Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳиссиётҳои инсон ҳазору як маҷро мегираду ягон маҷрояш ҳам лутфи меҳрубонӣ бар сарат надорад. Маҷрои пуртуғён, маҷрои пуразоб, маҷрои ранҷ ва дарди дурӣ. Орзуи муҳаббатро аз дуриҳо меҷӯйӣ, интизор мешавӣ. Омаданаш чӣ нишоте дар дил бедор месозад. Биё, биёву хуш бубин хушбиниҳои дили озурдаи маро. Эй дил, эй диле, ки дил ту набудиву дилат хостам, вуҷудамро шикоф кардиву боз ҳам тоҷ бар сарам кардам. Андӯҳамро дар худам ҳазм кардаму гилае аз ту надоштам. Ҳо, ин ҳама гилаи меҳри дар дил доштаам буд, ки интизориҳо паноҳам надод...

Руйи хона ҷисми сардашро оварданду хобонданд. Манаҳашро бастаанд.

Ҳаракате надорад, каттагиашро ҳам. Занҷирбанд шудааст. Рӯйи ҷогаҳ буданат тақдир будааст, аммо чаро ин қадар азобам додӣ? Аз кӣ интиқом гирифтан мехостӣ? Худат, зани собиқат, модарат, хоҳаронат ё ман? Медонам, сояи хираи зани собиқат будам. Ҳама вақт ӯро дӯст медоштӣ! Дар симои ман ҳам ӯро дидан мехостӣ. Ҳамонеро, ки тасхират карда буду модару хоҳарат пешаш карданд...

Вақте қисматамро ҷустуҷӯйи муҳаббат пора-пора гардонд, вақте эҳсос мекардам, ки муҳаббат зиндагиямро пурра мегардонад, ба андозае зиндагиям пур мешавад, ки дигар ниёз ба чизеву касе домангири сарнавиштам нест. Фақат эҳсосе буда, ки дар шараёнам мисоли хун ҷорист...

– Модар, ростӣ намедонам чӣ кор бикунам?

– Тавба, ба Русия меравам гуфта бо ҳама хайру хуш карду ду рӯз пас хабари мурдаашро оварданд.

Дар хонаи кадом ҷӯрааш будаасту аз истеъмоли зиёди героин мурдааст...

– Модар, вақте ба хона меомадам, дар роҳ тасодуфан бо Сипеҳр рӯ ба рӯ шудам. Ҳолати хеле вазнин диламро фишор дод. Марги шавҳарамро ҳазм накарда ӯро дидаму аламҳоям зиёд шуд.

Вақте бо Асрор зиндагӣ мекардам, ин чиз гӯё такони хотира бо Сипеҳр буд, аммо вақте бо Сипеҳр рӯ ба рӯ шудам, Асрор дубора гӯё таъқибам мекард. Ҳамон даҳшату ҳаросро дар вуҷудам эҳсос мекардам, ҳамон нигоҳ, ҳамон ҳаракат, ҳатто ҳамон шиму костюм. Модар, сахт азоб кашида истодаам.

– Туро фаҳмида наметавонам. ҳамин қадар кӯшиш мекунам, аммо наметавонам. Инсон набошам, агар дурӯғ гӯям.

– Дилам ларзида истодааст.

– Ҳамааш мегузарад, бачам. Лекин ягон хел ҷогаҳу болишт не. Фаҳмо?

– Модар, ҳамон рӯзе, ки дӯст доштед, ин маънои онро дорад, ки ҳукми маргатонро бо дастони худатон навиштаед.

– Ту ҳама чизро омехта мекунӣ…

– Маро ҳиссиёт идора мекунад…

– Ман умуман бовар намекунам, ки мардҳо дӯст дошта метавонанд.

Тафаккури ман ин чизро қабул надорад. Ба шуури ман ин чиз ғунҷоиш ёфта ҳам наметавонад.

– Ман бовар мекунам, ки мардҳо ҳам дӯст медоранд. Хусравро бинед, то ҳол Нӯшинро дӯст медорад.

– Агар дӯст доштан чунин бошад, аз баҳри чунин дӯстдорӣ баромадам.

– Шумо иштибоҳ мекунед, модар. Аз ҳиссиётҳои Хусрав огоҳ нестед.

– Агар Хусрав Нӯшинро дӯст дорад, чаро Нӯшинро эҳтиёт накард?

– Баръакс, Хусрав то тавонистанаш Нӯшинро эҳтиёт мекард.

– Ҷарира, Нӯшин рӯҳи маҷрӯҳ дошт. Гирду аторфи ӯро чизҳое фаро гирифта буданд, ки хоҳу нохоҳ боз ҳам ҳамон кӯдакии маҷрӯҳашро ёдрас мекард.

Хусрав бояд, ки рӯҳи Нӯшинро эҳтиёт мекард. Агар Хусрав рӯҳи Нӯшинро эҳтиёт мекард, Нӯшин имрӯз зинда мемонд.

– Не, ман ба ин фикратон розӣ шуда наметавонам.

– Ман ҳам, ту ҳам кӯдакии солим доштем. Аммо Нӯшин аз кӯдакиаш маҷрӯҳ шудааст. Мефаҳмӣ?

Ва ҳам Нӯшин худашро ҳимоя карда метавонист. Ба фикрам ба Далер корд заданашро дар ёд дорӣ? Агар эҳтиёти Хусрав аз ҳамин чизҳо бошад...

– Ман то имрӯз ягон бор аз Сипеҳр ҳам, аз Асрор ҳам напурсидаам, ки маро дӯст медорад ё не.

Барои он намепурсидам, ки аз «не» гуфтанаш метарсидам.

Сахт метарсидам. Аммо Нӯшин сари ҳар қадам мепурсид: «Хусравҷон, маро дӯст медоред?»

- Дилаш кашидаасту пурсидааст.

– Нӯшин дилпур буд, ки Хусрав ӯро дӯст медорад.

- Дар ҳар сурат ман ба ин чиз бовар карда наметавонам. Бовар кардан ё боварӣ надоштан бисёр чизҳоро тағйир медиҳад. Гӯё медонам, аммо бовар намекунам. Бовар, ки накардӣ, ин чиз бароят тасаввурнопазир метобад. Барои ҳамин ин қадар азоб намекашӣ. Не, азоб мекашӣ, аммо умед намебандӣ. Умед, ки набастӣ, ҳиссиёт дар ҷойи худаш мемонад. Масъулият, вазифа гуфтанӣ ӯҳдадориҳо дорӣ. Аз пайи онҳо буданат ҳатмист.

– Модар, маро насиҳат кунед..

- Худата ба даст гир. Эҳсосҳоро бӯқча карда ба ягон ҷойи бехавф гузор.

Ҳамин хел тугун банд, ки дигар ягон вақт кушода нашавад.

– Аламҳоям ҳамааш рӯ зад.

– Хаёлам борон меборад, ҳаво ким-чӣ хел шуда истодааст, не борон бориданаш аёну не набориданаш, ин хел ҳаворо чӣ меноманд, Ҷарира? Бӯйи намиро ҳис кардам, биниям туршӣ зад, барои ҳамин пурсидам.

– Модар, ман меравам.

– Ба куҷо, бачам. Худат-ку бемадор...

– Ба кор меравам. Дӯстонамро мебинам.

– Паноҳат ба Худо, бачам. Барвақттар биё.

Хусрав паси мизи корӣ айнак дар чашм китоб мехонд, ки Ҷарира дарро тақтақ заду даромад.

Хусрав ӯро рӯ ба рӯяш дида аз ҳайрат чӣ гуфтанашро надонисту якбора пурсид:

– Ту аллакай омадӣ? Нав ду рӯз мешавад, ки шавҳарат даргузашт.

– Хушдоманам аз хонааш пеш кард. Гуфт, ки агар як бори дигар қадам ба хонааш гузорам, пойҳоямро зада мешиканад.

Ҳайрати Хусрав ба андозае буд, ки дигар надонист чӣ гӯяд. Аҷабо, Ҷарираро фиреб карданд, ин қадар озор доданд, тақҳир карданд ва боз...

Ҷарира ангор бепарво буд ба ин ҳама чизҳо. Аҳамияте намедод, аммо андаруни дилаш майда- майда чизе канда мешуд ва мерехт. Шояд дар зеҳни кӯдак ҳамоно бороне мерехт, ки олами бемеҳриҳоро бунёд дода. Ба курсии холӣ нишасту ҳарфе гуфта наметавонист. Хомӯшу бесадо фиқ- фик гиря мекард. Вақте Хусрав ба ҷанозаи Асрор рафт, аввал аз ҳама Ҷарираро дид, ки ҳоли зор- зоре дошт. Худашро ба оғӯшаш партофту фарёд зад.

– Акоҷон, гуфтед, ки оилаамро ҳифз бикунам. Худатон ҳамин хел гуфтед...

Аммо Хусрав намедонист барои тасаллои Ҷарира чӣ сухане гӯяд. Фақат сарашро сила мекарду ашки чашмонашро пок.

– Бачам, ман охир аз куҷо донам...

Ҷарира аз курсӣ бархост, ба дафтари кории худаш даромаданӣ буд, ки якбора аз ҳуш рафт. Хусрав саросема бо телефон ёрии таъҷилиро даъват кард.

Ҷарираро ба беморхона бурданд.

– Модар, ман кӯдакамро дӯст медоштам. Дар ин ду ҳафта вай ба зиндагиям ҳамроҳ шуд. Ба марги кӯдаки ду ҳафтаинаам ин қадар ашк рехтам, вой бар ҳоли он модароне, ки фарзандашон бармаҳал... Аз чашмонашон зардоби дил ҷорӣ мешавад.

– Шояд аз як тараф хуб ҳам шуд... Ҷонона бе ту гиря дорад.

Модар аввалин бор хурсанд шуд, ки хайрият Ҷонона ҳаст. Ягона баҳонае, ки духтарашро умеди зистан мебахшад.

– Бачам, раҳораҳ хеле фикр кардам. Чаро ин хел шуд? Ман пеши ту гунаҳкорам, бачам...

– Ин ҷо гуноҳи шумо нест, модар.

– Зани тағот, худи тағот ба ман нагуфта буданд, ки Асрор чанд бор ҳабс шуда буду нашъа ҳам мекашад. Доим таъриф мекарданд, ки Асрор одами хуб аст. Маро бубахш, бачам.

– Ин хел нагӯед, модар. Дард дар ҷисмам, гӯшу бинӣ, ҳатто дар чашму абрӯ ҳазм мешавад, то ҳарфе бигӯям. Дарду эҳсос баҳона мешавад, ки қалам ба даст гирӣ. Медонам, ки ҳамаи азобҳои ман баҳонаест, ки чизе нависам. Ҳатто бархӯрди нигоҳам бо дунёи воқеӣ бароям гарон аст, зеро дунёи ман бо дунёи шумо мувозинат надорад.

– Туро фаҳмида натавонистанам маънии дӯст надоштанам нест. Зиёдтар аз дигар фарзандонам туро дӯст медорам. Шояд гапи ту ҳам рост бошад. Охир, одамҳои оддӣ нависанда намешаванд-ку.

– Яъне, шумо тамоман гуноҳе надоред, модар.

– Ҳамин саҳар як чиз ба хотирам омад. Вақте ки туро таваллуд кардам, шаби аввалини зиндагият хоби аҷоибе дидам. Хоб бинам устод Садриддин Айнӣ меҳмони мо шудаанд. Пешашон дастархон кушодаам. Паҳлӯи он кас гаҳвораи ту буд. Устод бо меҳр ба ту нигоҳ мекарданду гаҳвораатро меҷунбониданд...

– Барои чӣ пештар нагуфта будед?

– Ин хоб тамоман фаромӯш шуда буд. Кӯдакатро бисёр фикр кардаму ҳамин хоб ба ёдам омад.

– Хеле барвақт зиндагиямро таъбир карда будаед, модар.

– Бачаҷони ман, баргаштанатро ману Ҷонона нигаронем.

- Аммо Нӯшин дубора таркам гуфт, модар.

пешина
аз 16
навбатӣ