Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҷойи дадат дигар акнун рӯйи хок шуд, бачам. Ту таги хокию ман рӯйи хок. Чӣ қадр фарқ дошта бошад, намедонам, аммо дилам сӯҳон шудааст. Бачам-а, каси бегона барои ҷони ту талош карду дадаи бефаҳмат ақаллан эътибор надод.

Ақаллан докаро аз рӯят мекушодам, туро медидаму... ҳамон лаҳза ҷарроҳӣ мекардам, намемурдие, бачам.

Сипар духтурро аз китфонаш оғӯш карду ҳарфе нагуфт. Духтур яке дар худ ларзиду нигоҳашро гурезонд ва фиқ-фиқ ба гиря даромад.

Сухан дар гулӯи Сипар гиреҳ хӯрда буд. Вай ҳарфе гуфта наметавонист.

Нигоҳ ба духтур медӯхту дилаш таҳ мерафт ва месӯхту месӯхт.

Духтур барои санҷиши ҳолати санитарӣ дар камераҳо муоина гузаронд. Ба камераи Сипар омаду ҳамаи «дороиҳо»-яшро тагурӯ кард. Аз байни онҳо сандуқчае диққаташро сӯяш кашид. Сандуқчаи моҳирона аз чӯб сохтаро гирифту то дер бо шавқу завқ нигоҳ дӯхт. Баъд оҳиста онро кушод.

Даруни сарпӯши он расми духтареро дид, ки бо табассум ба духтур нигоҳ мепартофт.

Аз маҳорати Сипар духтур ба шавқ омаду суратро тамошо мекард. Сипар аз донаҳои гандум расми духтареро кашида буд. Духтари зебое, ки чеҳрааш нур дошт, ё шояд ба нигоҳи духтур чунин намуд. «Агар писарам намемурд, ҳамин хел духтари хушрӯро келин мекардам» – оҳ кашид мард.

– Меҳнат шараф аст! – бо хушҳолӣ ба Сипар муроҷиат кард духтур.

- Якбора ба шиор гузаштед, ба хайр, духтур.

– Аслан, ки нигоҳубини полизро ба дӯшат бигирӣ, беҳтар аст. Бин, дар чанд рӯз ин полиз рангу ҷилои тоза гирифтааст. Ҳам ба худат фоида. Меҳнат беҳтарин усули табобати рӯҳ аст!

– Тинҷӣ, духтур?

- Барои ту хурсанд шудам.

- Хизматгори ментҳо будан чӣ хурсандӣ дорад?

- Ту бачаи бесаводу бефаҳм нестӣ-ку, Сипар!

- Оши ҳардуи мо вақтҳои охир напухта истодааст.

- Аммо муҳаббат меарзад, ки ҳама чизро барояш қурбонӣ кунӣ!

Сипар, ки заминро побел мекард, якбора аз кор бозистод. Ба бели дасташ такя карду синчакорона ба духтур нигоҳ дӯхт.

- Саҳеҳтараш, чиро бояд қурбон бикунам?

- Дунёро!

- Чунин хулоса аз куҷо, аниқаш ин қадар боварӣ?

- Зоғҳои алоро бахшида тавонистан... аккаҳоро, ба ҳар ҳол аз зоғҳо дида ҳурмат мекунанд.

Сипар қоҳ-қоҳ ба ханда даромад. Аз садои хандаи ӯ паррандаи шохи дарахт хӯсиду парида рафт.

- Гапҳое мегӯед, ки...

- Нахоҳӣ, аҳамият надеҳ, - гӯён духтур аз пайи кори худ рафт.

Духтур гӯё бепарво рафт, аммо оҳиста ба дили Сипар чанг андохт. Сипаре, ки ин қадар андешаҳояшро ҳифз мекард, мисоли ҳайкал росту бе ҳис шуда монд.

Ӯ такя ба бели дасташ рӯйи замин нишаст. Ба буттаи садбарге, ки бехашро нарм мекард, нигоҳ дӯхт. Ба машомаш хаёле бӯйи гул расид. Бӯйе, ки ба пиндораш аз дуриҳо меомад.

– Эҳ, Нӯшин, - беихтиёр оҳ кашид Сипар, - ту ҳозир куҷо бошӣ?

«Ҳама рӯзу ҳама лаҳза фикрҳоям аз ту ихтиёр мекунанд, ёд ба сарзамини муҳаббат мебаранд, лаҳза ба лаҳза эҳсос мекунам, ки пайванди меҳри ту маро ба ин замин мекашад, аз меҳри ту нерӯ мегирам ва заминро зер мекунам, замин аз нолаи дилреши пойҳоям ангор хун мегиряд. Ҳама дӯстдориҳоям гӯё мизон ба пойҳоям додаанд. Пазмониҳоямро бо қоғаз қисмат мекунам. Дурии

Ту ба ман имконият намедиҳад, ки тез-тез бинамат ва ба андозае, ки дилам мехоҳад, меҳрубонӣ бикунаму интизориҳоямро бирезам ва аз меҳр гӯяму гӯям, чӣ қадар ёд кардам, чӣ қадар интизор будам. Ба чӣ эҳсосу интизорӣ ҳарф мезанам.

Ҷонам,

- чӣ ҳарфи хубе, дили одам ин қадар пур мешавад, ки фикр мекунӣ, шояд дар дуриҳое бошӣ, дигар кай инсони бароят ин қадар азизро бубиниву бигӯйӣ: чӣ қадар пазмон шудам, чӣ қадар раҳ пойидам, чӣ қадар дилам беқарор буду нигоҳам суйи дар овезон, ба ҳаминаш ҳам шукр, ба дуриҳо ҳам шукр, ба буданат шукр,.......шукр ба ҳамааш ……чӣ қадар шукронаҳои бисёре, аммо дилам ин қадар овои пазмонӣ мезанад, ки пеши ин хоҳиш дигар лолу ҳайрон мемонам.

Охир, ман ёд кардам ӯро, Худоё! Бароям аз барош паёме фирист, хоҳиш мекунам, ҳамин қадар аз ту хоҳиш дорам….. ёд кардам, саҳар ба умед аз хоб бедор мешавам, ки шояд имрӯз дидораш насибам шавад, ба умед қадам мезанам, ки шояд яке мебинамаш. Рӯзҳоям ба умеди дидор шом мешаванду аз ӯ дараке нест. Шаб ба умеде сар ба болин мемонам, ки шояд пагоҳи дигар дидорро

Худованд насибам мегардонад. Баъзан, зиндагии инсон дар меҳвари як ришта сарҷамъ мегардад ва ҳама тавон дар ҳамин ришта ғунҷоиш меёбад, агар ҳамин ришта канда шавад?».

Ҷарира ба почтаи марказӣ даромад. Рақамҳои лозимиро чид.

– Ало, - посух дод нафаре аз он тараф баъди сукуте.

– Ало, Сипеҳр ҳамин ҷо? - бо овози ларзон пурсид духтар.

– Ҳозир, як дақиқа, - Сипеҳр туро мепурсанд, - шунид овозеро Ҷарира.

– Гӯш мекунам.

Аз шунидани овози Сипеҳр якбора саропои духтар ба ларза омад, арақи сард вуҷудашро тар кард.

Духтар маҷоли овоз баровардан надошт. Гӯшҳояш гӯё қулф зада буданд, дилаш метапид.

– Ало, гап занед, - мегуфт Сипеҳр.

Духтар дар худаш мепечид, овозаш дар гулӯяш гиреҳ мехӯрд, мехост нидо бикунад Сипеҳрашро, аммо садо дар дилаш буду вуҷудашро мисоли оташ месӯзонд.

– Сипеҳр…

– Ало, гап занед.

Духтар бо азобе, бо ангуштони ларзон рақами 3-ро пахш кард.

– Сипеҳр!

– Ҷарира, туӣ! Чаро овоз намебарорӣ?

Духтар меларзид, дилаш тез-тез метапид.

– Сипеҳр, - бо азобе овоз баровард духтар. Ҷузвдонаш аз дасташ ғалтид, аммо духтар инро эҳсос накард. Ларзиши дилаш сония ба сония зиёд мешуд ва ҳастияшро фаро мегирифту нидо андаруни ҷисмаш мисоли хун ғалаён мекард.

– Сипеҳр, саломатиат хуб аст? Туро хоб дидам.

– Телефон, ки кардӣ, маълум, ки хоб дидаӣ. То хоб набинӣ, занг ҳам намезанӣ-а?

– Корҳоят чӣ тур? Корат ба худат маъқул?

Ҷарира гап мезаду андешаҳояш банди эҳсосҳояш ба ҳам мепечид. «Сипеҳр, чун ҳамешагӣ хомӯшӣ! Муҳимаш буданат, ҷонам, будани туро дӯст дорам, хайрият, ки ҳастӣ, хайрият, ки овозатро мешунавам».

– Чаро хомӯш шудӣ?

– Гуфтам, як пурсам.

– Гуфтагӣ барин, шавҳар кардӣ?

Ҷарира дар ҷавоб чизе нагуфт. Вуҷудаш ҳамоно меларзид. Дилаш фиғон дошт, орзуҳош нидои гиреҳхӯрдае буд, ки дар гулӯяш фурӯ мебурд, фурӯ мебурду ҳамоно шукр мегуфт. Духтар бе овоз мегирист.

– Паноҳ ба Худо!

Духтар гӯширо ба ҷояш гузошт. Аз кабина баромад, аммо пеши чашмонаш чизеро намедиду овозеро намешунид. Оҳиста-оҳиста қадам мегузошт.

Қадаммонияш мисоли қадаммонии кӯдаке буд, ки нав роҳгардиро омӯхтааст.

– Ҳой духтар, пули телефонро кӣ медиҳад?

Ҷарира овози ӯро ҳам нашунид. Ҳамоно майда-майда қадам мегузошт.

Телефончидухтар аз қаҳр фарёд заду тозон пеши Ҷарира омад.

– Кто будет платить?

«Пули телефонро додан даркор!», - дар зеҳнаш ин ҷумла чарх мезаду фикрашро парешон мекард, аммо Ҷарира дар дарки ин суол оҷизӣ мекашид, ки нигоҳаш ҳайрати беандозаро ифода мекард.

Ҷузвдонашро дар дасташ надид.

Куҷо монда бошад онро, аммо ба хотираш наомад. Даст ба гарданаш бурд, ангуштонаш ба чизе ҳамоил шуд. Пиндошт, ки чизи доирашакле дар он овезон аст. Дар назараш танга аст он, дар зеҳни вай фақат як чиз давр мезад, пул бояд дод…фақат ҳамин ҷумла дар зеҳнаш чарх дошт. Ҳатто дар тасаввуроташ намеғунҷид, ки чӣ тавр метавонад пул дар гарданаш овезон бошад? Дар гардани Ҷарира танга ҳамоил шуда буд! Тангаро аз гарданаш канду ба телефончидухтар дароз кард. Телефончидухтар хомӯшона тангаро гирифту ба Ҷарира бақияи пулашро баргардонид.

Ҷарира ашкрезон аз нигоҳи телефончидухтар дур мешуд. Аз Ҷарира фақат шабаҳе гӯё яке-яке ҷилва мекард. Вуҷуди духтар ҳамоно меларзид. «Сипеҳр…»

Дар дасти телефончидухтар пул набуд, танга набуд, дар дасти вай тӯмор буд.

Вай ноаён ашки чашмонашро пок кард.

Ҷарира гоҳе дар пиндорҳояш мезист, гоҳе хотираҳояшро ҷустуҷӯ мекард ва ё дар зеҳнаш таҳмил дошт, ки бо маҷрои аниқ зиндагӣ бикунад. Бархӯрдҳои дунёи ботинаш бо дунёи воқеӣ барояш зурӣ мекард, зеро мехост оламро дигаргуна бубинад, мехост эҳсосҳояш комгор бошад, орзуҳояш баҳори муҳаббатҳо буд. Фақат дар зиндагие, ки меҳр меҳвари талошҳо аст, инсон метавонад эҳё бишавад. Охир, дӯст доштан ва ин эҳсосро чун армуғони дил перояи умр кардан хушбахтӣ нест?

Зеро маҳз дӯстдориҳо дили инсонро саршори зебоӣ, дар ҳама садамаю тазодҳо ҳимоя мекунад, маҳз эҳсос вуҷуди одамро тапиши тоза мебахшад, зеро бархӯрди дунё ҳам дар меҳвари ангушти эҳсос пойдор буда. Шояд ҳамин ҳақикат буда, ки духтарро нерӯе медод барои зистан, зеро

Ҷарира дар баробари вусъати андешаҳо перомуни эҳсосҳояш гардиш дошт, зеро ашк ҳам ғелхӯрон орзуи эҳсос дорад.

Духтар ашки чашмонашро пок карду аз роҳ гузаштанӣ буд, ки касе ӯро фарёд кард.

пешина
аз 16
навбатӣ