Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дирӯз буд, ки Асрор ҳамаи китобҳояшро ба нархи арзон ба пистафурӯш фурӯхт ва хушҳол буд аз чунин амалаш. Аҷаб метобад ба нигоҳи духтар, ки Асрор агар биранҷонадаш, худаш ҳатман хурсанд мешавад. Ба қавле тамошои андӯҳи Ҷарира олам-олам хушбахтияш ато мекунад.

Осмонро, ки абрҳои сиёҳ печонида буд, Ҷарира ҷадал дошт то боридани борон ҳавлиро бирӯбад, аммо афсӯс мӯрчаҳо мурданду борон борид. Борони бисёр борид. Ашк дили осмонро мешикофту духтар эҳсос мекард, ки он ҳамранги дили вай шуда. Борон мебориду орзуҳои духтарро мебурд.

Гӯиё аз орзуҳои Ҷарира осмон синаҳои шикофшудаашро пур мекард, то аз рисолати азалияш дур набошаду қисматаш тақсим нашавад. Барои бунёди бебунёдӣ духтар орзуҳояшро гӯр мекарду мисоли соя фақат таъқиб дошт. Фикр мекард, ки орзуи модар гул бикард, бигзор гули орзуяш бишукуфад. Магар наметавон чунин ормонро барои модар ҳадя бикард! Фақат модар паноҳаш медод, муҳаббаташ вуҷуди ӯро нерӯ мебахшид, чунки Ҷарира ҳис мекард фақат модараш баҳонасози зиндагияш аст.

Аммо чӣ гарон афтод гули орзуи модар! Барои Ҷарира зиндагӣ буду барои нафаре адои қарз. Аҷаб қисматҳое... Замоне, ки ҳанӯз Ҷарираро Пошшоча мегуфтанду лӯхтакбозӣ дошт, гӯиё аллакай қисматаш ҳал шуда...

Зане панҷ фарзанд дошт. Ду писар, се духтар. Ба писари калонияш ду бор арӯс оварду бо баҳонаҳои бисёре ҳарду аз ҳавлияш пеш кард. Писари хурдиро низ бо зани тотораш аз ҳавлӣ ронд. Чун шавҳараш вафот кард, худ танҳо монд, аммо писарҳояш дар дуриҳоянд. Маҷбур духтаронашро ба наздаш даъват кард.

Духтари хурдӣ ба ҳавлии модар кӯчиду онро ҳамроҳи шавҳараш обод кард.

Баъди чанд соли адои ҳукм бародараш Асрор баргашт. Модар ӯро бо Ҷарира хонадор кард.

Хоҳарбузурги Асрор ба тағоии Ҷарира ҳамсар буд, яъне Ҷарира ба як ҳисоб бо шавҳар аз ҷониби додари модар пайванди хешӣ дошт ва ҳамин пайвандро далел оварда, модар хушбахтии

Ҷарираро хушбинӣ мекард, ҳарчанд дили духтар аз тирагию сиёҳии номаълуме фишор мехӯрду андӯҳолуд мешуд.

Ва чун арӯсӣ карду қадам бар хонаи шавҳар гузошт, саҳифа-саҳифа корномаҳои Асрор чеҳраи аслии ӯро мекушоданд. Ва духтар лолу ҳайрон намедонист чӣ кор бикунад! Асрор чанд бор ҳабс шудаву доғҳои он ҳатто сари синаашро бо симоҳои ҳархела зеб медиҳанд. Ҳар бори нигоҳ дӯхтан дили Ҷарира аз андӯҳи тазъиқовар хун мегиряд.

Ҷарираро тағо аз хушдоманаш қарздор буд. Барои кандани он қарз ҷиянашро миёнарав шуду ба

Асрор арӯсӣ кард. Шояд барои ҳамсараш вафо мекард, охир ҳар сухани ӯро дар дилаш бо оби тилло менавишт. Таърихи қисмати пайвандон ва ё қарзи онҳо бар гардани Ҷарира бор шуданд.

Ҷарира арӯсаки нав буду аллакай фаҳмид, ки хушдоманаш чаро арӯсҳои пештараашро аз ҳавлӣ рондааст.

Ҷарира бо хушдоману духтари хурдии ӯ мезист, ҳис кард, ки бо оилаи кӯрдилон рӯ ба рӯ шудааст.

Тақдири ин оила низ тақдири борон буд. Бороне, ки мерехт рӯи замин, зеро он ашки осмоне буд, ки аз дард нола дошт. Чун духтар китоб ба даст мегирифт, хушдоман чунон сӯяш нигоҳ мекард, ки гӯё ҷинояте содир карда бошад. Чунин ба назар мерасид, ки хушдоман ҳам фақат пеши мардум қарзашро соф карда, яъне писараш, ҳарчанд пештар зани тотор дошт, бори аввал ба сараш сӯзанӣ бидид. Хушдоманро вазифааш ҳамин буду андаруни дилаш ҳиссиёти нохуш ҷӯш мезад, аз он ки мавҷудияти арӯс дар ҳавлӣ ҳастиашро ба шиканҷа оварда буд, зеро арӯс бо ҳар ҳаракату гуфтор ва ҳар амалаш хушдоманро ба ҳолати бехудӣ оварда мерасонд. Кампир метавонист бо ҳама забон ёбад, бо ҳама дӯстдор бошад. Меҳрубонию ғамхории аз дасташ омадаро аз ҳеҷ кас дареғ намедошт. Фақат ҳузури арӯс ӯро ба изтироб меовард. Ҳузури арӯс, занҳои писарон дилашро аз андӯҳу рашк қабза мекард ва онҳоро чашми дидан надошт. Аҷиб, ки чунин табиати кампир ба духтари хурдияш ҳам асар карда буд. Ӯ ҳам аз ҳузури арӯс ба шиканҷа меомад, асабӣ мешуд, баҳона меҷуст ва чун ашки келинро медид, ҳолаташ каме беҳтар мегардид. Модару духтар тамоми рӯз андешаҳову вақти худро банди рафтору гуфтори арӯс карда буданд. Чашмонашон фақат арӯсро назора мекард: чӣ кор мекунад, чӣ мегӯяд. Онҳо акнун маълумоти пурра доштанд дар хусуси Ҷарира ва хулосаашон ин мешуд, ки арӯс дар як рӯз чанд бор ба ҳоҷатхона меравад.

– Келин, ин қадар дастатро даҳ бор мешӯйӣ?

– Келинпошшо, сабзиҳоро нашуста реза кунед ҳам, мешавад.

– Кенойим, хӯрокатон бевақт шуд. Ин қадар бисёр хоб меравед?

– Келинпошшо, равғани бисёр андохтед.

– Келин, болишти пари қуро истифода набаред, вай даркор мешавад.

– Келинпошшо, лагат нахӯрдед-де, барои ҳамин сусткоред? Келин гуфтагӣ, мепаррад. Шумо барин китоб намехонад. Гунг барин забон дар даҳонатон. Гап занед, охир. Шумо ба ман маъқул не.

Ва камбудиҳои арӯс бисёр буду ба Асрор хабар мекашиданд. Ҷарира ҳам ҷурмҳои зиёд дошт.

Хушдоманаш ҳар камбудии арӯсашро бо гиряю нола ба писараш нақл мекард, афсӯс мехӯрд, ки саросема шуду беҳуда Ҷарираро арӯс интихоб кард. Охир, арӯсаш арӯси бад аст, - менолид кампир. Ашкҳои шашқатораш аз алам рӯяшро мешустанд. – Ба ҳамин умед арӯс овард ба хонааш, ки рӯзи рӯшноиашро тира кунад? Арӯсҳои ҳамсояро мебинаду ҳавасаш меояд. Онҳо ҳам зананд, арӯсанд, китоб намехонанд. – Зани ту рӯзашро бе китоб тасаввур карда наметавонад. Кошки маоши дуруст гирад.

Дирамҳояш ягон камбуди хонаро пӯшонида наметавонад. Ҳайфи меҳнатам, ҳайфи пулҳои ба тӯй сарфкардаам... Барои ҷомашӯйӣ собунро бисёр истифода мебарад, қаҳваи бисёр менӯшаду ана сонӣ нашъакашҳо барин карахт шуда хоб меравад. Дар даруни хона ин қадар шишта чӣ кор мекунад? Баромада кафелҳои девори хонаи хоҳаратро шӯяд мемурад-мӣ? Не, навис-навису хон- хон. Аслан, ки дигар кор накунад. Хонаба шинад. Кафш дарону курта дарон чор сӯми мегирифтааш ягон дардба намехӯрад. Лекин, Асрорҷон, - боз оби дида рехт модар, - занат ба фикрам нимҷиннӣ, чунки бисёр хаёл мекунад. О, то хондана, тез-тез ҷунбида кори хоная кун. Як рӯзба даҳ бор хона рӯб, лекин бекор нашин, ҳа бекор нашин. Не – де, меее-шинад, фикр кардаю қаламро ба даҳон андохта.

Дастҳош худи дастҳои бачаҳо барин каб-кабуд. Ҳамин ҳам одамгарӣ шуд?

Канӣ худат гӯ! Гапҳои ман дуруст-а? Модарашба гуфтан даркор, ки духтарашро гирифта барад, ин хел келин манба даркор не. Ҳамун, хонаи бувашба навис-навис кардан гирад.

Келин гуфтагӣ мардум – тамоман намешинад. Барои чӣ хоб мекунад? Доим хонашба даромда меравад. Келин аз ҷеғи хурӯс то хоби қурбоққа рӯбучини хонаро кунад. Ман пул сарф кардагӣ...

Ба тамоми хешовандон камбудиҳои Ҷарира фош шуданд. Ҳама аз ҳайрат гиребон мегазиданд, ки

Ҷарира аслан кӣ будаасту боз ман-манӣ ҳам дорад.

Ҳатто модаркалонаш, ки пинҳонӣ ба хонаи Асрор аз ҷониби духтар ба хостгорӣ рафта буд, ашк рехт, ки аз камбудиҳои набераи хондагиаш огоҳ набудааст. Ҳай афсӯс хӯрд.

– Аслан ман домодамба ҳайрон. Духтара кӣ хонондааст, ки вай хононд.

Нописандӣ ҳамин қадар мешавад-да. Ман гуфтама, духтара нахонон, ба гапи ман гӯш накард.

Ва хушдоман бо духтарҳояш низ ҳамин мавзӯъро баррасӣ мекард. Ва ин нигоҳҳо духтарро мехӯрданду мехӯрданд.

Ин бегоҳ Ҷарираро хушдоман бо чеҳраи нохуш пешвоз гирифт. Дар бараш духтари хурдиаш ким- чиҳо мегуфт.

– Чиба дер кардӣ, келин?

– Ба номер гузориш навиштам. Таъҷилан. Сармуҳаррир супориш доданд.

– Шумо лалай-лалай карда гардед, бечора духтарам ужин тайёр мекунад.

– Ҳозир, буваҷон. Либос иваз кунам, ёрӣ мерасонам.

– Обед кардӣ?

– Не, буваҷон.

– Дина хонаи буват рафта будӣ. Як ҳафта хӯрок нахӯрӣ ҳам мешавад. Тез бош. Бечора духтарам, ҷонаш ба ҳалқаш омад. Ҷойи он ки ту хизмати моро кунӣ, вай хидматгор шудааст. Гуфтагӣ барин, ту барои чӣ бе иҷозати писарам турсиҳои сурх харидӣ?

Аммо Ҷарира пурсиши хушдоманашро бе ҷавоб монд. Ҳарфе нагуфт, фақат эҳсос кард, ки сахт гурусна мондааст. Саҳар қаҳва нӯшида буд. То ҳол луқмае нахӯрдааст. Пул надошт. Агар ҳозир аз карсон нон бигирад, ой, умри хушдоман дароз бошад, бо нигоҳаш аз дили арӯс тир меандозад.

Ҷарира пероҳан иваз карду берун баромаданӣ буд, ки нигоҳаш ба расми Нӯшин афтод. Сурати

Нӯшин бо нигоҳҳояш Ҷарираро тасалло медод, ҳарчанд расм ҷон надошт, ҳарчанд он коғазе беш набуд, аммо муҳаббате бо он буда, ки метавонист маҳин-маҳин аз дуриҳо бо дастҳояш сари

Ҷарираро сила бикунад.

Шояд то ҳол дар замираш кӯдаке зиндагӣ мекард, ки нигоҳи пурумед ба зиндагӣ дошт ва афсӯс, ки интизор буд, зеро умед инсоне буда, ки барояш шириниҳо меоварад. Фақат инсоне буда, чунки дар пиндораш ҳамоно панҷаи инсон тавонгар аст, ки сарашро сила бикунад. Ва ҳама андешаҳош парешон буд духтарро, зеро умре интизор буд. Интизорие, ки рӯҳу ҷисмашро вобаста мегардонд, вобастагие, ки духтар печида бар он шояд ҳеҷ вақт наметавонист нафаси осудае бикашад, аммо дар замираш ҳамин гуна хоҳиш мисоли хун гардиш мекарду арғушт мерафт. Оддитарин меҳрубонӣ ба андозае ҳаяҷонаш мебахшид, ки дар паноҳи он дигар ҳама сахтиҳоро ҳам таҳаммул мекард. Асрор боре гӯё меҳрубон шуд. Саҳарӣ барвақт бедор шуду қаҳва тайёр кард ва занашро аз хоб бедор намуду бо навозиш сӯяш нигоҳ дӯхт.

– Кайҳоннисо, меҳрубон шаведу қаҳва нӯшед.

Ҷарира бистарашро як тараф партофту оҳиста бархост ва финҷонро аз дасти шавҳараш гирифта бо ноз пурсид:

– Ҳамин қадар бегонаям, ки ҳатто номамро ҳам фаромӯш кардаед.

– Баръакс, вақти номгузорӣ падару модарат иштибоҳ кардаанд. Ба ту бояд, ки Кайҳоннисо ном мегузоштанд. Охир, худатро як бор аз нигоҳи берун бин.

Тамоман ба одамҳои заминӣ монанд нестӣ. На ба гуфтор, на ба рафтор. Ба пиндор ҳатто дигар хелӣ. Бештар ба махлуқҳои аз дигар сайёраю кайҳон омадагӣ монанд ҳастӣ. Шояд дар дигар сайёраҳо хешу табор ҳам дошта бошӣ, яке суроғашон намекунӣ?

– Дунё ба умед, шояд рӯзе худашон суроғам бикунанд.

– Бувам мегӯяд, ки дигар қаҳва нанӯш!

– Барои чӣ?

– Аз худаш пурс. Хайр, ман рафтам.

- Ба куҷо?

– Корат чӣ?

Ҷарира аз ҷойхоб бархост, ки шавҳарашро гусел бикунад, дар назди ҷевонча сурати Нӯшинро бидид. Бо нигоҳҳояш субҳи тозаро шодбош мегуфт. Субҳе, ки оҳанги навро замазама мекард.

Оҳанге, ки бар имони Ҷарира меҳр зам мекард.

Охир, духтар наҷвои тозаи баҳорро ба дугонааш муждагонӣ мерасонд, аммо нигоҳи Ҷарира ба сурат ғаши Асрорро овард. Якбора аз ғазаб дандон хоиду суратро гирифта ба кунҷе ҳаво дод.

– Ин қадар ба ҳамин расм часпидӣ? - бо ҷаҳл фарёд зад ӯ.

– Расми дугонаам. Мо бо Нӯшин дугонаҳои наздик будем.

– Ба Худо, ки аз дугонабозиат безор шудам. Чӣ ин қадар дугонадӯстдор ту?

Чӣ вобастагӣ дорӣ аз онҳо, канӣ гап зан, фоҳиша.

Ҷарира аз пешомади ногаҳонӣ якбора дасту по хӯрд. Асрор бо қаҳру ҷаҳл аз гулӯи Ҷарира дошту таҳдид кард.

– Агар боз як бор тарафи расм нигоҳ дӯзӣ, боз як бор Ҷонона гӯйӣ, ба Худо қасам, ки гӯри

Нӯшинатро алов сар медиҳаму Ҷононаатро мекушам. Ҳамин хел мекушам, ки ҳеҷ кас ҷасадашро ҳам ёфта наметавонад. Фаҳмо?

Ҷарира зери панҷаҳои Асрор талвоса дошту аз тарс чӣ гуфтанашро намедонист, ки шавҳараш сахттар буғияш кард.

– Ман чӣ гуфтам, ҳайвон. Чаро гап намезанӣ? Нописандӣ ҳамин қадар-мӣ?

Дар пеши ман ба расм нигоҳ медӯзӣ. Дигар хонаи буватба ҳам намеравӣ.

Фаҳмо. Дигар пеши ман «модарам, модарам» намегӯйӣ. Шукр мекунӣ, агар азои буватба рафтан монам. Фаҳмо? – аррос мезад ба Ҷарира Асрор.

Ҷарира аз тарс меларзиду ҳарф дар гулӯяш гиреҳ мехӯрд. Асрор аз ғояти ҷаҳлу ғазаб бехуд шуда буд. Бехудияш ба дараҷае, ки дигар пеши чашмонаш хун гирифта: охир зери панҷаҳояш занаш талвоса дошт, занаш нигоҳи имдод меҷуст, занаш ашк мерехт. Зане, ки барояш самимият бахшид, муҳаббаташ дод, бо оғӯши меҳр парасторӣ намуд. Не, ин ҳама ҳеҷ буданд, вай девонавор фарёд мезад, бо садои ваҳшатзо Ҷарираро гӯсфандвор буғӣ мекард. Ҷарира нею гӯсфанде буд, ки мехост сар бигирад, аммо гӯё корд намеёфт...

Аммо замири кӯдакона бо ҳама интизориҳояш зудбовар ҳам буд. Бовар карда, ки шавҳараш дӯсташ медорад, бовар карда буд, ки дар зиндагияш азобу ранҷи бисёре кашдаву акнун пушаймон аст. Бовар карда буд, ки Ҷарира метавонад зиндагияшро баҳористон бикунад. Аммо

Асрор дӯсташ намедорад ва дар заминаи ин эҳсос ҷавонзан пеши тақдираш лол монд. Зеро Асрор ба зиндагияш ворид шуд, ба рӯҳу ҷисмаш ворид шуд, ба тақдираш ворид шуд. Ва тақдир барои Ҷарира имоне буда, ки аз муҳаббат ибтидо мегирад. Фақат ибтидо аз дуриву интиҳояш ба ашкҳо ғел хӯрдааст. Себро метавон бихӯрд, агар гардиш аз айёми фаслҳо дур нарафта бошад. Фасл бошад, пир шуд.....

Ва ин лаҳза, ки ашки осмон мисоли зораҳои дил бар замин мерезад, хомӯш боз ҳам ба оина нигоҳ медӯзам; бо умеде, ки ҳарфи нагуфтаамро ба оина бигӯям, шояд ҳарчанд дер аст...

пешина
аз 16
навбатӣ