ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Ташхиси гурдаҳо ҳам хеле муҳим мебошад ва агар гузаронидани он дар шароити дармонгоҳ имконнопазир бошад, дар маркази ташхиси беморӣ барои ин ҳама шароит муҳайё мебошад. Аз ҷумла урограммаи роҳҳои пешоб ва сканеркунӣ бо Ғ-131 ҳинуран. Фақат ташхиси сохтории гурдаҳо бо гирифтани беоптат дар шароити нефрология гузаронида мешавад.
Эҳёи қобилияти меҳнатии беморони гирифтори ГН-и музмин. Дар боло зикр карда будем, ки ин амроз ҷараёни бе чуну чаро ривоҷёбанда дорад ва оҳиста ба маслукӣ ва фавт овард мерасонад. Вале, дар айни ҳол дар аксарияти беморон, ин амроз солҳои тўлона, якчанд даҳсолаҳо ҷараён ёфтанаш мумкин аст ва бояд духтури маҳалла тавонгарии худро барои ин беморон нишон диҳад ва ҳаракат кунад, ки бемор ҳеҷ гоҳ рўҳафтода нашавад. Қобилияти меҳнатии ин беморон аввало вобаста бо намуд ва давраи касалӣ мебошад. Беморони гирифтори намуди пинҳонии ГН-и музмин (алоими танҳо пешобӣ) метавонанд касби пештараи худро солҳои дароз давом диҳанд.
Фақат онҳоро аз навбатдории шабона, меҳнати барзиёд ва вазнини ҷисмонӣ озод кардан лозим меояд. Инчунин бояд онҳо аз ниҳоят хунукхўрӣ ва касалиҳои сироятӣ худро эҳтиёт намоянд. Табобат дар курорти
Хоҷаобигарм иҷозат дода мешавад.
Беморони гирифтори шакли фишорбаландии ГН-и музмин ҳам, агар вазоифи гурдаҳои онҳо ҳоло мўътадил бошад, метавонанд касби пештараи худро давом диҳанд. Вале бояд онҳо аз доруҳои фишори хунро патскунанда мунтазам истифода баранд. Инчунин бояд онҳо ҳар ҳафта як рўзро дар мақомоти бистарӣ, ҳатман дар ҷойгаҳи гарм гузаронанд, ки ин аҳамияти хеле калон дорад.
Дар ҷойгаҳи гарм микросиркулясияи гурдаҳо, бо хун таъминкунии тамоми ҳуҷайраҳо ва фаъолияти онҳо, хусусан – пешобҷудокунӣ беҳтар мешавад. Ба ин хел беморон ҳам меҳнати вазнин ва барзиёди ҷисмонӣ, навбатдории шабона манъ аст, рўзҳои истироҳат ва рухсатии меҳнатии худро бояд мўътадил истифода баранд. Табобат дар курорти Хоҷаобигарм ба инҳо ҳам иҷозат дода мешавад.
Беморони гирифтори алоими нефротикии ГН-и музмин лаёқати маҳдуди меҳнатӣ доранд. Онҳо бояд ҳар ҳафта як рўзро албатта, дар ҷойгаҳи гарм гузаронанд. Ба онҳо меҳнати фикрӣ ва ё ҷисмонии хеле сабук иҷозат дода мешавад. Меҳнати барзиёд, вазнин, навбатдории шабона манъ карда мешавад, онҳо ҳам бояд худро аз хунукхўрии зиёд ва касалиҳои сироятӣ эҳтиёт намоянд.
Ҳама беморони гирифтори ГН-и музмин бояд дар назорати диспансерии духтури маҳалла ва нефролог бошанд ва ҳар сол 2-3 маротиба аз мушоҳида гузаранд, пешоби онҳо бо ташхиси умумӣ, усули Зимниский, инчунин фаъолияти гурдаҳоро бо ташхиси усули радиоренография гузаронида шавад. Онҳоро ҳар сол саривақт бо доруҳои зарурӣ муолиҷа менамоянд.
Табобати ГН-и музмин ба 3 принсип вобаста мебошад: Тарзи ҳаёт,мақоми зиндагӣ ва меҳнат, ки онҳоро мо дар боби таҳлили масъалаҳои эҳёи қобилияти меҳнатии ин хел беморон гуфта будем.
Табобати парҳезӣ дар солҳои тўлонӣ бо намуди ҷараёни ГН вобаста мебошад. Агар бемор гирифтори намуди ҷараёни пинҳонии ГН-и музмин бошад, беморро аз навъҳои зиёди ғизоҳо маҳдуд кардан лозим намеояд, фақат истеъмоли миқдори намаки оширо то 12-10 г дар як шабонарўз кам кардан лозим аст. Барои намуди ҷараёни фишорбаланд ва нефротикӣ истеъмоли намаки оширо то 10 – 8 ва баъзан то 6 г дар як шабонарўз кам мекунанд.
Табобати доругӣ ин табобати асосан алоимӣ ва имрозӣ мебошад.
Табобати аломатҳои беморӣ аз истеъмоли доруҳои пешоб ҷудокунанда ва фишори баланди шарёнро пасткунанда иборат мебошад. Ба гурўҳи якум асосан фуросемид, ба гурўҳи дуюм бетаблокаторҳо, антагонистони калсий ва симпатолитикҳои таъсири марказӣ ва канорӣ дошта дохил мешаванд.
Меъёр ва тарзи истеъмоли ин хел доруҳоро духтури маҳалла бояд муайян кунад, зеро барои ин мумкин аст солҳои тўлонӣ лозим шаванд.
Табобати имрозӣ асосан дар мавридҳои ҷараёни фаъоли ГН-и музмин, хусусан намуди нефротикии он, гузаронида мешавад. Ба ин гурўҳ, пеш аз ҳама доруҳои глукокортикоидҳо дохил мешаванд. Таъсири манфиатнокии онҳо вобаста бо аз байн бурдани тавлиди зидди ҷисмҳо, камшавии масомияти мўйрагҳо ва зуҳуроти хуншориҳо, камшавии усораи алдостерон ва зиёдашвии миқдори пешоб мебошад. Бо ин мақсадҳо ба беморони гирифтори намуди нефротикии ГН-и музмини преднизолонро дар мўҳлати
3-4 ҳафта, ба меъёри 60-100 мг дар як шабонарўз ё ин ки 1,0-1,5 мг ба як кг вазни бемор таъин менамояд. Баъд, оҳиста ин меъёрро то 20-10 мг дар як шабонарўз кам мекунанд. Ин тарзи истеъмоли преднизолон 2-3-6 моҳ давом мекунад, вале меъёир нигаҳдории таъсири мусбати муолиҷаро то 1-1,5 сол давом додан лозим аст.
Ба гурўҳи дигари истеъмоли доруҳои дорои таъсири имрозӣ ситостатикҳо дохил мешаванд. Ин доруҳо, хусусан агар намуди нефротикӣ бо намуди фашорбаландии шарён якҷоя ҷараён дошта бошад, хеле муҳим мебошанд, зеро истеъмоли преднизолон дар мавридҳои баланд будани фашори шарён чандон хуб нест, ҳатто манъ аст. Ба ин гурўҳ доруи азатиоприн (имуран) ва сиклофосфан низ дохил мешаванд. Азатиопринро ба меъёри 100-150 мг дар як шабонарўз, дар муддати 4-8 ҳафта истеъмол мекунанд ва дар оянда ин меъёрро то 100 ва баъд то 50 мг дар як шабонарўз кам мекунанд. Ин бахши муолиҷаро 2-3 сол давом додан мумкин аст.
Инчунин, доруҳои дорои таъсири антикоагулянтӣ, дар солҳои охир, барои муолиҷаи чунин беморон, васеъ истифода мешаванд. Манфиатнокии онҳо бо таъсири зиддиилтиҳобӣ, зиддиқуюқшавии хун, боздоштани аксуламали масуниятнокии бадан ва зиёд намудани миқдори пешоб вобаста мебошад.
Муолиҷаи маҷмўи иборат аз истеъмоли якҷояи сиклофосфан ё аз азатиоприн, ҳепарин ва курантил мебошад. Вале бояд табобат ва алалхусус нигаҳдори манфиатнокии табобат бо ин доруҳо дар давоми солҳои дароз (2- 3 сол) истеъмол шаванд.
Инчунин, доруҳои метиндол (индометасин) ва бруфен (ибупрофен)-ро ҳам истеъмол менамоянд. Ақидае ҳаст, ки онҳо садди такшоншавии фибрин дар фишори (пардаи) асоси тўпчаҳои гурда мешаванд. Онҳо хусусан дар маврдиҳои протеинурияи устувор ва мавҷуд набудани аломатҳои – айригурдавӣ (фишорбаландӣ, варамӣ) дар шароити дармонгоҳ доруҳои хуб мебошанд. Дар мавридҳои зоҳиршавии аломатҳои норасогии вазоифи гурдаҳо, қабули ин доруҳоро қатъиян манъ карда мешавад.
Барои табобати намудҳои пинҳонии ГН-и музмин якҷоя бо баландшавии начандон зиёди фишори шарён доруҳои делагил, плаквенил, доруҳои зидди табларза (малярия) аз гурўҳи 4 аминоҳинол ҳам истифода бурда мешаванд.
Онҳо пардаҳои гурдаро устувор менамоянд, усораи ферментҳо, простагландинҳо, гурўҳшавии тромбоситҳоро суст менамоянд. Делагилро ба меъёри 0.5-0.75г дар як шабонарўз (2-3 кулчадору) ва дар оянда то 0.25 г кам кардан лозим аст. Дар ҳолатҳои вазнини шиддатёбии беморӣ плазмаферез, гемосорбция истифода бурда мешавад.
Табобати осоишгоҳӣ –курортӣ дар курортҳои иқлимӣ, алалхусус дар курортҳои Байрамалӣ ва соҳили Ҷануби Қрим (Ялта) гузаронида мешаванд дар Тоҷикистон курортҳои Хоҷаобигарм ва Шоҳамбарӣ барои табобат мувофиқ мебошанд. Ҳангоми мушоҳида намудани аломатҳои норасогии вазоифи гурдаҳо ва дил, табобат дар курортҳо қатъиян манъ аст.
Ҳама беморони гирифтори ГН_и музмин бояд дар зери назорати диспансерӣ бошанд.
Пиелонефрити музмин (ПНМ) – амрози илтиҳобии косачаҳо, ҳавзак, таҳима
(мағз) ва бофтаҳои пайвандкунандаи гурдаҳо буда, солҳои тўлонӣ, бо давраҳои гоҳ беҳбудӣ ва гоҳ хурўҷёбӣ (дар маврдиҳои қатишавии сироят) ҷараён меёбад. Аз сабаби ба ориза дохилшавии илтиҳоби бофтаи пайвандкунанда, ин амроз ҳам чун ГНМ хосияти вагирандагӣ дорад ва оҳиста-оиста ба ҳолати норасогии музмини фаъолияти гурдаҳо оварда мерасонад. Ин амроз дар байни мардум хеле паҳн гаштааст ва ҷои дуюмро ишғол менамояд, яъне баъд аз маразҳои шадиди роҳҳои болоии нафас.
Амроз дар байни занон ва ҷавонон бештар дида мешавад.
ПНМ метавонад ибтидоӣ ва ё сонивӣ, як ё дутарафа бошад давраҳои хурўҷ ва ё беҳбудӣ, ҷараёни пинҳонӣ ва ё такроршаванда дошта бошад. Баъзан
ПНМ-и беморӣ солхўрда, зани ҳомила, бемори гирифтори диабети қандӣ буданашро ҳам муайян кардан лозим аст.
Дар таҷрибаи духтурони маҳалла, бештар ҳолати ПНМ-и ибтидоӣ дучор мешавад, ки вай бе ҳеҷ касалиҳои дастгоҳи пешоб пайдо шудааст. Ҷараёни пинҳонии ПНМ нишонаи кам дорад, беморон шикоят намекунанд ё ин ки аз касалии худ тасодуфан, дар вақти гузаронидани мушоҳида, дар таркиби пешоб тағйирот муайян мекунанд: лейкоситурия, протеинурия, хусусан дар вақти ҳомиладорӣ – заҳролудии (токсикоз) ҳомилагон.
Дар баробари ин, нишонаҳои дигар – халалёбии пешобкунӣ, носомонии мезиш, дарднокии вай, дарди қамар (яктарафа ё дутарафа), фишорбаландӣ шояд дида шавад. Ин нишонаҳо аксари вақт пас аз таваллудкунӣ тамоман қатъ мешаванд. Вале мутаассифона, касалӣ, азбаски авҷгиранда мебошад, оҳиста боз хурўҷ меёбад ва баъд аз солҳои зиёд ба ҳолати норасогии музмини вазоифи гурдаҳо (ХПН) оварда мерасонад. Дар 5-7 фоизи беморон гоҳ-гоҳ макроҳематурия, дар аксари беморон нишонаҳои камқуватӣ, беҳолӣ, беиштиҳоӣ, дарди сар пайдо мешаванд. Қабл аз нишонаҳои ХПН, аломатҳои полиурия, никтурия (бартарии миқдори пешоби шабона, назар ба миқдори рўзона) зоҳир мешаванд. Аломатҳои варамӣ, фишорбаландӣ дар беморони ПНМ (нисбат ба беморони ГНМ), он қадар зиёд нест.
ПНМ мумкин аст, дар синни кўдакӣ пайдо шуда, чанд даҳсолаҳо ҷараён ёбад, касалӣ ба сироят ва ё бо ҳомиладорӣ (дар занҳо) вобаста мебошад. Дар мардҳо санги пешоброҳа, ҳипертрофияи ғадуди простата боиси боздошти равиши пешоб шуда, ба хурўҷёбии касалӣ мусоида мекунад.
Барои аниқ кардани ташхис такроран мушоҳида намудани пешоби бемор, алалхусус, мавҷуд будани аломатҳои силиндрурия, протеинурия, бактерийурия, баъзан макроҳематурия ва агар урография экскреторӣ гузаронида шуда бошад шаклвайронии (деформасияи) косаҳо ва ҳавзакҳои гурдаҳо, инкишофи тасаллуби бофтаҳои пайвандӣ ва хурдшавии ҳаҷми гурдаҳо зикр карда мешавад. Агар лозим шавад ва урографияи дохили хунӣ ташхисро аниқ карда натавонад, бояд урографияи акси резиши пешоб гузаронида шавад.
Гузаронидани ташхиси ренографияи изотопи-радиоактивӣ номутаносибии гурдаҳо, дараҷаи норасогии вазоифи онро аниқ мекунад.
Ҳангоми ташхисҳои умумӣ барои аниқ кардани ПНМ бояд истиснои касалҳои сили гурдаҳо, ГНМ, фишорбаландии шарёнӣ ва баъзе дигарҳо дар назар дошта шавад.
Барои ташхиси амрози ПНМ чунин аломатҳо мусоидат мекунанд.
- Дизурия, бактерийурия, силиндрурия, протеинурия;
- Дарди қамар, баландшавии ҳарорат, табларза;
- Оҳиста пайдошавии норасогии музмини вазоифи гурдаҳо;
- Нишондодҳои рентгенологӣ;
- Теғийротҳои интерстисиалӣ дар биоптати гурдаҳо.
Мисолҳои гузоштани ташхис:
ПНМ-и дутарафа, давраи хурўҷ, ҷараёни такроршаванда; фишорбаландии алоимӣ; норасогии музмини вазоифи гурдаҳо.
ГНМ, давраи беҳбудӣ, ҷараёни пинҳонӣ бе норасогии вазоифи гурдаҳо. Амрози санги пешоб, ПНМ-и тарафи рост, давраи хурўҷ, ҷараёни пинҳонӣ бе норасогии вазоифи гурдаҳо.
Табобат. Азбаски ПНМ чанд даҳсола ҷараён меёбад, духтури маҳалла вазифаҳои муҳим ва асосиро иҷро мекунад. Вай дар ҳалли ин масъалаҳо бояд маҳорати баланд нишон диҳад.
Дар давоми гузаронидани табобати лозимӣ, бояд бемор бистарӣ шавад: 1-2 ҳафтаи аввал, дар давраи баланд будани ҳарорат ва гузаронидани табобат бо антибиотикҳо, бемор бояд ҳатман дар ҷойгаҳи гарм бошад, ки ин гардиши хуни гурдаҳоро беҳтар, хориҷшавии пешобро зиёд ва алоими дардро паст мекунад. Дар ҳолати бистарии хонагӣ бемор бояд 4-6 ҳафтаро гузаронад ва ба ҳамаи ин мўҳлат варақаи корношоямӣ додан лозим аст. Дар давраи беҳбудӣ ва ҷараёни пинҳондоштаи касалӣ бемор метавонад, ки дар ҳолати расмӣ (умумӣ) бошад.
Дар муддати 2-3 ҳафтаи аввал истеъмоли фақат ғизоҳои ширӣ ва шавла, хўрокито тез ҳазмшаванда маслиҳат дода мешавад, намаки ошӣ дар як шабонарўз бояд аз 5-8 г зиёд набошад, истеъмоли машрубот қатъиян манъ карда мешавад ва баръакс, нўшокиҳо, суюқӣ, моддаҳои пешобҷудокунанда ва алалхусус гиёҳиро бисёртар истеъмол кардан хуб аст. Чӣ қадар, ки пешоб зиёдтар ҷудо шавад, ҳамон қадар роҳҳои пешоб аз сироятҳо, бактерияҳо тезтар ва дурусттар тоза мешаванд. Ба ин масъала духтури маҳалла бояд аҳамияти махсус диҳад.
Дар маврдиҳои мушоҳидаи оксалатурия аз ғизоҳо бояд шоколад, какао, сабзавоти варақин (баргин) кам карда, бештар картошка, ғизои суюқ маслиҳат дода шавад. Дар мавридҳои уратурия бештар истеъмол кардани ғизоҳои ширӣ, алафӣ пайдоиши сангро пешгирӣ мекунад ва агар фосфатурия мушоҳида шавад, истеъмоли хўрокиои ширӣ, зардии тухмро маҳдуд карда, бештар истеъмоли равғани маска, карам, пюреи меваи брусника, қиёми насрин маслиҳат дода мешавад.
Дар марҳалаи беҳбудии касалӣ гузаронидани муолиҷаи физиотерапиявӣ, алалхусус гармӣ додан ба қамари бемор, давраи беҳбудии касалиро дарозтар менамояд. Табобат бо доруҳо. Дар ин масъала дар ҷои аввал мубориза бо сироят, хусусан, сирояти бактериявӣ (антибиотикҳо ва омодаҳои кимиёвӣ бо вояҳои пурра серкунии бадан) мебошад. Пеш аз таъин намудани антибиотикҳо ва дигар намуди доруҳо (5-НОК, невиграмон, бисептол ва ғ.), хуб аст, ки намуди бактерияҳои касалиовар дар пешоб маълум карда мешуд ва ин доруҳо мушаххас ба онҳо таъсир мекарданд.
Муолаҷаи аксисироятӣ бояд дурудароз, дар ҳамаи давраи баланд будани ҳарорат ва мавҷудиёти алоими дарди қамар гузаронида шавад. Ин давра набояд аз 2-3 ҳафта кам бошад. Дар ин марҳала бемор бояд ҳатман дар ҷойгаҳи гарм хоб кунад, нўшокиҳоро бисёртар истеъмол намояд ва агар миқдори пешоби шабонарўзӣ кам шуда бошад, андаке аз доруҳои пешобхориҷкунанда ҳам истеъмол намояд, ки ин усул маҷроҳҳои пешобро аз сироятҳо, бактерияҳо, ҳар гуна такшоншавиҳои сангпайдошаванда тоза карда, барои тезтар шифоёбии бемор мадад мерасонад. Дар ин марҳала инчунин беҳтар мебуд, ки бемор дар ҷойгаҳи гарм ва дар ҳолати боло будани нисфи сарии вай бистаронида шавад. Он гоҳ пешоб ба осонӣ, бо роҳи нишеб ба пешобдон ва берун хориҷ мешавад.
Ҳама беморони гирифтори ПНМ бояд дар назорати диспансерӣ бошанд, сари вақт дар маврдиҳои саршавии хурўҷ табобат кунанд, дар вақтҳои паҳншавии амрози шадиди сироятӣ аз ташхиси профилактикӣ гузаранд.
Экспертизаи корношоямӣ. Дар ҳамаи давраи хурўҷи касалӣ (аз 14 то 28 рўз) беморон ба мақоми варақаи корношоямӣ мўҳтоҷ мебошанд. Дар давраи беҳбудӣ (КДМ) бо масъалаҳои озод намудани беморон аз корҳои вазнин, навбатдории шабона ва бо муайян кардани дараҷаи маъюбии онҳо вобаста аз шакли касалӣ ва дараҷаи вайроншавии вазоифи гурдаҳо машғул мешавад.
4.5. Бемориҳои хун.
Камхунӣ касалиест, ки дар натиҷаи кам шудани миқдори умумии хун, миқдори эритроситҳо ва ҳемоглобин (Нб) дар як воҳиди ҳаҷми хун кам мешаванд. Касалии камхуниро анемия меноманд, ки аз калимаи юнонӣ AN- БЕ, NEMOS-ХУН, яъне "бехунӣ"-ро муайян мекунад, ки нодуруст аст.
Беҳтараш, ин касалиро касалии камхунӣ номидан лозим аст.
Сират ва ҷараёни ин касалӣ бевосита бо дараҷаи кам шудани миқдори эритроситҳо ва Нб вобаста мебошад. Масалан, агар Нб аз ҳолати мўътадилиаш 2 маротиба кам шуда бошад (то 70-80 г/л), аллакай якчанд алоимҳои вайроншавии фаъолияти узвҳои вазоифашон барои ҳаётгузаронӣ муҳим, вокуниши талофипазирӣ аз тарафи дилу рагҳои хунгардиш пайдо мешаванд; зиёдшавии дилзанӣ, ҳаҷми набазон ва дақиқавии дил, тезшавии суръати хунгардиш, аз нав тақсимшавии миқдори умумии хун рўй медиҳад; хун аз узвҳои захиракунанда (ҷигар, сипурз, мушакҳо) мебарояд, миқдори хуни силсилаҳои канорӣ кам шуда, бо оксиген ва ғизоҳои лозимии таъминоти узвҳои вазоифашон барои фаъолияти ҳаёт муҳимтарин (майна, дил, гурдаҳо, шуш, ҷигар) беҳтар мешавад. Мушоҳида сафедчарангии пўст ва пардаҳои луобиро нишон медиҳад. Азбаски вобаста бо камхунӣ миқдори оксиген дар бадани бемор кам мешавад, усули бе истифодаи оксиген тараққиёбии ҷараён ва эритропоэзи мағзи устухон (бо ширкати глутатион) шиддат меёбад.
Таснифот. Дар замони ҳозира қариб 50 намуди камхунӣ воқеъ мебошад.
Вале дар асоси пайдошавии имрозии онҳо 3 гурўҳ камхуниро номбар кардан мумкин аст:
1. Камхуниҳое, ки дар натиҷаи хуншорӣ ба амал меоянд. Онҳо намудҳои шадид ва музмин дорад;
2. Камхуниҳое, ки дар натиҷаи вайронии ҳосилшавии хун ба амал меоянд;
3. Камхуниҳое, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд хуннобудшавӣ (мемолиз) ба амал меоянд.
Ғайр аз ин таснифот, вобаста бо сершавии ҳар як эритросит бо Нб, ҳамаи камхуниҳоро боз ба 3 намуд ҷудо менамояд: а) камхуниҳои ҳипоҳромӣ – нишондиҳандаи ранги хун аз 0.8 паст; б) камхуниҳои ҳиперҳромӣ – аз 1.0 боло; в) камхуниҳои нормоҳромӣ – нишондиҳандаи ранги хун баробар ба 0.8 – 1.0 мебошад. Ҳамаи касалиҳои камхунии ҳипоҳромӣ вобаста бо норасогии миқдори оҳанпора (Fe) мебошанд. Аксрияит онҳо ба камхуниҳои хуншорӣ, ҳастрогенӣ (норасогии Fe вобаста бооризашавии меъда) ва хлорози ҷавонӣ мебошанд.
Камхуниҳои ҳиперҳромӣ ин касалиҳое, ки пайдоиши онҳо вобаста бо норасогии витамин В12-и бадан мебошад (камхунии Аддисон-Бирмер), ботриосефалӣ ва ахрезӣ (яъне гум шудани қобилияти ҳазмшавии витамин В12).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё