Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сайидро наовардӣ? – ба ҷойи ҷавоби салом бо хашм суол кард Муҳаббатхон.

– Шоҳам, Сайид гапи маро нагирифт, – оромона ҷавоб дод Муборак.

Ранги Муҳаббатхон аз шиддати ғазаб канд, ҳатто лунҷҳояш ларзиданд. Чизе гуфтан хост, вале садои мубҳаме бароварду ба назди Муборак, ки дар таги дар истода буд, омад ва ба чашмонаш нигоҳҳои палангонае карду нимшунаво гуфт:

– Гапи ту?... Ту ҳам гап дорӣ, хари мурдор?! Нест шав, ки саратро аз тан ҷудо накунам!

Муборак нимтаъзиме карду баромада рафт. Шоҳ асабонӣ чанд бор ҳуҷраро давр заду каме ором шуд ва гуфт:

– Инаш беҳтар. Никоҳи як мулҳиди рофизӣ ҳалол ҳам нест.

Бонак!

Бонак даромад ва дузону зад. Шоҳ пурсид:

– Аз сунниҳо ягон муллое дар гирду атроф ҳаст? Бонак даме фикр карда, пурсид:

– Шоҳам, сунниаш чист?

Шоҳ ҳайрон ба ӯ нигаристу бо садои хастаи пур аз ғазаб пурсид:

– Ту чӣ мазҳаб дорӣ?

– Намедонам, – китф дарҳам кашид Бонак.

– Ту падархар, кофарӣ ё мусулмон?

– Мусулмон.

– Мусулмон бошӣ, сунниӣ ё шиа?

Бонак боз китф дарҳам кашид ва бечораҳолона ба рӯйи шоҳ нигарист. Шоҳ даст афшонд ва амр дод:

– Занҷирбек дар куҷост?

– Дар берун нишастааст.

– Бигӯ, биёяд.

Пас аз фурсате қомати баланд ва паҳлавононаи Занҷир дар пойгаҳ пайдо шуд. Шоҳ ӯро пас аз салом сари дасторхон шинонд ва худ ҳам нишасту гуфт:

– Ман хеле гушна шудаам, Занҷирбек. Бихӯрем ва суҳбат кунем.

Онҳо кабккабоб ва гардсӯзи хушлаззатро нӯши ҷон карданд.

Шоҳ то сер шудан ҳарфе назад. Чун аз хӯрдан фориғ шуд, пурсид:

– Занҷирбек, пайғоми маро ба ту расонданд?

– Бале, шоҳам, мани бандафақир куҷову ҳамхона шудан бо валъамати хонадони шоҳ куҷо?

– Ин ҳадя танҳо шоистаи туст. Агар ту падари ҳарисамро яктарафа намекардӣ, вай на хаёли мурдан дошт, на хаёли аз салтанат даст кашидан. Барои ҳамин занашро ҳам бояд ту соҳиб шавӣ.

Занҷир бархосту таъзим кард ва гуфт:

– Шоҳам, давлатат зиёда бод, аз ин инояти ту сарам ба осмони ҳафтум расид.

Шоҳ мамнун сар ҷунбонду гуфт:

– Барои ман муллое лозим аст, ки суннӣ бошаду хутбаи никоҳамро бихонад. Занҷир фикр карду гуфт:

– Шоҳам, ин кор мушкилтар аст. Дар қалъа фақат афсарону навкарон аҳли суннатанд, аммо саводи динӣ надоранд. Чанд муллои суннӣ доштем, бо Юсуфалихон фирор карданд.

– Ягон илоҷ нест?

Занҷир ангуштонашро рӯйи синаи фарохаш бозӣ доронда, дақиқае андешид ва гуфт:

– Модари девонбегӣ суннӣ буду занаш ҳам суннист. Худаш муллои зӯр асту ба чи тариқате, ки хоҳӣ, илму амал дорад.

Шоҳ пас аз каме мулоҳиза розӣ шуд.

– Дар ин фурсати танг беҳтарашро пайдо карда наметавонем. Ту ҳам валъаматро ба хонаат бурда, никоҳ кун.

Шоҳ ва Занҷир ба саҳни ҳавлӣ баромаданд. Дар назди дарвоза аспи қавиҳайкале бо зину абзори нав истода буд. Шоҳ аспро бодиққат тамошо карду пурсид:

– Чӣ ҷонвари зебое! Моли кӣ бошад?

Занҷир посух дод:

– Шоҳам, ин аспро соате пеш марде ба девонбегӣ супурд.

Ин замон девонбегӣ Қозӣ ҳам аз баромадани шоҳ воқиф гашта, давон ба назди онҳо омад.

– Қозӣ, ин сутури хушхиром аз куҷо пайдо шуд? – пурсид шоҳ.

– Ғазанфар ном марди ғундие бароят сурона овардааст, шоҳам.

Муҳаббатхон назди асп рафт, ба пушту паҳлуяш даст зад, рикобу зини нақшинашро палмосид ва хушнудона гуфт:

– Ҷонвари хушзоте будааст. Он мард куҷост?

– Дар пеши дарвоза, – ҷавоб дод девонбегӣ, – мехоҳад дақиқае ба пойбӯсат бирасад.

– Аз Ғунд мегӯӣ? – пурсид шоҳ ва каме фикр карду гуфт: –

Ку бинем, чӣ мехоҳад?

Девонбегӣ ба посбон ишорае кард. Вай дарвозаро кушода, меҳмонро ба саҳни ҳавлӣ хонд. Ғазанфар чун бози паррон чусту чобук расиду зону зада, пойи шоҳро бӯсид. Муҳаббатхон ин гуна шахсро бори аввал медид. Аксари шуғниён рост истода, гапашонро рӯйирост мегуфтанду мерафтанд; иддаи каме нимтаъзим мекарданд. Вале касе то ҳол пояшро набӯсида буд.

– Аз ман чӣ мехоҳӣ? – пурсид Муҳаббатхон.

Ғазанфар бе он ки сарашро бардорад, посух дод:

– Эй шоҳи олам, султони богарам, сояи сари банӣ Одам, саги рӯсиёҳи даргоҳи борифоҳи шумо Ғазанфар ҳастам. Аз ин роҳи дур ҳавои хизмати ҷанобашонро гардам ва барои мазиди хурсандиашон хушзоттарин аспи дастпарвари худамро пешгаш овардам. Агар мақбули завқи шоҳам гардад, сари ин чогару навгари абадулабадашон ба айвони гайвон хоҳад расид.

Сухангӯии ӯ ба Муҳаббатхон писанд афтод. Ҳатто сактаи забонаш табииву гӯшнавоз буд. Дили шоҳ фараҳ ёфт ва осори асабият аз рӯяш нопадид гашт. Даст бар китфи Ғазанфар гузошту гуфт:

– Қабул, хеле аспи хуштарбия будааст. Ту ба чӣ машғулӣ?

– Банда барои шоҳ муҳассилӣ мегунам, аммо гаме тиҷорат ҳам дорам.

– Бо куҷо?

– Бо Гошғар, аълоҳазрат, – ҷавоб дод Ғазанфар ва сарашро бардошту дузону нишаст.

– Кошғар?... Нағз… – ба чи хаёле гуфт Муҳаббатхон, – лекин ман боре ҳам Ғундатро надидаам.

– Магони хушманзару бобарагатест, шоҳам. Ҳар гоҳ дили шумо хост, қадами муборагатонро ранҷа намоед.

– Ту ҳамроҳи оқсақол Шоҳсабоӣ омадаӣ? – пурсид шоҳ.

– На, олампаноҳам. Се рӯз пештар омадам.

– Шоҳам, – ба гап ҳамроҳ шуд девонбегӣ, – Шоҳсабоӣ бемор будааст, аммо суронаашро дирӯз расонданд.

Шоҳ сар ҷунбонду дигар ҳарфе назада, ба боргоҳ равон шуд. Девонбегӣ ва Занҷир аз пасаш рафтанд. Ғазанфар то пушти дар нопадид гаштани онҳо ҳамоно дузону истод. Пас бархоста, домани гилемашро бодиққат афшонд ва аз дарвоза берун шуд.

Сарвинозро ба боргоҳ оварданд. Қозӣ-девонбегӣ хутбаи никоҳро хонд. Ҳозирини маърака ба сари шоҳу арӯс табағӣ рехтанд.

– Ягон шогунӣ1 фармоем, шоҳам? – пурсид девонбегӣ.

– Лозим нест, ба дилам намегунҷад, – рад кард шоҳ ва пас аз сукуте афзуд: – Валъамат Сафарморо ба Занҷирбек, канизи шидвудиро ба Бонак бахшидам. Касе содиқона хизмат кунад, албатта, аз ман подоши нек мегирад. Ман ба майдон мебароям. Шумо то баргаштанам сари дасторхон бошед.

Муҳаббатхон ба Отизул амр кард, ки кордорони дарбор ва мансабдорони ба сур омадаро ба майдон орад. Худ бо девонбегӣ назди асирон рафтанд. Дар майдон мардону занони гуногунсол, наврасону кӯдакони ғамзадаву парешонро ҷамъ оварда буданд. Чанд зан тифли ширхор ҳам доштанд. Кӯдакон мегиристанд, мардону занон ғалоғула мекарданд. Бо пайдо шудани шоҳ оқсақол Исҳоқ фарёд кашид:

– Хомӯӯӯшшшш!

Асирон дам ба дарун заданд. Навкарон аз ҳар кунҷе давида омаданд ва саф оростанд. Муҳаббатхон анбӯҳи одамонро аз назар гузаронда, Исҳоқро пурсид:

– Чанд нафар ҷамъ овардӣ?

– Панҷоҳу се нафар, шоҳам.

Шоҳ норизоёна ғурунгос зад:

– Кам, хеле кам.

Исҳоқ сар ба зер афканду чизе нагуфт. Шоҳ асабиёна бо қамчини дасташ зарбае ба замин заду амр кард:

– Муридони Сайид Фаррухшоро як тараф кунед.

Исҳоқ фарёд зад:

– Касе муриди Пир Сайид Фаррухшо бошад, назди ман ояд.

Асирон нобоварона ба Исҳоқу навкарон нигариста, ҳамчунон хомӯш менишастанд. Исҳоқ бонг зад:

– Ҳамаатон аз ҷо бархезед! Муридони Пир Фаррухшо, ба назди ман! Мо ҳамаатонро мешиносем, дирангу дурӯғ ба кор намеояд. Зуд бошед!

Муридони Сайид Фаррухшо як-як ба пушти оқсақол гузашта истоданд. Исҳоқ онҳоро ҳисоб кард.

– Шоҳам, бисту нуҳ нафар будаанд.

Муҳаббатхон бо танаффур ба ҷонибашон назар карду амр дод:

– Қозӣ, номашонро навис. Ман нархашонро мегӯям, ту ёддошт кун.

– Ту, хар, чӣ ном дорӣ? – ба марди паҳлавонпайкаре рӯ овард шоҳ.

Мард ба шоҳ назари тезе афканду посух дод:

– Додмаҳмад, писари Ҷумъахон, аз Тем.

Шоҳ гуфт:

– Нархаш даҳ рупия.

– Даҳ рупия?! – бо тааҷҷуб пурсид девонбегӣ.

– Ҳа, даҳ рупия, чӣ миқдоре гуфтам, навис.

– Занат кадом аст? – боз ба Додмаҳмад рӯ овард Муҳаббатхон.

– Ин аст, – ба зани рангпаридаи аз гиря чашмонаш сурхидае ишора кард асир.

– Ту, мочахар, чӣ ном дорӣ? – пурсид шоҳ.

Додмаҳмад ба оҳанги эътироз чизе гуфтанӣ шуд, ки шоҳ ба китфаш тозиёнае фароварду дод зад:

– Хомӯш, ҳангас назан, вагарна даҳонатро медарронам.

Додмаҳмад аз дард рӯ турш кард ва китфашро дошта, хомӯш истод.

– Номам Меҳрангез, номи падарам Сафдаршо.

– Понздаҳ рупия навис, – нархашро муайян кард шоҳ.

Девонбегӣ пушти сарашро хорида навишт.

пешина
аз 44
навбатӣ