Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сукут каломи огаҳӣ аз рози нуҳуфтае аст, ки метавонад риштаи нозуку маҳинро бо камоли эҳтиёт ба ҳам бипайвандад, то аз равзанаи дидгоҳ ангезае барои рисолати будан бозгӯӣ бикунад, то фосилаи будан асолати воқеии хешро пайдо бикунем.

Ростӣ, гуфтамаш, ба андозаи бардоштҳои ту ман хеле кӯчакам ва сукут бар ин ихтиёр карда, аммо ҳарфи ман меҳвари ин ҳамаро танҳо ба нуктае сарҷамъ медорад: ман туро дӯст медорам, мисоле, ки бӯйи ашк аз болишти тар эҳсос мешавад. Фақат эҳсос. Худоё, маро бубахш, хоҳиш мекунам.

– Асрор, бисёр фикр кардам. Ману шумо ҳеҷ вақт забону дили ҳамдигарро ёфта наметавонем.

Беҳтар аст, ки ман равам.

– Ба куҷо меравӣ?

– Чашмонам куҷоеро, ки раҳнамоӣ бикунанд!

– Маро танҳо мемонӣ?

– Занҳо тухми анқо нестанд. Дирӯз хоҳаратон гуфтанд, ки туф кунӣ, болои зан меафтад. Дар ин ҷамъияте, ки занҳо ин қадар хору зору бесоҳибанд, зан не духтар гирифта метавонед. Охир, шумо мардҳо худатонро мекушеду духтар мегиред! Барои ҳамин, аз ин ҷиҳат ғам нахӯред.

– Кайҳоннисо, ой, мебахшӣ, Ҷарираҷон, вақте инсон қудрати дӯст доштанашро аз даст надодааст, пас вай метавонад умедвор бошад барои зиндагӣ кардан. Ин чизҳоро худат беҳтар мефаҳмӣ, ҳоҷати такроран ҳарф гуфтани ман нест. Фақат, маро напарто, хоҳиш мекунам.

– Рашки беҳудаю беҳудуди модару хоҳаратонро сарфи назар карда метавонам, чунки фаросаташон ҳамин қадар аст, ҳарчанд майнаамро мехӯранд.

Чӣ ҷои гила, аммо, Асрор, ман шуморо дигар қабул карда наметавонам.

– Бе ту ман чӣ кор мекунам?

– Асрор, рӯҳи ман аз чизе садама дид, ки умре аз шуниданаш ҳатто ҳазар мекунам. Баъди ин чӣ хел зиндагӣ мекунам? Марде, ки занашро ба занҳо рашк мекунад, Асрор?

– Ҷонаки дилам, охир ин ҳама дар гузашта буд!

– Андешаву зиндагиям кӯр шудаанд. Вобаста шудаанд, вобастаи табиати Худовандӣ, аммо чизе, ки метавон бартараф кард, чизе, ки гӯё душворие надорад, ин қадар ҷисму рӯҳамро ранҷу шиканҷа медиҳад, ин ҳамаро дида аз ман талаб мекунед, ки бо шумо зиндагӣ бикунам.

– Кайҳоннисо, ой, узр, Ҷарираҷон, фаромӯш накун, ки адолат фақат дар ҳабс ҳаст. Он ҷо сухан қурб дорад, он ҷо инсонҳо ҳамдигарашонро ҳифз мекунанд.

Он ҷо дӯстӣ ҳаст!

– Фаҳмида наметавонам ва намехоҳам.

– Хоҳиш мекунам, Кайҳоннисо, нарав. Қасам ба номи Худо, ки дубора ба он зиндагӣ барнамегардам. Ҳар чӣ буд, дар гузашта буд. Дӯст доштан мехоҳам, дӯстдошта будан мехоҳам.

Мехоҳам кӯдакамон бошад, оилаамон тинҷу осуда бошад. Бароят аз осмон ситора мебиёрам, фақат мана напарто. Аз ин ҳама сахт хаста шудам. Ту ягона умедам ҳастӣ, ки зиндагӣ бикунам.

Охир, ман ҳам наҷот ёфтан мехоҳам! Агар ту ҳам равӣ...

Асрор пеши пойҳои Ҷарира хам шуд. Аз чашмонаш ашк мерехт. Пойҳои занашро мебӯсиду оғӯш карда зора мезад:

– Илтимос, нарав. Ту охирин баҳонаи зиндагиям ҳастӣ.

Ҷарира хомӯш буду ҳарфе аз забонаш берун намеомад. Асрор сухан мегуфту аламҳои духтар рӯ мезад. Умре наҷот меҷуст, аз Худованд хоҳиш мекард, ки наҷоташро фиристад. Аз он ки зиндагияш билкул вобастаи эҳсосҳояш буд, зиёда ранҷ мекашид. Духтар аз Худованд зора дошт, Асрор ба Ҷарира зора мезад.

Намедонам чӣ тавр эҳсоси хешро тафсир бикунам ва ё шояд ин эҳсос ба андозаи ниёзи ботинии ман дар ҷисмам ғалаён дорад, ки бо эҳсос бозгӯӣ ёфта ва ё шоядам дар ҷустуҷӯ будаму... Туро ёфтам. Не, шояд шабеҳи шубҳа аст, аммо аниқ медонам, ки дар ҷустуҷӯ, на аз ҷустуҷӯ Туро ёфтам ва рост мегӯям, ки меҳри Туро низ наметавонам бар хеш тафсир бикунам, зеро ман туро дӯст медорам.

Забонам лол аст, наметавонад сухане гуфтан, зеро эҳсоси ман андаруни дилам ҷо гирифта ва забони маро дар умқи хеш фишурда, аммо намедонам аз чист, ки мехоҳам ин эҳсоси хеш тафсир бикунам; чӣ меҳре, охир мехоҳам Туро дидан, ва бо ту Ту будан, аммо ҳис мекунам, ки ба андозаи пайванде, ки ман нисбати Ту дорам, Ту аз ман дурӣ меҷӯӣ. Шоядам пеши ман роз мегӯӣ, аммо дар шаҳри дури номаълум сайр дорӣ ва ғӯтавар ба эҳсоси хеш, ки ҳеҷ пайванде бо эҳсоси ман надорад. Чаро ин тур? Ё ман иштибоҳ дорам ва ё будани ман бар ту зӯрӣ мекунад ва ё шояд дигареро дӯст дорӣ... Шояд надонӣ, ки ман туро дӯст медорам, зеро боре ҳам нагуфтамат ва эътимод дорам, ки эҳсоси маро ҳис мекунӣ ва аз ҳис кардани худат дар ҳаросӣ ва нигоҳи меҳрборатро мегурезонӣ аз нигоҳи ман, то нигоҳи мо роз нагӯяд ба ҳам ва ту ҳамингуна боғурур бимонӣ ва маро фаромӯш созӣ, аммо мани кӯчак нигаронам, ки кай мегӯӣ, ки ниёз ба ман дорӣ, зеро ниёзи бо ҳам будан ва аз умқи дил берун баровардану бо вуҷуди саршори меҳр ҳарф задан чӣ саодате дорад, ки боз ҳам наметавон тафсир кард. Ваҳ, чӣ қадр хоҳам, ки эҳсоси хеш тафсир бикунам, чӣ қадр хоҳам, ки меҳри мани кӯчак дунболаи саодати хеш гом бизанад, чӣ қадр хоҳам, ки хушбахт бошам ва хушбахтии ман Туӣ, эй азизи ман...

Мешунавӣ?

Эҳсос мекунӣ?

Аммо чаро озорам медиҳӣ, чаро бо хомӯшии худ дил ба ашки шӯрам додаӣ, чаро бо эҳсоси хастагӣ аз пешат дур мегардам ва раҳораҳ қасам мехӯрам, ки дигар ҳарфе ба Ту намегӯям, аммо... боз ҳам бо умеди дидор метозам ҷониби Ту. Ва ин дард оғӯши боз дорад дар ҷисму ҷони ман ва даво ҷӯяд, аммо куҷо давое?

Ҷарира ҳамаро фаромӯш кард. Шавҳараш дар гӯшаш ҳарфи меҳр мехонд.

Ӯву Асрор пайванди меҳр доштанд. Ҷисму рӯҳаш аз навозишҳои шавҳараш бедор мешуд ва дунболаи хоҳишу шавқ гул мечинд, гуле, ки шукуфта буду накҳати тозабаҳорро дошт. Ҷарира фақат Асрорро медид, эҳсос мекард ва ӯ бехуд дар ҳолати шавқ ҷисми духтарро гӯё бистари меҳр буд. Ҷарира чашмонашро пӯшида буд ва саршори эҳсос дидагони намашро боз кард ва чашмони

Сипеҳр бидид! Лаҳзае, ки ҷисмаш туғёни нишот дошт, лаҳзае, ки эҳсоси будан мекард, лаҳзае, ки зиндагияш фақат дар замири он гӯиё алвонҷ мехӯрд, фарёд аз умқи дилаш берун омад:

– Си..... ва аллакай эҳсос мавҷи худ гум кард...

Ҷарира дар ҷойхобаш дароз кашид. Чашмонашро оҳиста пӯшиданӣ буд, ки Асрор низ ба хона ворид шуд.

– Аллакай хобӣ? Ягон вақт нашудааст, ки то омаданам мунтазир шуда бошӣ.

– Эҳ, Худо, - фиғон баромад аз дили духтар. Як моҳаке шудааст, ки оиладор аст, аммо фосилаи ин як моҳ Асрор ин қадар фишораш овард, ки бечора Ҷарира дигар худро болои сӯзан эҳсос мекард.

Қаблан агар худашро пайдо кардан мехост, акнун бошад билкул фаромӯш карда буд. Фосилаи ин як моҳ андаруни ҳарос зиндагӣ дорад. Намедонад чӣ гуна рафтор бикунад? Агар бархосту коре карданӣ шуд, шавҳар маҷбураш мекунад, ки бишинад. Агар нишаст, талаб мекунад, ки бархезад.

Ҳарфе гуфт, маҳкумаш мекунад ва чун хомӯшӣ ихтиёр намуд, мушт мебардорад, ки эҳтироми шавҳарро ба ҷо наоварду ҳарфе ба суханаш нагуфт.

Шабе, ки Ҷарира то соати ду шавҳарашро нигарон буд, вай омаду баръакс фиғон бардошт, ки чаро интизор мешавад? Хоб кунаду Асрорро безобита нагардонад.

Асрор назди ҷойхоби Ҷарира омад. Ҷарира рӯйи он нишаста буд. Теғ кашида сӯяш нигоҳ карду бо панҷаҳояш аз мӯяш сахт дошт. Мӯяшро кашида ба худаш наздик кард ва бо қаҳр гуфт:

– Чаро маро интизор нашудӣ? Ё аз бехобӣ мемурдӣ, агар як соат дертар хоб кунӣ? Чаро хомӯшӣ, гап зан, охир, фоҳиша!

– Асрор, соат чори саҳар. То соати ду интизор будам, наомадед.

Нафаҳмидам, ки...

– Бас, фарёд бардошт Асрор. – Вақте ман гап мезанам, ту бояд хомӯш нишинӣ.

Ҷарира базӯрӣ ашкашро фурӯ бурд. Агар оби дида мерехт, то мурдан мушт мехӯрд. Асрор таҳаммули дидани гиряро надорад.

– Чӣ гиря мекунӣ, нағз медонӣ, ки гиряро бад мебинам, боз ҳам ашк мерезӣ.

Ман туро мекушам, Ҷарира. Агар ҳабс шавам, он вақт хоҳам донист, ки барои чӣ нишастаам.

Хубаш ҳамин мешавад, ки заминро аз ту барин манфур холӣ мекунам.

Чашмони Асрор хун гирифта буд.Ҷарира бо ҳарос байни панҷаҳои Асрор талвоса дошт. Асрор ӯро буғӣ мекард.

– Фоҳиша, беҳтараш, ки ман туро мекушам...

«Модар, бо кӣ рӯ ба рӯям кардӣ?» – фиғону нолааш андаруни дилаш гиреҳ хӯрд...

Субҳ модарам аст, ки навозишам мекунад. Тайи ин роҳ, раҳи дарози кӯча, раҳе, ки зери пойҳои ман зиндагии хоболудона дорад... Дубора ятим шудам.

Дар ғарибиҳоям ҳам фақат ҳикмати буданро ҷустуҷӯ кардам, ангор орзуҳоямро ҳам сағерабон шудам.

Раҳораҳ бо инсонҳою тақдирҳо бархӯрд мекунам. Чеҳраҳои шиносу ношинос. Арӯсаку домодҳои нав, даст ба дасти ҳамдигар хуррамона шитоб доранд. Фақат ман ятиму бесоҳиб. Не шавҳар мепурсад, чӣ ҳол дорӣ, не модар.

Модару падаре, ки хони зиёфат оростанду Ҷарираро гӯё ба соҳибаш супориданд, дигар ку парвое?

Қарзашон пеши мардум канда шуд. Фақат Ҷарира ҳайрону малӯл монд. Ягон арӯс мисли ман қомати хамида надорад.

Муҳаббат шикаст, ғурур шикаст ва ин ҳама рез-резон пушти шавҳар тақдир шуд. Мисоли кӯҳе, ки хайрбоди орзуву сабзаҳо аз замин берун омадаву саморо дунболагирӣ дорад, аммо пайгирии онро фақат ашк ҳамқисмат гашт.

Субҳ ба яке орзу буд, ба дигаре тарона. Таронаи зиндагии зиндакунанда.

Шабистони бемеҳриро бистари меҳр зам мекард, мисоле ҳалқа-ҳалқа пайванди ҷисмҳоро фақат фосилаи орзуи раҳдур мешикаст. Агар нигоҳ сайри дунёи эҳсос мекард ва ё дар замири нигоҳ фақат як ҳарф ҷилвагирӣ дошт, заминро ҷудоӣ набуд. Қисматро миёни замин сабза ва ё мавҷҳои пуртуғёни ҷӯйборе, ки дарё мешуд ва ё кӯҳҳое, ки пайгири диле набудаву фосилаандозӣ намекард.

Раҳе, ки аз ҷониби уфуқ орзуи меҳр кард, дунболаи шоми дигар қадам бар остона гузошт. Ҳамин қадар фосила, фосилаи дидоре, ки нимароҳ бо он буда, мисоли тамошои кӯҳи Муғул. Ормону хоҳишҳо, умедворию интизориҳоро андаруни ҳамин сухан ҳарфчинӣ кард. Шаб шаб буду тирагии он хоби ҳасратолуд, зеро садое мисоли нолаи дардноки дар гулӯ гиреҳхӯрда ба гӯш намерасид.

Шаб навои дилреши хайрбодро дар замири духтар наҷво мезад.

Мисоле тафсири шаб дар бешабиҳо ва ё тафсири дидори субҳ дар берӯзиҳо рӯзии ормоне буда, ки фақат меҳр дар сӯзанӣ бидид. Садои азон ба гӯш мерасид. Аз дуриҳои дастнорасе ангор садое имон меҷуст. Имон барои вай тафсир надошт. Имон меҳваре буд, ки нигоҳи меҳр бар худованд арзонӣ медошт, ҳарчанд перомуни нигоҳҳои ваҳшатзову даҳшатовар ҳалқаи он порапора мешуду мисли гиряҳои хунин пеши пойҳои қисмати парешонгашта мерехт, мерехту мерехт.

Вақте андешаҳову зиндагии одам побанд мешавад, чӣ қадар гарон аст, ба андозае, ки зӯран дунёятро ғасб карда бошанд ва ё дар зулмоти тирае панҷарабанд карда бошанд. Ва дар пешорӯи зиндагӣ танҳо ду чиз боқӣ мемонад. Ё ман ғолиб меоям, ё зиндагӣ! Аммо дар ин радиф ҳам орзу гом мезанад, ҳарчанд пойгаҳи он холиву тиҳӣ ва мармуз аст, аммо умедворона гом мезанад, зеро ҳеҷ вақте дарё бе моҳӣ нест... Худоё, ҳама чиз ба андозаи мизони адолати ту ба вуқӯъ меояд.

Медонам, вақте ба ту муноҷот мекунам, ҳатман, ҳам ба ёди ту ва ҳам ба ёди ман эҳсосе пайгирӣ мекунад, ки имонамро газанд дода.

Ин чизро инкор намекунам, аммо имон дорам, ки бе иродати ту як сатр гуфта наметавонам. Эҳсос мекунам, ки марҳила ба марҳила меҳри ман нисбати ту зиёд мешавад ва дар заминаи ин меҳр умедворам, ки имони маро муҳаббати ту нерӯ мебахшад, чунки имон ин муҳаббат аст.

Васвасаҳоро ҳам инкор намекунам, аммо решаҳои пайвандиаш аз дили ман сарчашма намегирад.

Ва ба андозаи чароғу газе, ки барои мо маҳдуд аст, маҳдуд нестам, фақат ба андозаи фаҳмише, ки майда-майда ҷустуҷӯ дорам, ба ҳалқа, саҳеҳтараш ба чоҳ афтодаам. Бигузор, чунки бардошт андозаи фаросату фаҳмишу тафаккури ман аст, аммо Худоё, ту зиндагӣ додӣ, ту умедвориҳоро барои зистан мисоли тухм дар дили мо киштӣ, пас, аз ту зора дорам, Асрорро наҷот деҳ.

Орзу мекунам, боли орзуҳоям маро ҷонибҳои меҳрафзо раҳнамун месозад, чунки муҳаббатҳои зиндагипайванд ба суроғаш меоянд. Дарвозаи диламро бо ангуштҳояшон мекӯбанд, то нурҳои меҳрро ворид бисозанд. Ва ин ҳама умедворие, ки умед мекунӣ. Маҷрои парешон ҳалқа-ҳалқа буғӣ мекунад.

Аҷоиб, самтҳое, ки баррасии фақат як нигоҳи бегона нуқтаи интиҳо мегузорад.

Шаб субҳро хайрбод мегуфт. Дар замири ин ниёиш субҳ афсӯс мехӯрд, ки панҷаи ҳасрат дили шабро шикофт. Фақат, дареғи дидор, ки замзамааш ҳузн дошт.

пешина
аз 16
навбатӣ