Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба туфайли ин ҳама андешаҳо Албер ин бегоҳ махсусан хушҳол буд. Ӯ пушташро ба саҳна гардонда менишасту нисфи танашро аз нишеман бароварда ҳама занҳои хушсиморо аз дурбини шашдюймагӣ тамошо мекард.

Аммо ҳар қадар Албер зӯр зада бошад ҳам, ягон соҳибҷамоле ҳатто аз кунҷковӣ тарафаш назар карданро ба худ эб надид.

Тамошобинон аз кору бори худ, аз ишқварзиҳояшон, аз зиёфатҳои даъватшудаашон, аз карнавали фардоина сӯҳбат карда, на ба сарояндагон эътибор медоданд, на ба намоиш, ба ҷуз баъзе мавридҳое, ки ҳама баргашта ба саҳна менигаристанд, то ба мад кашида хондани Козелли гӯш диҳанд, ё ба Мориани кафкӯбӣ кунанд ва ё ба сароянда Шпех нидои «офарин» дардиҳанд, баъд аз ҳамин боз ба сӯҳбати қатъшудаашон бармегаштанд.

Дар поёни пардаи аввал дари нишемани то ба ин дам холӣ боз гардиду хотуне даромад, ки дар симои ӯ Франс шиноси худашро дид; ӯ дар Париж шарафи бо ин хотун муаррифӣ карда шудани худашро дарёфта буд ва гумон дошт, ки вай ҳоло дар Фаронса аст. Албер ҷунбиши ғайри ихтиёри дӯсташро пайхас карду ҷонибаш баргашта, пурсид:

– Оё шумо бо ин занак шинос ҳастед?

– Оре; вай ба шумо маъқул аст?

– Ин зан дилрабост, дӯстам, илова бар ин малламӯ ҳам. Чӣ мӯи фаттоне! Ин кас фаронсавизан аст? – Не, аз Венетсия.

– Чӣ ном дошта бошад?

– Графиня Г.

– Ман номи худашро медонам, – гуфт Албер, – мегӯянд, ки вай на фақат хушрӯ, балки боақл ҳам ҳаст. Ина бинед-а, ман ба ӯ дар охирин базми хонаи хонуми де Вилфор шиносо шуда метавонистаму ин фурсатро истифода набурдам! Чӣ аҳмақие кардам ман!

– Оё мехоҳед, ки ман ин иштибоҳро ислоҳ кунам? – пурсид Франс.

– Шумо бо вай ҳамин хел наздикед, ки маро ба нишеманаш бурда метавонед?

– Ман аз се дафъа сӯҳбат кардани бо ин зан шарафёб шудаам. Шумо медонед, ки ин тамоман кофист, то чунин боздид густохие гумон бурда нашавад.

Дар ҳамин дақиқа графиня Франсро пайхас кард ва ба аломати дуруд даст афшонд; Франс бо таъзими эҳтиромкоронае ҷавоб гардонд.

– Мебинам, ки ҳар ду хеле нозғунҷ будаетон, – гуфт Албер.

– Ана дар ин масъала шумо иштибоҳ кардед. Франсавиён барои ҳамин ҳам дар хориҷа номаъқулиҳои зиёде мекунанд, ки ҳама чизро бо ченакҳои парижии худашон андоза мегиранд; ҳар гоҳ шумо дар Испониё ё хусусан дар Итолиё бошед, аз рӯи муомилаи озоди одамон ҳаргиз дар бораи наздик буданашон қазоват накунед. Ману графиня ҳамту ба якдигар рағбате дорем.

– Рағбати қалбӣ? – пурсид хандакунон Албер.

– Не, рағбати ақлӣ, тамом вассалом, – ҷиддан ҷавоб гардонд Франс. – Ва чӣ гуна зоҳир шуд ин рағбат?

– Ҳангоми дар Колизей сайру гашт кардан, мисли ҳамон сайру гаште, ки ману шумо кардем. – Дар рӯшноии моҳтоб? – Оре.

– Дукаса?

– Қариб-ки.

– Ва сӯҳбаткунон аз хусуси...

– Мурдаҳо.

– Бадеҳист, ки ин бисёр мароқангез аст, – гуфт Албер. – Лекин агар саодати ҳангоми чунин сайру гаште ҷуфти графиняи нозанин будан насиби ман гардад, дар он сурат, бовар бикунед, ман бо вай фақат аз хусуси зиндаҳо сухан хоҳам гуфт!

– Ва шояд, дар тахмини худ саҳв кунед.

– Лекин то он вақт, чунон ки ваъда додед, маро ба вай муаррифӣ мекардагистед?

– Ҳамин ки парда фурӯ афтод.

– Ин пардаи якуми сабилмонда кай ба охир мерасида бошад?

– Хотимаашро гӯш кунед, хотимааш олиҷаноб, Козелли ҳам бо маҳорати тамом месарояд онро.

– Бале, аммо чӣ қадду қомате!

– Шпех ба тори дили кас нохун мезанад...

– Оё мефаҳмед, баъд аз он ки хондани Зонтагу Мамебранро гӯш кардам...

– Магар пай набурдед, ки мактаби Мориани кори калон будааст?

– Ман мисли малламӯён сурудани сияҳмӯёнро хуш надорам.

– Медонед, азизам, – гуфт Франс, аз Албер, ки дурбинро аз нишемани графиня барнамедошт, рӯй тофта, – дили шуморо ёфтан намешудаст!

Ниҳоят, ба муроди Албер де Морсер, парда фурӯ афтод; Албер кулоҳашро гирифт, мӯи сар, галстук ва саростинҳояшро ба тартиб оварду ба Франс эълом дод, ки ӯро нигарон аст.

Азбаски ба нигоҳи суоломези Франс графиня бо ишорат ҷавоб гардонда буд, ки ӯро интизор мешавад, вай қонеъ гардондани хоҳиши бесабронаи Алберро ба таъхир наандохт; ҳамроҳи ҷӯрааш, ки роҳравон чинҳои куртаву бари домани фракашро ҳамвор мекард, вай амфитеатрро давр зада гузашту дари нишемани No 4-ро, ки ҷойгоҳи графиня буд, кӯфт.

Ҳамонзамонӣ ҷавонмарди назди графиня дар пешайвони нишеман нишаста бархосту ба таомули итолиёвӣ ҷояшро ба меҳмони нав дод, ки дар навбати худ, бояд онро ба каси дигар медод, агар бирасад ин гуна кас.

Франс Алберро аз рӯи мавқеи ҷамъиятию ақлаш ҳамчун яке аз баргузидатарин ҷавонмардон ба графиня тавсия дод, ки ин, воқиан, аз рӯи адолат буд, зеро дар Париж, дар ҳамон ҷомиае, ки Албер муошират дошт, ба шери воқеии доираи ашроф ном бароварда буд ӯ. Франс барафзуд, ки Албер аз он, ки дар Париж фурсати ба шумо муаррифӣ гардиданро аз даст дода будааст, ҳасрат хӯрда, зорӣ кард, то ман ин кӯтоҳиро ба ислоҳ оварам ва хоҳиш дорад графиня ин далериро бубахшоянд бар вай.

Дар ҷавоб графиня илтифоткорона ба Албер таъзим карду дасти Франсро фишурд; Албер бо даъвати графиня дар ҷои холӣ паҳлӯяш нишаст, Франс бошад, дар қатори дуюм, ақиби графиня ҷой гирифт.

Албер барои сӯҳбат мавзӯи бисёр хубе ёфт: ӯ дар бораи Париж, аз хусуси шиносҳои умумиашон сухан пайваст. Франс дарёфт, ки ҷӯрааш роҳи дурустро пеш гирифт ва дурбини барзангиро аз дасти ӯ гирифта, дар навбати худ, ба тадқиқи тамошогарони толор пардохт.

Назди девораи яке аз нишеманҳои табақаи якум зани дар ҳусни ҷамол ғайри муқаррарии пӯшоки шарқӣ дар баре менишаст, ки либос дар танаш сода ва бисёр шинам афтода буд, мисле ки ин либоси муқаррарии ҳамарӯзааш бошад.

Дар ақиби ӯ, дар фазои нимторик шахсе намудор буд, ки дидани чеҳрааш имкон надошт.

Франс сӯҳбати Алберу графиняро қатъ карда, аз хотун пурсид, ки оё мешинохта бошад, ки ин албандухтари дилрабои шоистаи таваҷҷӯҳи на фақат мардон, балки ҳатто мавриди ҳаваси занон кӣ бошад.

– Не, – гуфт графиня, – фақат медонам, ки вай аз аввали мавсим ин ҷониб дар Рим аст; дар маросими кушода шудани мавсими театрӣ ман ӯро дар ҳамин нишеман дида будам ва дар зарфи ин як моҳ вай ягон намоишро фурӯ нагузоштааст; баъзан ӯро ҳамон касе ҳамроҳӣ мекунад, ки ҳоло бо ӯст ва баъзан фақат ҳамроҳи хидматгори зангие меояд.

– Оё вай ба шумо маъқул шуд, графиня?

– Хеле хушрӯ. Медора бояд ба ҳамин монанд буда бошад.

Франсу графиня ҷониби якдигар табассум карданд; баъд графиня сӯҳбати қатъ шудаи худашу Алберро дарпайваст, Франс бошад, ба воситаи дурбин ба тамошои албандухтари нозанин пардохт.

Балет сар шуд, балети хеле зебои итолиёӣ, ки Анрии номвар ба саҳна гузаштааст; Анрие, ки дар Итолиё шӯҳрати зиёде касб карда буду дар театри шиновари рӯи об ҳалок гардид; ин яке аз он балетҳое буд, ки дар он аз раққоси дараҷаи аввал то охирин иҷрокунандаи нақшҳои дуюмдараҷа ба ҳадде фаъол амал мекунанд, ки саду панҷоҳ иштирокчии он дар як вақт айни як ҳаракатро ба ҷо меоваранд ва ҳама баробар ягон даст ё ягон пояшонро бармедоранд. Балет «Полиска» ном дошт.

Франс ба ҳадде саргарми тамошои дилрабо духтари ношинос буд, ки ба рақсидани ҳунарпешагон чандон диққат намегуморид, гарчи балети хеле хуб бошад ҳам. Лекин духтарак бо лаззати тамом чашм аз саҳна барнамедошт, ки инро наметавон дар ҳаққи ҳамроҳаш низ бигуфт, ҳамроҳе, ки дар тамоми тӯли ҷараёни ин ӯъҷубаи санъати рақс боре мижааш хам нахӯрд ва сарфи назар аз мағали тоқатфарсо, ки карнайҳову чангҳо ва зангӯлаҳои туркӣ дармедоданд, ба назр чунин мерасид, ки аз хоби роҳат нашъаи малакутие бурда истодааст.

Ниҳоят балет ба поён расид ва парда дар зери кафкӯбиҳои бехудонаи тамошогарони ба ваҷд омада фурӯ афтод.

Ба туфайли одати шоистаи таърифи балет ворид кардан ба опера танаффусҳо дар Итолиё чандон тӯлонӣ нестанд: то нӯки по чархидану ба ҳаво ҷаста по ба ҳам задани раққосон сарояндаҳо фурсат ёфта дам мегиранду либос бадал мекунанд.

Сарахбори пардаи дуюм оғоз ёфт. Бо аввалин ҳаракати камонча шарики хоболуди албандухтар ба тааннӣ нимхез шуду ҷонибаш омад; духтарак баргашта чанд калимае гуфт ба ӯ ва боз гашта ба девораи нишеман такя кард.

Чеҳраи мусоҳиби духтарак ҳамчунин дар торикӣ монда буд ва Франс тарҳи рӯяшро дида наметавонист.

Парда бардошта шуд, диққати Франс беихтиёр ба актёрон ҷалб гардид ва нигоҳаш дақиқае аз нишемани духтаракаи ношинос канда шуду ба саҳна кӯчид.

Пардаи дуюм, ба қарори маълум, бо дуэт сар мешавад: Паризина дар хобаш ба Уго ошиқ будани худашро ба Аттс мепӯкад; шавҳари фанд хӯрда тамоми марҳалаҳои рашкро тай мекунаду оқибат ба бевафоии занаш итминон ҳосил карда, ӯро бедор мекунад ва минбаъд интиқом гирифтанашро ба вай эълом медиҳад.

Ин яке аз зеботарин, муассиртарин ва пуршиддаттарин дуэтҳоест, ки ба қалами сермаҳсули Донитсетти навишта шудааст. Франс пеш аз ин се дафъа гӯш карда буд инро ва гарчанде вай суруддӯсти гузаро набошад ҳам, ба ҳар ҳол дуэт таъсири амиқе гузошташ. Бинобар ин вай дил кард ба кафкӯбиҳои аҳли толор шарик шавад, ки нохост кафҳои ба нияти чапакзанӣ бардоштааш бозистоданду садои «офарин»-е, ки дардоданӣ буд, дар гулӯяш печид.

Он ки дар нишеман буд, аз ҷояш бархост, равшанӣ ба рӯяш афтод ва Франс сокини пурасрори ҷазираи Монте-Кристоро дид, ки ба хаёлаш қадду қомат ва овозашро як рӯз пеш дар харобаҳои Колизей шинохта буд.

Ҷои шак надорад: сайёҳи ғалатӣ дар Рим истиқомат доштаастю Эҳтимол он изтиробе, ки аз дидани марди ношинос ба миён омада буд, дар чеҳраи Франс бе каму кост инъикос ёфта бошад, ки графиня ба вай нигариста, ханда карду пурсид, ки чӣ воқиъа рӯй дод.

– Графиня, – ҷавоб гардонд Франс, – навакак ман аз шумо суол карда будам, ки оё ин албандухтарро мешиносед. Акнун мехоҳам аз шумо бипурсам, ки оё шавҳари ӯро мешиносед.

– На бештар аз худи вай, – ҷавоб гардонд графиня.

– Оё ба вай диққат надодаед?

– Ана суоли соф фаронсавӣ! Охир шумо медонед, ки барои мо итолиёвизанҳо фақат оне вуҷуд дорад, ки дӯсташ медорем мо.

– Ин дуруст, – ҷавоб гардонд Франс.

– Ба ҳар ҳол, – давом дод суханашро графиня, дурбини Алберро тарафи нишемани рӯбарӯяшон рост карда, – ӯро, аз афташ, навакак аз гӯр баровардаанд; ин кадом як майитест, ки бо иҷозати гӯрков аз тобут берун омадааст. Бинед, чӣ хел қутканда аст.

– Вай доим ҳамин хел, – ҷавоб гардонд Франс.

– Пас шумо ӯро медонед? – гуфт графиня, – ин тавр бошад, ман аз шумо пурсон мешавам, ки чӣ касест ӯ?

– Ба хаёлам, ки пеш аз ин дар ҷое дида будам ӯро.

– Мефаҳмам, – гуфт графиня, гӯё аз хунукӣ бошад, китфони базебашро дарҳам кашида, – ки кас агар як бор ин шахсро бинад, дигар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Аз дили Франс гузашт, ки аз афташ ин марди ношиноси пурасрор на танҳо ба як худи ӯ таассуроти шадиде бахшида будааст.

– Чӣ ақида доред шумо? – пурсид Франс, баъди он ки графиня тасмим гирифт бори дигар дурбинро ҷониби ӯ рост кунад.

– Ба фикрам, худи лорд Рутвен аст, ки дар пайкари ин дар шудааст.

Ин ёдоварии нави Байрон Франсро моту мабҳут кард; агар ягон касе ба вуҷуд доштани вампир ӯро водор карда метавонист, он кас маҳз ҳамин шахс мебуд.

– Ман бояд бидонам, ки ин шахс кияст, – гуфт Франс.

– Не, не! – нидо зад гарафиня. – Наравед, ман умед дорам, ки шумо гусел мекунед маро, бинобар ин ҷавоб намедиҳам шуморо.

Франс тарафи гӯши ӯ хам шуд:

– Наход воқиан тарсида истода бошед шумо?

– Гӯш кунед! – ҷавоб гардонд графиня. – Байрон ба ман қасам хӯрда буд, ки ба вампирҳо бовар дорад, бовар мекунед, ки худаш онҳоро дидааст; вай қиёфаи онҳоро ба ман тасвир карда буд... Онҳо айнан ҳамин тавранд: мӯи сарашон сиёҳ, чашмонашон калон-калони шӯълавар, мурда барин қутканда, ва зеҳн монед: хотунаш ҳама барин не... ин кадомяк юнонизан аст ё ... эҳтимол соҳирае бошад аз қабили худаш... Зорӣ дорам ба шумо, наравед он ҷо. Пагоҳ ба ҷустуҷӯ пардозед, агар лозим донед, вале имрӯз қатъан намемонам шуморо.

Франс исрор кардан гирифт.

– Не, не, – гуфт графиня, бархоста, – ман баромада меравам, то поёни намоиш истодани ман мумкин не; меҳмон дорам ман; наход шумо ин қадар номеҳрубон бошед, ки ҳамроҳатон будани маро рад кунед?

Ба Франс дигар илоҷе намонд, ба ҷуз он, ки кулоҳашро гирад, дари нишеманро боз кунад ва даст ба графиня диҳад, ки ин корро ба ҷо овард вай.

Графиня воқиан хеле дар ҳаяҷон буд, худи Франс ҳам аз изтироби хурофӣ раҳо шуда наметавонист, хусусан ки графиня нав ба таҳаккуми ҳароси беихтиёр афтода буду таассуроти худи Франс бо ёддоштҳояш таҳким меёфт. Графиняро дар карета шинонда истода, ҳис кард, ки вай ба тамоми аъзо ларзида истодааст.

Франс графиняро то хонааш гусел кард; вай ҳеч гуна меҳмоне надошт, касе интизораш набуд; Франс ӯро ба дурӯғгӯӣ маломат кард.

– Дар воқеъ руҳам шод нест, – гуфт графиня, – ва мехоҳам танҳо бошам; аз дидори он шахс табъам хира шуд.

Франс саъй кард бихандад.

– Ханда накунед, – гуфт графиня, – хусусан ки ҳеҷ хандаатон наомада истодааст. Ва ба ман ваъда диҳед...

– Чӣ ваъда диҳам?

– Пеш аз ҳама қавли саҳеҳ.

– Ман ваъда медиҳам, ҳар чӣ шумо хоҳед, ба ҷо оварам, ба ҷуз даст кашидан аз кӯшиши фаҳмидан, ки ин шахс чӣ касест. Аз рӯи баъзе сабабҳое, ки чӣ будани онҳоро гуфта наметавонам, ман бояд бидонам, ки вай кист, аз куҷост ва ба куҷо рафтанист.

– Вай аз куҷост, ман намедонам; аммо ба куҷо рафтанист, ман инро ба шумо гуфта метавонам: якрост ба ҷаҳаннам.

– Бармегардем ба ваъдае, ки шумо, гарфиня, аз ман гирифтанӣ будед, – гуфт Франс.

– Э, ҳа; рост ба меҳмонсаро бираведу имрӯз бо он шахс мулоқот наҷӯед. Байни онҳое, ки кас аз ишон ҷудо мешавад ва онҳое, ки кас бо ишон мулоқот мекунад, ким-чӣ хел алоқае ҳаст. Байни ману он шахс миёнҷӣ нашавед. Пагоҳ ҳар қадаре, ки дилатон хоҳад, аз пасаш тохтан гиред; вале ҳаргиз ӯро ба ман муаррифӣ накунед, агар нахоҳед, ки ман аз тарс бимирам. Акнун хуш бошед, саъй кунед, ки хобатон бибарад; ман бошам, медонам, ки мижа таҳ намекунам.

Бо ҳамин графиня Франсро падруд гуфт; Франс ҳаргиз нафаҳмид, ки вай ҳазл кард ё дар воқеъ ба ҳарос афтода буд.

Ба меҳмонсаро баргашта, Франс Алберро хилъату шалвори хонапӯшӣ дар тан, ба курсии нарм такязадаву сигор дар лаб ёфт.

– Ҳа, ин шумоед, – гуфт ӯ, – ман гумон надоштам, ки пеш аз фардо субҳ медида бошаматон.

– Гӯш кунед, Албер, – ҷавоб гардонд Франс, – ман хурсандам мавридро муносиб ёфта якумрӣ ба шумо собит гардонам, ки дар бораи занҳои итолиёвӣ тасаввуроти ниҳоят ғалате доред шумо; ҳол он ки гумон доштам, нокомии ишқварзиҳоятон ақлатонро ба худатон меовардагист.

– Чӣ мефармоед? Ҳеҷ фаҳмида намешудааст ин занҳоро! Аз дастатон мегиранду мефишуранд онро; бо кас гӯшакӣ мекунанд, водор менамоянд, ки гуселашон кунед: даҳяки ин ғанҷу далол кифоят буд, ки зани парижӣ номи некашро барбод диҳад!

– Гап ҳам дар ҳамин-дия. Инҳо чизи пинҳон мекардагие надоранд; инҳо дар кишвари нозанинашон умр ба сар мебаранд, ки ба қавли Данте дар зери офтоби дурахшон пинҳон нашуда «si» гуфтанашон баланд садо медиҳад. Бинобар ҳамин инҳо ишвагариро намедонанд. Ғайр аз ин, худатон дидед, ки графиня дар воқеъ тарсида буд.

пешина
аз 99
навбатӣ