Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Омилҳои сабабӣ:

  1. вирусҳо (илтиҳоби вирусии ҷигари А,В,С);

  2. заҳрӣ (бензол, хлороформ;

  3. заҳрӣ – бодигармӣ (доруворӣ);

  4. машруботӣ;

  5. сафровии сониявӣ.

Намудҳои сохторӣ:

  1. бахурўҷоваранда;

  2. устувор;

  3. рукуди (таваққуфи) сафро, холестаз.

Клиникӣ.

  1. илтиҳоби аслии музмини фаъол;

  2. илтиҳоби худмасуншудаи ҷигар, бодхўрамонанд, лупоидӣ;

  3. илтиҳоби ланҷҷараёнёфтаи (хушсифати) ҷигар;

  4. рукуди сафро (холестаз).

Вазоифӣ:

  1. талофипазирӣ, ҷуброншаванда;

  2. талофинопазирӣ, ҷуброннашаванда.

Илтиҳоби музмини ҷигар бо якчанд алоими клиникӣ ҷараён меёбад:

  1. астеновегетативӣ – камқувватӣ, тез мондашавӣ, сустшавии лаёқатмандии бемор ба меҳнат;

  2. диспепсиявӣ – вайрон шудани ҳазми хўрок: дилбеҳузурӣ, ҳиссиёти хушкӣ ё талхӣ дар даҳон, беиштиҳоӣ, ноустувории наҷосат, дамиши шикам, лоғаршавӣ.

  3. дарди шикам, ҳис кардани дарди кунд дар тарафи рости зериқабурға ва минтақаи меҳроби дил, хусусан баъ аз қабули хўрок ё баъд аз кори ҷисмонии барзиёд.

  4. алоими буғумӣ – дардмандии буғумҳо бе халалёби шакли онҳо. 5) табларзавӣ – муддати тўлонӣ баланд шудани ҳарорати бадан ё гоҳ – гоҳ

(ҳарорати даврӣ).

  1. Алоими хуншорӣ аз бинӣ, милкҳои дандон, аз ҳад зиёд (тез-тез, ё муддати дароз) омадани хуни ҳайз.

  2. алоими зардпарвинӣ – хориши пўст, хирашавии ранги пешоб, зардпарвинии даврагӣ (навбат ба навбат).

Дар вақти муоинаи беморон нишонаҳои хоридаи пўст, хунрезиҳои нуқта- нуқта дар пўст, ксантомаҳои паҳнак, барзиёд рангнок шудани пўст, занпистонӣ, "кафи ҷигарӣ", иллисои (васеъшавии) шарёнчаҳои охирон ва муйрагҳо, калоншавии ҳаҷми ҷигар ва сипурз мушоҳида карда мешавад.

Ташхис. 1. Тадқиқотҳои биохимиявӣ: а) мубодилаи билирубин – билирубинҳои умумӣ, озод ва пайваст, уробилиногени пешоб; б) вазоифи синтезии ҷигар: албумин, протромбин, холестерини хун; в) зуҳуроти илтиҳоби мезенхималӣ: сафедаи умумӣ, глобулинҳо, иммуноглобулинҳо, озмоиши таҳнишинӣ; г) мавти ҳепатоситҳо – АЛТ, АСТ, ЛДГ; д) рукуди сафро.

2. Сканеркунии ҷигар

3. УЗИ-и ҷигар

4. Солҳои охир сироятёбӣ аз вируси С, ки сабабгори илтиҳоби шадид ва бештар гузаштани он ба намуди музмин, хеле зиёд шудааст.Ин намуди илтиҳоби ҷигар аз хуни бемор бо сӯзандору, асбобҳои тиббӣ, косметологӣ

(ва фоизи хурд дар вақти алоқаи ҷинсӣ, ки хуншорӣ пайдо мешавад ва аз модар ба кӯдак -дар вақти таваллуд) мегузарад. Аз ҳамин сабаб ташхис намудани ҳамаи шахсони илтиҳоби музмини ҷигар доштаро, оиди ин вирус зарур аст. Барои ташхиси стандартии тестӣ (анти-HCV), ташхиси иммуноферментӣ -ИФА), дарёфтани РНК-и вируси С ( ташхиси гени ва ҷузъи вирус, ташхис бо методи вокуниши занҷирии полимеразӣ -ПЦР) ва ғ. хеле ба маврид аст. 5.Лапароскопияи шикам ва ташхиси биоптати нишонагири ҷигар.

Нишондод барои ба беморхона раҳсипор кардани бемори гирифтори ҳепатити музмин:

1. Ҳангоми ташхиси аввалин, бемор бояд ба қадри имкон то мўҳлати 3 моҳ дар беморхона бистарӣ шуда, дуруст мушоҳида ва табобат карда шавад.

2. Дар мавриди хурўҷи мараз, мўҳлати бистарии бемор вобаста бо мақоми ҷараёни хурўҷ ва хусусияти фардии бемор муайян карда мешавад ва дар беморхона мегузарад.

3. Дар шароити дармонгоҳ табиби оилавӣ табобат ва назорати ин гуна беморонро бо ҳамроҳии мутахассисони ин соҳа, табиби гастроэтролог ва табиби бемориҳои сироятӣ мебарад.

Табобати бемори гирифтори ҳепатити музмин:

1. Тарзи ҳаёти эҳтиёткорона.

2. Мизи парҳезии рақами 5: миқдори сафеда – 100-120 г, равған – 80-100 г, ангиштоб – 400-500 г.

3. Ҳепатопротекторҳо (мубодилаи ғизогии ҳуҷайраҳои ҷигарро беҳтаркунанда): витаминҳои В1, В5, В12, С, глюкоза; кокарбоксилаза; туршии липоӣ, липамид; эссенсиале, легалон, Лив-52, туршии глутамин, гемодез, полидез, неокомпенсан, гидролизин, аминопептидҳо.

4. Доруҳои зидди илтиҳобӣ ва иммунодепрессивӣ: глукокортикоидҳо, делагил, азатиоприн, левамизол.

5. Агар нишонаҳои рукуди сафро мавҷуд бошанд: доруҳои оқиши сафроро фаъолкунанда: холестерамин, зиксорин.

6. Доруҳои зиддивирусӣ (ҳепатити музмини В ва С) аз гурӯҳи альфа- интерферонҳо ва нуклеозидҳо (ламивудин, адефовир).

7. Доруҳои ферментӣ: панкреатин, трифермент, полизим.

Табобати осоишгоҳӣ – курортӣ бо мақсади беҳтар намудани вазоифи ҳуҷайраҳои ҷигарӣ, танзим намудани мубодилаи моддаҳо дар ҷигар, беҳтар намудани инкишоф ва ҷоришавии сафро, фаъол намудани хунгардиши дохили ҷигар ва вокуниши масунияти бадан гузаронида мешавад. Курортҳои Арзнӣ, Боржомӣ, Трускавеқ, Ессентукӣ, Железноводск,

Пятигроск, Шоҳамбарӣ ва Ҳавотоғ, барои беморони гирифтори ҳепатити музмини устувор дошта дар давраи беҳбудиаш (ҷараёни нофаъол) барои фиристонидан тавсия дода мешаванд. Бо ҳамин ташхис, вале дар давраи хурўҷ, беморони гирифтори ҳепатити музмини ҷараёни ҳуҷумовари рукуди сафродоштаро ба курорт фиристодан қатъӣ манъ аст.

Экспертизаи корношоямӣ танҳо барои беморони гирифтори ҳепатити музмини сабук, миёнаҳол ва вазнин ҷараён гузаронида мешавад, ки ба ин хурўҷи мариз, вайроншавии вазоифҳои ҷигар ва ё зоҳиршавии оризаҳои касалӣ сабаб мегардад.

Давомнокии корношоямии муваққатӣ то 4 моҳ иҷозат дода мешавад. Баъд аз он, масъалаи гузаронидани беморро ба ягон гурўҳи маъюбӣ ҳал кардан лозим меояд.

Агар бемор ҳепатити музмини сабукҷараён дошта бошад ва ҳоло мўҳтоҷи маъюбӣ набошад, ба мўҳлати 2-3 моҳ (ва ҳатто то 6 моҳ) бо воситаи комиссияи духтурӣ-назоратӣ ба ягон хел кори сабук гузашта метавонад.

Ба беморони гирифтори ҳепатити музмини ҷараёни миёнаҳол дошта, маъюбии гурўҳи 3 муайян менамоянд ва барои иҷрои кори лаёқатманд маслиҳат медиҳанд. Беморони гирифтори ҷараёни вазнини ҳепатити музминдошта, мўҳтоҷи муайянкунии маъюбии гурўҳи 2 буда, тамоман корношоям мебошанд.

Талайюфи ҷигар – (ТҶ) бемории паҳнёфтаи музмини лаҳима ва бофтаҳои мобайнии ҷигар мебошад. Барои ТҶ бозсабзишҳои гиреҳчадори ҳуҷайраҳои ҷигар, инкишофи паҳнёфтаи бофтаҳои пайвандкунандаи ҷигар, азнавсозии мукаммали нақшабандии сохти (ҳиссачавии) ҷигар ва хунрагҳои он шарт мебошанд. Барои ин касалӣ, инчунин вайроншавии вазоифҳои ҷигар ва ҳамроҳшавии касолати чанд узвҳо ва силсилаҳои дигари бадан хос мебошанд.

Омилҳои сабабӣ: ҳепатити вирусӣ, истеъмоли машрубот, рукуди ғайридохилии сафрои ҷигар, бемориҳои ирсӣ (дар хун пайдо шудани ҳалактоза – ҳалактоземи). Барои талайюфи микрогиреҳчадори ҷигар, бозсабзишҳои гиреҳчаҳои ҳаҷмашон то 3 мм (талайюфи порталӣ) ва барои талайюфи макрогиреҳчадори ҷигар бозсабзишҳои гиреҳчаҳои ҳаҷмашон то

5 см ( талайюфи пасимавтӣ) хос мебошад.

Талайюфи ҷигар 3 марҳила дорад:

1. Марҳалаи саршавии амроз – марҳалаи талафипазири касалӣ, ки вай бо мақомоти пинҳонӣ ҷараён меёбад. Нишонаҳои норасогии вазоифӣ ва зоҳирӣ вокуниши илтиобиро надорад.

Дар ин марҳала беморон ба дарди хираи зериқабурғавии ноустувор аз тарафи рост, харобшавӣ, каме баландшавии ҳарорат ва нофорами ҳазми таом шикоят мекунанд. Дар вақти муоинаи беморон, каме калоншавии ҳаҷми ҷигарро маълум кардан мумкин аст. Нишондодҳои ташхиси лабораторӣ (миқдори умумии сафедаи хун ва қисмҳои он, холестерин озмоишҳои сафедатаҳнишинӣ) тағйир намеёбанд. Ташхис танҳо дар асоси лапароскопия аниқ карда мешавад.

2. Марҳалаи шакли муайяни талайюфи ҷигар бо ҳама нишонаҳои фишорбаландии силсилаи портал (даромадгоҳи ҷигар) ва норасогии вазоифӣ (марҳалаи талофипазири нопурра) зоҳир мешавад.

Дар ин марҳала беморон ба камқувватӣ, тез мондашавӣ, аз бинӣ хунрезӣ, даммиши шикам, ноустувории наҷосат, хориши пўст, дарди хираи зериқабурғавӣ аз тарафи рост шикоят мекунанд. Муоинаи беморон зоҳиршавии каме зардии пўст ва сафедпардаи чашм, васеъшавии водирҳои

(рагҳои) девори пеши шикам ва шарёнчаҳои майдатарин ва муйрагҳо, сурхшавии кафи даст, калоншавии ҳаҷми сипурз, андаке баландшавии ҳароратро муайян менамояд. Дар таркиби хун миқдори глобулинҳо, АЛТ,

АСТ баланд шуда, миқдори албуминҳо, протромбин, нишондоди озмоиши сулема кам мешавад, камхунӣ пайдо мешавад, тадқиқоти рентгенӣ ва эндоскопӣ дағалшавии воридҳои аз се як қисми поёни сурхрўдаро нишон медиҳанд. Инчунин, гузаронидани ташхиси УЗИ, ангиография ва сканеркунӣ аҳамият дорад.

3. Марҳалаи талофинопазири мукаммал бо аломатҳои афзояндаи фишорбаландии силсилаи портал ва норасогии авҷгирифтаи вазоифҳои ҳуҷайравии ҷигар зоҳир мешавад. Барои ин марҳалаи касалӣ аломатҳои табларза, зардпарма, истискои шикам, варамиҳои бадан, диатези хунрез, бисёр вақт хуншориҳо аз дастгоҳи меъдаю рўда хос мебошад. Дар ин марҳала ҳаҷми ҷигар баръакс хурд шуда, ҳаҷми сипурз калон мешавад, нишондодҳои вазоифии ҷигар аз ҳад зиёд тағйир меёбанд, суръати таҳнишии эритроситҳо (СТЭ) тез мешавад, дар хун ҳиперферментеми, ҳиперглобулинемия, ҳипоалбуминемия ва ҳипопротромбинемия мушоҳида мегардад.

Тансифот. 1 Омилҳои сабабӣ: ҳипатити вирусӣ, майпарастӣ, ҳелминтозҳо ва паразитҳо, доруҳо, баста шудани роҳҳои сафрорави ғайридохилии ҷигар.

2. Аз рўи нишонаҳои вазоифӣ: давраҳои фаъол ва нофаъол.

Марҳалаҳо: саршавии касалӣ; талайюфи мукаммал шаклгирифта; вопасин.

Аз рўи ҳолати хунгардиши порталӣ: басташавии роҳҳои талхаҷоришавӣ; басташавии дохили ҷигар, басташавии омехта.

Аз рўи вазоифи сипурз: ҳиперспленизми вазнин, (аз ҳад зиёдбудани ин аломат), миёнаҳло ва сабук;

Вазоифи ҷигар: талофипазир; талофипазири нопурра; талофинопазир.

Нишондодҳо барои бистаронидани беморон.

пешина
аз 37
навбатӣ