Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарири шабгунаи орзу ҷилва дорад ба ном зиндагӣ.

Тифлак имдодҷӯёна печутоб мехӯрад. Дар талоши зинда мондан месулфад, зеро қатраи шири сафеди модар дар гулӯяш гиреҳ хӯрда.

Мисли ин ки ҳаргиз шир нахӯрдааст, пистонҳои модарро ҳарисона мемакид, зеро тифлак ҳоло бехабар аст, ки қатраи шир метавонад дар гулӯяш гиреҳ хӯрад ва рахнае барои будани ӯ бошад.

Чашмони тифлак аз ашк пур мешавад. Талоши тифлак баҳри зинда мондан танҳо дуру дароз сулфидани ӯст. Вай месулфад...

Модар бо ҳарос «Ман розӣ» мегӯяду тап-тап ба пушти тифлак мезанад.

Тифлак бо азобе қатраи ширро фурӯ мебарад ва оҳе мекашад. Оҳи ӯро танҳо модар эҳсос мекунад.

Тифлак мегиряд. Ва ин ашк нишони хурсандии ӯст, зеро ӯ наҷот ёфт.

Модар оҳи сабуке кашид.

Аз пистони ӯ шир мерехт. Сафед буд он, мисоле, ки ҳама покиро андаруни худ маҳфуз дошта.

Тифлак хурсандона дасту пойҳои худро мечунбонад. Вай овоз мебарорад: - ағууу...

Пурнур аст чеҳраи ӯ, зеро нури эзидӣ ҳоло газанде надида.

... Ва кампирак месулфад, дуру дароз. Ҷисми кӯчаки ӯ хаёле меларзад. Ва кампирак талош дорад барои зинда мондан, зеро андаруни гулӯи пурчини ӯ пораи ноне гиреҳ хӯрда. Кампирак бо дандончаҳои майдаи тифлонааш нони қоқро мехояд. Мисли ин ки ҳарисӣ танҳо дар гулӯи ӯ бошад, нонро гиреҳ медиҳад. Ва кампирак месулфад, то нонро фурӯ барад, зеро намехоҳад мурдан, ҳарчанд пояш наздики лаби гӯр расида. Аз сулфидан ашк ҷорӣ мешавад дар чашмони ӯ. ӯ мегиряд, аммо касе нест, ки «тап-тап» ба тахтапушташ бизанад ва бигӯяд «Ман розӣ». Бо азобе нонро фурӯ мебарад ва бо забонаш лабони парсингбастаи берангашро мелесад.

«Худоро шукр» мегӯяд, зеро наҷот ёфт ӯ.

Аммо...

Пурчин ва пурожанг аст чеҳраи ӯ, мисле, ки ҳама гуноҳ рӯйи он акс ёфта, гӯё дар мусофират нури эзидиро газанде дода.

Дигар, на шири сафеди модар, балки нонрезаҳо гирди лабони кампирак бо ҳузноварӣ часпидаанд, зеро фосилаи дури наздикро танҳо «оҳ» ба ҳам пайваст.

Ва кампирак оҳи сабуке кашид.

Ва нафаре аз олами рӯъёҳо ин ҳамаро мушоҳида мекард ва чӣ табассуми зебою латифе дошт аз он, ки тифлак ва кампирак ин қадар зуд наҷоти худро пайдо карданд.

Гирист, зеро ӯ наҷот меҷуст, вале фурӯ бурдани шири сафеди модар ё фурӯ бурдани нонпора наҷоти ӯ нест, ҳарчанд андаруни гулӯ гиреҳ мехӯрад.

Ва оҳе кашид, зеро наҷот меҷуст ӯ.

– Зиндагӣ

– Ҳақиқат

– Ишқ

– Будан шояд пеши талоши тифлак-барои зинда мондан, ҳеҷ аст, аммо дардест барои Будан...

Вай ба андеша фурӯ меравад...

Сулфидани кӯдак Ҷарираро аз олами андешаҳош канда кард. Ҷарира «Ман розӣ» гӯён «тап-тап» ба пушти кӯдак зад ва бидид, ки лабони Ҷонона широлуд шуда. Духтар оҳи сабук кашид.

Замоне буд, ки Сипар дар дунё фақат як бӯйро эҳсос мекард. Он бӯй ҳам бошад, бӯйи шом буд.

Шоме, ки насибахӯри саҳари орзуҳо буд. Паррандаҳониёиш дар лаб тори чанг ба дили осмон мезаданду дигарбора хомӯш мешуданд ва сукути шомолуди онҳо мисоли навои риққатовар дили

Сипарро пур мекард, пур аз ормону пур аз ниёиши шабоҳанг... Нигоҳаш ба момои пираш меафтоду дар симои ӯ, дар ожангҳои чеҳраи кампир зиндагиашро медид. Зиндагии риштаосо бемароми худро. Ожангҳои чеҳраи момо рахна ба рахна ҷӯйи ашкҳои ӯ шуда буданд, ки мешориданд, мешориданду бечора Сипар таҳаммули дидани ин манзара надошт.

Момо дар оғӯши дуди оташи аланганагирифта хӯрок мепухту, шояд фақат шалғам меҷӯшонд,

Сипар нигоҳ аз ӯ барнамеканд, фақат ёд мекард, ёди замоне, ки модар дошту падар дошт...

Сипар чун медид, ки чеҳраи модар дар алангаи оташи танӯр мисли лахча сурх аст, чун медид, ки падар мисоли кӯдак сар ба танӯр мехалонду кулчаашромеҷуст ва бесаброна пухтанашро мунтазир мешуд, аспакашро мегирифт ва «чуҳ, ҷонвар» гӯён метохт ҷониби кӯча, ҷӯраҳояшро фарёд мекард ва ҳамдигарро суркунон, ана, майдони бозӣ меоростанд.

Модар хомӯш асту ёрои ҳаракате надорад ва дар кунҷе нишаста, гӯиё сақфи хонаро мешуморад, падар куртаашро дарзмол мекунаду куҷое шитоб дорад, дили кӯчаки Сипар якбора хиҷил мегашт ва аспакашро ба кунҷе мегузошту худаш ба осмон нигоҳ медӯхт. Аз осмон шояд металабид, ки модар дубора барояш кулчаи ширмол пазад ва ба ҳамин минвол Сипарро хоб мебурд. Ва хоб медид писарак. Рӯшноиро хоб медид. Аз равзана нуре дар шабеҳи аспакаш ворид мешавад.

Аспаки абрӣ сару рӯйи Сипарро мемолад, нур рост сӯйи чашмони Сипар меҳвари нигоҳи худ мерезад. Сипар чашм мекушояд ва ашк мерезад. Модараш садои гиряи писарашро мешунаваду тозон сӯяш меояд.

– Чӣ шуд, бачам, чаро гиря мекунӣ?

Модар пиндошт, ки писараш дар хоб тарсид. Меҳрубонона оғӯшаш кард, аммо Сипар натавонист гӯяд, ки аз хурсандӣ гирист. Нигоҳи гарми офтобро эҳсос мекард. Офтоб гӯиё оғӯш мекард

Сипарро. Ва ҳамин нагуфтану хомӯш модарро оғӯш кардан маъқулаш шуд, яке пурсид:

- Ая, офтоб гира мекунад?

- Гиря мекунад, бачам.

- Кайба?

- Агар одамон бо якдигар ҷанг кунанд.

- Имрӯз гира накад-ку?

- Чаро имрӯз гиряд?

- Дадам қатӣ ҷангӣ шудӣ-ку!

- Мехоҳӣ бароят кулча пазам?

- Кулчаи майиздор паз.

- Асал ҳам ҳамроҳ мекунам.

- Чува асал?

- Асал барин ширин шавӣ гуфта.

- Асал бойин шерин шавам, ориҳо мана тала мекунан, манба мечаспан.

– Чаро ин қадар ба фикр фурӯ рафтӣ, Сипар? – пурсид ҳамроҳаш.

- Кӯдакиамро ёд кардам.

– Ту аз ҳад зиёд фикр мекунӣ, баногоҳ девона нашавӣ. Ин қадар зиқ нашав, насиб будааст, ба ҳамин ҷо ҳам омадем, ҳамроҳ мешинем, пагоҳ мебинӣ, ки яке паси яке озод мешавем.

- Паси дигараш бозгашт меоем, ҳамин хел?

- Хайр чӣ, омадану рафтани мо ягон аҷоиботе надорад.

-Ҳамин қадар осон гап мезанӣ, гӯё фаромӯш кардаӣ, ки бо чӣ ба даст фаромадаӣ!

– Эҳ нодон, ман набошам, як каси дигар ҳаст-ку. Ин ҷо гуноҳи ман чӣ?

- Гуноҳи ту не, гуноҳи ман ҳам не, пас гуноҳи кӣ?

- Худакатро бегуноҳ нагир, дафтари аъмолатро ҳама панҷ ангушт барин медонанд.

Суханони Асрор мисоли корди тез дилашро шикофту пора-пора кард.

Якбора қаҳраш ҷӯш зад ва ҷаҳида аз ҷояш бархосту ба Асрор дарафтод.

Асрорро бо тамоми қувва мезад, мекӯфт. Мувозинати худро дигар нигоҳ дошта натавонист.

Барояш фарқ надошт, ки чӣ кор мекунад, аз сару рӯйи Асрор хун мешорид, аз биниаш беист хун мерехт. Сипар хуни равони бинии Асрорро дид, чашмонаш хунро медид, аммо майнааш қобилияти дарк кардан надошт магар, ки хуни равон ҳам барояш мисоли обе буд, ки аз ҷӯй равон аст.

Хуни Асрорро мерезонд Сипар, яке бӯйи хун ба машомаш расид, бӯйи хун дар пиндораш мисоли бӯйи шом буд, бӯйи торикӣ буд, дасту пояш якбора сусту беҳаракат гаштанд. Дар ҷояш нишаста монд. Торикӣ пеши чашмонашро мепӯшонд. Асрор фурсатро ғанимат донисту ҷонҳавла гурехт.

Панҷаҳои Сипар хунолуд шуданд. Бӯйи хун мағз андар мағзи ҷисми Сипар реша медавонд, паҳн мешуд. Сипар чору ночор хунро бӯй мекашид.

Ҷавон аз талвосаи андешаву ҳолати ногаҳонияш хаста шуд. Хаста шуду дар ҷояш нишаст. Хомӯш буду сар ба замин мезад. Акнун худашро шиканҷа медоду лаб мегазид. Лабонаш хунолуд шуд.

пешина
аз 16
навбатӣ