезтар калла, э тарбузро аз навда ҷудо созад. Расул аз тарси ҷон, ки мабодо теғ ба гарданаш нарасад, додгӯён парида аз ҷой мехезад. Ин манзараро дида, ҳуш аз сари кордбадаст парида, даруни ҷӯяк пуштнокӣ меафтад. Ҳамроҳонаш аз тарс думро хода мекунанд. Расулу рафиқонаш низ бегумон аз ҷои ҳодиса пай мекананд. Доду фарёдро шунида, палакбону шариконаш ба ҷои воқеа расида меоянд. Дуздро даруни ҷӯяк талол дида, ӯро кашолакунон гирифта мебаранд.

- Пагоҳӣ дар деҳа хабари ба бачаи Файёз ёр шудани ҷинс овоза мешавад. Падару модараш писарашонро, ки аз ақл бегона шуда буд, борҳо азоиму чилёсин мекунанд, вале бефоида. Ҳеҷ не, ки ҷавон аз касалии рӯҳӣ халос шавад.

- Расулу рафиқонаш барои узру маънӣ рӯзе ба хабаргирии ҷӯраашон мераванд. Ҷавони бемор Расулро дида, бо доду фиғон медарояд.

- Ана ҳамин ҷини сиёҳи лаънатӣ дар сурати одамӣ боз аз паям афтода ба ин ҷо омадааст, - гӯён Расулро, ки сиёҳчурда буд, нишон додаю аз даҳонаш хаф баромада, потелакзанон аз ҳуш меравад.

- Баъди ба худ омадани бемор ҷӯраҳояш асли воқеаи оншабаро ба вай нақл намуда, мегӯянд, ки мо шуморо палакбону ҳамкоронаш хаёл карда, аз тарси ҷон дар пуштаи ҷӯёкҳо пинҳон шуда будем.

- Худо занад ту барин тарбузи гӯёро, ки қариб маро талхакаф карда будӣ,

- гуфт мариз ба Расул аз ҷой хеста.

Ҷӯраҳо шодона ба кӯча баромаданд...

пешина
аз 15
навбатӣ