Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Франс, Албер ва граф ҳамчунин аз Корсо равон буданд. Ҳар қадаре, ки онҳо ба Пяттса-дел-Пополо наздиктар мерафтанд, ҳамон қадар анбӯҳи мардум зиёда мешуд. Дар болои сари халоиқ дар миёнҷои майдон сутуни сангие, ки салибе онро оро медод, намоён буд, вале дар ҷои ба ҳам омадани се кӯча – Бабуино, Корсо ва Рипетта – ду сутуни паҳлуи зеркунадаи қатл, ки дар байни онҳо теғи нимдоираи гилотина ҷило медод.
Дар гардиши кӯча онҳо мубошири графро диданд, ки хоҷаи худашро нигарон буд.
Тирезае, ки зоҳиран ба арзиши аз ҳад зиёде иҷора шуда буду граф намехост меҳмонон инро донанд, дар ошёнаи сеюми қасри калон байни виа дел Бабуино ва Монте Пинчо воқеъ гардида буд. Утоқ хонаи меҳмонпазироии занона барин манзиле буд, ки ба хонаи хоб дар дошт; дари хонаи хобро баста, каси дар меҳмонхона буда худашро дар манзили алоҳида ҳис мекард. Болои курсиҳо пӯшоки аз атласи кабуду сафеди ниҳоят базеби ширинкорон таҳ карда монда шуда буд.
– Азбаски шумо ба изн додед пӯшокро худам интихоб кунам, – гуфт граф ба ҳар дуи ҷӯраҳо, – ман фармоиш кардам, то ана инҳоро барои шумо тайёр карда монанд. Аввалан барои соли ҳозира инҳо мӯдтарин пӯшоканд, сониян, барои пулакчапошӣ инҳо қулаянд, зеро хока намоён намешавад.
Гапи граф қариб ки ба гӯши Франс намедаромад ва, шояд ҳатто вай ба қадри меҳрубонии граф чандон намерасид; ҳушу ёдаш ба он манзарае банд буд, ки дар Пяттса-дел-Пополо барпо шуда истода буд ва ба он дастгоҳи даҳшатборе, ки дар ин соат асбоби зинати асосии он ҷо буд.
Франс дар умраш бори аввал гилотинаро медид; мо барои он гилотина мегӯем, ки mandaia-и римӣ ба дастгоҳи марги фаронсавӣ хеле шабеҳ буд. Айнан ҳамон хел теғи ҳилолмонанде, ки тарафи барҷастааш буранда буд, вале аз баландии пасттаре фурӯ меафтод, – фарқаш ана ҳамин.
Ду кас рӯи тахтаи вошавандае, ки шахси маҳкумшударо бар он мехобонанд, дар интизории қатл нишаста лунҷак мезаданд – он тавре, ки Франс муқаррар карда тавонист – нону ҳасиб мехӯрданд онҳо. Яке аз он ду кас тахтаро бардошту аз он ҷо қумқумаи майро бароварда як ҷуръа гирифт ва қумқумаро ба шарикаш дод; инҳо дастёри ҷаллод буданд.
Ба онҳо нигариста, Франс ҳис кард, ки аз бехи мӯйҳои сараш арақ баромада истодааст.
Маҳкумшудагон як рӯз пеш аз ҳабсхонаи Нав ба калисои СантаМария-дел-Пополо оварда шуда буданд; онҳо ҳар кадомашон бо ду марди рӯҳоние, ки ба истиқболи марг омода мекардандашон, дар калисочаи бо шамъҳои бешумор чароғон гардидаи дами дараш посбонони ҳар соат бадалшавандаи беист пешу қафо қадамзананда шабро ба рӯз оварданд.
Ради дуқатораи жандармҳо аз дари калисо то қатлгоҳ саф кашидаву онро доирашакл иҳота карда, ягон даҳ фут ҷои гузаштанро холӣ монда буданд, дар атрофи гилотина бошад, – доирае холӣ монда буд, гирдогирдаш ягон сад қадам меомад. Дигар ҳама ҷои майдон аз издиҳом пур буд. Бисёр занон кӯдаконашонро сари китф бардошта меистоданд, ки аз он ҷо ин тамошобинони хурдсол қатлгоҳро бемалол медиданд.
Монте Пинчо гӯё амфитеатре буд, ки дар зинаҳояш халоиқ нишастаанд; балконҳои ҳар ду калисо, гӯшаҳои виа-дел-Бабуино ва виа-диРипетта аз мардуми соҳибимтиёз лаболаб пур буд; пиллагони айвончаи даромадгоҳи ҳар ду калисо амвоҷи баҳреро ба ёд меовард, ки мадди пайдарпай ба сӯи айвон тела медодашон; ҳар барҷастагии девор, ки дар паҳнояш як кас гунҷоиш меёфт, барои муҷассамаи зиндае ба сифати пойгоҳи ҳайкал хидмат мекард.
Дурустии суханони граф собит мешуданд: маълум, ки дар зиндагӣ аз марг ҷолибтар тамошое набудааст.
Лекин дар ин миён ба ҷои хомӯшие, ки мебоист шоистаи ҳоли воқиаи рӯз буда бошад, аз миёни мардум шавқуну мағале бармеомад, ки омехтаи қаҳ-қаҳи хандаю ҳою ҳуи тарабомезе буд; аз афташ дар ин бобат ҳам ҳақ ба ҷониби граф будааст: қатл барои издиҳом ҷуз оғози карнавал чизи дигаре набудааст.
Нохост, гӯё бо як имо, шавқун фурӯ нишаст, дарҳои калисо боз гардиданд.
Пеш-пеш ихвони тоиби заввор берун омаданд, ки халтаҳои ҷои ду чашмашон бурида шударо ба сар кашидаву шамъҳои фурӯзоне дар даст доштанд; пеш-пеши ҳама сари ихвон қадам мезад.
Аз паси заввор марди ниҳоят қадбаланде меомад. Вай, агар шалвори кӯтоҳи карбосашро ба ҳисоб нагирем, бараҳна буд; дар паҳлуи чапаш корди калони дар ғилоф овезон; дар китфи росташ шашпари вазнини оҳаниеро бардошта меомад. Ин ҷаллод буд.
Дар пои ӯ шиппакҳои аз буҷулак ресмонбанд карда шудае буд.
Аз паси ҷаллод, ба тартибе, ки аз рӯи он бояд ба қатл расонда мешуданд, Пеппино ва Андреа меомаданд.
Ҳар кадоми онҳоро дутоӣ марди рӯҳонӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Чашмони ҳам инашу ҳам онаш бастагӣ набуд.
Пеппино бо қадамҳои хеле устувор роҳ мегашт; аз афташ, алакай огоҳаш кардаанд, ки чӣ оқибате ӯро нигарон аст.
Андреаро мардони рӯҳонӣ аз зери бағалаш дошта меоварданд. Маҳкумшудагон сари чанд гоҳ таслиберо, ки мардони рӯҳонӣ ба лабашон мерасонданд, бӯса медоданд.
Фақат аз дидани онҳо Франс ҳис кард, ки мадори пойҳояш хушк шуда истодааст; вай ба Албер назар кард. Ранги рӯи ӯ аз судрааш ҳам сафедтар кандагӣ, бо ҳаракати бешуурона сигорро ҳаво дод, агар чи фақат то нисфаш кашида буд онро.
Фақат як худи граф осуда буд. Зиёда аз ин, ба чеҳраи мурдавор рангпаридааш андак сурхие давидааст.
Почакҳои биниаш, ба мисли ҷонвари дарандае, ки хунро пай бурдааст, фарохтар шуданд, вале лабони нимроғаш қатори дандонҳои чун дандони шағол сафеду тезашро намоиш медоданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дар чеҳрааш ифодаи лутфу навозиши муҳибворе аксандоз буд, ки Франс то ба ҳол инро дар симои ӯ пайхас накарда буд; хусусан чашмони нигоҳашон нарму меҳрубонаш ҳайратбахш буданд.
Дар ин миён маҳкумшудагон ба қатлгоҳ наздик шуданд ва ин дам чеҳраҳояшонро ба чашми муоина дидан мумкин буд. Пеппино як бачаи зебои гандумгуни тақрибан биступанҷсолаи нигоҳаш бетакаллуфи аз мардум канораҷӯе буд. Ӯ сарашро баланд медошт, мисле ки нигарон бошад, раҳоӣ аз кадом сӯ мерасад.
Андреа ғафсу пакана буд; аз рӯи чеҳраи манҳусу бераҳмаш муқаррар кардани синнаш душвор буд; ягон сисола тахмин метавон кардаш. Дар ҳабсхона риш мондааст. Каллааш яктарафа ғалтидагӣ, пойҳояш бефараҳ буданд; ба назар чунин мерасид, ки танаш итоаткорона ва ғайри ихтиёр, бидуни ирода ҳаракат дорад.
– Шумо, ба хаёлам, гуфта будед, ки фақат яктоашонро қатл мекунанд, – гуфт Франс ба граф.
– Ва ман дурӯғ нагуфтаам ба шумо, – сард ҷавоб дод ӯ.
– Ҳол он ки маҳкумшудагон ду нафаранд.
– Лекин як нафарашон анқариб ба марг асту дигараш боз солҳои зиёде умр мебинад.
– Ба назари ман, агар ӯро афв карданӣ бошанд, ҳоло айни вақт аст.
– Ҳамин тавр ҳам мешавад; нигоҳ кунед, – гуфт граф.
Воқиан ҳам, дар ҳамон дақиқае, ки Пеппино ба пояи дор расида буд, заввор, ки аз афташ, касе бознамедошташ, андак ҳаял карда, аз миёни силсилаи сарбозон гузашта, ба назди сари ихвон расиду коғази чорқат карда шудаеро ба ӯ дод.
Аз нигоҳи шӯълавари Пеппино ягон ҷузъиёти ин саҳна барканор намонд; сари ихвон коғазро кушод, бихонд ва даст боло кард.
– Дуруд ба парвардигору сано ба ҳазрати папа! – баланду босароҳат ба забон овард ӯ. – Яке аз маҳкумшудагон афв гардидааст.
– Афв гардидааст! – нидо зад издиҳом ба як овоз. – Яке афв гардидааст!
Калимаи афвро шунида, Андреа рӯҳбаланд шуду сар боло кард.
– Афвгардида кист? – нидо зад ӯ.
Пеппино хомӯш, базӯр нафас бароварда, дар ҷояш шах шуд.
– Афвгардида Пеппинои мулаққаб ба Рокка Приори, – гуфт сари ихвон.
Ва ӯ коғазро ба сардори жандармҳо дод; вай онро бихонду баргардонид.
– Пеппино афв гардидааст! – дод зад Андреа, дар як он аз ҳолати карахтӣ берун омада. – Барои чӣ маро нею инро афв кардаанд? Мо бояд ҳар ду мемурдем; ба ман ваъда шуда буд, ки вай пеш аз ман мемирад; шумо ҳақ надоред, ки як худи маро кушед, ман намехоҳам танҳо бимирам, намехоҳам!
Вай аз дасти мардони рӯҳонӣ халос хӯрданӣ мешуд, ақлбохтагон барин печу тоб мехӯрд, нолиш мекард, наъра мекашид ва зӯр мезад ресмони дастонаш бастаро барканад.
Ҷаллод ба дастёронаш имо кард, онҳо аз сари дорпоя ҷаста фуромаданду маҳкумшударо доштанд.
– Чӣ воқиа рӯй дода истодааст он ҷо? – пурсид Франс, ба граф рӯ оварда.
Азбаски ҳама ба шеваи римӣ ҳарф мезаданд, ӯ дуруст нафаҳмид, ки чӣ гап шудааст.
– Чӣ воқиа рӯй дода истодааст он ҷо? – такрор кард граф. – Магар худатон пай намебаред? Ин кас, ки ҳамин ҳоло мемирад, аз он мағал дорад, ки каси дигар ҳамроҳаш намемурдааст; агар ба вай рухсат медоданд, бо нохуну бо дандон медарид ӯро, коре мекард, ки ҷонашро бигирад, ҷонеро, ки худаш маҳрум мешавад аз он. Оҳ мардум, мардум! Зодагони тимсоҳ, чунон ки фармудааст Карл Моор! – хитоб кард граф дар болои сари издиҳом муштафшонӣ карда. – Ман мешиносам шуморо, дар ҳама давру замонҳо ба худатон лоиқ будед шумо.
Андреаю дастёрони ҷаллод дар рӯи замини пурхок тагурӯ мешуданд ва маҳкумшуда ҳамчунин дод мезад; «Вай бояд бимирад! Ман мехоҳам, ки вай бимирад! Шумо ҳақ надоред, ки як худи маро бикушед!»
– Тамошо кунед, – гуфт граф, аз дасти ҷавонмардон дошта, – тамошо кунед, зеро савганд мехӯрам ба шумо, ки ин кирои тамошост; мана, одаме, ки ба қисматаш тан дода буд, одаме, ки ба сӯи зеркундаи қатл мерафт, ки ба мурдан тайёр буд, дуруст аст, ки чун буздиле, вале бе муқобилату шиква. Ой медонед, чӣ ба вай қувват бахшида буд? Чӣ тасалло медодаш? Оё медонед, барои чӣ вай бе чуну чаро нигарони қатл буд? Барои он ки ҷони дигаре низ дар азоб буд; барои он ки дигаре пеш аз вай бояд мемурд! Ду гӯсфандеро ба куштан баред, ду говро ба саллоххона баред ва ба якаш фаҳмонед, ки шарикаш намемурад;
гӯсфанд аз шодӣ маос мекашад, гов аз саодат бонг мезанад, аммо одам, ки ба шаклу сурати худованд офариниш ёфтааст, одаме, ки худо ба сифати қонуни олии аввалиндараҷаву ягона меҳр варзиданро фармудааст нисбат ба ақрабои худаш, одаме, ки худо ба вай забон ато кардааст, то ибрози фикр бикунад, – чӣ гуна бошад нахустин бонгаш, даме бифаҳмад, ки шарикаш наҷот ёфтааст? Дуои бад. Ҳамду сано ба одам, тоҷи сари табиат, шоҳи махлуқот!
Сипас граф ханда кард, вале хандааш чунон даҳшатбор буд, ки ба ин тарз фақат касе ханда мекунад, ки беҳад азоб кашидааст.
Дар ин миён часпу талош дар пеши гилотина давом дошт; нигаристан ба он тоқатфарсо буд. Дастёрони ҷаллод Андреаро сӯи пояи дор кашола мекарданд; вай издиҳомро яксара бар зидди худаш шӯронда буд ва аз бист ҳазор даҳон садо мебаромад: «Қатл кунед! Қатл кунед ӯро!»
Франс такон хӯрд; вале граф аз дасташ гирифту пеши тиреза дошта истод.
– Ба шумо чӣ шуд? – пурсид вай аз ӯ. – Ба вай дилатон сӯхт? Ҳоҷати гап не, дилсӯзии бамаврид! Агар шумо мефаҳмидед, ки дар зери тирезаатон саги ҳоргирифтае тохта гаштааст, шумо туфангро гирифта, ба кӯча метохтеду бе ҳеч раҳму шафқат ҷонвари бечораро мепарондед, ҷонваре, ки аслан айбаш фақат ин аст, ки варо дигар саги ҳоргирифтае газидааст ва ҳоли он ҳам чунин хоҳад буд, ин ҷо бошад, дили шумо ба касе месӯзад, ки варо ҷонваре нагазидааст ва бовуҷуди ҳамин валинеъмати худро куштааст ва акнун, даме ки худаш аз куштан оҷиз аст, чун ки дастонаш бастагист, бехудона марги шарики ҳаммаҳбасашро талаб дорад, шарики ҳамқисмати бадбахташро! Не, нигоҳ кунед, нигоҳ кунед!
Талаби граф ки зиёдатӣ буд: Франс аз манзараи даҳшатбор чашм канда наметавонист. Дастёрони ҷаллод маҳкумшударо ба қатлгоҳ кашола карда бурданду қатъи назар аз лагат задану газидану фиғонаш ӯро маҷбур карданд ба зону афтад. Ҷаллод шашпарро омода дошта, дар паҳлуяш истод; бо имои вай дастёрон дур шуданд. Маҳкумшуда хост нимхез шавад, вале фурсат наёфт: шашпар бо садои баста ба чаккаи чапаш зад; Андреа сарпарӯ афтод, мисли буққа, баъд рӯболо гашт. Он гоҳ ҷаллод шашпарро партофту кордро баркашид, бо як зарба гулӯяшро дарбурид, рӯи шикамаш баромад ва бо пояш ӯро зер кардан гирифт. Баробари ҳар бор пахш кардани по аз гардани мақтул хун фаввора зада мебаромад.
Франс натавонист дигар тоқат биёварад; вай худро ба дарунтари хона андохту қариб ки мадҳуш рӯи курсии нарм фурӯ афтод.
Албер, чашмонашро пӯшонда, сахт аз пардаи тиреза дошт.
Граф, ба мисоле, ки тимсоли фотеҳи бадӣ бошад, сар боло карда рост меистод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё