Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.
зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа
ҚИСМИ СЕЮМ
Дуои нек мехоҳам, шояд дар замири оҳанги ҳазине, ки дигарбора нерӯи зиндагихоҳро бароям арзонӣ додӣ, шукри дидор мекунам! Ҳар лаҳзаву ҳар сония умри ӯро чун меҳвари ғунҷоиши арзани меҳр пеши дидагони пурнамам пойандоз мекунам, зеро садои борон мисоли рамзҳои кӯи дидори дури ноошно дар зеҳнам табли андӯҳ мерезад. Сабзаҳои меҳре, ки аз овони кӯдакӣ дар вуҷуди кӯчакам кишт мекардам, дигарбора чун нерӯи азиме, ки ҳастиямро аз муҳаббат пур мекунад, дунболаи зиндагии пора-порашудаам гом мезанад, то ниёишҳои дури андӯҳзадаамро паноҳи эҳсос бидиҳад. Худоё, чаро хомӯшии ҳузнолуди маро наҷвои дурӣ ато фармудӣ, чаро дар замири ин ҳама бехудиҳо имонамро занҷирбанд намудӣ, чаро меҳвари зиндагии ман дар ангуштҳои зиндагисози ту меларзад, то хомӯш бошаму аз хомӯшиҳо эҳё бихоҳам? Ҳамин қадар фосилаи дидор дорам, ки миёни ашкҳои деринтизорам танҳо симои ӯ мисоли сояи дури муҳаббатам ғел мехӯрад...
Борон меборад. Донаҳои ашки осмон домони заминро аз оҳҳои ҷигарсӯзаш тар кардааст. Оҳ дар синаи замин манзил меҷӯяд, ҳарчанд дунболаи ашкҳои интизорӣ басо саргардон ҳам будааст....
Ваҳ, чӣ ниёишҳои сӯзони дили пурҳасратам, ки ашкҳои осмонро дар зеҳни эҳсосҳоям ғунҷоиш додааст.
Ҷарира зери борон лаб-лаби дарё ғарқи андешаҳои худ равон буд. Мисле, ки ангор дар зеҳни борон ёдҳои гумшударо ҷустуҷӯ дошт, зеро фосилаи борон миёни ӯву дилдораш ҷудоӣ меандохт.
Оби дарё мерезад, аммо орзуҳояш дар туғёни бехудӣ ҳалқасон мепечад.
- Ҷарира, биё бачем, ҳамроҳи ман пиво нӯш. Пиво зарар надорад.
– Нӯшиданро дӯст намедорам, акоҷон. Машрубот ба ҷисму рӯҳам такон мезанад, озор медиҳад.
Аслан, хуб нест, ки иродаи зан тобеи машрубот гардад.
Агар чунин шавад, масъулияти Дилро кӣ ба дӯши худ мегирад?
– Мастӣ ҳам як намуди оромиши рӯҳ аст, бачем.
– Вақтҳои охир шумо бисёр менӯшед, Хусравако, тинҷӣ?
– Агар маҳкумам карданӣ бошӣ, беҳтараш рав.
– Ба шумо нигоҳ мекунаму дилам хун-хун мешавад, акоҷон.
– Барои чӣ хун мешавад?
– Намедонам...
– Агар надонӣ, нависандаи хуб шуда наметавонӣ!
– Акоҷон, баробари шумо ман ҳам камтар нӯшидам. Илтимос, дигар нанӯшед.
– Маро ба ҳолам гузор, худам ба худам будан мехоҳам.
- Бигузор, аммо чӣ даркор, ки худатонро беҳуда шиканҷа диҳед.
– Бимон, ба марги Нӯшинам ақаллан озодона бигирям. Ту фикр мекунӣ, ӯро фаромӯш кардам. Не,
Нӯшин аз ҳама ҷо ба ман нигоҳ мекунад. Вай тавонист, ки зиндагиямро пур бикунад. Ҳама вақт омаданашро эҳсос мекардам, аммо ҳамин ки сарашро оҳиста аз дар медароварду «ана, ман омадам» мегуфт, дилам пур шуда меомад. Гиря кардан мехостам, аммо намедонам барои чӣ? Фикр мекунам, фикр мекунам, ки чаро ҳамин хел шуд.
Охир, вай ҳоло ҷавон буд.
Акнун бошад зери хок. Бечора духтар. Болиштҳои маро бин, саросар тар шудаанд, аммо доғи дилам шуста намешавад. Охир, Нӯшинро ёд мекунам, бачаҷон, ёд мекунам. Фикр мекунӣ, ҳамин арақ зӯртар аз ман аст. Не, бачам, иштибоҳ мекунӣ.
– Чаро зӯр набудааст, вақте метавонад андарунаш шуморо тобеъ гардонад...
Вале Ҷарира баробари Хусрав мегирист. Дарди Хусравро ҳис мекард ва зӯри худаш ҳам танҳо ба гиря мерасиду бас. Ҳолати Хусрав барояш ошност ва ӯро мефаҳмад. Шояд ҳатто лаҳзаҳои мастии
Хусравро беҳтар аз ҳама бифаҳмад, зеро шиканҷае, ки вуҷуди Хусравро озор медиҳад, маҷрои худро аз шикофиҳои дили духтар гузаронида. Баъзан андешаҳояш берабт мешаванд. Дарди
Хусравро эҳсос бикарда, чӣ тавр Ҷарира метавонад маҳкумаш бикунад?
Менӯшад, менӯшаду сабук мешавад, як андозае шояд хумораш мешиканад.
– Чӣ ҳам пайванд мекунад ману туро дар ин зиндагӣ, вақте касе надорӣ, бачем.
– Барои чунин гуфтан ҳақ надоред, чунки шумо Ҷононаро доред! Ҷонона баҳои ҷони Нӯшин аст.
Вақте шумо кӯдак доред, вақте дар дили кӯдак зиндагӣ ҷараён дорад, вақте шавқ дар кӯдак меҷӯшад, чӣ гуна метавонед ин ҳамаро маҳв созед. Ҷонона таваллуд шуд, ин маънии онро дорад, ки дар зиндагии шумо ҳам зиндагии нав таваллуд гардид. Рост нест, ки Ҷонона паноҳатон дод, умедворӣ бахшид. Эҳсос намекунед, ки аз шумо наздиктар касе надорам.
Гиряам ҳам, хандаам ҳам бо шумо. Намедонам, чӣ хел фаҳмонам, шумо андаруни дили ман имон ҳастед. Вақте имонам мешиканад, дар зиндагиям чӣ боқӣ мемонад, акоҷон?
– Бигузор рӯҳам сафар кунад, Ҷарира. Охир, чунин сафарҳо ҳам даркор аст.
Бин, тамошо кун дарёро. Села-села ғамҳоро фурӯ мебарад. Намебинӣ? Бачам, мехоҳӣ-намехоҳӣ, ирода мекунӣ ва ё намекунӣ, табиатро Худо офаридааст. Кӣ рӯҳи маро пур карда метавонад?
– Ману Шумо зӯртар аз Худо нестем, ки бо ихтиёри худ ба даруни хок сафар кунем. Зӯрамон ба ин намерасад. Лекин, акоҷон фаромӯш накунед, сафар кардан ба дил низ хеле ҷасорат металабад.
– Мастӣ аз як ҷиҳат хуб ҳам ҳаст. Фикру идеяҳои нав ба нав таваллуд мешавад ва инсон метавонад андаруни худаш сайр бикунад. Мусофирати дарунӣ қадам ба пеш аст, ба қавле ботинатро, дилатро аз андӯҳ мешӯйӣ, саҳеҳтараш бо андӯҳ мешӯйӣ, барои шустан чӣ кӯмак мекунад, бачем?
Албатта, шароб!
– Акоҷон, ҳамин марҳила чандҳо пас боз ҳам дигарбора рӯ мезанад, баъзан ҳазмаш сабук, баъзан душвору пуразоб ва тоқатшикан... Оҳ, ин лаҳзаҳо бароям ба андозаи рӯзи маҳшар гарон меафтанд, чунки дуздвор пайт поида вопасин арзиши муҳаббатро мерабояд.
– Бачама, ин тафсирҳои рӯйи дилӣ ё чизе, ки оҳиста-оҳиста қадамҷойи орзуҳои ғӯрамаргро бар ғарибӣ месупорад. Рамзҳои печида, тафсирҳои бехобӣ, шояд ҳатто таъбирҳои хоби гарону дурударози шабҳои бемеҳрӣ...
– Акоҷон, вақте офтоб баромад, ё ба истиқболи нурҳои офтобии орзуҳо кӯҳҳо ҷомаҳои мармарини худро пеши қадамҳош пойандоз мекунанд, лаҳзае, танҳо чанд лаҳзае нуру сафои меҳр мисоли зиндагии нав ва ё рӯҳи тозаи мӯрчаякони мусофир бар дилам нолаи дуриро танин меандозанд...
– Ҳамон вақт, бачаҷон, дубора андаруни ғафлат телаат медиҳанд, ғафлате, ки хоболуд аст, ғафлате, ки аз андӯҳи дуриҳо муҷассамае андаруни дил бунёд месозад. Муҷассама андаруни дил ва ё дил дар перояи он ҳарфҳои сангин сабт мекунад, бачам. Ёдҳо...
– Хусравако, муҳаббати ман ба Сипеҳр, зиндагии чандмоҳаам бо Асрор фақат ҳазм кардани эҳсоси дардолуд буд. Ҳиссиётҳоямро фурӯ мебурдаму ранҷашро ҳазм, фақат ҳазм, ҳазми андӯҳ. Дар худам зиндагиро ҳазм мекардам.
Аммо Парвиз бароям муҳаббатест, ки зиндагиям нерӯ мегирад. Умеди зистан мебахшад.
– Муҳаббат бе ягон хел даъват дари дилатро мекӯбад, бачем.
– Дар маҷлисе бо Парвиз тасодуфан шинос шудем.
– Дуо мекунам, ки ояндаат хуб шавад, бачем. Баъди ранҷҳои бисёр кош хушбахт шавӣ!
– Хусравако, вақте Парвиз ба зиндагии ман ворид шуд, ҳам Сипеҳр ва ҳам Асрор тамоман гум шуданд. Фосилаи хеле тӯлонӣ байни хотираҳою эҳсосҳо азоб кашидам. Аммо Парвиз аз ҳамаи онҳо наҷотам дод. Дигар дар майнаам касе таҷзия намешавад. Дигар байни ҳар дуи онҳо гум намешавам, ки кадоме Асрору кадоме Сипеҳр. Охир, онҳо ба ҳамдигар ҳамин қадар монанд буданд, ки...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё