Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хуни худро мемакид ва фарёд мебардошт. Фарёде, ки алам надошт, дард надошт, фарёде, ки хун дошт. Хуни шахшудаи ҷасади падарро гӯё мелесид.

- Ая, аз Худо хоҳиш мекунам, дадама аз нав сохта метияд...

Ҷисми хунолуди падарро рӯйи ҳавлӣ гузоштанд. Сипар пиндошт, ки падар хоб аст. Чун ҳарвақта пешаш омаду «тап-тап» бо муштчаҳояш ба синаи падараш зад. Фикр кард, ки ана ҳозир дадаш аз хоб мехезаду «Ҳе, шайтонча» гуён гирди ҳавлӣ Сипарро сур мекунад ва дукаса рустшавакон бозӣ мекунанд, аммо падар хомӯшу бесадою беҳаракат буд. Сипар ҳайрон ба модараш нигоҳ кард.

Модар гиря дошт. Либоси падараш сурх буд. «Чаро кутаи дадам сурх?» – фикр кард Сипар. Охир, саҳар падараш куртаи сафед пӯшида буд. Чаро куртааш сурх шудааст? Кӯдак бо панҷаҳояш ҷойи сурхи куртаи падарро палмосида дид. Кӯдак ҳис кард, ки ранги сурхи курта ранги аслии курта нест, ранги сурх чизе буд, ки аз даруни падараш берун омадааст.

- Дада-аааа, - фарёд бардошт. Падараш хомӯш буду беҳаракат.

- Дада-ааа.

Сипар сарашро ба синаи падар партофт. Биниаш ба сурхии куртаи падар бархӯрд. Кӯдак бӯйи барояш ноошноро ҳис кард. Он бӯй дилашро ба таҳлука овард. Ҳис кард, ки чизе дар гулӯяш фишор мехӯрад. Пеши чашмонашро пардаи сиёҳе мепӯшонд.

- Дада-ааааа.....

Бӯйи ноошно дилашро беҳузур кард. Сараш ба дард даромаду беихтиёр ва бемайлона ангуштҳои сурхшудаашро ба лабаш наздик бурд, баъд ба биниаш расониду бӯй кашид, бӯй кашиду боз ба лабонаш наздик бурд. Кӯдак ангушти сурхшудаашро мемакид.

– Дада-ааааа....

Дар Муассисаи ислоҳотӣ овозаи ҷанҷол бардоштани Сипар бо Асрор барқвор паҳн шуд. Сипар сарашро руйи зонувонаш ниҳода, беҳаракат менишаст, ки низомиён тозон омаданду аз ду тараф, аз ду дасташ дошта, кашон-кашон бурданӣ шуданд, ки ҳамин вақт духтур ҳам расида омад.

- Ба ҳолаш монед! – амр кард духтур.

- Аввал ҷазояшро бинад. Шаҳр бе дарвоза нест!

- Ба ҳолаш монед! – такроран амр кард духтур.

Низомиён дигар чизе нагуфтанду лабашонро инҷ карда, аз назди Сипар дур шуданд. Духтур ду нафар низомии дигарро фарёд кард ва хоҳиш намуд, ки Сипарро бардошта ба қисми санитарӣ баранд. Духтур пеш-пешу онҳо аз қафо ба беморхона омаданд. Сипарро ба кате хобонданд.

Духтур Сипарро муоина карду ҷароҳатҳояшро шуст. Сӯзандору гузаронду худаш ба утоқи дигар гузашт.

Сипарро хоб бурд. Модар кулчаи асалин мепухт ва зери лаб суруд мехонд.

Сипар хоб буду эҳсос мекард, ки бӯйи кулчаи асалини модараш ба машомаш мерасад. Бӯйи кулчаи модарро эҳсос мекарду дилаш лабрези сурур мегашт. Дар хоб кӯдак мешуд, кӯдаки нозпарварди модар ва ин хоб буд, хобе, ки мисоли афсона буд, афсонае, ки худаш мебофт.

Афсонаи асалини момо!

Чанд рӯз гузашт аз моҷарое, ки Сипар бо Асрор дошт. Баъде, ки аҳволаш каме беҳтар шуд, духтур ӯро ба наздаш даъват карду аз ину он пурсон шуд. Ва ноаён мехост риштаи сӯҳбатро ҷойе барад, ки муродаш аз даъвати Сипар гуфтани он гапҳо буд. Аммо духтур якравии Сипарро медонист.

Медонист, ки Сипарро бо сухан аз андешаҳояш раҳо кардан осон нест, медонист, ки Сипар дигар акнун ғуломи ҳиссиёту андешаҳояш шудааст. Дигар акнун на Сипар эҳсосашро, балки эҳсосаш

Сипарро бонӣ мекард.

– Дастонамро аз гуноҳ шустам, аммо ба чӣ арзиш? Кӯрии чашмон, аз ғубори худбинӣ чашмон кӯр шудааст, имкон намедиҳад, ки гуноҳатро дарк бикунию бишӯйӣ! Мехоҳам шустагари гуноҳҳои шумо бошам, ин хоҳиш ба қиммати ҷони худи ман аст, албатта. Сарозер аз нигоҳи меҳрубони худованд афтодан, ба ҷуз ҷазо чӣ буда метавонад!

– Ман чунин фикр намекунам! Пеш аз он, ки гуноҳ сари китфҳоям нишинад, бароям аввал сафедии таваллудро ато бикунад, баъд мизон аз гуноҳ ё савоб маълум мешавад, духтур!

– Бо хоҳиши худам ба ин ҷо ба кор омадам. Духтур будан, ба мизоне шустагар аст, масъулият ҳамин аст!

– Чиро мешӯед? Гуноҳи маро? Одам агар аз гуноҳ сиёҳ шавад, шумо аз гуноҳ сафед шудаед.

Мурдаро пул мекунед. Собун қудрати шустани ғубору чанги рӯҳи маро надорад! Мумкин шумо чунин собунро худатон ихтироъ кардаед?

– Дар шараёни ман ихтироъ шуд, агар чунин гуфтан мумкин бошад. Ту бояд мепурсидӣ, чӣ тарз ихтироъ шуд?

Ба назари Сипар чунин намуд, ки қомати духтур хамтар гашт. Рӯяшро қатраҳои ашк мешуст. Пеши назари Сипар момои пираш намудор гашт.

Момояш ҳам гиря дошту чун кӯдакон бо ангуштҳои ларзонаш ашки худ аз чеҳрааш мешуст.

Нигоҳаш ба момои пираш меафтоду дар симои ӯ, дар ожангҳои чеҳраи кампир зиндагиашро медид. Зиндагии риштаосо бемароми худро. Ожангҳои чеҳраи момо ҷӯйи ашкҳои ӯ шуда буданд, ки мешориданд, мешориданду мешориданд...

– Сипар, ту беҳуда рӯҳатро шиканҷа медиҳӣ! Хайр чӣ, замоне падар доштаӣ.

Падаратро куштаанд, бибиат бошад мурдаи падаратро ба пули бисёр фурӯхтааст.

Сипар сар хам карду чизе нагуфт. Ба замин нигоҳ медӯхту бо нӯги бинӣ дар замин чизе мекашид.

Рӯйи замин хона мекашид. Хонаи калону барҳаво, намехост гӯш ба суханони духтур бидиҳад. Агар ба маҷрои сӯҳбати духтур ворид бишавад, ҳатман дубора ба қаҳру ғазаб ғарқ мегардад ва сарнавишти Асрор дар духтур такрор меёбад. Инро намехост Сипар. Духтур гоҳ-гоҳ сухане аз дили

Сипар мегуфт ва ӯро маҷбур мекард, ки ҷавон андеша бикунад, ҳарчанд суханҳош аксаран талх буд, аммо ҳақиқати ботини Сипарро дар рӯяш бе ибо бозгӯ мекард! Сипар ҳақ надорад рӯҳашро шиканҷа диҳад!

– Сипар, чашмҳоят мисоли чашмҳои писарам сабз аст!

Сипар ҳамоно бо нӯги бинӣ расми хонаро мекашид, ки суханони охирини духтур диққаташро сӯяш кашид. Ҳис кард, чӣ қадар ба дард писарашро ёд кард духтур!

– То ҷарроҳи хуб шудан, чӣ машаққате кашидам! Дарбеҳ кардану ба асли қадима овардани бадани қариб порашудаи одам осон аст магар! Соатҳои дароз сари мизи ҷарроҳӣ рост истода, риштадӯзӣ кардани ҷисми одами қариб ба ҳалокат расида...барои ҳамин худро ҳақдор ҳисоб мекардам, ки барои ҷарроҳӣ пули бисёр талаб кунам ва талаб мекардам. Пули ман ин қадар беҳисоб буд, ки... зораву гиря, таваллоҳои камбағалоне, ки фарзандашон ба садама дучор шудааст, чӣ асар дошт ба ман? Ҳеҷ! Бин, худованд ҳақиқати зиндагиямро чӣ қадар ботил кард!..

Бин! Овоз баланд кардан муқобили ҳама ба чӣ оварда мерасонад?! Ба чӣ? Зиндон!!! Зиндон чӣ дорад? Канӣ гап зан, чӣ дорад? -

Камтар зӯру бозу надошта бошӣ.....

– Шумо чиҳо мегӯед, духтур? – мушташро гиреҳ кард Сипар.

– Панҷара, симмех... Лаҳза ба лаҳза ҷаҳолат дар ту бедор мешавад, баъд чӣ?

Ҷазо ба ҷинояти дигарон ба ту чӣ? Қувваи Худо додаро ба ҷаҳолат сарф кардан, ин баробари худкушист!

– Ман ҳамроҳи шумо баҳс карданӣ нестам!

– Худат дурусттар фикр кун, ту дигар кӯдак нестӣ, ки кӯдакона фикр кунӣ!

Кӯр-кӯрона муқобили ҷамъият овоз баланд бикунӣ, ба зиндон мепартояндат, дар ин ҷо чун нишони эътироз симро ҳам фурӯ мебариву гуруснанишинӣ ҳам эълон мекунӣ! Ҳамин аст зиндагии

Ту!

– Ман пишак ё гурба нестам, ки пишаквор муносибат кунанд!

– Фикр кардӣ, дар ҳабсхона саратро сила мекунанд! Не, дар ин ҷо мезанандат, мекӯбандат, дар ин ҷо ҳайвонвор хӯрокат медиҳанд, хӯроке медиҳанд, ки агар саг бихӯрад, бемор мешавад! Ба сими электр мечаспонандат, рӯҳан мекушандат, ки дигар овоз аз гулӯят берун наояд, садоят умрбод гиреҳхӯрда бимонад! Сарат умрбод хам бигардад!

– Бас, духтур, - гӯшҳояшро маҳкам карда фарёд зад Сипар, - Бас! – илтиҷо мекард Сипар.

Садои духтур дар гӯшҳои Сипар ғуввосзанон овози гиряолуди модарашро мерасонд.

– Сипар, акнун бе дадат чӣ кор кунам, ба куҷо дадакобӣ равем?

Модар гиря дошту Сипар нигоҳ аз ӯ барнамеканд. Модар сару либоси падарашро мепӯшиду

Сипар мегуфт:

– Хафа нашав, ая, ман Худова мегӯм, дадама аз нав сохта метияд...

Духтур хилъаташро кашиду берун баромаданӣ буд, ки дари утоқи ҷарроҳӣ бошаст кушода шуд ва ҷавоне тозон ворид гардид.

- Духтур, духтурҷон, - илтиҷо дошт ҷавон.

- Чӣ гап? – хунсардона пурсид духтур.

Овоз дар гулӯяш мепечид, ки базӯр ҳарф мезад.

– Як ҷавонро овардам!

- Пулашро чӣ?

- Пулаш?

Ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ ҷисми бо матоъ печондаи ҷавонеро, ки хунолуд буд, дароварданд. Духтур аҳамияте надоду ба курсие нишаст.

- Аввал пулашро биёр, баъд ҷарроҳӣ мекунам!

- То он вақт дер мешавад, духтур. Ман ӯро тасодуфан пайдо кардам. Касе ӯро бо мошинаш зада, партофта рафтааст, духтур. Илтимос, вай ҳоло ҷавон аст.

- Гапро кашол надеҳ, тезтар пулашро биёр, баъд ҷарроҳӣ мекунам.

– Духтурҷон, ман барои пул ба хона меравам, шумо омадани маро интизор нашуда, ҷарроҳиро оғоз кардан гиред, баногоҳ дер нашавад.

Ҷавон дав-давон рафт. Духтур аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ баромаду ба ошхона раҳсипор гардид. Он ҷо хӯроки чошт хӯрду ба ҳуҷрааш баргашт. Акнун ба курсӣ нишастанӣ буд, ки бошаст ҷавон ворид шуд. Вай тез-тез нафас мекашид.

- Ана, духтурҷон, овардам.

Гуфтораш оҳанги илтиҷою зора дошт. Духтур пулҳоро гирифта шумурд. Ба киссааш андохту бо хотири ҷамъ ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ ворид шуд ва ба хоҳарони шафқат фармон дод, ки ба ҷарроҳӣ омода бошанд. Назди миз омад ва хунсарду бепарво матоъро аз рӯйи ҷавон кушоду дар як лаҳза ҳуш аз сараш парид. Ҷисми ҷавон сард шудаву хунаш шах шуда буд. Духтур фарёди ҷонхароше бароварду рӯйи фарш ғалтид.

Ҷасади шахшудаи ягона писараш рӯйи мизи ҷарроҳӣ хоб буд. Нигоҳаш ба падар илтиҷо дошт.

– Дадаҷон.........

Маҳбусонро аз камераҳояшон ба сайругашт бароварданду нигоҳи Сипар ба духтур бархӯрд, ки дар назди полиз болои замин менишаст ва нигоҳашро аз баргҳои дарахте, ки аз вазиши шамол хаёле арғушт мерафт, барнамеканд. Аз дидани ин манзара дилаш таҳ кашиду тозон наздаш рафт.

– Духтур, духтурҷон, чаро рӯйи хок нишастаед, ба курсӣ нишинед, - курсиро нишон дода гуфт

Сипар.

пешина
аз 16
навбатӣ