Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

1. Дар мавриди аввалин маротиба гузоштани ташхис.

2. Дар мавриди хурўҷи касалӣ.

Табобат.

1. Бемор бояд мақомоти эҳтиётиро чӣ? (тарзи ҳаёт, меҳнатӣ, парҳезӣ) ҳеҷ гоҳ вайрон накунад, рақами мизи парҳезиаш – 5 бошад, худро аз хунукзаниҳо эҳтиёт кунад.

2. Табобатҳои физиотерапиявӣ, балнеологӣ (курортӣ), моякубӣ, офтоб задан – қатъӣ манъ аст.

3. Касалиҳои сироятии ҳамроҳшаванда бояд сари вақт табобат карда шаванд.

4. Барои рафъи зуҳуроти нофорамии ҳазми таом доруҳои ферментӣ

(панкреатин, трифермент, мезим-форте), витаминҳоро таъин мекунанд. Бо лозимоташ доруҳои эу-биотикиро (интестопан,242 энтеросептол), канамисин, (инчунин – бактисубтил, бификсол), дар мавридҳои дисбактериоз кор мефармоянд.

5. Муолиҷаи асосӣ (базисӣ): бо мақомоти максималӣ принсипҳои эҳтиётиро риоя кардан лозим аст.

6. Доруҳои имрозӣ: ҳепатопротекторҳо (эссенсиале, карсил, легалон, туршии липоӣ)

7. Доруҳои таъсири алоимӣ дошта: а) доруҳои тозакунандаи хун аз заҳрҳо: гемодез, глюкоза; б) доруҳои анаболикӣ: ретаболил, силоболин; в) доруҳои пешобҷудокунанда: верошпррон, лазикс, ҳипотиазид.

8. Дар мавридҳои хеле баландии масуниятӣ ва илтиҳобӣ: глукокортикоидҳо, делагил, ситостатикҳо.

Экспертизаи корношоямӣ. Ба аксарияти ин хел беморон маъюбии гурўҳи II муайян карда мешавад. Онҳо бояд ҳамеша дар назорати диспансерии духтури маҳалла, гастроэнтеролог ва ҷарроҳ бошанд.

4.4. Бемориҳои гурда ва маҷрои пешоб.

Гломерулонефрит (ГН) ‒ илтиҳоби гурда ва ҳама дастгоҳи тўпчаҳои он

(нефрон) буда, амрози масуниятии бештар авҷгиранда мебошад, ба пайдоиши тасаллуби гурдаҳо ва ба таври муносиб, ба зоҳиршавии аломатҳои клиникавии он сабаб мешавад. Ба ин беморӣ тақрибан аз ҳар

10 000 нафар 13 кас гирифтор мешавад ва то 70-80 фоизи ин гуна беморон то ин дам коршоям буда, синнашон то 40 сола мебошанд.

ГН-ҳо 3 намуди ҷараён доранд: ГН-и шадид, начандон шадид (зерҳодд) ва музмин.

ГН-и шадид пас аз 10-12 рўзи сироятшавӣ (мўҳлати ҳосилшавии зиддиҷисмҳо), бештар бо стрептококк инкишоф меёбад ва бо алоимҳои пешобӣ, фишорбаландӣ ва варамкунӣ зоҳир мешавад. Гуфтан лозим аст, ки ин ҳолати ҷараёни намунавии ГН-и шадид вақтҳои охир кам (фақат то 6 фоиз) дида мешавад. Инчунин, намуди алоими нефрозӣ ҳам кам вомехўрад.

Вале шакли моносимптомаи ГН-и шадид нисбатан зиёд (то 85 фоиз) вомехўрад. Дар ин беморон фақат тағйироти таркиби пешоб, баъзан каму беш фишорбаландӣ ва андаке варамии зери чашмҳо мушоҳида мешавад.

Дар вақти гузоштани ташхиси ГН-и шадид, таърихи саршавии касалиро муайян кардан лозим аст. Аксари беморони гирифтори ГН-и шадид (75-85 фоиз) пурра шифо меёбанд. Вале мумкин аст, ки мараз бо шифоёбии нопурра, гузаштан ба ҷараёни музмин ва ё ба фавт оварда расонад. Дар ин маврид оризаҳои норасогии вазоифи дил, майнакасалӣ ва хунрезӣ дар майна, оризаҳои сироятӣ ва ё норасогии шадиди вазоифи гурдаҳо пайдо мешаванд.

ГН-и шадидро аз амрози пиелонефрити (ПН) шадид, илтиҳоби шадиди бофтаҳои мобайнии гурдаҳо ва шиддатёбии ГН-и музмин, ки онро алоими шадиди нефритӣ меноманд, фарқ карда тавонистан лозим аст (ин фарқиятҳо дар қисми 3 оварда шудаанд). Барои ГН-и шадид бештар баландии ғализии

(қуюқии) пешоб, ҳатман мавҷуд будани сафеда дар пешоби ҳамаи беморон

(аз 3-6 то 90 фоиз) хос мебошад. Протеинурияи баланд фақат 1-2 ҳафта давом мекунад, вале микроҳематурин – дар 80 фоизи беморон дида мешавад.

Дар 50 фоизи беморон лейкоситурия ҳам мушоҳида мешавад, вале бейкоситурия, ҳеҷ гоҳ ба тарзи ниурия зоҳир намешавад, зеро вай бештар ба

ПН хос аст.

ПН-и шадид аксари вақт аз дарди сахти давомнок ва камтар табларза сар мешавад. дар пешоби онҳо сафеда на он қадар зиёд аст, вале ниурия, чуноне ки дар боло гуфтем, аломати хеле хос мебошад, ҳол он ки дар лейкоформулаи беморони гирифтори ГН-и шадид, зиёдшавии лимфоситҳо мувофиқат мекунанд. Дар зуҳуроти клиникӣ ва ҷараёни амрози ПН-и шадид, пайдоиши гурўҳи алоими нефрозикӣ, варамӣ, норасогии шадиди вазоифи дили чап (диқи нафаси дилӣ) қариб ҳеҷ дида намешаванд.

Барои нефрити шадиди байни бофтиҳо пайдоиши амроз вобаста ба қабули антибиотикҳо, дар хун эозинофилия, дамидани доначаҳо дар пўст, тез пастшавии вазни хоси пешоб мувофиқат мекунанд. Пайдоишиалоими нефрити шадид ва ё музмин доштаро фақат дар беморхонаҳои махсус (нефрология), бо гузаронидани мушоҳидаи морфологии биоптати гурда аниқ кардан мумкин аст.

Табобати беморони ба ГН-и шадид гирифтор шуда бояд сари вақт, ҳатман ҳамон рўз ё соати гузаштани диагноз сар карда шавад. Масъалаи асоситарини табобат бистарӣ намудани бемор мебошад. Беморро бояд бо мошинаи ёрии таъҷилӣ ё ин ки бо ягон мошинаи сабукрав ба беморхонаи махсус ва ё ба шўъбаи касалиҳои дарунӣ бурда хобонанд. Ва агар ҳалли ин масъала имконнопазир бошад, беморро дар хонаи худаш бистарӣ карда, табобатро оғоз намудан лозим аст. Гуфтан лозим аст, ки дар мавриди охирон умеди пурра шифоёбии бемор камтар мешавад ва мўҳлати корношоямиаш аз 2 то 4 моҳ дарозтар мешавад.

Асоси бистарӣ намудани бемор ин ҳатман дар ҷойгаҳ хоб рафтан ва ба ҳолати оромӣ гузаштани вай дар ҳамаи мўҳлати мавҷудияти алоимҳои ғайрипешобӣ (фишорбаландӣ, варамӣ, нефротикӣ), сафедаи бисёр дар пешоб (протеинуроияи калон) ва барқароршавии ҳолати мўътадили пешобҷудошавӣ мебошад. Дар ин давра, агар бемор дар хонаи худаш бистарӣ бошад, духтури маҳалла бояд ҳар рўз як маротиба ва сонитар дар як ҳафта 3-2-1 бор аз ҳоли вай огоҳ шавад.

Мақсади дуюми табобати чунин беморон эътибор додан батартиботи пахрезӣ мебошад ва асоситарини мақомоти парҳезӣ – ин кам намудани миқдори нўшокиҳо ва истеъмоли намаки ошӣ мебошад. Миқдори умумии нўшокӣ метавонад фақат 300-500 мл зиёдтар аз миқдори ҷудошудаи пешоби шабонарўзӣ бошад. Ҳафтаи якум истеъмоли намаки оширо қатъӣ манъ менамоянд. Аз рўзи 7-уми касалӣ то 3-5 г дар як шабонарўз истеъмол карданро иҷозат медиҳанд. Қабули ғизоҳои сафедадорро қадре кам ва намаки калийдорро картофел, карам, ғўлин, баргак, мавиз ва ҳоказо ) зиёд менамоянд.

Табобати доругӣ. ГН-и шадидро фақат дар мавридҳои ҷараёни вазнин доштаи касалӣ, ҳаматарафа зоҳиршавии аломатҳои он ва аз ҳад фаъолнокии масуниятии бадан мегузаронанд. Ба ин хел фаъолнокии масуниятии бадан мегузаронанд. Ба ин хел табобат таъиноти ҳеларин, ситостатикҳо

(азатиоприн), сиклофосфамид, кортикостероидҳо, зиддитромбоагреҳантҳо ва зиддиопротекторҳо (дипиридамол, трентал, ба мўҳлати 4-8 ҳафта) дохил мешаванд.

Ин гуна табобатро дар шароити беморхона бо роҳхати табиби оилавӣ мегузаронанд.

Дар мавридҳои ҷамъшавии моеъ (об) дар бадан, баландшавии фишори шарёнӣ, норасогии хунгардиш – аз доруҳои салуретик – пешобҷудокунанда, бештар доруи лазиксро (фуросемид), ба меъёри 40-60 мг, пеш аз наҳорӣ истеъмол менамоянд. Дар мавридҳои баландшавии фишори шарёнӣ, доруҳои расмии фишорпасткунандаро истеъмол мекунанд. Барои табобати

ГН-и шадид аз доруҳои таъсири зиддиҳассосдоштаро (аскорутин, глуконати калсий, омодаҳои зиддиҳистаминӣ) васеъ истифоад мебаранд.

Агар бемор аз беморхона шифо ёфта баромада бошад ва ҳатто худашро хуб ҳис кунад ва ҳамаи нишонаҳои касалӣ ба ҳолати мўътадил расида бошанд ҳам беморро дар шароити дармонгоҳӣ табиби оилавӣ бояд боз 2-3 моҳ дар ҳолати корношоямӣ нигоҳ дошта, табобатро давом диҳад. Агарчи вай дар ҳолати бистарии хонагӣ табобат гирад ҳам, 4 моҳи дигар ба вай варақаи корношоямӣ дода, муолиҷаро давом додан лозим аст. Баъд аз он лаёқатмандии меҳнатии беморон ГН-и шадид аз сар гузаронидаро дар назди назоратчиёни духтурӣ-меҳнатӣ мегузоранд. Ба ҳар ҳол, дар муддати 2-3 соли наздик дар корхонаҳои хунук, шамолгузар, намӣ кор кардан, меҳнати ҷисмонии вазнин, навбатдории шабона, инчунин, барои занон ҳомиладоршавӣ маслиҳат дода намешавад.

ГН-и начандон шадид бо якҷоягии алоимҳои нефротикӣ, аз ҳад фишорбаландӣ тез афзудани норасогии вазоифи гурдаҳо зоҳир мешавад. Ин касалӣ ҳамчун марази мустақил дар солҳои охир кам дучор мешавад, вале чун алоими касалиҳои силсилавӣ-бодхўрдаи сурхи силсилавӣ (сили пўст), грануломасории Вегенер (омоси бофтаҳои ҷавонаи Вегенер), алоими

Ҳудпасчер (якҷоягии ҳемосидерози шуш, иллатнокии гурдаҳо, доначаҳои сурхи пўст ва варамии пойҳо) бисёртар дида мешавад. Амалан, аниқ кардан ташхис муҳим аст, на ин ки сабабҳои пайдоиши беморӣ, зеро вай боиси зудтар сар кардани муолиҷа мегардад.

Беморони гирифтори ГН-и начандон шадид фақат дар шароити беморхона табобат мешаванд. Зеро барои муолиҷаи ин беморон доруҳои кортикостероидҳо ба меъёри аз ҳад зиёд (пулстерапия), ситостатикҳо, зиддикоаҳулянтҳои таъсири бевоситадошта, инчунин усули плазмаферез кор фармуда мешаванд.

ГН-и музмин – нисбат ба дигар намудҳои ГН (шадид, начандон шадид ) хеле бисёр (70-80 фоиз) дучор мешавад. ГН-и музмин 4 намуд дорад.

1. ГН-и ниҳонӣ ё чуноне ки онро олимони хориҷа меноманд, ГН-и музмини алоими танҳо пешобӣ. Аломатҳои асосии ин намуд танҳо аз тағйиротҳои пешоб; каме протеинурия, силиндрурия ва микроҳематурия иборат мебошад. Вале баъзан каме варамӣ, фишорбаландии тезгузар (транзиторӣ) бе нишонаҳои рагкасалӣ ва ҳипертрофия дилчаи чап зоҳир мешаванд. Ба ин намуд инчунин марази Берже дохил мешавад: ҳар замон, тасодуфан, бештар пас аз сироятии роҳҳои болоӣ нафасӣ дар пешоб макроҳематурия пайдо мешавад. Ин намудро баъзе олимон намуди алоҳидаи ГН-и хунпешоб ҳам меноманд.

2. ГН-и фишорбаланди музмин.Мушоҳидаи аксарияи ин хел беморон фақат баландии фишори шарёниро нишон медиҳад, вале ин фишорбаландӣ, солҳои тўлона бе оризаҳои сактаи майна, эҳтишоъи дил ҷараён меёбад ва дар пешоб тағйирот ҳам хеле кам дида мешавад. Фақат гоҳе пайдо шудани каме варамӣ мумкин аст. Аз оризаҳо бештар норасогии вазоифи дил ва диқи нафаси дилӣ бо нишонаи ритмӣ чорхез дида мешавад. Касалӣ хеле суст ҷараён меёбад, вале бечунучаро авҷ гирифта, охир ба норасогии музмини вазоифи гурдаҳо (ҲПН) оварда мерасонад.

3. ГН-и музмини нефротикӣ бо аломатҳои нефротикӣ: протеинурияи аз ҳад зиёд ҳипопротеинемия (камшавии сафедаи хун), диспротеинемия (камшавии албумин ва якҷоя зиёдшавии алфа-2 глобулинҳо дар хун), ҳиперхолестеринемия ва бо варамиҳо зоҳир мешавад. Алоими нефротикӣ дар давраи беҳбудӣ: дар пешоб тағйироти ҷиддӣ муошҳида на мешавад, фишори шарён ҳам солҳои дароз мўътадил мемонад ва ё гоҳ-гоҳ каме баланд мешавад ва инчунин, доруҳои ҳипотензивӣ таъсири хуб мебахшанд.

Вале барои ин намуди ГН-и музмин, ногаҳон ва зуд пайдошудани бўҳрони нефротикӣ: якбора нишонаҳои перитонитмонанд – дарди сахти шикам, баландшавии ҳарорат, доғҳои сурхи (эритема) саромосмонанд, беҳолшавии шадиди дил вобаста бо кам шудани миқдори умумии хун (ҳиповолемия) хос мебошад.

4. ГН-и омехтаи музмин якҷоя зоҳиршавии алоимҳои нефротикӣ ва фишорбаландӣ мебошад.

ГН-ҳои вобаста бо бемориҳои силсилавӣ (бодхўрдаи сурхи силсилавӣ, артрити тарбодмонанд). Ба гурўҳи онҳо 1/5 – 1/6 ҳиссаи ҳамаи ГН-ҳо дохил мешаванд.

Барои аниқ кардани ташхис бояд на танҳо марҳала, давраи хурўҷ ва ё беҳбудии касалиро, балки инчунин сирати ҷараёни касалиро шахсан дар ҳамин бемор муайян кардан лозим аст. Аз ин рў мумкин аст касалӣ ҷараёни оҳиста ё тез ривоҷёбанда, пай дар пай такрор шаванда ва ё ҷараёни устувор дошта бошад.

Мисоли гузоштани ташхиси аниқ: ГН-и музмин, намуди фишорбаланд, ҷараён оҳиста ривоҷёбанда, давраи хурўҷ.

Оризаҳои ГН-и музмин. ГН-и музмин касалиест, ки вай бечунучаро, дар охир ба маъюбӣ ва фавт оварда мерасонад. Нисфи миқдори ин гуна беморон то синни 40 солагӣ ба фавт мерасанд. Дарозии умр ҳар хел шуданаш мумкин аст (аз 3-4 то 30 солагӣ ва вобаста бо намуди клиникии касалӣ, сирати ҷараёни он ва намуди сохтории вай мебошад. Дар ҷинси занҳо касалӣ каме сабуктар ҷараён меёбад. Фавт аз қатишавии норасогии музмини вазоифи гурдаҳо, ё касалиҳои сироят, варамкунии нефроҳении шуш, норасогии ривоҷёбандаи вазоифи дил ва хуншориҳо ба амал меояд.

Барои аниқ кардани ташхис бояд касалиҳои зерин истисно карда шаванд: пиелонефрит, касалии санги гурда, сили гурда, ГН-и вобаста бо касалиҳои силсилавӣ ва баъзе дигарон. Ташхиси умумии пешоб. Барои ГН-и музмин мавҷуд будани сафеда дар пешоб шарт мебошад. Миқдори сафеда ҳар хел шуданаш мумкин аст ва тахминан дар пешоби як шабонарўзии аз 3/1 қисми беморон, вай аз 3 г зиёд, баъзан то 10-20 г мерасад (масалан, агар намуди алоими нефротикӣ бошад).

Миқдори эритроситҳо дар пешоб бештар вақт он қадар зиёд намешаванд ва фақат дар 2-3 фоизи беморон намуди макроҳематурия дида мешавад.

Миқдори лейкоситҳо ҳам он қадар зиёд намешаванд, вале агар онҳо зиёд шуда бошанд, тез ба хулосаи ташхиси пиелонефрит омадан лозим нест ва мумкин аст, ки ин ГН-и музмини давраи хурўҷи алоими нефротикӣ бошад.

Дар пешоби миқдори нимаи беморон силиндрҳо (ҳиалинӣ, донадор, мумшакл) мушоҳида карда мешаванд. Ташхиси пешоб, инчунин бо усулҳои

Нечипоренко, Зимниский шарт мебошад.

Ташхиси хуни ин хел беморон зиёдшавии суръати таҳнишинии эритроситҳо ва дар 10-20 фоизи беморон тамоили камшавии хунро нишон медиҳад. Дар аксарияти беморон мусбатии вокуниши сафедаи С-реактивӣ (СРБ), зиёдшавии туршиҳои оби даҳон (туршиҳои ғадудҳои базоқ), миқдори фиброноҳен мувофиқ мебошад, хусусан агар касалӣ алоими нефротикӣ дошта бошад ё ин ки давраи хурўҷи касалӣ бошад.

пешина
аз 37
навбатӣ