Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Аз кӣ? Аз ҳамон ҷаноби иззатманде, ки дар рӯбарӯи мо бо юнонидухтари соҳибҷамоле нишаста буд? Дили ман ҳам мехост донам, ки онҳо чӣ касе ҳастанд ва дар роҳрав қасдан ба онҳо бархӯрдам. Ба ақлам намегунҷад, ки ин ҳама бурду балоро аз куҷо ёфтед шумо! Вай як марди хушрӯ, сару танаш базеб, аз афташ, пӯшокашро Блен ё Юмании худамон медӯзад. Андак рангпарида, ин дуруст; лекин шумо медонед, ки ин рангпаридагӣ – аломати ашрофият.
Франс табассум кард: Албер катагӣ мекард, ки ранги рӯи ӯ хеле сафед аст.
– Худи ман ҳам итминон дорам, – гуфт ба ӯ Франс, – ки аз он мард ҳаросидани графиня муҳобот асту бас. Вай ягон чиз гуфт?
– Гуфт, лекин фақат ба юнонии ҷадид. Ман инро аз рӯи чанд калимаи юнонии вайрон пай бурдам. Бояд ба шумо бигӯям, азизам, ки дар коллеҷ ман дар юнонидонӣ ҷудо зӯр будам.
– Хӯш вай ба юнонии ҷадид гап мезад?
– Аз афташ ҳамин тавр.
– Шубҳае нест, – зери лаб гуфт Франс, – ин ӯст.
– Чӣ гуфта истодаед шумо?
– Ҳеч чи. Шумо ин ҷо чи кор мекардед?
– Ба шумо тӯҳфа тайёр мекардам.
– Чӣ гуна тӯҳфа?
– Шумо медонед, ки карета ба даст овардан имкон надорад.
– Имкон ҳам гап. Ҳар чи аз дасти инсон меояд, кардем, муроде ҳосил нашуд.
– Як фикри дурахшон ба сарам омад.
Франс нобоварона тарафи Албер нигоҳ кард.
– Азизам, – гуфт Албер, – шумо маро бо чунон нигоҳе сарфароз кардед, ки дилам мехоҳад қаноат кунонданро талаб кунам аз шумо.
– Тайёрам шуморо қаноат кунонам, агар фикри шумо воқиан ҳам ба он дараҷае дурахшон бошад, ки тасдиқ карданиед. – Гӯш диҳед.
– Гӯшам ба шумо.
– Оё ба даст овардани карета имкон надорад?
– Надорад.
– Асп пайдо кардан ҳам?
– Ҳа.
– Лекин шояд аробае пайдо кардан мумкин бошад?
– Шояд.
– Як ҷуфт барзагов ҳам?
– Эҳтимол.
– Хуш ки бошад, азизам! Ба мо ана ҳамин чиз лозим. Ман мефармоям аробаро рангубор диҳанд, мо пӯшоки даравгарони неаполӣ дар бар мекунем ва лавҳи тасвири овозадори Леополд Роберро дар шакли табииаш намоиш медиҳем. Агар барои шабоҳати бештаре графиня ба дарпӯшидани либоси деҳқонзани паттсуолӣ ё сорретоӣ розӣ шавад, маскарад боз ҳам бомуваффақияттар мебарояд; вай чунон хушандом аст, ки ҳатман асли «Занаки тифлбадаст» пин медорандаш.
– Ба худо ки, – нидо зад Франс, – ин дафъа ҳақ астед шумо ва ин воқиан ҳам фикри табъи дил будааст.
– Ва аз ҳама ватанхоҳонатаре, – ин тадбир аҳди шоҳони коҳили моро эҳё мегардонад! Ҳа, ҷанобони римӣ, шумо гумон доштед, ки мо дар кӯчаҳоятон пои пиёда ба мисоли бенавоёни итолиёвӣ таку дав хоҳем кард, фақат аз барои он ки каретаву аспони шумо камӣ мекунанд! Хӯш, мо аспу каретаро ихтироъ мекунем!
– Ва шумо ин ихтирои доҳиёнаатонро алакай бо ягон кас дар миён мондед?
– Бо хоҷаи худамон. Аз театр баргашта, ман ӯро ин ҷо ҷеғ задаму муродамро ба вай баён кардам. Вай бовар кунонд, ки аз ин осонтар коре нест; ман хостам, ки шохи барзаговонро зарандуд кунанд, вале ӯ мегӯяд, ки барои анҷом додани ин кор се рӯз лозим аст: ба мо лозим меояд аз баҳри ин дабдаба гузарем.
– Лекин худаш куҷост?
– Кӣ?
– Хоҷа.
– Ба ҷустуҷӯи ароба рафт. Фардо, мумкин аст, алакай дер шуда бошад.
– Пас ӯ ҷавобашро худи ҳамин рӯз медиҳад?
– Ман ӯро нигаронам.
Дар ҳамин дақиқа дар нимроғ шуду сари устод Пастрини намудор гардид.
–Permesso? –суолкардӯ.
– Албатта, мумкин! – нидо зад Франс.
– Хӯш, читу? – пурсид Албер. – Шумо барои мо аробаву барзагов ёфтед?
– Ман аз ин беҳтар чизе ёфтам, – ҷавоб гардонд соҳиби меҳмонсаро, ки зоҳиран аз кори кардааш хеле хурсанд буд.
– Эҳтиёт бошед, хоҷаи азиз, – гуфт Албер, – шодии пеш аз вақт хосият надорад.
– Ҷанобашон метавонанд бар ман умед банданд, – дилпурона ҷавоб гардонд устод Пастрини.
– Лекин ба ҳар ҳол чӣ гап? – пурсид Франс.
– Оё шумо медонед, ки граф Монте-Кристо бо шумоён дар як сари зинапоя манзил дорад?
– Инро надониста чиро медонистем, – гуфт Албер, – бо марҳамати ӯ мо ду нафар донишҷӯи кӯи Лотин барин ин ҷо тиқа шудаем.
– Вай аз нокомии шумо хабар ёфта дар каретаи худаш ду ҷой муроот кардаву дами тирезаҳое, ки дар майдони Росполи иҷора гирифтааст, ду ҷой пешниҳод мекунад.
Албер ва Франс ба якдигар нигаристанд.
– Вале оё мо даъвати шахсеро, ки тамоман намешиносем, пазируфта метавониста бошем, – гуфт Албер.
– Чӣ касест ин граф Монте-Кристо? – пурсид Франс.
– Аъёни ситсилист ё малтӣ, аниқашро намедонам, вале Боргезе барин номвар ва сарваташ шабеҳ ба маъдани тилло.
– Ба хаёлам, – гуфт Франс ба Албер, – ки агар кас ба гапи устод Пастрини бовар кунад, граф Монте-Кристо барин кас, андак дигартар даъват мекард, нисбат ба...
Дар ҳамин дақиқа дарро куфтанд. – Дароед, – гуфт Франс.
Нукари хидматҷомаи озода пӯшидае дами дар бозистод.
– Аз граф Монте-Кристо ба барон Франс д' Эпине ва виконт Албер де Морсер, – гуфт ӯ.
Сипас вай ду таоруфномаро тарафи соҳиби меҳмонсаро дароз кард, ки ӯ гирифта ба ҷавонмардон дод.
– Граф Монте-Кристо, – давом дод суханашро нӯкар, – аз шумо рухсат мепурсад чун ҳамсоя фардо ба боздидатон дарояд; ӯ мехоҳад бифаҳмад, ки ҷавонмардҳо дар кадом соат метавониста бошанд пазироӣ кунандаш.
– Ҷои эрод нест, – зери лаб гуфт Албер ба Франс, – ҳамааш ба риояти таомул адо шуд.
– Ба граф бирасонед, – ҷавоб гардонд Франс, – ки худи мо шарафмандем ба боздиди он кас биравем.
Нӯкар аз дар баромад.
– Дар риояти одоби муошират пешдастӣ кард, – гуфт Албер, – гапатон ҳақ, устод Пастрини, граф Монте-Кристои шумо каси хеле тарбиятдидае будааст.
– Пас шумо даъвати ӯро мепазиред? – пурсид Пастрини.
– Бадеҳист, – ҷавоб гардонд Албер, – вале, рости гап, ба аробаи шумо ҳайфам меояд; лекин агар тирезаи майдони Росполи ин талафотро ҷуброн намекард, дар он сурат, рости гап, ман дар фикри аввалаи худам устувор мемондам. Шумо ба ин чӣ мегӯед, Франс?
– Ростӣ, маро ҳам фақат тирезаи майдони Росполи мафтун кард, – ҷавоб гардонд Франс.
Таклифи ду ҷой дар пеши тирезаи майдони Росполи гуфтугӯи шахси ношиносу марди транстеверӣ дар Колизейро ба ёди Франс овард, ки ба гӯшаш расида буд. Агар марди боронипӯш, чунон ки Франс тахмин дошт, ҳамон касе бошад, ки дар театри Арҷентин пайдо шуданаш ин қадар ӯро мутаваҷҷеҳ сохта буд, дар ин сурат, бешак, вай ӯро мебинад ва барои қонеъ гардондани муддаои кунҷковонааш ҳеч чиз садди роҳаш нахоҳад шуд.
Хоби Франс дер бурд. Андешаи марди ношиносу интизории субҳ ӯро ба изтироб оварда буданд. Дар воқеъ, саҳар ҳамааш бояд равшан мешуд; ин дафъа хоҷаи пурасрори ҷазираи Монте-Кристо аз назараш бадар шуда наметавонист, лекин фақат агар молики хотами Гигес набошаду ба туфайли ҳамин хотам қудрати аз назар ғоиб шудан надошта бошад.
Даме ки Франс бедор гардид, ҳанӯз соат ҳашт нашуда буд.
Албер, ки барои бесаброна фаро расидани субҳ ваҷҳе надошт, ғарқи хоб буд.
Франс аз паси соҳиби меҳмонсаро кас фиристод. Ӯ ба наздаш ҳозир шуду бо тамаллуқкории одатиаш дуқат шуда таъзим кард.
– Устод Пастрини, – гуфт Франс, – агар иштибоҳ накунам, имрӯз қатли касе таъйин шудааст?
– Оре, ҷаноби олиқадр, лекин агар муддаоятон тирезае падо кардани ман бошад, акнун дер шуд.
– Не, – гашта гуфт Франс, – воқиан, агар ман ҷудо ҳам дар иштиёқи дидани ин манзара мебудам, аҷаб не, дар Монте Пинчо ҷойгоҳе падо мекардам.
– Оҳ гумон мекунам, ҷанобашон бо авомуннос, ки Монте Пинчо доимо аз ин тоифа пур аст, даромехтанро ба худ эб намедиданд.
– Эҳтимоли қавӣ ин аст, ки ман ба он ҷо намерафтагистам, – гуфт Франс, – лекин дилам мехоҳад баъзе иттилоот ба даст оварам.
– Чӣ гуна иттилоот?
– Аз миқдори маҳкумшудагон, аз хусуси номҳояшон ва аз тарзи иҷрои қатл.
– Аз ин осонтар коре нест, ҷаноби олиқадр. Айнан ба ман tavoletteро овардаанд.
– Tavolette-аш чист?
– Ин тахтачаи чӯбинест, ки як рӯз пеш аз қатл дар гардиши кӯчаҳо меовезанд: дар ин тахтачаҳо исми ҷинояткорон, ҷинояти содир кардаашон ва тарзи ба қатл расонда шуданашон часпонда мешавад. Ин як навъ таманноест аз диндорон, ки ба Худо зорӣ кунанд, огоҳӣ ба дили муҷримон андозад, тавбаю тазаррӯъ кунанд.
– Ва ин тахтачаҳоро аз барои он ба шумо меоваранд, ки шумо дуоятонро ба ибодати диндорон зам кунед? – пурсид Франс ба лаҳни андак нобоварие.
– Не ҷаноби олиқадр; ману паҳнкунандаи эълонномаҳо аҳд бастагӣ ва ӯ аз ин тахтачаҳо ба ман меоварад, чунон ки эълонномаҳои театрро меоварад, то ки меҳмонони ман огоҳӣ ёбанд, мабодо ягон нафарашон майли дар маросими қатл иштирок кардан дошта бошанд.
– Шумо одами дурандеш будаед! – гуфт Франс.
– Бояд бигӯям, – лаб ба сухан кушод, табассумкунон устод Пастрини, – ман барои таносоии хориҷиёни наҷиб, ки бо ихлосмандии худ маро сарфароз мегардонанд, ҳар чӣ аз дастам меояд, дареғ намедорам.
– Дида истодаам, хоҷаи меҳрубон, ман инро ба ҳама ҳикоят карда мегардам, хотирҷамъ бошед. Акнун ман мехостам яке аз tavolette-ҳои шуморо бихонам.
– Худи ҳозир, – гуфт соҳиби меҳмонсаро дарро кушода истода, – ман фармуда будам, ки яке аз онҳоро сари зинапоя овезанд.
Ӯ аз хона баромаду «таволетта»-ро аз сари мех гирифту оварда ба Франс дод.
Мана тарҷумаи таҳтуллафзии он эълонномаи марг:
«Бо ҳамин ба ҳамагон хабар дода мешавад, ки рӯзи сешанбеи 22 феврал, дар рӯзи якуми карнавал, тибқи ҳукмномаи трибунали олӣ дар Пяттса-дел-Пополо ба қатл расонда мешаванд» Андреа Рондоло, ки барои кашиши калисои ҳазрати Иоанни Латеранӣ дон Чезаре Торлинии мӯътабару муҳтарамро куштанаш маҳкум шудааст ва Пеппинои мулаққаб ба Рокка Приорӣ, ки дар шарик будан бо роҳзани манфур Луиҷӣ Вампа ва аҳли дастаи ӯ фош гардидааст.
Аввалӣ mаzzolаto хоҳад шуд.
Сонавӣ decapitato хоҳад шуд.
Аз афроди парҳезгор таманно мешавад ба худо зорӣ кунанд, то огоҳӣ ба дили ин ду ҷинояткори сарсахт андозад, ки тавбаю тазаррӯъ кунанд».
Ин маҳз ҳамон чизе буд, ки Франс ду рӯз пеш дар миёни харобаҳои Колизей шунида буд; дар барнома ҳеч гуна тағйироте ба амал наомадааст; номи маҳкумшудагон, ҷинояти онҳо, тарзи ба қатл расонда шуданашон айнан ҳамон буд.
Ба ҳамин тариқ, марди транстеверӣ, эҳтимол, ба ҷуз Луиҷӣ Вампа каси дигаре набошад, лекин марди боронипӯш – Синдбоди Дарёгард будааст, ки дар Рим низ, чун дар Порто-Веккио ва Тунис фаъолияти накӯкории худашро давом дода гаштааст.
Дар ин миён занги соати нӯҳ фурӯ кӯфта шуд ва Франс хост акнун Алберро бедор кунад, ки нохост ба ҳайрати билониҳояи ӯ, вай аз хонаи хоб берун омад ва ҳатто сару танаш мукаммал пӯшидагӣ. Фикру хаёли карнавал ба вай ором надодаанд ва пештар аз он хестааст, ки Франс интизораш буд.
– Шумо ба ин чӣ мегӯед, синор Пастрини, – рӯ овард Франс ба соҳиби меҳмонсаро, – модоме ҳар дуи мо омодаем, чӣ мешавад, ки ба назди граф Монте-Кристо равем?
– Албатта, – ҷавоб гардонд ӯ, – граф Монте-Кристо одати барвақтхезӣ дорад; ман итминон дорам, ки ягон ду соат боз бедор аст ва аз бистар хестагист.
– Ва ба фикри шумо мо он касро ташвиш намедиҳем? – Ҳаргиз не.
– Дар ин сурат, Албер, агар шумо тайёр бошед...
– Ман комилан тайёрам, – гуфт Албер.
– Хӯш меравем ва ба ҳамсояамон барои ҳусни таваҷҷӯҳаш миннатдорӣ баён мекунем.
– Рафтем!
Ба Франсу Албер фақат аз сари зинапоя гузаштан лозим буд, соҳиби меҳмонсаро аз онҳо пешдастӣ карду занг зад; нӯкар дарро кушод.
– I signori francesi1, – гуфт Пастрини.
Нӯкар таъзим намуду онҳоро даъват кард, ки дароянд.
Онҳо аз байни ду дар хонаи пурхарҷ ороишёфтае гузаштанд, ки дар меҳмонсарои устод Пастринӣ дарёб карданашро чашмдор набуданд ва оқибат ба хонаи меҳмонпазироии зебу зинаташ бе каму косте ворид шуданд. Рӯи фарш қолии туркие густурда шуда буд ва курсиҳои нарми бароҳат гӯё воридшудагонро даъват доштанд, дар болишҳои тарангу муттакои хамидаашон биёсоянд. Деворҳо пур аз лавҳи тасвири рассомони машҳуру аслиҳаи пур аз зебу ороиш буданд, вале рӯи дарҳо пардаҳои фохири назаррабо баркашида.
– Агар ҷанобон майли нишастан дошта бошанд, – гуфт нӯкар, – ман рафта ба арзи граф мерасонам.
Ва ӯ аз дари дигаре берун шуд.
Вақте ин дар боз гардид, аз паси он садои чанг ба гӯш омад, вале ҳамонзамонӣ хомӯш гардид. Ба гӯши ҷавонмардон, ки дар хонаи меҳмонпазироӣ интизор нишаста буданд, аранге садои мусиқӣ мерасид.
Франсу Албер ба якдигар нигаристанд ва боз ба тамошои асосияю лаваҳоти тасвир ва аслиҳа пардохтанд. Ба ин ҳама таҷаммул ҳар қадар тӯлонитар менигаристанд, ҳамон қадар мӯҳташамтар ба назар меомадашон.
– Хӯ-ӯш, – рӯ овард Франс ба ҷӯрааш, – чӣ мегӯед шумо ба ин?
– Мегӯям, азизам, ки ҳамсояи мо ё даллоли биржаест, ки дар муомилаи паст рафтани саҳмияҳои испанӣ бурде кардааст, ё шоҳзодаест, ки бо номи мустаор ба саёҳат баромадааст.
– Хомӯш! – гуфт Франс. – Мо инро ҳозир мефаҳмем: ана худаш.
Садои боз гардидани дар баромад, дарпардаҳо ба ду тараф ғеҷиданд ва дар сари остона молики ин ҳама сарват намоён шуд. Албер ба истиқболи ӯ пеш рафт, вале Франс мехкӯб шудагӣ барин дар ҷояш истодан гирифт.
Воридшуда каси дигаре набуд, ба ҷуз шахси боронипӯш, марди ношиноси даруни нишеман, хоҷаи пурасрори ҷазираи Монте-Кристо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё