ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Агар мушоҳидаи бемор мавҷудияти хурўҷи касалӣ ё ягон хел оризаҳои онро (ҳолангит, ҳипетит, перихолесистит, илтиҳоби сангдори талхадон) нишон диҳад, ба санаторияю курортҳо фиристдани бемор қатъиян манъ карда мешавад.
Илтиҳоби музмини ғадуди зери меъдавӣ ғадудро оҳиста ба ҳолати пажмурдавӣ ва тасаллуб меорад. Тасаллуб хусусияти афзудан дорад ва боиси норасогии вазоифи хориҷ ва дохилусораи ғадуд мегардад. Касалӣ оқибати ҷиддӣ дорад ва табобати он донишу таҷрибанокии духтури маҳалларо талаб мекунад. Ин мараз дар фаъолияти табиби оилавӣ бисёр дучор мешавад, вале ташхиси он назар ба маразҳои талхадон, меъда, рўдаи 12-ангушта, ҷигар ва баъзе дигарҳо мушкилтар мебошад. Барои аниқ кардани ташхиси ин касалӣ бояд аввал ҳамаи он касалиҳои номбаршуда бо мушоҳидаҳои махсус истисно карда шаванд.
Аломатҳои беморӣ. Дар ҳолатҳои зерин ин маразро гумон бурдан мукин аст:
‒ Нофорамии вазоифи узвҳои ҳозима, ки баъд аз табобат (агар бо касалиҳои худи узвҳои ҳозимӣ вобаста бошад), нест намешаванд;
‒ Шикоятҳои бемор ба дарди сари дил, ки мавзеи зери қабурғавии тарафи чап, рост ва миёнаро фаро мегирад;
‒ Нишонаҳои аниқтари мараз: дарунравии хурўҷёбанда, харобшавӣ (кам шудани вазни бемор), барзиёдии наҷосат – полифекалия, (ки норасогии вазоифи хориҷусораи ғадудро нишон медиҳад;
‒ Баландшавии миқдори қанди хун: ҳипергликемия, (норасогии вазоифи дохилусораи ғадуд); ‒ Нишонаҳои камқувватӣ, моилӣ ба пастшавии фишори шарён (аломатҳои ҳипогликемия дар асоси баландшавии миқдори инсулин, ки дар натиҷаи ангезиши апарати инсулин ҷорикунанда пайдо мешавад);
‒ Хурўҷи касалӣ, ки бо аломатҳои зардпарвин ҳам ҷараён ёфта варамии ғадудро нишон медиҳад.
Аломатҳои бо усулҳои ташхис аниқкунанда – баландшавии миқдори фермантҳои ғадуди зеримеъда (диастаза – аз соатҳои аввал, липаза – аз рўзи сеюм);
‒ ташхиси наҷосат: стеоторея (наҷосати равғанин), креаторея (лимфҳои барзиёди ҳазмшудаи мушакҳо дар наҷосат); - калоншавии ҳаҷми ғадуд ё ягон қисми он (дар асоси ташхиси ултрасадо);
‒ тасдиқ кардани аломатҳои газаки ғадуд бо усулҳои ташхиси рентгенологӣ, аз он ҷумла, - ангиография, томографияи компютерӣ ва дигарҳо.
Инчунин дигар аломатҳо зерин ба газаки музмин ғадуди зеримеъдавӣ ишора мекунад;
1. Аломоти Гротто – тунукшавии чарбпардаи зерипўстии ноҳияи ғадуди зеримеъдавӣ.
2. Аломоти Кач – заъфи баландшавии ҳиссиёти ноҳияи асабгири VIII- уми қафаси сина.
3. Аломоти Мей – Робсон – дардмандии бурҷи қабурғаю сутунмўҳра аз тарафи чап.
4. Аломоти Кёрте – нафхи (дамидани) қисми болоии шикам.
5. Мусбати аломоти Френкус аз тарафи чап.
6. Аз ҳад зиёд дардмандии шикам дар вақти палмосидан бо усули
Гротто (зер кардани ғадуди зеримеъдавӣ).
7. Мусбатии аломоти Капел – Туҷилин – дар рўи пўсти шикам ва бадан пайдо шудани доғҳои гирдшакли сурхчатоб.
8. Зоҳироти нишонаҳои алоими диэтсефалӣ.
Ҳар дафъа, ки аз ин мараз гумон мебарем, бояд саратони ғадуд ё кисаҳои саратонмонанд истисно карда шаванд, чунки ин касалиҳо ҳам ҳамон аломатҳои газаки ғадудро нишон медиҳанд. Барои аниқ кардани ташхис, хусусан усули ултрасадо ёрдам медиҳад.
Инчунин, агар табобати касалиҳои узвҳои атроф (талхадон, меъда, рўдаи 12- ангушта) фоида набахшад, ташхиси газаки ғадуд эҳтимолӣ мебарояд.
Муайянкунии давраи мараз. Дар давраи хурўҷи касалӣ ғадуди зеримеъдавӣ варам карда калон мешавад, ҳама аломатҳои касалӣ зоҳир мешаванд. Дар давраи беҳбудии муваққатии касалӣ, бо гузаронидани санҷиши глюкозахўронӣ, норасогии вазоифи дохилусораи ҷараёни пинҳонии касалиро муайян кардан мумкин аст.
Намунаи гузоштани ташхис.
Панкреатити (газаки ғадуди зеримеъдавӣ) музмини такрошаванда, давраи хурўҷ, шакли дарднок, норасогии вазоифи дохил ва хориҷусораи ғадуди зеримеъдавӣ, диабети қандӣ.
Табобат. Пеш аз сар кардани табобат аввало муайян кардан лозим аст, ки касалӣ ягон ориза ё хурўҷи бисёр шадид ва ҷиддӣ надошта бошад. Дар вақти хурӯҷ кардани беморӣ ва дар ҳолати шадиди беморӣ ӯро ҳатман ба бемористон, ба шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ кардан лозим аст. Дар шароити дармонгоҳ фақат шаклҳои сабукхурўҷёфтаи касалӣ ва дар давраи беҳбудиаш табобат гузаронида мешавад.
Инчунин, пеш аз сар кардани табобат, духтури маҳалла бояд муайян кунад, ки бемор ба ғайр аз панкреатити музмин боз ба кадом касалиҳои узвҳои атрофӣ (меъда, рўдаи 12-ангушта, талхадон ва найчаҳои талхагузар) ҳамроҳ ҷараён дорад. Дар ин хел мавридҳо духтури ботаҷриба ё аввал ин касалиҳоро табобат менамояд ё ин ки ҳамаи ин касалиҳоро якбора, бо манфиатнок табобат менамояд, ё ин ки ҳамаи ин касалиҳоро якбора, бо манфиатнок табобат менамояд. Табобат фақат дар ин маврид манфиатнокшуда метавонад.
1. Усули нест кардани аломатҳои хурўҷи дард:
‒ но-шпа, маҳлули 2-фоизаро 2.0 мл пагоҳӣ ва бегоҳӣ, ба дохили мушак;
‒ папаверин, платифиллин, магнезияи туршии ангишт, ганглерон, кватерон. Баъзан, барои нест кардани хурўҷҳои такроршавандаи дард доруҳои валидор, нитроглисерин, амилнитрит, пиполфен, супрастин, диазолин, промедол, дроперидол, фентанил ва монанди онҳоро истифода мебаранд.
Дар мавридҳои зиёдии туршии меъда доруҳои антасидӣ манфиатнок мебошанд.
Дар марҳалаи гузаронидани табобат, хусусан, несткунии хурўҷи дард, бояд бемор ба парҳезӣ дуруст риоя намояд. Барои ин аввал ҳаҷми умумии хўрок кам карда шавад, зеро ғадуди бемор, қуввати хўроки зиёдро ҳазм кардан надоранд. Аз хўроки ҳаррўзаи бемор ғизоҳои сустҳазмшаванда (наск, ҳуҷайрабофтаҳо. ғизоҳои туршии органикӣ дошта) истисно карда шаванд.
2. Дар давраи беҳбудии мараз барои хўроки бемор ғизои гуногун интихоб карда мешавад: сафедаи ғизо 100-120 г аз ҳисоби ширу қатиқ, гўшти камравған ва моҳӣ; равған - 50-60 г аз ҳисоби равғанҳои растанӣ ва маска, шириниҳо 500-450г аз ҳисоби қанд, асал, мураббо, меваҳои ширин, сабзавот, ярма.
Барои ин хел беморон, дар ҳама давра истеъмоли шаробҳо, тортҳо, пирожнӣ, самбўса, хўрокиҳои бирёнкардагӣ қатъиян манъ аст.
3. Мубориза бо норасогии вазоифи хориҷусораи ғадуди зеримеъда:
‒ истеъмоли ғизоҳои асосан сефададор;
‒ табобати таъвизӣ (ивазкунанда) бо доруҳои ферментӣ (панкреатин, панзинорм, фестал);
‒ табобати витаминӣ (маҷмўи витаминҳо).
4. Ислоҳи норасогии вазоифи дохилусораи ғадуди зеримеъдавӣ:
‒ риояи парҳезӣ аз ҳисоби маҳдуд намудани истеъмоли шириниҳо;
‒ истифодаи доруҳои қанди хунро пасткунанда, ҳатто, инсулин.
5. Табобат дар марҳалаи беҳбудии касалӣ:
‒ риояи парҳезӣ;
‒ Табобати зиддиилтиҳобӣ бо истифодаи усулҳои физиотерапия
(индуктотерия, парафин ё озокерит);
‒ Варзиши ҷисмонӣ; Табобати осоишгоҳӣ – курортӣ фақат дар марҳалаи беҳбудии устувори касалӣ: ба ҳолати мўътадил омадани ҳаҷми ғадуд аз рўи нишондоди усули ултрасадо.
Дар марҳалаи беҳбудии касалӣ беморон лаёқати меҳтанӣ доранд, вале соатҳои кории шабона маҳдуд карда мешаванд.
Барои беморон курортҳои Ессентукӣ, Железноводск, Боржомӣ, Трускавес,
Одесса, Дорохово мувофиқанд. Санаторияҳои Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ аз сабаби на фақат наздикиашон, балки аз сифати хубии таркиби оби минералӣ ҳам, барои беморони гирифтори касалиҳои музмини узвҳои ҳозима беҳтарин ҳисоб меёбанд.
Ҳолати беҳбудӣ ва шифоёбии ин гуна беморон ва бехурўҷ ҷараёнёбии касалӣ ҳатман аз қудрату дониши духтури маҳалла, дар вақт-вақташ гузаронидани курсҳои табобати витаминӣ, ферментӣ, дуруст фаҳмонидани аҳамияти риояи парҳез ва қатъӣ манъ будани истеъмоли шаробҳо вобаста мебошад.
Ба табобат дар мавриде баҳои мусбат дода мешавад, ки агар
- Аломатҳои дард қатъ гарданд;
- Вазоифи узвҳои ҳозима мураттаб шавад;
- Ҳаҷми ғадуди зеримеъдавӣ аз рўи ташхиси ултрасадо то ҳолати мўътадил хурд шавад ва ҳолати табииашро гирад.
Дар марҳалаи хурўҷи касалӣ, бемор муваққатан корношоям мебошад, дар ин марҳала беҳтар мебуд, ки беморро ба мўҳлати 4-5 ҳафта дар беморхона хобонда, табобат намоянд.
Пас аз қатъ шудани аломатҳои дард ва нохушиҳои вазоифи узвҳои ҳозима, қобилияти меҳнатии бемор асосан барқарор мешавад. Вале духтури маҳалла бояд шакли ҷараёни касалиро ба назар гирад;
- Ҷараёни сабуки касалӣ дар ҳамон вақт муайян карда мешавад, ки агар хурўҷи касалӣ дар як сол фақат 1-2 маротиба пайдо шавад, кўтоҳмуддат бошад ва ба осонӣ қатъ шуда бошад, вазоифи ғадуд тағйир наёфта бошад ё бемор лоғару вазнаш кам нашуда бошад, натиҷаҳои ташхиси наҷосат ҳам вайрон нашуда бошанд; - Ҷараёни миёнаи касалӣ дар ҳамон вақт муайян мегардад, ки агар касалӣ ҳар сол 3-4 маротиба бо хурўҷи ҳақиқӣ, бо ҳамаи аломатҳои дард, баландшавии миқдори ферментҳои хориҷ ва дохилусоравӣ, стеаторея, креаторея, диабети қандӣ, зоҳир шавад;
- Ҷараёни вазнини касалӣ дар ҳамон вақт маълум карда мешавад, ки агар хурўҷи касалӣ пай дар пай такроршаванда бошад, аломатҳои дард устувору ҷиддӣ ва нофорамии вазоифи узвҳои ҳозима аёнтар зоҳир шаванд.
- Ба беморони гирифтори ҷараёни сабук ва миёнаи касалӣ кори вазнин ё андаке вазнину вале доимӣ манъ аст.
Ба беморони гирифтори ҷараёни вазнини касалӣ маъюбии гурўҳи II муайян карда мешавад.
Назорати диспансерӣ. Ҳамаи беморони гирифтори илтиҳоби музмини ғадуди зеримеъдавӣ бояд дар назорати духтури маҳалла, мутахассиси касалиҳои узвҳои ҳозима ва инчунин духтури ҷарроҳ бошанд. Беморони ҷарроҳишуда ё дар беморхонаи ҷарроҳӣ табобатгирифтаро боз табиби оилавӣ ба назорати худ мегирад. Беморонро табиби оилавӣ ҳар сол 2-4 маротиба ба назди худ даъват карда, онҳоро пурра мушоҳида менамояд; ташхис бо усули ултрасадоро ҳар сол 1 маротиба гузаронидан кифоя аст.
Бемороне, ки газаки шадиди ғадуди зеримеъдаро аз сар гузаронидаанд, низ бояд зери назорати диспансерӣ гирифта шаванд.
Ҳамаи беморони гирифтори газаки музмини ғадуди зеримеъда, хусусан шаклҳои махсуси ҷараёни такроршавандаи хурўҷи касалӣ дар зери назорати доимии духтури маҳалла меноманд.
Беморони гирифтори газаки дуюмбораи ғадуди зеримеъдаро, ки сабаби пайдоишаш касалиҳои меъда, рўдаи 12-ангушта, талхадон ё дигар узвҳои ҳозима буданд, агар дар давоми 5 сол касалиашон хурўҷ наёфта бошад ва онҳо дар марҳалаи беҳбудӣ устувор монанд, аз рўйхати диспансерӣ истисно карда мешаванд.
Ҳепатити музмин оризаи устувори илтиҳоби шадиди фосидашавандаи ҳиссачаҳо ва масофаи даромадгоҳи ҷигар, инчунин талайюфи гирд ва дохили ҳиссачаҳо буда, танҳо сохтори нақшабандии ҳиссачавии ҷигар вайрон нашуда мондааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё