Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XIV. MAZZOLATO
– Ҷанобон, – гуфт граф Монте-Кристо, – узри маро қабул фармоед, ки якум нарафтам ман; тарсидам, ки барвақттар рафта шуморо бесаришта накунам. Ғайр аз ин шумо хабар додед, ки худатон назди ман омаданӣ будаед, бинобар ин мувофиқи хоҳиши шумо рафтор кардам.
– Мо беҳисоб миннатдорем аз шумо, граф, – гуфт Албер, – шумо воқиан ҳам аз вазъияти ногувор раҳо кардед моро. Мо алакай аҷоиб як фойтуне ихтироъ карда истода будем, ки пешниҳоди илтифоткоронаи шуморо расонданд ба мо.
– Ба ҳамааш ин Пастринии каллаварам айбдор, – ҷавоб гардонд граф, ҷавонмардонро ба нишастани рӯи диван даъват карда истода. – Вай аз мушкилоти шумо ҳарфе нагуфт ба ман. Ман бошам, ин ҷо яккаву танҳо монда, барои шиносо шудан бо ҳамсояҳоям фурсат мепоидам. Ҳамин ки дарёфтам, ба шумо мадад расонда метавонистаам, чунон ки дидед, бетаъхир аз маврид истифода бурда, худамро ба шумо арз додам.
Ҷавонмардҳо дар ҷавоби ин гапаш дуқат шуда таъзим карданд. Франс ҳанӯз ягон ҳарфе ба забон наёварда буд; вай дар тараддуд буд: азбаски ваҷоҳати граф ба майли ӯро шинохтан ё шинохта шудани худаш далолат надошт, вай намедонист, ба мулоқоти якумаш ишорат кунад ё далелҳои наверо интизор шуда истад. Ғайр аз ин агар вай итминони комил дошта бошад, ки як рӯз пеш дар нишеман маҳз ҳамин шахсро дидааст, лекин вай наметавонист тасдиқ бикунад, ки ҳамон касест, ки як рӯз пеш аз он дар Колизей буд; бинобар ин қарор дод пешхезӣ накунад ва ба граф чизе нагӯяд. Илова бар ин вай бар Монте-Кристо афзалияте дошт, ки аз сирраш бохабар аст, дар ҳоле, ки ӯ бар Франсе, ки ба ягон чизи пинҳон медоштагӣ эҳтиёҷманд набуд, ҳеч гуна таҳаккуме надошт.
Ба ҳар ҳол вай тасмим гирифт ҷилави суханро ба атрофи чизе кашад, ки баъзе шубҳаву гумонашро аз байн бардошта метавонист.
– Шумо дар каретаи худатон ва дар дами тирезаҳои майдони Росполи ба мо ҷой пешниҳод кардаед, – гуфт ӯ, – пас оё ба мо ёд намедиҳед, ки ба чӣ тариқ, чунон ки дар Итолиё мегӯянд, дар Паттса-дел-Пополо ягон «мақоме» бигирем?
– Э, ҳа, – ҷавоб гардонд бо лаҳни беэътиноёнае, бо диққат ба Морсер чашм дӯхта, – имрӯз дар Пяттса-дел-Пополо, мисле ки қатл барин ягон воқиае рӯй медодагӣ барин?
– Оре, – гуфт Франс, хурсанд аз он, ки худи граф ба мавзӯи матлуб дахл кард.
– Сабр кунед, ман дирӯз мисле ки ба мубоширам фармуда будам ба ин кор машғул шавад; шояд ман дар ин бобат ҳам ба шумо андак хидмате карда тавонам.
Ӯ дасташро тарафи таноб дароз карду се дафъа занг зад.
– Оё шумо ягон вақт дар боби дуруст тақсим кардани вақти худ ва дар боби имконияти осон кардани даву ғеҷи хидматгоронатон андеша кардаед? – гуфт ӯ ба Франс. – Ман ин масъаларо таҳқиқ кардаам: акнун ман ба маҳрам як бор занг мезанам, ба пешхидмати кул – ду бор ва ба мубошир – се бор. Ба ҳамин тариқ ман ягон дақиқаи барзиёдеро исроф намекунам ва ягон калимаи барзиёд ҳам. Ана мубошири ман омад.
Ба хона марди ягон чилупанҷсолае даромад, себи дукан барин монанд ба ҳамон қочоқчие, ки Франсро ба ғори Синдбод дароварда буд, аммо вай ҳеч зоҳир накард, ки ӯро мешиносад. Франс дарёфт, ки фармоиши граф чунин будааст.
– Ҷаноби Бертуччо, – гуфт граф, – оё дар ёд доред, ки ман дирӯз ба шумо фармуда будам дар Пяттса-дел-Пополо тирезае ба даст оваред?
– Оре, ҷаноби воломақом, – ҷавоб гардонд мубошир, – вале азбаски алакай аз ҳад дер шуда будааст...
– Чӣ тавр! – хитоб кард граф, чин ба абрӯ андохта. – Охир ман ба шумо гуфта будам-ку, тиреза ба ман лозим аст?
– Ҷаноби воломақом ба он соҳиб мешаванд, вале азбаски тиреза ба княз Лобинйев иҷора дода шуда будааст, ба ман лозим омад барояш як саду...
– Шуд, шуд, ҷаноби Бертуччо: меҳмонони маро аз муҳаққароти иқтисодӣ бираҳонед; шумо тиреза ба даст овардед – муддао ҳамин буду бас. Суроғаро ба фойтунчӣ бигӯеду моро сари зинапоя нигарон шавед, то ба мо роҳнамоӣ кунед; метавонед биравед.
Мубошир дуқат шуда таъзим намуду тарафи дар баргашт.
– Ҳа, дарвоқеъ, – давом дод суханашро граф, – ҳамчунин илтифот намуда аз Пастрини бифаҳмед, ки «таволетта» гирифтааст ё не ва оё имкон дошта бошад, ки барномаи қатлро ба ман фиристад.
– Ташвиш накашед, – изҳор кард Франс, дафтарчаи қайдашро аз киса бароварда, – ман он тахтачаро худам дидам ва рӯнавис кардам, – мана, нигоҳ кунед.
– Бисёр хуб. Ин тавр бошад, ҷаноби Бертуччо, метавонед биравед, шумо ба ман дигар лозим нестед. Фақат фармоиш кунед, то ба мо хабар диҳанд, ки субҳонаро кай меоранд. Умед дорам, ки шумо маро шарафманд карда ҳамроҳам субҳона мехӯрдагистед? – барафзуд ӯ ба меҳмонон рӯ оварда.
– Лекин, ба ростӣ, граф, – гуфт Албер, – мо аз меҳмоннавозии шумо ин тавр суиистифода карда наметавонем.
– Не, не, баръакс, шумо маро хеле хурсанд мекунед; ягон вақт, шояд яке аз шумо, ё мумкин аст ҳар дуятон, дар Париж қавлини инро гардонед. Ҷаноби Бертуччо, фармоиш кунед, то се даста асбоби таом оранд.
Вай аз дасти Франс дафтарчаи қайдашро гирифт.
– Хӯш, хӯш, – давом дод ӯ бо лаҳни беэътиноёна, мисле ки эълонномаи театрро мехонда бошад: «22 феврал ... қатл барпо мешавад: Андреа Рондоло, ки барои кашиши калисои ҳазрати Иоанни Латеранӣ дон Чезаре Торлинии муътабару мӯҳтарамро куштанаш маҳкум шудааст ва Пеппинои мулаққаб ба Рокка Приори, ки дар шарик будан бо роҳзани манфур Луиҷӣ Вампа ва аҳли дастаи ӯ фош гардидааст...» Ҳм!.. «Аввалӣ mazzolato хоҳад шуд. Сонавӣ decapitato хоҳад шуд». Бале, – барафзуд граф, – аз афташ, ҳама кор ҳамин тавр ҳам бояд мешуд, лекин дирӯз, ба хаёлам, дар тартибу тарзи иҷрои ин тадорукот тағйироте ба амал омад.
– Наход? – гуфт Франс.
– Бале, ман дирӯз аз кардинал Роспилози, ки дина бегоҳ дар хонааш будам, шунидам, ки қатли яке аз ҷинояткорон мавқуф гузошта шудааст.
– Қатли кадомаш? Аз они Андеа Рондоло? – пурсид Франс.
– Не, – ҷавоб гардонд граф, – аз они дигараш... (вай ба дафтарчаи қайд назар андохт, мисле ки номашро ба ёд оварда натавониста бошад) Пеппинои мулаққаб ба Рокка Приори. Ин шуморо аз тамошои гилотина маҳрум мекунад; лекин ба шумо mаzzolаto боқӣ мемонад, ин бошад, ҷудо қатли ғалатӣ, агар кас бори аввал бинад, ҳатто ки бори дуюм ҳам; ҳол он ки гилотина, ки ба шумо вай эҳтимол, шинос бошад, бисёр одӣ аст, аз ҳад якранг, дар он ягон ҳолати ғайри чашмдошт рӯй намедиҳад. Корд намелағзад, намеларзад, хато намеравад, сӣ дафъа ба кор бурда намешавад, мисли он сарбозе, ки сари граф де Шалеро аз тан ҷудо карда буд, гарчи, албатта, мумкин аст, Решелйе ин корафтодро ба ихтиёри диққати махсуси ҷаллод супурда бошад. Не, – давом дод граф ба лаҳни нафратбор, – ҳар гоҳ сухан аз шиканҷа равад, дар пеши ман ҳадиси аврупоиёнро ба миён наёваред; онҳо дар ин кор ҳеч чизро намефаҳманд; дар ҳар коре, ки мутааллиқ ба сангдилист, онҳо тамоман кӯдаканд, ё, аниқтараш, пирони фартутанд.
– Метавон гумон бурд, граф, – гуфт Франс, – ки шумо ба тадқиқи қиёсии тарзи қатл кардани халқҳои мухталифи кураи арз машғул шудаед.
– Ба ҳар ҳол кам тарзи ба қатл расондане ёфт мешавад, ки ман надида бошам, – хунсардона ҷавоб гардонд граф.
– Наход аз дидани чунин манзараҳои даҳшатбор шумо лаззате бардошта бошед?
– Эҳсоси аввали ман нафрат буд, баъд бепарвоӣ, ниҳоят мароқ.
– Мароқ? Чӣ калимаи мудҳише!
– Чаро? Дар зиндагӣ чизи аз ҳама муҳим – марг. Хӯш магар донистани он мароқангез нест, ки ба чӣ тариқ рӯҳ аз тан ҷудо мешавад ва чӣ гуна, тибқи хислату мизоҷ ва ҳатто урфу одати маҳалҳо одамон вопасин интиқоли аз ҳастӣ ба фаноро аз сар мегузаронанд? Ҷуръат мекунам ба шумо итминон диҳам: ҳар қадар кас мирандагонро бештар бинад, ба ҳамон андоза мурдан барояш осон мегардад; аз ҳамин сабаб ҳам ман мӯътақидам, ки марг шояд қатл бошад, вале кафорат нест.
– Ман муддаои шуморо он қадар нафаҳмида истодаам, – ҷавоб гардонд Франс. – Фикратонро шарҳ бидиҳед, шумо тасаввур кардан наметавонед, ки он чи гуфта истодаед, то кадом дараҷа маро машғул медорад.
– Гӯш кунед, – гуфт граф ва ба рӯяш сафро давид, чунон ки ба рӯи дигар касон хун медавад. – Агар ягон касе падари шуморо водор мекард дар зери шиканҷаи гӯшношуниде, дар ранҷу азоби бепоёне бимирад, ё модаратонро, ё маҳбубаатонро, хуллас ягон касе аз ақрабоятонро, ки қаблан аз макнуни дилатон баркандаанду ба ҷояш халои абад ва реши якумр хуншоре боқӣ гузоштаанд, наход шумо гумон мекардед, ки ҷомиа ба шумо қаноатмандии кофие бахшидааст, зеро ки теғи гилотина аз байни устухони буни гардану мушакҳои трапетсияшакли ҷаллод гузаштааст ва оне, ки бо гуноҳаш шумо солҳои тӯлонии азобу шиканҷаи рӯҳониеро пушти сар кардаед, дар зарфи чанд сонияе азоби ҷисмонӣ кашидааст?
– Оре, ман медонам, – ҷавоб гардонд Франс, – адолати одамӣ – тасаллобахши бад аст; ин адолат метавонад ба ивази хун хун резад вассалом; набояд аз он бештар чизеро талаб кард, ки дода метавонад.
– Ва ман боз аз он вазъияте сухан меронам, – давом дод граф, – ки ҷомиаи аз куштори яке аз аъзояш то ба таҳту бунёдаш ба тазалзул афтода ба ивази марг марг пеш меорад. Аммо миллионҳо азобу шиканҷаи дили инсонро абгоркунандае ҳастанд, ки ҷомиа аз онҳо сарфи назар мекунад ва барояш ҳамин ҷомиа ҳатто ба он тариқи ғайри қаноатбахш ҳам интиқом намегирад, ки аз хусусаш ҳамин ҳоло сухан рондем мо. Магар ҷиноятҳои аз шиканҷаи мудҳиштари ба сари хода шинондани туркҳову пайкашӣ кардан мустаҳкамтаре вуҷуд надоранд, ки дар байни баъзе қавмҳои ҳиндиёни Амрико маъмул аст, ҳол он ки ҷомиаи бепарвофалак онҳоро беҷазо мегузорад?.. Бигӯед, магар нестанд чунин ҷиноятҳое?
– Ҳастанд, – ҷавоб гардонд Франс, – ва дуэлро ҳам ана барои ҳамин таҳаммул мекунанд.
– Дуэл! – нидо зад граф. – Чӣ ҷои гап, василаи бисёр хуби ба мақсад ноил шудан, даме ки ин мақсад интиқом аст. Марде дилдодаатонро дуздидааст, занатонро аз роҳ баровардааст, ба номуси духтаратон таҷовуз кардааст; умру рӯзи шуморо, ки аз худованд умеди саодат доштед, саодате, ки ба ҳар як офаридааш ваъда дода буд, ин шахс ба азобу шиканҷа, ба бенангӣ табдил додааст! Ва шумо интиқоми худро кашида ҳисоб мекунед, агар ин шахсеро, ки майнаи шуморо ба беақлӣ водоштаасту қалбатонро ба навмедӣ, шамшер ба синааш халонед ё тире ба пешонааш занед? Монеде! Инашро ҳам ба ҳисоб нагирем, ки вай гоҳо дар набард дастболо шудаву дар чашми аҳли олам бегуноҳ ҷилва мекунад ва бо ҳамин гӯё аз тарафи худо маоф мешавад. Не, не, – давом дод муҳокимаашро граф, – агар ягон вақте интиқом гирифтан ба ман насиб гардад, ман ин тавр интиқом намегирам.
– Ҳамин тариқ, шумо дуэлро рад мекунед? Ба набард кардан розӣ намешавед? – пурсид дар навбати худ Албер, аз назарияи ғалатии граф ба ҳайрат афтода.
– Не, барои чӣ? – гашта гуфт граф. – Мақсади маро бифаҳмед: ман барои як пула чиз набард мекунам, барои таҳқир, барои ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда шуданам, барои торсакӣ хӯрданам ва хусусан бо хотири ҷамъ дар набард мешавам, ки ба туфайли дар машқҳои ҷисмонӣ санъате ҳосил карданам ва солҳои зиёде дар зери хавфу хатар умр ба сар бурданам метавонам шубҳаеро ба дил роҳ надиҳам, ки ҳарифи худро хоҳам кушт. Бадеҳист, ки барои ин ҳама набард хоҳам кард; аммо барои дарду алами амиқе, тӯлоние ва бе ҳадду каноре, якумрие айнан ба ҳамон насақ ҷавоб мегардонам, – ба ҷуз бад набошад мукофоти бад, чунон ки гуфтаанд аҳли Шарқ, муаллимони азалии мо, ин мардуми баргузида, ки зиндагиро ба хобу хаёлу воқеиятро ба биҳишти рӯи замин мубаддал карда тавонистаанд.
– Лекин ба хаёлам, – дар ҷавоби сухани графт гуфт Франс, – азбаски шумо дар кори худатон дар як вақт ҳам довар мешаведу ҳам ҷаллод, дар ҳадди қонун қарор гирифтану ба таҳаккуми он наяфтоданатон душвор мегардад. Адоват кӯр аст, ғазаб беандеша ва ҳар ки аз интиқом лаззат бурданӣ мешавад, хатари он дорад, ки талхком бишавад.
– Ҳа – агар вай нодор асту беақл; не – агар вай соҳиби миллионҳосту баақл аст. Воқиан, дар ноомади кор фақат хатари ба қатл расидан аст ӯро, қатле, ки ҳамин ҳоло аз хусусаш сухан рондем ва инқилоби инсонпарваронаи фаронсавӣ ба чорлахту пора-пора кардан табдилаш дод. Барои вай қатл чӣ қурб дорад, ки интиқомашро ситондааст? Ростӣ, қариб ҳайфам меояд, ки ин Пеппинои бечора, аз афташ, чунон ки онҳо таъбир кардаанд, «decapitato» намешавад; шумо медидед, ки чӣ қадар вақт мегирад ин ва оё кирои гап дорад. Лекин, ба ростӣ, ҷанобон, чӣ сӯҳбати ғалатие барои рӯзи нахусти карнавал! Аз чӣ сар шуда буд ин сӯҳбат? Э, ҳа, ба ёдам расид! Шумо изҳори хоҳиш кардед, ки дар дами тирезаи ман ҷое дошта бошед; вале пеш аз ҳама сари дастархон мешинем, зеро, ба гумонам субҳона муҳайёст.
Дар воқеъ, яке аз чор дари хонаи меҳмонпазироӣ боз гардид ва нӯкари ворид шуда алфози маъмулиеро ба забон овард:
– Al suo commodo Ҷавонмардҳо бархостанду ба хонаи таомхӯрӣ гузаштанд.
Дар сари субҳонаи аълосифату дастархонаш латиф ороишёфта Франс саъй дошт нигоҳи Алберро дарёбад ва таассуротеро, ки аз суханони соҳибхона бардоштагист, вай ба ин шак надошт, дар чашмонаш бихонад; лекин, магар аз он бошад, ки аз рӯи табиати фориғболиаш ба ин ҳама чандон эътибор надодагист, ё аз он бошад, ки гузашт кардани граф Монте-Кристо дар масъалаи дуэл Алберро ба вай ҳамфикр кардааст ва ё ниҳоят, аз он бошад, ки ҳолатҳои пеш аз ин ба вуқӯъ пайвастаи танҳо ба Франс аён, ки моҳияти ақоиди баён кардаи графро фақат барои ӯ афзуда буданд, – ба ҳар ҳол ӯ пайхас накард, ки ҷӯрааш аз чизе ба изтироб омада бошад, баръакси ин, вай ҳамчун касе, ки дар давоми тақрибан панҷ моҳ маҷбур буд ба атъимаи итолиёӣ қаноат кунад, ки ба қарори маълум, дар ҷаҳон яке аз бадтаринҳост, бо майли хотир таомҳои рӯи дастархони субҳонаро мазза карда мехӯрд. Лекин худи граф, қариб, ки ба онҳо даст намерасонд; ба назар чунин мерасид, ки вай фақат ба риояти одоб ҳамроҳи меҳмонҳояш сари дастархон нишастааст ва хеста рафтани онҳоро нигарон аст, то бифармояд барояш ягон таоми ғалатӣ ё махсусе биёваранд.
Ин беихтиёр даҳшати графиня Г. ва итминони ӯро, ки граф, яъне шахси дар нишемани рӯбарӯ буда вампир аст – ба ёди Франс овард.
Фориғи субҳона Франс ба соат нигарист. – Чӣ гап? – пурсид аз ӯ граф.
– Маъзур доред моро, граф, – ҷавоб гардонд Франс, – вале мо боз як дунё кор дорем.
– Чӣ гуна кор будааст?
– Мо ҳоло пӯшок надорем, имрӯз бошад, пӯшок ҳатмист.
– Аз ин хусус ғам нахӯред. Дар Пяттса-дел-Пополо, зоҳиран, хонаи мо алоҳида аст; ман мефармоям, ҳар гуна пӯшоке хоҳед, мебаранд ва мо дар худи ҳамон ҷо пӯшокамонро бадал мекунем.
– Магар баъди қатл? – нидо зад Франс.
– Бадеҳист, баъдтар, пештар ё ҳини қатл, кадомаш ки маъқул бошад. – Зеркундаи қатлро дида истода?
– Зеркундаи қатл дохили барномаи ҷашн аст.
– Медонед, граф, ман аз раъйам гаштам, – гуфт Франс, – аз илтифоткории шумо ман бисёр миннатдорам, вале ба ҷой дар каретаи шумою дами терезаи қасри Росполи қаноат мекунам ва хоҳиш ин аст, ки ҷои маро дар Пяттса-дел-Пополо истифода баред.
– Лекин бояд шуморо огоҳ кунам, ки бо ин кор худатонро аз тамошои ғалатие маҳрум мегардонед.
– Шумо ҳикоят мекунед ба ман, – гашта гуфт Франс, – ва ман итминон дорам, ки шунидан аз забони шумо ба ман на камтар аз он таассурот мебахшад, ки агар ба чашми худ бинам онро. Воқиан, аз ин пеш ҳам ман чанд дафъа хоста будам қатл карданро бубинам, ҳеч ҷуръат карда натавонистам; шумо чӣ, Албер?
– Ман қатли Кастенро дида будам, – ҷавоб гардонд виконт, – лекин, ба хаёлам, сархуш будам; ин дар рӯзи хатми колеж буд ва мо шабро дар кадом-як майхона гузаронда будем.
– Агар шумо ягон корро дар Париж накарда бошед, ин ба он боис шуда наметавонад, ки онро дар кишварҳои бегонае накунед, – гуфт граф, – Кас сафар мекунад, ки донише ба даст оварад; аз ҷое ба ҷое меравад, ки чизи наве бинад. Андеша кунед, чӣ қадар шарм медоред, агар аз шумо бипурсанд: «Дар Рим чӣ тавр ба қатл мерасонанд?», вале шумо ҷавоб медиҳед, ки «намедонам». Ғайр аз ин, мегӯянд, ки маҳкумшуда хабиси гузаро будааст, нобакоре, ки бо дегпояи сангӣ кашиши мӯҳтарамеро куштааст; кашиш ӯро мисли писари худаш тарбият карда будааст. Ҷин занад, вақте кас шахсияти рӯҳониеро куштанӣ мешавад, лозим меояд силоҳи андак дурусттаре интихоб кунад, на ин ки дегпоя, хусусан агар ин шахсияти рӯҳонӣ, мумкин аст, падари кас бошад. Агар шумо дар Испониё саёҳат мекардед, шумо ба тамошои говҷанг мерафтед, гапам дуруст аст? Хӯш фарз кунед, ки мо ба тамошои говҷанг меравем; сирки римиёни қадимро ба ёд оваред, сайдеро, ки сесад шерро мекушанду ягон сад одамро. Ҳаштод ҳазор тамошогарони кафкӯбандаро ба ёд оред, бонувони обрӯмандеро, ки духтарони наварӯсашонро ҳамроҳ меоваранд, коҳинаҳои бокираи малламӯи дилрабоеро, ки бо ангуштакони нозукашон ишорат карда мегуфтанд: «Хӯш, коҳилӣ накунед, зудтар кори ин касро тамом кунед, бе ин ҳам қариб ки ҷон аз танаш баромадааст».
– Шумо меравед, Албер? – пурсид Франс.
– Эҳтимол; ман ҳам, мисли шумо дудила будам, аммо фасоҳати гуфтори граф маро моил кард.
– Хӯш меравем, агар шумо хоҳиш дошта бошед, – гуфт Франс, – аммо сари роҳи Пяттса-дел-Пополо ман мехостам Корсоро бинам. Оё имкон дошта бошад ин?
– Пиёда-ҳа, каретасавор-не.
– Хӯш ман пиёда меравам.
– Лекин Корсоро дидани шумо зарур аст?
– Бале, ба ман он ҷо баъзе чизҳоро дидан лозим.
– Хуб шудаст, пои пиёда ба Корсо меравем, вале карета аз виа-делБабуино гузашта, моро дар Пяттса-дел-Пополо нигарон хоҳад шуд; худи ман ҳам муқобил нестам, ки қадамзанон аз Корсо гузаштаву бинам, баъзе фармоишотамро ба ҷо овардаанд ё не.
– Ҷаноби воломақом, – ба арз расонд, дарро кушода, нӯкар, – кадомяк шахси либоси зиёратгар пӯшидае иҷозати бо шумо гуфтугӯ кардан мепурсад.
– Ҳа, медонам, – гуфт граф, – Ҷанобон, оё майли ба меҳмонхона гузаштан надоред? Он ҷо шумо дар рӯи миз сигорҳои аълосифати гаванӣ хоҳед ёфт... Баъди ягон дақиқа гашта наздатон меоям.
Ҷавонмардҳо баромаданду аз яке аз дарҳо даромаданд, дар ин миён граф, бори дигар дар пеши онҳо маъзарат хоста, аз дари дигаре берун рафт. Албери ишқбози сигорҳои нағз, ки набудани сигорҳои Кафе де Париро барои худаш маҳрумияти азиме меҳисобид, назди миз рафту «пурос»-и ҳақиқиро дида, аз шодӣ нидо зад.
– Хӯш, – суол кард аз ӯ Франс, – дар бораи граф Монте-Кристо чӣ андеша доред?
– Дар бораи ин шахс чӣ андеша дорам? – ҷавоб гардонд Албер, аз чунин саволе додани ҷӯрааш сахт ҳайрон шуда. – Андеша мекунам, ки марди ниҳоят хуб будааст, хоҷаи меҳрубоне, ки бисёр кишварҳоро дидааст, бисёр чизҳоро тадқиқ кардааст, бисёр андеша рондааст ва чун Брут мансуб ба мактаби равоқиюн аст, ба замми ҳамаи ин бошад, – барафзуд ӯ, бо ҳавас дуд аз даҳон сар дода, дуде, ки тоб хӯрда ба шитф мебаромад, – сигорҳои кори калон доштааст.
Чунин буд ақидаи Албер дар бораи граф. Ва азбаски Албер ҳамеша таъриф карда мегашт, ки дар бораи ҳар касу ҳар чиз фақат баъди хуб андеша кардан ба хулосае меояд, Франс кӯшиш ҳам накард, ки ба вай мухолифат кунад.
– Оё шумо ба як ҳолати ҷудо ҳам тааҷҷубовар таваҷҷуҳ накардаед? – гуфт ӯ.
– Чӣ гуна ҳолат?
– Ин қадар бо диққат ба шумо нигаристанашро пайхас накардед?
– Ба ман?
– Оре, ба шумо.
Албер ба андеша рафт.
– Ҳайҳот, – гуфт ӯ оҳ кашида, – ин ҳеч ҷои тааҷҷуб надорад. Ман як сол мешавад, ки аз Париж берун омадаам, ва эҳтимол, пӯшокам либоси тани хӯса барин намудагист. Граф бояд маро ягон музофотое пин дошта бошад. Ӯро аз гумонаш бароред, азизам ва дар аввалин мавриде, ки рост меояд, бигӯедаш, ки ин ҳаргиз чунин нест.
Франс табассум кард. Баъди ягон дақиқа граф гашта омад.
– Мана омадам ман, ҷанобон ва билкул дар хидмати шумоям, – гуфт ӯ. – Фармоиш шуд; карета ҷониби Пяттса-дел-Пополо равон гардид, вале мо аз роҳи Корсо меравем ба он ҷо, агар хоҳишатон ҳамин бошад. Камтар сигор гиред, ҷаноби де Морсер.
– Бо камоли майл, граф, миннатдорам, – ҷавоб гардонд Албер, – сигорҳои итолиёӣ аз фаронсавӣ ҳам бадтаранд. Даме ки ба Париж омадед, қусурашро мебарорам.
– Не намегӯям; умед дорам, ки ягон вақт дар Париж шавам ва, бо иҷозати шумо, ба наздатон меравам. Хӯш, дӯстон, фурсат танг, соат алакай дувоздаҳу ним шудааст. Рафтем!
Ҳар сеяшон поён фуромаданд. Фойтунчӣ ба охирин фармоишоти хоҷааш гӯш карда истоду ба роҳи виа-дел-Бабуино ҳай кард, вале графу ҷавонмардон аз роҳи виа Фраттин тарафи Пяттса ди Спаня равон шуданд, ки онҳоро аз байни қасри Фиано ва қасри Росполи ба Корсо баровард.
Франс чашмонашро чор карда ба тирезаи ин қаср менигарист; ӯ ишорати шартиеро, ки дар Колизей миёни шахси транстеверию марди боронипӯш аҳд шуда буд, аз хаёлаш дур намекард.
– Кадоме аз ин тирезаҳо аз они шумоянд? – пурсид ӯ аз граф то метавонист бо лаҳни табиие.
– Се тирезаи охирин, – ҷавоб гардонд ӯ бо бепарвоии табиӣ, маънои воқеии суолро пай набурда.
Франс зуд чашм давонд ба тирезаҳо. Ба тирезаҳои ду тараф пардаи зард кашида шуда буду ба тирезаи мобайнӣ бошад – пардаи сафеди салиби сурхдор.
Марди боронипӯш дар қавлаш устувор мондааст ва дигар ҷои шубҳа намонд: марди боронипӯш граф Монте-Кристо будааст.
Ҳар се тиреза ҳоло холӣ буданд.
Дар ҳама ҷо аз ҳоло ба карнавал тайёрӣ дида, курсӣ мегузоштанд, тахтапул месохтанд, пардаи тирезаҳоро мекашиданд. Ниқобҳо ҳад надоштанд, ки намоён шаванд, вале фойтуну каретаҳо – равон шуданд, то ин ки ноқус фурӯ кӯфта нашавад; аммо ниқобҳо дар паси тамоми тирезаҳо пай бурда мешуданду фойтуну каретаҳо – дар паси ҳама дарвозаҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё