«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Ту, барзагов, кистӣ ва аз кадом подаӣ? – шоҳ бо дастаи қамчин марди тахминан панҷоҳупанҷ-шастсолаеро нишон дод. – Оғоназарам, писари Шоназар, аз Дишор.
– Ин барзаговро нуҳ рупия нарх мондам, – гуфт Муҳаббатхон ва афзуд: – Модагов дорӣ?
– Бале, се гов ва сӣ сар мол дорам, – ҷавоб дод Оғоназар.
– Ту гапамро нафаҳмидӣ, каллакадуи нобакор, – овоз баланд кард шоҳ. – Дар ҳамин ҷо модаговат бо туст?
Оқсақол Исҳоқ шарҳ дод:
– Занат бо туст ё не?
Оғоназар аз хашм суп-сурх шуд ва калла ҷунбонду занашро нишон дод. Шоҳ занакро пурсид:
– Ту, модагови қашқа, ном дорӣ ё не? – Ишораи шоҳ ба нақши сурхе буд, ки ними пешонии занакро фаро мегирифт.
– Фаросатмо ном дорам. Падарам Фахриддиншо аст.
– Модагов ҳам Фаросатмо мешудааст? – заҳрхандае кард Муҳаббатхон.
Зан, ки дар ҳаракатҳояш ғуруру гарданшахӣ ҳувайдо буд, қадаме пеш гузошта, чизе гуфтан хост, ки шавҳар бари куртаашро кашид. Шоҳ гуфт:
– Дуруст кардӣ, набошад, ин гови қисирро дар пешат сар мебуридам. Оқсақол, ин модаговро панҷ рупия нарх гузор.
Ба ҳамин минвол, шоҳ ҳар як муриди Сайид Фаррухшоро хуку шағолу рӯбоҳу таккаву ғуноҷин ва ғайра ном бурда, ба ҳар яке аз панҷ то понздаҳ рупия нарх гузошт, ҳол он ки камтарин арзиши як одам дар Файзобод аз сад рупия кам набуд.
– Исҳоқ, ин ҷамъияти сутуронро дар Файзобод ба чи нархе, ки фурӯшӣ, кор надорам. Пеши ман инҳо аслан арзише надоранд, лекин чун вақти қиматам сарфи дидори манҳусашон гашт, ба далели аз хирс кандани мӯйе барояшон меҳрубонӣ кардам. Акнун аз назарам нопадид шаванд.
Бо ишораи Исҳоқ навкарон муридони Фаррухшоро ба як гӯшаи майдон ҳай карданд. Аз чунин сахтгирӣ сангдилтарин муқаррабони шоҳ низ ангушти ҳайрат газиданд. Муҳаббатхон рӯйхатро аз дасти девонбегӣ гирифта, бодиққат аз назар гузаронд ва ҷониби Исҳоқ теғ кашида, аз зери пешонӣ нигоҳе карду бонг зад:
– Боқимондаро қатор кун!
Исҳоқ бисту се асири боқимондаро назди шоҳ овард. Муҳаббатхон ба ҳамон шева ҳар як бандиро номнавис карда, нархи фурӯшашро эълон намуд. Напурсид, ки пирашон кист, танҳо аз куҷо буданашро муайян кард. Нархашонро ҳам вобаста ба синну сол ва коромадии онҳо аз сад рупия бештар гузошт.
Чун кор анҷом ёфт, амр дод, ки асиронро ба маҳбас баранд.
Оқсақол Исҳоқ пурсид:
– Шоҳам, асирон гушнаву бемадоранд, бо ин аҳвол фардо роҳ гашта наметавонанд. Ман барояшон хӯрок фармудаам, агар иҷоза бошад, ишкамашонро сер кунанд.
Шоҳ бо нӯги тозиёна бозӣ карда, лаҳзае андешиду гуфт:
– Зид нестам, лекин ту ба ман бигӯ, ки барои чӣ аз Баҳшори туву Вужи девонбегӣ махлуқе дар ин ҷо нест? Ё шумо аз пеши худ сагбачаҳои Давруқу ҳамсояҳояшро афв кардед?
Ин савол монанди тундаре буд дар осмони соф барои аъёну акобири ҷамъомада. Исҳоқ саволомез ба девонбегӣ чанд лаҳза нигоҳ карду чун дид, ки чизе гуфтанӣ нест, китф дарҳам кашид ва беҷуръат арз кард:
– Шоҳам, ман ду рӯз боз дар ҳамин майдон машғули кори асиронам. Ҳатто ба хона ҳам нарафтам. Навкарон ҳар касеро овардаанд, рад накардаам. Боқӣ хабар надорам.
Муҳаббатхон рӯ ҷониби Қозӣ гардонд ва мунтазири посух шуд. Қозӣ китфони васеи худро ду-се бор ҷунбонд, коғази дасташро ба кисабағал андохт ва шарҳ дод:
– Шоҳам, гап сари он аст, ки дар Баҳшору Сарчашма мардум муқобилат нишон дода, гунаҳкоронро надоданд. Мо…
Аз шунидани ин хабар Муҳаббатхон дар шигифт афтод ва гапи девонбегиро бурид:
– Муқобилат?! Девонбегӣ сар ҷунбонд.
– Яъне, чӣ хел? Кӣ? Дар ин мулки худозада оё касе мондааст, ки зӯрашро нишон диҳад? – дод зад Муҳаббатхон. – Дурӯғ нагӯй ва ҳамшаҳриҳоятро пинҳон накун!
Қозӣ даст ба сина гузошт ва гуфт:
– Шоҳам, он чи мегӯям, мутлақо ҳақиқат аст, барои он ки сури арӯсӣ халал наёбад, дар ин бора хабар надодам.
– Ту мефаҳмӣ, ки дар ин рӯз бояд назди душманонам тантана кунам?! Мефаҳмӣ?! – бонг зад шоҳ.
Агар аҳли дарбор намебуданд, шояд ба сари девонбегӣ муште мефаровард. Девонбегӣ гунаҳкорона сар хам кард. Ҳозирон аз ҳайбати шоҳ дар пӯсташон намеҷунбиданд.
– Чӣ кор карданд? Касеро заданд? Магар навкар надорем?
Оё шамшер, камон, тир, найза адо шуд?
Аз шиддати ғазаб рагҳояш дамиданд, манаҳаш ларзид, тозиёна аз дасташ афтод.
– Шоҳам, арз кунам, ки дар Вуж ду навкарро маъюб карданд, дар Баҳшор якеро куштанд, се навкар базӯр ҷон ба саломат бурданд, – оромона посух дод девонбегӣ.
Шоҳ аз гиребони Қозӣ дошт ва ғуррид:
– Киҳоянд он бадбахтон? Гап зан, кӣ ҷуръат кардааст?
– Дар Баҳшор паҳлавон Ҷаҳонгир…
– Ҷаҳонгир? – шоҳ аз ҳайрат гиребони Қозиро сар дод. –
Ҳамон шағоли пир?
– Бале, шоҳам, Ҷаҳонгир, – буғзи то гулуяш омадаро фуру бурда, овоз баровард девонбегӣ.
– Он мурдор магар ҷон дорад? Оё дар бистари марг набуд?
– аз ғояти алам фишшос зад Муҳаббатхон.
– Бистарӣ буд, вале ҳоло сари пост.
Шоҳ қамчинро аз замин бардошт, дар пеши сафи мансабдорон беқаророна чанд бор ин сӯ-он сӯ қадам зад ва билохира гуфт: – Дар Баҳшор Ҷаҳонгир буд, аммо дар Вуж Ҷаҳонгир-ку набуд. Ё дар он ҷо ҳам муборизе пайдо шуда, ки ман ӯро намешиносам?
– Ба ман гуфтанд, ки дар Вуж навкаронро набераи Ҷаҳонгир кӯфтааст, – посух дод девонбегӣ.
– Набера? Чаро ман аз ӯ дарак надорам? – аз ғазаб садои шоҳ базӯр баромад.
– Вай дувоздаҳ ё сездаҳсола аст, шоҳам, – арз кард девонбегӣ, – барои…
– Чӣ? – гапи Қозиро бурид шоҳ, – дувоздаҳсола? Кӯдак?
Девонбегӣ ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд.
– Ин чӣ лашкардорист, ки кӯдаке ду ҷанговари мусаллаҳро маъюб кунад? Инро ба касе гӯед, ки бовар кунад, – дод зад шоҳ.
– Шоҳам, ба мо бовар накунед, навкаронро пурсед.
Муҳаббатхон нобоварона сар ҷунбонд ва пурсид:
– Мурдаи навкар дар куҷост?
– Барои он ки дар чашми меҳмонон натобад, ба ахтахона бурдем, – ба гап ҳамроҳ шуд Отизул.
– Мурдаро ин ҷо биёред, – ва ба девонбегӣ рӯ овард: – Қозӣ, ақлат нагирифт, ки ба Вуж як даста навкар фиристӣ, то морбачаҳои Давруқи дӯзахиро зада-зада биёранд, – гуфт шоҳ.
– Шоҳам, як дастаро бо Отизул фиристодам. Мардуми Сарчашма мусаллаҳ шуда, садди роҳашон гаштанд. Чун ҷанг бо мардум бе амри шоҳ воҷиб набуд, бозгаштанд.
Шоҳ чи андоза ҷиддӣ будани вазъиятро акнун дарк намуд.
Сукут кард, хеле андешид ва гуфт:
– Он занаки рубоигӯи виёдиро ҳам нагирифтанд?
– Он занро дар Вуж пайдо карданд. Вақте барои гирифтанаш рафтанд, набераи Ҷаҳонгир навкаронро кӯфт ва мардум пас аз ин ба по хест.
Муҳаббатхон бонг зад: – Дидед, мулкро ба чӣ рӯз расондед? Шумо ба куҷо нигоҳ мекунед? Алови чашми душманро, ки гирифта натавонистед, пагоҳ дар ҷойи хобатон каллатонро мебуранд. Ҷаҳонгири лаънаткарда як умр аз дарбор нон хӯрд ва дидед, ки чӣ баднамакӣ мекунад? Аз раҳмдилии ман тамоми рӯбоҳҳо шер шудаанд.
Зӯри шумо ба ин саги бедандон нарасад, зӯри ман мерасад.
Сипас амр кард, ки муридони Сайид Фаррухшоро ба назди оқсақолон биёранд. Исҳоқ онҳоро пешандоз карда овард. Ин асно Отизул бо чор навкар мурдаи ҳамсилоҳашонро дар рӯи нардбон ба майдон расонданд ва бо ишораи шоҳ дар пеши оқсақолон гузоштанд.
Муҳаббатхон Отизулро пурсид:
– Ин шаҳид чӣ ном дорад?
– Ғиёсиддин.
– Аз куҷо буд?
– Аз Қундуз, шоҳам.
Шоҳ ба асирон рӯ овард:
– Мурдаи ин сарбоз аз ҳазор зиндаи шумо барин мулҳидони муртад болост. Заифии лашкар аз он аст, ки сипаҳсолори дурусте надоштам. Бидонед ва огоҳ бошед, ки субҳи ҳамин рӯз Отизул – писари Муҳаммадкарим қӯшбегиро сипаҳсолор таъин кардам. Ихтиёри сипоҳ дигар дар дасти туст, Отизул! Ба ягон ҷонзоди ин мулк раҳм накун.
Отизул таъзим карду гуфт:
– Ҳаманнову саддақ, шоҳам.
Муҳаббатхон бо нигоҳҳои оташин тӯдаи асиронро аз назар гузаронду гуфт:
– Дар мамлакат як шоҳ мешавад. Ман дигар ягон пиратонро ба кафши куҳнаам намегирам. Ин Фаррухшо кист, ки «Кист? Манам!» мегӯяд. Ҳоло, шумо палидони худобехабар, ин ҷаноза пири худатонро гумроҳ мехонед. Даҳ бор такрор кунед, ки «пири мо гумроҳ аст».
Аз ин сухан ҳам оқсақолон ва ҳам асирон ба ҷунбиш омаданд. Касе овоз набаровард. Шоҳ бонг зад:
– Ё сум букм-мум букм1 шудаед?
Асирон ҳамоно хомӯш меистоданд. Шоҳ аз ғазаб тозиёнае бар замин кӯфт ва фарёд кашид:
– Бигӯед!
Боз садое набаромад. Чун дид, ки шоҳ ихтиёрашро аз даст медиҳад, девонбегӣ Қозӣ гуфт:
– Шоҳам, аз ин мардум чунин сухан барнамехезад, илтимос, исрор накун.
Шоҳ девонбегиро дашноме доду гуфт:
– Мегӯянд. Чунон қамчинкӯбашон кунам, ки забонашон булбул шавад.
Оқсақол Исҳоқ ба миён даромад:
– Шоҳам, ба гапи девонбегӣ гӯш бидеҳ.
Аз байни оқсақолон ҳам садоҳо ба гӯш расиданд:
– Шоҳам, ба пир кор нагир.
– Ҳеҷ кас ба ҳақорат додани пираш ҷуръат намекунад.
– Шоҳам, ин кор воҷиб нест.
Муҳаббатхон дид, ки ин амраш иҷронашуданисту ҳатто муқаррабонаш эътироз карданд, сарашро таконе доду бо садои дупӯстаи аламнок гуфт:
– Ман ин саркаширо ба ҳеҷ кадоматон намебахшам, лекин ҳоло вақти бо ин манҳусон машғул шудан нест. Исҳоқ, фардо касе аз инҳоро дидам, саратро худам аз танат ҷудо мекунам.
Шоҳ ба сӯйи дарвоза шитофт. Муқаррабонаш дунболи ӯро гирифтанд. Асирон, мурда ва навкарон дар майдон монданд. ҳавобаланд гӯянд.
Расм чунин буд, ки дар ҷанозаи навкарони шаҳидгаштаи раҳдур сипаҳсолор иштирок мекард. Барои онҳо дар зери пуштакӯҳи деҳаи Баҳшор – Риҷистанг қабристони алоҳидае ҷудо кардаанд. Дар ин қабристон чандин қарн шаҳидони қавму қабилаҳои гуногун дафн шудаанд, ки барои ҳимояи шоҳони Баҳрпанҷа ва давлати Шуғнон қурбон гаштаанд. Дар ин мазор бухороӣ, дарвозӣ, қаротегинӣ, фархорӣ, қундузӣ, ёркандӣ, чатрорӣ, бадахшӣ, вахонӣ, хитойӣ ва, кӣ медонад боз киҳо, паҳлуи ҳам асрҳо ба хоби абадӣ рафтаанд.
Инак, шаҳиди навбатӣ байни майдони Саройи санг зери шуълаҳои тунду тези офтоби тобистон хобидааст. Ӯ кафан надорад ва касе ҳам аз дарбориён дар фикри такфинаш нест.
Ҳатто дилёб намешаванд, ки болояш парчае партоянд. Чакмани сарбозиаш ҷасади ӯро панаҳ намудааст. Асирон баъзе аз кунҷковӣ, баъзе аз рӯи шафқат атрофашро пур карданд. Ҳамяроқонаш ба ин ҳаракати бандиён монеъ нагаштанд. Мардон бо чеҳраҳои гирифта ба ҷасади навкар нигоҳ мекарданд; занон мегиристанд; навкарон ҳам дар чашм об доштанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё