Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аввалан, бояд эътироф кард, ки аксари аҳли ҷомеа ҳанӯз ҳам бештар тақдиргароянд.

Тақдиргароӣ дар навбати худ аз таълимоти суннатии исломӣ сарчашма мегирад, ки аслан ба тақдири илоҳӣ тобеъ буда, ақлгароӣ ва хирадгароиро дар ин маврид намеписандад. Дар ҳамбастагӣ ба тақдиргароӣ, бо заҳмати андаку сатҳӣ ба натиҷаи баланд умедворӣ доранд, ба мудирияти мафҳуми кор ва вақт, сахткӯшӣ аҳаммият қоил нест ва ба ҷойи амали мушаххас бештар ба тасаввуру хаёли холӣ умри худро сарф мекунем.

Ҷаҳонбинии динии мо аслан бар таассубу хурофот ва догмаҳои қадима бунёд дошта, ки дар ин замони муосир барои рушд монеаи асосӣ ҳам мебошанд. Имкониятҳои давлати ҷавони мо ҳанӯз ҳам барои рушди болотари пояи моддӣ ва маънавии илм маҳдудтаранд ва аз ин рӯ, дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта мавқеи моддӣ ва маънавии илм, ки нақши калидӣ ҳам дорад, ба сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб таваҷҷуҳи ҷавонон ҳам ба илм камтар аст.

Дар ин робита, баланд бардоштани сатҳи эътибори маънавӣ ва моддии омӯзгор, маоши омӯзгор ва олим муҳим боқӣ мемонад, ба ибораи дигар, агар мо натиҷаҳои баландтарро интизор бошем, бояд муҳити кориро ҳам фароҳам созем ва дар ниҳоят (умедворем, ки дуруст дарк шавад), аксари кулли сокинони муҳити кӯҳсори кишвари мо деҳотӣ мебошанд, ки дар ин муҳити аз ҳар ҷиҳат маҳдуд, тафаккури илмии дақиқ ва техникӣ заифтару кундтар таҳрик мешавад.

Ҷаҳони муосир ва мудерн бар низоми ҳуқуқ, қонунҳо, ки ба асоси дониш, ақлоният ва илм поягузорӣ шудаанд, устувор аст. Либерализм бо тамоми норасоиҳояш идеологияи асосии замони муосир аст ва демократия ҳамчун мафҳум дар пояи ҳамин идеология барқарор аст, ки аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё ба ҳар тарз пазируфта ва ба ҳар сатҳ, вобаста ба мушаххассоти ин ё он кишвар амалӣ ҳам мешавад. Зеро инсоният модели аз он бартару беҳтарро ҳанӯз кашф накардааст. Аммо бояд дар назар дошт, ки ягон кишвари дигари дунё бидуни манфиатҳои худ моро ба ин роҳ, яъне мафкураи либерализм ва демократияи “классикӣ “намебарад. Шояд баръакс, бештар кӯшиш хоҳанд кард, ки моро дар ҷаҳолату ақибмондагии бештар ва дур аз дастовардҳои муҳимми башарият нигаҳ доранд, то ки бештар дастнигар бошем, намунаи талхи ин воқеиятро дар Ховари Миёна, Афғонистони ҳамсоя ҳамарӯза мушоҳида мекунему мебинем, ки комилан бо стандартҳои мухталиф, вале ба номҳои гуногун татбиқ мешаванд.

Вале, бо вуҷуди ин, барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои худ ҳамчун миллат ва давлати мустақил, тақвияти дастовардҳои истиқлолияти худӣ дар фазои ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, тақвияти ҷаҳонбиниҳои илмӣ-воқеӣ, аз қабили ҷаҳонбинии илмӣ, дунявӣ талош варзем, тавре Пешвои миллат такрор ба такрор ҳидоят мекунанд: “Мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд”.

Ҳақназар ИМОМНАЗАР,

ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

пешина
аз 12