ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
ХИЗМАТГОРИ МУРДАҲО
Латифаҳо мисли мақолу маталу зарбулмасал гавҳари ноёбанду дар гап ширинтар аз асал. Аз шунидани онҳо баҳри дили кас мекушояду руҳаш болида гашта, дар лабаш ханда гул мекунад. Ин офаридаҳо моли халқанду бофтан хаёлоти одамони одии шӯхтабиат. Гоҳе, ки онҳоро дар ин ва ё он маъракаю давра нақл мекунанд, шунавандагон хандарез мешаванд, ки инро сабаби дарозумрӣ низ мегӯянд. Хулоса, бе донистани мақолу маталу зарбулмасалу латифаҳои намакин ҷойи эҷодкор ранг намегирад. Яъне дили хонандаро ба даст оварда наметавонад.
Нақли латифаҳо дар гуфтору навишт завқи баландро талаб мекунанд. Хусусан, дар ҳаҷвнигорӣ бе донистани мақолу маталу зарбулмасалу латифа нависанда ба мухлисонаш дар ин жанри нозук хушҳолӣ оварда наметавонад, зеро талаботи он маҳз ҳамин аст.
Руҳонии баландмақоме вафот мекунад. Вайро дар сари пули сирот мебинанд, ки дар он овезон асту потелак зада механдад. Аз ӯ мепурсанд, ки ҳазратам, қил барин мондааст то ба оташи ҷаҳаннам афтед, вале чаро хушҳолӣ дореду механдед?
- Аз поён кафи поямро ҷойнишини сабилмондаам хорида истодааст, ҷавоб медиҳад қақразанон руҳонии баландпоя, ки дар зиндагӣ худро биҳиштӣ ҳисобида, дигаронро аз азоби гӯру оташи дӯзах метарсонд.
Чунин латифаҳои намакин лак андар лаканд, ки комҳоро ширин месозанд. Падару модари ҷавони рустаборе ба Росия кӯч мебанданд. Писарашон азбаски хуни нофаш дар ҳамин ҷо рехта буду ёру ошноҳои зиёди ҷонӣ дошт, ба рафтан розӣ намешавад. Бо русдухтаре хонадор шуда, соҳиби фарзандони бисёре мегардад. Бо гузашти айём дар мӯяш чун гарди осиё сафедӣ рехта, рӯзе вафот мекунад. Ӯро рафиқонаш аз рӯи васияти худаш бо таомули русӣ шиму костюм пӯшондаю дар гарданаш галстук баста, дар тобути оҳанин бурда дар мазори тоҷикон дафн менамоянд.
Ҳарчанд умраш ба ҷое расида фавтида буд, дар гӯристони мурдаҳои садсола ба қавле хурдсолтарин ҳисоб меёфт, ки Худо хуги ҷангалат кунаду хурдоваи хона не гуфтаанд. Барои овардани арақу сигорету ҳасибу дигар чизҳои зарурӣ чун хизматгор фақат вайро ба мағозаю бозору кочор мефиристоданд. Фурӯшандаи мағоза дар тааҷҷуб монда, боре аз ӯ мепурсад, ки дар байни шарикони беинсофат магар ягон ҷавонтаре ёфт нашуд, ки танҳо туро чун хари қошғарӣ ба чор тараф метозонанд?
- Дар қабристон ғайри ман дигар ҳамаи мурдаҳо луб
– луч хобанду аз омадан ба ин ҷо шарм медоранд, - гиреҳи галстукашро дуруст намуда ҷавоб дод вай .
Фурӯшанда таппӣ меафтад.
КАВРАКИ ХАЛТА
Домуллоҳо ҳарчанд инсонҳои боқадру қиммату муътабаранд, ба касофатии як - ду нафар нимчамуллоҳои мактабу мадрасанадидаи хасакӣ зери сумбу сапали забони мардумон мемонанд. Дар ҳаққашон одамон он қадар латифаю зарбулмасалу мақолҳое мебофанд, ки аз ханда кас рӯдакаф мешавад. Масалан, дар омади гап онҳоро ҷорӯби дастархон мегӯянд, ки ин ҷон дорад Муллокаврак аз қабили ҳамин хел зотҳои носерами урӯғӣ буд, ки ба ҳар ҷое мерафт, дастархони соҳиби хонаро беэлак мебехт. Дар пурхӯрию мумсикӣ Қорӣ Ишканба пеши ӯ дастобрезу дандонкобак намешуд. Дар маъракаҳо то таги бинӣ асои дил мечариду бо локии гирдбанди чаппотию гӯшту пӯст ба хонааш юрға мекард. Аз даруни ҷомааш то подоман кисаи дарозе дӯхта буд, ки дар он сарбории дастархони тарозузеркуни ба хонааш мебурдагӣ боз мағзу чағзу конфету шоколадҳои қимматбаҳоро сарчин карда меандохту ба набераю абераҳояш савғо мебурд. Барои ҳамин вайро ҳолдинҳо дар ғайбаш тамасӯромез бо лақаби
Кавраки халта ном мегирифтанд. Рафту дар маъаракаҳо касе ширкаду биёрад, онро таоми биҳиштӣ гӯён таърифу тавсиф намуда, ба назди муридонаш тела медод. Лаълии оши палавро бинад, ҳушаш мерафту онро чорчангола пеши худ мекашид, зеро мулло бе ош нишаста наметавонад.
Боре ким - кадом касе ба чойхонаи масҷид як табақи барзангӣ оши палави серравғану сергӯшти як ба як оварду чашми Кавраки халта сих зад. Онро уқобвор чанг зада дар наздаш гузошт. Бисмиллоҳ гӯён навакак луқмае ба даҳон бурда буд, ки телефони мобилиаш занг зад. - Пирам, илтимос, як дақиқа берун бароед, гапи бисёр муҳим дорам, - шунида шуд аз гӯшак овоз.
- Ҳозир, балам, ҳозир, - гӯён муллокаврак дасташро нимкола лишта, саросема берун баромад. Боварӣ дошт, ки бе вай наволае аз қуртуқи муридонаш намегузарад, вале ҳайҳот.
- Мо коҳ кашему хоҷа ҳаммом кунад? - хандид ҷавоне, ки аз кунҷаки чойхонаи масҷид ба мулло занг зада, ӯро ба берун даъват намуда буд.
- Рост, - сухани вайро об дод ҷавони дигаре. То кай мавизи сиёҳ дар кисаи мирон сайр мекунад? - гуфту шариконашро фармуд, ки ба сари табақи оши палав ғавр кунанд.
Муллокаврак ба берун баромада, ба ин тарафу он тараф чорчашма нигарист, вале сиёҳии касеро надида, гашта ба чойхона даромад. Муридонаш, ки ба қавли муллокаврак бе ӯ қатраи об аз гулӯяшон намегузашт, то ин вақт ними табақи ошро лумбонда буданд. Домулло норозиёна онҳоро бад - бад песонда, аз нав сари табақи оши палав гирдзону заданӣ буд, ки садои занги телефонаш чун ноқуси калисо боз баланд садо дод.
- Муллоҷон, охир, шумо куҷо шудед? - шунида шуд овоз. Маслиҳат ба фоидаи худи шумост. Девор афтад, дарун афтад мегӯянд. Боз дар ҳасрат намонед? Дашту дунёро мулло гирифтааст, лекин пирранҷиш нашавад мегӯям, зеро ба шумо эҳтирому эътиқоди дудунявӣ дорем.
Дар домани поки шумо, ҳазратам, намоз хондан равост.
Азбаски муллокаврак нафси чун ғор бетаг дошт. Ба умеди фоида ошро монда, ҷонсарак берун чорхез зад. Дар берун суроби ҷонзодеро надиду хост гашта ба чойхона дарояд, то аз оши палав бенасиб намонад, чунки шиши нақд беҳ аз дунбаи насия гуфтаанд, вале занги телефон ӯро аз роҳ боздошт. Ҳамсуҳбаташ суханро ғозу пардоз дода, вайро дуру дароз ба гап гирифт.
- Ҳазратам, хоҳарчаам сахт бемор аст. Як сари қадам ба кулбаи фақиронаи мо омада, ӯро куфу суф кунед. Ба шарофати даму дуои мубораки шумо, устоди Масеҳонафас агар хоҳарчаам шифо ёбад, аз саратон тангаю тилло рехта, сутуни хонаатонро аз зар мекунам.
- Хонаатон дар куҷост? - пурсид муллокаврак, ки аз шунидани номи зару зевар қариб девона шуда буд.
- Дар ҳамин наздикиҳо, ҳазратам, дар ҳамин наздикиҳо. Дар ҷоятон наҷунбида истед, барои овардани шумо ҳозир мошини сиёҳшишаи бадвоҳимаеро равон мекунам. Гӯсфанд ҳам тайёр аст. Онро зинда мебаред ё кушта пӯсту пора намоем?
- Ду понздаҳ як сӣ,
- ҷавоб дод муллокавраку аз шодӣ чашмонаш дурахшиданд. То омадани мошин ба чойхона даромад, ки бубинад муридони қлесаш мабодо табақи оши палавро пасту – покиза налесида бошанд, аммо мазза аз қайла кайҳо гузашта буд.
- Мебахшед, домуллоҷон, оши палав хунук нашавад, гӯён муридонатон дар болои он талошак карданд, - гуфт ҳамон ҷавони шӯхтабиати ба ҳазрат занг задагӣ ба вай табақи холиро нишон дода.
- Заҳру зуқум шавад,-дар дил афсӯс хӯрд муллокаврак ва рубоҳро об барад, думашро сих мегирад, ки шиноварӣ дорад гуфтагӣ воре сир бой надод. Воҳима кард, ки вайро ба як ҷояки дигар даъват кардаанду парвои ошу поши чойхона надорад. Дар он ҷо палаву гӯштбирён деҳқонисту аз бисёрӣ онро саг намехӯрад.
Ҷавони мазҳакабоз бо шиками серу димоғи чоқ оруқзанон берун баромада буд, ки телефони мобилиаш занг зад.
- Мошини сиёҳшишаи бадвоҳимаи исқотиро дар роҳ чӣ бало зад? - гуфт муллокаврак бо ҷаҳли чингизӣ ба мусоҳибаш, ки ӯро чанд бор овораю сарсон намуда, ба берун кашола карда бароварда буд. Аз интизорӣ кӯки чашмонам канд, охир!
- Узр ҳазратам, узр, - ҷавоб омад аз гӯшаки телефон.
Оши палав, э хоҳаракам мурду гӯсфанди сабилмонда гурехта ба чаро рафт.
Аз рамузи гап муллокаврак нимкосаи таги косаро пай бурд. Фаҳмид, ки муридони сархӯраш вайро боб карда фиреб додаю оши палавро бе ӯ нӯши ҷон кардаанд.
Калтатезакии домулло гирифта, аз қаҳр ҳатто бо баҳонаи беморӣ намози хуфтани ҷамоатро хонда надоду дар умри сараш бори аввал ба хона шиками чоруқӣ баргашт.
Қанд ҳам хӯрдӣ, дам назану фанд ҳам гуфтаанд дар урфият.
КАВСАН АЗ НӮГИ ХАМИР
Ронандагони мошинҳои хизматӣ одамони фахмою гапгиру итоаткоранд. Сирру савдои хӯҷаинҳояшонро ҳатто ба сояи танашон намегӯянд, зеро девор муш дораду муш гӯш гуфтаанд. Барои ҳамин то ба нафақа баромадану дар сари асо дошт додан паси чанбараки чорчархаҳояшон беширеш мечаспанд. Рафту хӯҷая инҳояшон ба вазифаи баландтаре раванд, аз рӯи ин сифатҳо ронандагонашонро, ки бо онҳо солҳои зиёде якҷоя кор кардаю таҳту тӯшаи ҳамдигарро панҷ панҷаашон барин медонанд, чун ришта аз қафои сӯзан кашолакунон мебаранд. Ронандагон аз ин ифтихор мекунанд, ки аслан нимкосаи таги коса дигар аст.
Роҳбарон ба воситаи онҳо пулу пораро таги бинӣ карда, ба лаб кулух молида мегарданд. Мабодо ҳодисае рӯй диҳад, чормағзи кӯрак дар сари ронандаҳо мешиканад. Яъне онҳо гуноҳро ба гардон мегиранду роҳбарон аз об хушк мебароянд.
Чунин ронандаи бовафою ҷонфидое, ки мисли сӯдавак аз қафои сардор мегашту гапашро ҳеҷ гоҳ ба замин намемонд, модари пири мафлуке дошт. Аз сардораш илтимос намуд, ки барои нигоҳубини вай ӯро аз аробакашӣ ҷавоб диҳад.
- Магар ту девона шудаӣ, ки ҷои гарму серравғанатро аз пушти як пиразани пояш ба лаби гӯр расидагӣ хунук мекунӣ? – шӯрид сардор. Ақлатро кор фармо, ки боз пушаймон нашавӣ. Сағераҳои туро кӣ обу нон медиҳад ё хуму хазинаи тилло ёфтӣ, бача?
- Гапатон най барин росту охир ноилоҷам, - ҷавоб дод ронанда. Падару модар хук шаванд, фарзанд бояд онҳоро хукбонӣ карда, дуояшонро гирад. Кампир дар роҳи дур зиндагӣ мекунаду бо аҳли оила маслиҳат карда, ба он ҷо кӯчида рафтанием.
- Ба кордон - кор осон, - файласуфона гуфт сардор.
Биё, ин тавр мекунем, - худро ғамхори вай вонамуд карда, гапро ғоз дод хӯҷаин, ки аз чунин ронандаи партизани сирнигоҳдораш нияти ҷудо шудан надошт. Маошатро зиёд мекунаму ҳамроҳам гардӣ, ризқу рӯзият боз чакидан мегирад.
- Модар чӣ мешавад?
- Заб содда будаӣ. Барои нигоҳубини дарди сар, э очаат ягон беваи бодасту панҷаи чаққонеро ёфта киро мекунию олам гулистон. Ҳоло ҳама чунин мекунанд.
Сардор ронандаашро тақал карда, оқибат аз рафтан ба ноҳия дилхунуку сархунук намуд. Гапро туқуз монда, ба вай боз ваъдаҳои бисёри болохонадори дигаре дод.
Гуфт, ки ҳатто роҳрави ҳавлии пиразанро сафолакпӯш мекунад, то вай дар лою чил лағжида, дар ягон ғору ғрамбае наафтад, ки шарманда шавем.
Сипоҳигарӣ сӣ по дорад. Хӯҷаин ҳисобу ҳасаб карда баромад, ки манфиати ронандааш аз ҳамаи харҷу хароҷотҳои барои вай мекардагӣ ҳазор бор зиёдтар мерасад, зеро дар ин шаҳри калон чунин як одами дилобхӯри гӯлу гумроҳро аз куҷо меёбад, то ҷилу туқум зада саворӣ кунад?
Дар ноомади кор атола дандон шиканад. Рӯзе ба қабулгоҳи сардор соҳибкоре, ки нияти бунёди бинои баландошёнаеро дошту гапаш бо хӯҷаин намепухт, омада даромад. Ронандаи сардорро, ки дар он ҷо аз рӯи одат қопус буду чун тимсоҳ луқма мепоид, дида, бо ӯ гӯё шиноси дерина бошад, кашу канор гирифта, дилашро монанди мум нарму мулоим кард. Ба дасташ, ки аз нағмаю нағомоти пасипардагии сардору ронандааш огоҳ буд, як қумба пул дода, хоҳиш намуд онро ба шеф бурда расонаду ҳуҷҷати сохтмонро имзо карда гирифта биёрад, чунки вақташ чун чашми хурӯс танг асту ба маҷлис бояд равад.
Хизматона гӯён ба кафаш панҷоҳсомонаи шараққосии рахаш нашикастаро часпонд.
Ронанда қумбаи пулро, ки аз нӯги хамир фатир ба вай аз он кавсан мерасид, дида, дар умри сараш бори аввал эҳтиёткориро фаромӯш карду бо ҳамин нӯҳ харро ба як гург дод. Саросема ба назди раис чорхез зада, лаҳзае нагузашта имзои вайро гирифту аз он ҷо ғолибона баромад.
Кормандони коррупсия пулҳоеро, ки дар рӯяшон бо қалами махсус пора навишта шуда буду бо чашми одӣ онро дида намешуд, аз ҳуҷраи кории сардор ёфта гирифтанд.
Модари пири ронандаи миёнарав бепарастор монд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё