Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АШКИ БАРОДАР

Бемории ман 20 сол идома ёфт. Ман як духтури табобатии осетин бо номи Дзитоев Владимр доштам. Доимо дар поликлиника маро қабул мекарду дорувориҳоро таъин мекард. Аз рафти касалии ман огаҳ мешуду, варақаи корношоямӣ менавишт. Гоҳ–гоҳ рӯзҳои истироҳатӣ ба хонаи мо низ меомаду бо ман зиёд меҳр дошт. Рӯзе маро ҷеғ заду гуфт,ки ман ба ту як дору фармоиш медиҳаму, ту ин фармоишро назди сардухтури поликлиникаи шаҳр ва пеши сардори идораи тандурустии шаҳр, сардори аптекаҳои шаҳр мебарию ба ту доруро медиҳанд. Ман ин фармоишро гирифта назди он одамон рафта, бо тафтишҳои зиёде рӯбарӯ шуда, имзояшонро гирифтам ва ба дорухона рафтам, дорухоначӣ ба ман гуфт, ки 33 тин ба касса супор. Ман 33 тин ба касса супоридам, чекашро ба доруфурӯш додам. Он кас ба ман дар як шишача тахминан 40-50 чакиши доруи обакӣ доданду як доручаконакӣ резинӣ.

Таъкид карданд, ки 4-5 чакрагӣ рӯзе се бор дар оби ширгарм чаконида нӯшед. Инро ман дар 4-5 рӯз нӯшидам, вале дард гум нашуд. Боз рӯзе назди ҳамон Дзитоев рафтаму ҳалотамро гуфтам, он шахс ба ман гуфт, ки:

«Ман як рафиқи яҳуди дар корпуси 10-и Қарияи Боло дорам. Туро ҳамон ҷо мефиристам, онҷо бисёр хуб ренген мекунанд. Ана ҳамон ҷо рафта, дӯсти маро ёфта ин мактубро медиҳӣ он шахс туро хуб муоина мекунад ва натиҷаашро мегӯянд». Он вақт ҳама корпуси 10-умро касалиҳои бод гуфта, шахси ба он ҷо мерафтагиро касалии табобат нашаванда мегуфтанд. Ана бо рохати ин духтури табобатиам ман ба Душанбе раҳсипор шудам, лекин аз рафтани ман ягона бародарам Абдукарим огоҳ67 шуду мошинашро ба рафиқаш доду, худ бо ман ҳамроҳ ба Душанбе рафтем. Дар Душанбе ҳамон ренгенологӣ гуфтагии Дзитоевро меҷустем. Аз касалхона ба мо гуфтанд, ки дар фалон хона назди манораи радиотелевизион зиндагӣ мекунад. Мо ҳамроҳии акаам он шахсро кофта ёфтем. Мактуби додаро ба он шахс додем.

Он мактубро хонда изҳори минатдорӣ карду ба мо гуфт: «Ман фардо соати 9:00 назди хонаи ренгени корпуси 10-уми Қарияи Боло, шуморо интизор мешавам».

Роҳ ба роҳ бародарам мегиристу ҳеҷ чизе аз хӯрока намехӯрд. Ман аз акаам мепурсидам, ки «Чаро ту ин қадар оби чашм мерезӣ,чаро чизе намехурӣ?» Дар ҷавоб ба ман ғамгинона мегуфт, ки «Ту намедонӣ, касалии рак (бод) дорӣ, туро ба ин корпус равон кардаанд. Ҳоли ту чӣ мешавад ва мани танҳо чӣ кор мекунам?». Ман тасаллиаш медодам, ки касалии ман бод нест. Фақат роҳи меъдаю рудаи 12 ангуштаи ман яраю варам кардааст. Танҳо онро бурида партофтан лозим.

Дигар ман саломат мемонам. Он шахс аз ман ҳеҷ бовар намекард. Бо ҳамин тасаллоҳо ман ӯро ором мекардам.

Вақти хӯрокхӯрӣ ман мехӯрдаму баъди чанде хӯроки хӯрдагиамро боз пас мегардонидам. Ана боз ашки резони бародарро медидаму, худро сарзаниш мекардам, ки чаро ман пеши чашми бародар хӯрокро партофтам.

Ин барои ман аз маҷбурӣ буд, чунки хӯрок дар меъдаи ман туруш мешуду сузиши меъда зиёд мешуд. Ман маҷбур мешудам, ки хӯроки хӯрдаамро аз меъда берун партоям. Ин барои ман як ҳолати рефлексӣ (омӯхт шудан) ҳисоб мешуд, ман ягон душворие дар ин ҳолат ҳис намекардам. Вале барои одами медидагӣ ниҳоят вазнин ва хавфнок ҳисобида мешуд.

Рӯзи дигар мо назди хонаи ренгени корпуси 10-уми касалхонаи Қарияи Боло ҳозир шудем, рафиқи ваъда кардагиро ёфтем. Он шахс маро назди як марди калонҷӯсае бурд, ки рӯяш бо як докаи муҳофизатӣ пӯшондагӣ буд. Аз муроҷиати он шиносамон фаҳмидем, ки он шахс профессор будааст. Он шахс маро дар катча хобонида, шикам, чашм, забон ва кори диламро санҷида, болои таҷҳизоти ренгенӣ баро гуфт.

Ман болои таҷҳизоти ренгенӣ баромадаму, он шахс маро ба ҳар тараф гардонида, ташхис мекард ва бо забони духтурӣ ба шиноси мо маълумот медод.

Баъди ташхиси зиёд ба ман ду стакан бурова (аз кадом омехтаҳо иборатанд намедонам) хӯронида 5-10 дақиқа ба тарафи рост болои катча маро хобонид. Баъд маро хезонида болои таҷҳизоти ренгенӣ бароварда, шикамамро ду-се бори дигар палмосида, сурат гирониду, ба берун баромаданро иҷозат дод. Баъд таъкид кард, ки соатҳои 5-и бегоҳ омада, ҷавобашро гиред.

Дар берун мегаштему, бародар ашкбор буд. Пеши кадом як шиносе вохӯрда, гап мезаду мегирист. Ҳар шиноси дидагӣ ба ман менигаристанду бо бародарам тасаллияти хуб мешавадро мегуфтанд. Ҳамин тариқа соати гуфтагӣ низ расиду, мо назди хонаи ренгенӣ омадем. Он бачаи шиноси мо баромада, моро дида гуфт, ҳамин ҷо истед, мо ҳозир меоем. Баъди чанде ҳамон марди калонҷусса, ки профессораш гуфта будем, бо бачаи шиноси мо баромад ва латтаи фукбандаш набуд.

Ин мард ба ман муроҷиат карда гуфт: «Писарам, дар ту ягон касалии хавфнок нест. Танҳо ҳамон сари меъдаю рӯдаи 12-ангуштаат яра ва варам кардааст. Инро табобат кардан мумкин. Агар ҷарроҳӣ намоед ҳам мешавад.

Ҳаргиз худро ноҳинҷор ҳисоб накунед. Шумо солҳо мезиеду ин касал ба шумо ғалаба карда наметавонад.

Ҳеҷ гоҳ шумо нагӯед, ки касалии бод доред. Инро ман ҳамчун падар ва мутахассис ба шумо мегӯям». Баъд аз пеши онҳо бо сад раҳмату миннатдорӣ баромада, дар роҳи мошина меомадаму ашки бародарро медидаму, муқоиса ба ашки пешина мекардам. Ин дам ашки бародар мерехту, лекин дар чашмонаш каме хушҳолӣ ҳис мекардам. Боз ба ӯ муроҷиат карда мегуфтам, ки инро ман ҳанӯз дар касалхонаи Учқудуқ, Самарқанд, аз табибони рус ва ҳарбӣ шунида будам.

Бародар, шумо худро ғамгин нагиред, ман сиҳат мешаваму бо ту ба саёҳат меравем. Бо ҳамин тасалиятҳо ман бо бародар ба хона омадему аз бусаҳои модар, ки аз рӯйи мо мегирифт хушҳол будем. Баъди ин ташвишҳо боз ба кор рафтам ва дард идома меёфт. Ман тоқат мекардаму доруҳои таъин кардаро мехӯрдаму, ба кор мерафтам. Каме бошад ҳам аз ин сафар боварӣ ҳосил намудам, ки касалии ман хавфнок набуда, табобатшаванда мебошад. Илоҷашро дар оянда дидан лозим.

ХИЗМАТИ МОДАР

Чӣ қадаре, ки фарзанд ба модар хизмат кунад, ҳатто якшаба сари гаҳвора хестани модарро иҷро карда наметавонад. Ман низ дар пирии модар каме бошад, ҳам ба ӯ дар саломатиаш ёрӣ додаам ва ба фикрам ин заррае хизмат ба модар намешавад.

Рӯзе модар ба ман арз намуд: «Фарзанд маро як чашмам хира шудааст ва дилам танг шуда истодааст.

Чӣ илоҷ кунам?» Ман аз ҷой хеста, ду даст пеши бар карда гуфтам: «Модар агар Шумо розӣ шавед, ман Шуморо ба духтур бурда нишон медиҳаму, бо маслиҳати онҳо чашми шуморо ҷарроҳӣ мекунам». Модар хело ист карду ба ман гуфт: «Агар аз дастат биёяд дер накун».

Ман рӯзи дигар бо як бародар, ки дусти бачагӣ будем Ҷумахон ном дошт ҳамсӯҳбат шудем. Нақшаи ба духтур бурдан ва ҷарроҳӣ кардани чашми модарро маслиҳат кардем. Баъди сӯҳбат ҳамроҳии Ҷумахон мо дар ҷустуҷӯи духтурҳо шудем. Дар касалхонаи шаҳри Кӯлоб ду рафиқ доштем. Яке Раҷабов – духтури гушу ҳалқ ва бинӣ, дигаре Раҷабмадов Сафар – духтури касалиҳои дарунӣ буданд. Вақти пурсиш мо фаҳмидем, ки онҳо ҳарду ба Душабе барои такмили ихтисос рафтанду дар касалхонаи Қарияи Боло кор мекунанд. Мо ҳамроҳии

Ҷумахон рӯзи якшанбе модарро гирифта то ба шаҳри Норак рафтем. Шаб дар хонаи хешбачаамон Тағоимурод (ёдаш ба хайр), ки дар Норак муаллим буд, хоб рафтем.

Саҳарии рӯзи Душанбе сафарро идома дода, ба шаҳри Душабе расидем. Баъди пурсупос фаҳмидем, ки духтурҳои рафиқамон дар бинои рақами 6 дар маҷлиси саҳарӣ қарор доранд. Баъди чанде интизори соатҳои 9 аз маҷлис баромада моро диданду ҳайрон шуданд. Мо матлабро ба онҳо фаҳмонидем. Онҳо гуфтанд, ки мо беморҳоямонро дида, баъд омада ин масъаларо ҳал мекунем. Лекин то ин дам ман хонаи қабули беморонро дида будам, чунки ман дар ин бемористон 40-рӯз хобида будам. Баъди рафтани онҳо мо ба духтури қабулкунанда модарро нишон додем. Як зани рус бо ҳамшираи шафқаташ дар қабулгоҳ буданд. Зани рус модарро муоина карда, гуфт: «Ҳоло вақт аст чашматон мебинад, раведу як сол пас биёед». Мо ҳайрон шуда мондем.

Дигар бора дар ҷустуҷӯи бародарон – духтурон баромадем. Аз бинои №4-и касалхона Раҷабов-ро ёфтем, он кас ба беморонаш тавсияҳо доду ҳамроҳи мо ба бинои №6 омад. Ба ошёнаи дуюм баромаду, як марди танумандеро, ки хилъати сафед ба тан дошт, роҳгардиаш хело вазнин буд ба назди қабулгоҳ овард. Он мард дари қабулгоҳро кушода аз духтур пурсон шуд. Ҳамшираи шафқат аз набудани духтур хабар дод, он мард бо овози омирона «Положите эту женшину» гуфту баромада рафт. Раҷабов то зина пояи ошёнаи дуюм он мардро гусел намуду раҳмат гӯён, дастҳо пеши бар, назди мо омаду ҳамааш ҳал шуд гуфт. Модарро ҳозир барои ташхис мехобонанд, гуфту худ бо саросемагӣ баромада рафт.

Баъди чанде он зани бемор қабулкунанда омаду ба мо як нигоҳи норозиёна карду ба утоқаш даромад. Баъди 1-2 дақиқа дарро бо шаст кушода ба мо муроҷиат карда гуфт: «Заходите». Азбаски модарам забони русиро намедонист ва ин зан ба забони тоҷикӣ гап намезад, ман ҳамроҳаш ба утоқи кории духтур даромадам. Он шахс як чакра доруи обакиро ба чашми модарам чаконду гуфт: «Минуточку подождите». Мо ду-се дақиқа истодем, ки болои чашми бемори модарам сап-сафед шуд.

Духтур ба мо хатчае навишт, ки барои либос ивазкунӣ ба ҷои қабул моро фиристод. Мо он ҷо рафта, 15-20 дақиқа истода, либосҳои модарро иваз намуда, пеши духтур омадем ва бо хушнуди моро қабул намуду ба беморхона дароварда, ба як хонаи ду каса модарамро хобонид баъди каме интизорӣ ман ба беморхона даромадаму бо духтури табобатии модарам шинос шудам. Он кас як зани тануманди калоне буд, сину солаш низ аз 60 боло буд. Дар манаҳаш мисли мардон каме риш дошт.

Он шахс худро ба мо муаррифӣ карду гуфт, ки ҷарроҳии чашми модаратро ман ба ҷо меорам. Ман баргашта ба хона омадам ва ду рӯз баъд боз ба беморхона рафтам.

Дидам, ки аллакай чашми модарам ҷарроҳӣ карда шуда-72 аст. Ман назди духтур рафта, хостам ки миннатдории худро ба ӯ баён кунам. Вақте ки назди духтур даромада хостам, ки салом диҳам, он кас ба овози баланд ба ман дод зада, гуфт ки рафта ба модарат фаҳмон, ки дигар меҳнати маро барбод надиҳад. Ман чӣ ҳодиса шуданро аз он кас пурсидам. Он кас ба ман фаҳмонд, ки рӯзи ҷарроҳӣ модарат ба ҷои хобаш омада, як кампири ӯзбекӣ чашмонаш курро кашола карда, ба ҳоҷатхона бурдааст. Кукҳои чашмаш кандаанд.

Аз ҳамин сабаб ба ман лозим мешавад, ки аз сари нав чашмонашро дида, ҷои кукҳои кандаро аз нав дӯзам. Ман бошам назди духтур узрхоҳӣ намуда, якумин бор ба беморхона афтидани модарамро гуфтам. Он шахс ба ман таъкид кард, ки 3 рӯз баъд модаратро омада гирифта бубар. Барои духтури ҷарроҳӣ модарам, дар як халта меваҳои тару тоза ва кулчаҳои қаймоқӣ гирифта будам. Духтур аз ин тӯҳфаи ман хело шод шуда, раҳмати зиёд гуфт. Аз он ҷо ман гашта ба хона омадам.

Саҳар ман соатҳои 3-4 ба мошинҳои газ меовардагӣ савор мешудам ва соатҳои 8-9 ба дари беморхона мерасидам. Боз соатҳои 3-4-и бегоҳ ба ҳамин мошинаҳо савор шуда шаб ба хона мерасидам. Хулоса, рӯзи дигар бо бародарам Ҷумахон гуфтугӯ намуда, роҳи Душанберо пеша кардем. Баъди расидан ба беморхона ба мо гуфтанд, ки то тайёр шудани ҳуҷҷатҳои бемор дар берун интизор шавед. Мо аз беморхона баромада ба ҷониби Ҳисор равон шудем. Ба мағозаи атриётфурӯшӣ даромада, барои духтури ҷарроҳ атрҳои франсузӣ ва боз чанд намуди дигар атриётҳо ва косметика харид намудем, ки маблағаш ба 80-100 сомон баробар шуд.

Гашта омада аз бозор як халта меваҳои тару тоза барои духтурон харид намудем. Пеши духтур даромадем, аз73 тӯҳфаи мо духтур шод шуда, ба мо таъкид кард, ки баъди 5-6 моҳ чашми дигари модаратон маҳкам мешавад, дер накарда биёред, ки ин чашмашро низ ҷарроҳӣ кунем. Барои тӯҳфаҳо барои мо раҳмати зиёд гуфта, қоғазҳои модарамро ба мо дода, то баромадгоҳ модарамро гусел намуданд. Мо бо хурсандии зиёде модарро ба хона овардем. Аз байн ду-се моҳ гузашту модар дар даст матоъи ҷомаворӣ гирифта, барои ману Ҷумахон ҷомаҳои майдадӯзӣ дӯхта, дар ҳақамон дуои нек мекард. Фарзандонам, чашмони маро мисли ҷавониам кардед. Худо ба шумо тансиҳатию иқболу обурӯ насиба шавад. Ҳар муроде, ки доред, худоё амалӣ шаванд. Мо омин гуфта, аз ин дуоҳо меболидему, ба худ мегуфте.

Дар ҳаққи модар каме бошад, ҳам хизмат кардем. Лекин чӣ кунем, ки кирдигор кори худро мекунад.

Баъди 6-7 моҳ чашми дигари модар аз дидан монд.

Пардаи сафеде болои чашмонаро пӯшид. Ман вақтро ғанимат дониста, пеши ҳамон духтури шинос ба шаҳри Душанбе рафтам. Он шахс ба ман тавсия дод, ки ҳамаи анализҳояшро дар ҷоятон супоред.

Решаи дандонҳои шикастаро канда, баъди ин модаратонро назди ман биёред. Ман омада ҳамаи гуфтаҳои духтурро мувофиқи хати додааш иҷро кардам. Танҳо як анализашро дар шаҳри Кӯлоб гирифта натовонистам.

Инро ба шаҳри Душанбе ҳавола кардаанд.

Акнун мо дар тайёрии ба Душанбе бурдани модар будем, ки ҳодисаи мудҳише ба сарамон омад. Дар халқ мегӯянд, ки:

« Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл,

Мо дар паи ободию, фалак вайронкор».

Мо аз қисмат мебинему, дигар ҷои муқобилият нест.

Яздон ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мешавад. Ба сари ману мо74 дарам марги бародарам – Абдукарим пеш омад.

30.12.1982 бародарро ба хок супоридем. Модар 5 моҳи дигар ба доғу дарди фарзанд месӯхт. Ба ҳеҷ кас ғаму дарди худро намегуфт. Хосатан пеши ман доимо худро хурсанд во намуд мекард. Ман бошам аз ғаму дардаш огаҳ, худ низ ба ин ғам гирифтор будам.

Рӯзе бо модар нишаста аз ҳар чиз гап мезадем. Ногаҳ аз ҳисоби дандонҳо гап рафт. Модар бо ҳасрат аз ман нигаронӣ карду гуфт: «Агар ҳамон решаҳои дандонҳоямро барои чашмонам шуда, намекандӣ, ҳоло ман бо он решаҳо хӯрок мехӯрдам».

Ин сухан бар ман сахт таъсир карду пушаймонию нофаҳмии худро бо худ санг мезадам. Чаро ман ҷарроҳии чашми дуюми модарро ба таъхир мондам. Рӯзи дигар ба истгоҳи мошинаҳои Душанбе мерафтагӣ омада, як мошинаашро савор шуда ба хона омадаму модарро савор карда, роҳи Душанберо пеш гирифтем. Ба бемористони «Қарияи Боло» расида, он духтури шиносро ёфтам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои гуфтаашро аз назар гузаронида, ҳамон яктои мондагиашро аз ман пурсон шуд.

Ман гуфтам, ки дар шаҳри Кӯлоб ин намудашро таҷҳизот надоранд. Вай кас ба ман дар бемористони Яккачинор супоридани ин намуди ташхисро тавсия дод. Ман бо модар ба ин бемористон рафта, анализро супоридем ва ҷавобашро пурсидем. Коргари ин бемористон ҷавобашро баъди як ҳафта ваъда дод.

Ман боз ба пеши ҳамон духтури шинос омадам. Аз натиҷаи ин ташхис ба ӯ маълумот додам. Он шахс ба ман гуфт, ки «Шумо имшабро дар ягон ҷой истед, ман пагоҳ ин масъаларо ҳал мекунам». Азбаски ман дар Душанбе шинос надоштам, ҷои зист надорам гуфтам ба он шахс. Он шахс бо лабонаш ким чӣ гуфту, аз ҷояш ба75 зур хест. Ман медидам, ки аз ҷой хестану роҳ рафтан ба он шахс мушкилӣ меорад. Бо ҳамин аҳвол ба берун баромада, низди ҳамин беморхона як вагонӣ оҳанӣ меистод. Он шахс моро дар берун манъ дошта, худ ба даруни вагон даромад. Баъди 10-15 дақиқа бо як зани ҷавони зебое аз вагон баромада, назди мо омаду узрхоҳӣ намуд: «Ман пир шудаам ва қобилияти ҷарроҳӣ карданро надорам, ана ҳамин шахс модари шуморо ҷарроҳӣ мекунад». Ман изҳори ташаккур гуфта аз он кас бахшиш хостам. Он шахс худ бо ман аз гузаштаи ҷарроҳии чашми модарам ёдрас шуда, гуфт: « Ин чашмашро низ ҷарроҳӣ мекунанду мисли ҷавонӣ мебинад».

Ман модарро боз ба ҳамон бемористони №6 хобонида ба хона баргаштам. Мувофиқи ваъдаи он зани ҷавону зебо, се рӯз баъд, боз ба Душанбе пеши модар рафтаам.

Ман нафаҳмидам, ки он зан тоҷик ё яҳудӣ буд. Фақат бо забони русӣ гап мезад. Дидам, ки аллакай чашми модар ҷарроҳӣ карда шуда буд. Таклифи ба хона бурданашро кардам. Табиби ҷарроҳӣ кардааш боз 2-3 рӯзи дигар истоданашро розигӣ дод. Ман дигар фурсати истодан накарда, ба хона баргаштам.

Аз байн як рӯз гузашту, ман аз кор омада бинам, ки модарам дар хона хоб аст. Ҳайрон шуда аз модар пурсидам, ки шуморо аз Душанбе овард? Дар ҷавоб гуфтанд, ки Маҳмадулло.

Маҳмадулло писари ҳамсояи ниҳоят қадрдонамон бобои Маҳмадшоҳ мебошад. Он шахс ба Душанбе ба кори шахсиашон мераваду, модари маро барои хабаргирӣ ба беморхона меравад. Модарамро дида, таклиф менамояд, ки биё ба хона барамат, мошин дорам. Модарам дирӯз омадани ману ваъдаи табибро ба Маҳмадулло мегӯяд. Маҳмадулло бо табиб ҳамсӯҳбат мешаваду аз мошин доштанаш гап мезанад. Табиб барои бурдани модарам иҷозат медиҳад. Ҳамин тавр Маҳмадулло – писари ҳамсоя аз бемористон модари маро савор карда, ба хона меорад.

Аз ин саховати дӯстон мо ҳеҷ гоҳ фаромӯшхотир намешавем, дар ҳақашон ҳамеша дуои нек мекунем.

Баъди аз бемористон омадан, боз модар ба духтани ҷомаҳои шаҳии майдадӯзӣ даст зад. Даҳҳо ҷома барои фарзандон, шиносону ҳамсоягон ва рафиқон дӯхтаанд.

То дами марг аз ман минатдорӣ мекарду мегуфт: «Ту маро аз нав ҷавон кардӣ, хуб пеши поямро мебинам, хизмати хуб кардӣ». Лекин ин хизмати ман барои модар ҳеҷ аст. Якшаба сари гаҳвора хестанашро намеарзад.

Фарзандони азиз, бидонед, ки ҳурмати падару модар аз воҷиботи ислом аст, чунончи Худои таъоло фармудааст: ки « Васият кардем инсонро ба некӯӣ кардани падару модар».

Ҳикоят. Шахсе назди Расули акрам (с) омаду гуфт: –

Ё Расуллуллоҳ, модарам пири барҷомонда шудааст, луқмаи таомашро ба даҳонаш мемонам, оби таҳораташро медиҳам. Ӯро бар пуштам мегираму ба таҳоратҷой мебарам. Магар ҳаққи вайро ба ҷо оварда бошам, ё не ?

Расули акрам (с) фармудаанд, ки аз сад ҳаққи вай яктоашро адо накарда бошӣ.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризои Ҳақ бубинӣ,

Он кун, ки ризои модарон аст.

Пас фарзандон: мо низ дар ризогии Ҳақ ҳастем ва аз Шумо илтиҷо дорем, ки Ҳаққи падару модар шиносед ва ҳамеша бо онҳо боҳурмат бошед.

НАТИҶАИ ДУОИ МОДАР ДАР ЗИНДАГӢ

Ин соли 1996 буд. Рӯзе аз саҳро ба хона баргаштам ва дидам, ки модарам дар таги долон, болои курпачаи мулоими худ нишастааст. Дасташ таги манаҳ гузоштагию ба ким чӣ хаёле банд аст. Ман аввал салом додаму баъд шухиомез ба ӯ гуфтам.

Модар, худро боқувват гир, хиҷил машав. Ин шухиҳои доимии ман буд, ки модарро механдонидам. Модар « Худро нигаҳ дор, намур, ки ман дар ин соли вазнин туро худоӣ карда наметавонам». Модар як хандаи ширину табассуми дарозе карду ба ман гуфт: «Ту хонаю даратро мефурӯшию маро худоӣ мекунӣ!» Боз чанде бо ҳам гап задему, аз паи корам рафтанӣ шудам.

Модар дар вақти рафтан ба ман дуо доду гуфт: «Писарам, парво накун, ризқи маро Худо ба ту медиҳад». Соли вазнини хӯрока буд. Дар ин сол хоҷагӣ дар заминҳои зиёде гандум кишт карда буд ва баҳри нигоҳу бин намудани киштзор қитъаҳоро ба одамон иҷора медод. Дар бригадаи мо 28 га замини гандуми «Шарора» коридаанд ва ҳеҷ кас аз тарси ғорат кардани киштзор заминҳоро ба иҷора намегирифтанд.

Маъмурияти ҳоҷагӣ ба ман 16 гектар заминро иҷора фармуд. Ман бо аҳли оила ва фарзандон инро ба зима гирифтам. Боз 12 гектари дигар боқӣ монд. Онро низ ба ман ҳавола карданд, ки одам ёфта ба зимааш гузору шартнома намо. Ман писари тағоям Ҷумахон, ки дар мактаби деҳа муаллим шуда кор мекард, ба зимааш зуран гузоштему шартнома ба хоҷагӣ бастем. Дар шартнома ба зимаи мо 39 ц ҳосил пешгӯи карда шуда буд.

Баъд мо якҷоя бо писарони худ ва тағоям киштзори гандумро об дода аз гову мол ва ҳашарот нигоҳубин мекардем. Заминҳо дар паҳлӯи якдигар ҷойгир шуда буданд. Гандум ба сарҳади расидан наздик буд. Нон ёфтан аз мағозаҳо душвор буд. Ҳама шабу рӯз назди дарвозаи заводи нон интизори мекашиданд. Шабҳо бо ҳар роҳ ба даруни заводи нон зада дарома, қисме соҳиби якчанд нон (хлеб) мешуданд. Аз ҷумла писари калонии ман Ҳабибулло низ дар ин заду хӯрд иштирок мекард ва 4-5 нон меовард. Ин замон модари ман вафот карда буду, мо баҳри ӯ панҷшанбегиҳо мекардем. Нон камӣ мекард, одамони зиёд баҳри нонхӯрӣ меомаданд. Дар хона низ захираи гандум ба охир расидагӣ буд. Илоҷи дигар надоштем. Фақат ба коркунони заводи нон зорию тавалло мекардем. Ин ҳол ба мо дер давом накард. Рӯзе ҳамроҳи писаронам дар роҳи ғаллазор алафҳои бегонаро дарав карда истода будем, ки раиси хоҷагӣ Зардиев омада, аз кори мо пурсон шуд, мо ба ӯ кори худро муаррифӣ намудем. Он кас ба мо даравидани алафро манъ намуда, чиндани хӯшаҳои бегонаро аз байни гандуми тухмӣ фармон дод. Бояд дар байни ин гандум хӯшаҳои гандуми дигар набошад. Акнун мо аз байни гандуми тухми хӯшаҳои гандуми бегонаро даравида, 1-2 линча ба хона меовардем. Дар болои алови дегдон хӯшаҳоро хушк намуда, бо чӯб зада гандумашро чач карда мегирифтем.

Рӯзе зиёда аз 1 сатил гандум мешуд. Ин ҳол 10-20 рӯз давом кард ва мо соҳиби нони серӣ шудем. Рӯзи дарави гандум низ расид. Дар замини деҳаи Сангпар вақти дарави комбайнҳо одамони зиёде аз ҳар тараф ба замин даромада, гандумро сарак дарав карда буданд. Ин замин байни деҳаҳо ҷойгир шуда буд. Ҳеҷ кас чорае дида натавонист. Дар навбати дарави заминҳои мо, маъмурияти хоҷагӣ, коркунони идораи хоҷагӣ, паркҳои тракториро ҷамъ намуда гирди ғаллазор муҳофиз монд. Комбайнҳо даромаданд, гандум ба дараҷае хуб расида буд, ки дар як ду сар рафтану омадани комбайнҳо бордони он пур мешуд. Ҳамин тариқа як замини 8 гектарро даравида ба дуюмаш гузаштанд, ним зиёдашро даравида будем, ки раиси комиссияи ревизионии хоҷагӣ Менгмилшоев ба ман маълумот дод, ки аз замини боқӣ монда шумо бояд 1 тоннаву 600 киллограми дигар ба хирмани хоҷагӣ гандум резед. Боқии гандум мувофиқи шартнома аз они шумо мешавад. Аз ин маълумот ман ба ҳеҷ кас чизе намегуфтам. Ин вақт як комбайн боз бордонаш аз саҳар пури гандум дар таъмир буд. Ҳамин дам, баъди хӯроки нисфирӯзи акаи Сафар (каду лақбаш) комбайни пур аз гандумро сари марза оварда, ба ҷои механизми даравро ба кор андохтан, механизми гандум холикуниро ба кор даровард. Дар як лаҳза 300 – 400 кг гандум дар замин резонида шуд. Ман аз гапи раиси комиссияи ревизионии хоҷагӣ Менгмилшоев хурсанд будам ва гандуми рехтаро ба одамони гирду атроф гирифтанро иҷозат додам.

Ҳар кӣ тавонист ин гандумро дар халтаю бағал гирифтанд. Мо бо ҳайати комиссия бақияи замини ғалларо даравидем. Акнун мошини Ҳотамшоҳ, камази калони хоҷаги дорӣ буд, пур шуд, дигар болояш намебурд.

Мо то аз гӯшаи борти мошина рехтанаш ӯро пур кардем. Як каме замини нодаравида монд. Тахминан 10-20 садяк замин буд. Ба одамон гуфтем, ки ҳар кас барои худ даравида гирад. Дар як лаҳзаи ҳисоби заминро дасти хӯшадарав карданд.

Боқи мо мошинаи пурборро ҳамроҳи ҳайати комиссия гирифта, сӯйи хирмани хоҷагӣ рафтем. Дар хирмани хоҷагӣ ҳисоби 170 сатил гандумро баҳри сарбори (скидка) рехтем ва боқиро ба пеши раиси хоҷагӣ Зар-80 диев ки бемор дар хона хоб буд бурдем. Аз гандуми даравидаи замини иҷораи мо Менгмилшоев ба раис маълумот дод. Дар болои мошина тахминан 9-10 тонна гандум боқӣ монда буд. Раиси хоҷагӣ фикри зиёде карда, ба ман муроҷиат карда гуфт: «Як тонаи дигарашро дар хирман мерезӣ». Ман «Ҳа» гуфтам. Боз гуфт: «Аз ин гандуми ба шумо монда ба коргарони бригадаат медиҳӣ ё на?» Ман ҷавоб додам: «Ба ҳамаи обчиҳо ва коргарони пешқадам 1-2 халтагӣ медиҳам». Баъд аз пеши раис ба хирман омада, 110 сатил гандумро рехтам. Он гуфтаҳои раисро ҳамаашро иҷро кардам. Ба ҳамаи тракторчиҳо, аграному раиси участка аз 1 то 6 линчагӣ гандум додам. Боз ба ман қариб 7-8 тонна гандум боқӣ монд. Ҳар шахсе ки хонаи ман барои гандум меомад, халтаашро худаш пур мекард, ман худам фармон медодам. Болои ин худододӣ ман дар замини лалмӣ лаби канали гирди замин кишт, замини назди ҳавлигии нав барои хонасозӣ гирифтаам, гандум корида будаам. Ҳамаи онҳоро даравида дар як ҷой ҷамъ намуда будам. Аз ронандаи комбайн Назрулло ки бо ман дуст буд ва ҳамроҳӣ падарандарам, доимо аз заминҳои лалмиро даравидан барои хӯроки нисфирӯзи ба хонаи мо меомад, илтимоси хӯронидани дарзаҳои гандумро кардам. Он шахс гапи маро не нагуфта, саҳарии дигар комбайнро назди дарзаҳои ман рост кард. Мо бо бачаҳо ва коргарони хоҷагии оби шаҳр, якҷоя дарзаҳоро дами комбайн ҳаво додем ва дар як-ду соат ҳамаашро хӯронидем. Аз ҳисоби дарзаҳо низ зиёда аз 2 тонна гандум гирифтем. Дар ҳамин соли камнонӣ ба ман 10-11 тонна гандум аз ҳисоби замини иҷора ва кишти заминҳои дигар боқӣ монд. Ин овоза дар таоми хоҷагӣ паҳн шуд. Ҳатто то вилоят ин комёбии ғалла-81 кории хоҷагии Ҳамадонӣ расид. Дар маҷмӯъ аз ҳосили ба даст омада, ба хоҷагӣ супоридагӣ ва ҳаққи иҷораи ман аз ҳар як гектар 60 ц-ро ташкил намуд. Писарони тағоям низ аз ҳисоби замини иҷораашон 8 тонна гандумро соҳиб шуданд. Аз ин ҳисоб ман рӯзгорамро хело беҳ намудам, писарамро хонадор кардам, шахсе ки ба хонаи ман барои мӯҳтоҷиаш меомад, ҳаргиз холӣ барнамегашт.

Ин буд он худододие, ки ман аз «Дуои модар» гирифтаам. Ба фарзандон ва хонандагоне, ки навиштаи маро мехонанд, муроҷиат карда мегӯям: « Дуои модар»ро гиред ва ҳамеша дар хизмати модар тайёр бошед.

– Расули акрам (с) фармудаанд: – Шахсеро падару модар розӣ набошад, Аллоҳ таъоло ҷони ӯро ба ғайри калимаи шаҳодат бароварда, рӯзи қиёмат дар пешонааш навишта мешавад, ки ин банда оқи падару модар аст.

– Расули акрам (с) фармуданд, ки ду гуноҳ аст, ки инсон, албатта азоби онро дар дунё мебинад ва ҳам дар охират: – Яке зулм кардан бар бандагони Худованд, дуюм озор додани падару модар. Боқии гуноҳонро мумкин аст, ки Худои таъоло даргузарад ё азоби онҳоро дар қиёмат бинад.

пешина
аз 13
навбатӣ