Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Воқеияти ҳаёт нишон медиҳад, ки илму маориф ба иллатҳои гуногун ҳанӯз ҳам дар муқобили раванди ҷаҳонбинии динии омехта бо таассубу хурофот, сиёсат ва ниҳоят мафкураҳои ифротии аз хориҷ воридшаванда, дар ҷомеаи тоҷикистонӣ мақоми калидӣ ба даст нагирифтаанд.

Шояд иллат дар он бошад, ки аксари олимони соҳаи гуманитарӣ, ки рисолати бевоситаи ташаккули ҷаҳонбинии солим ва илмиро низ ба уҳда доранд, баръакс, бо баҳонаи эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ё таъсир ва ё тарси идеологияи исломи сиёсӣ бошад, ва ё раванди ҳамон замони норавшани “гузариш бошад, ки ”тадқиқотеро анҷом додаанд, ки бештар ба ҷаҳонбиниҳои фалсафӣ, моҳвароӣ ва динӣ мусоидат мекунанд.

Дар робита бо мафҳумҳои “мудерн” ва “воқеӣ”, ба амсоли гуногунандешӣ ва умуман, ҷаҳонбиниҳои дигар, аз ҷумла фалсафаи дунявии шарқиву ғарбӣ, ки рукнҳои появии ҷомеаҳои мадании муосир мебошанд, тадқиқоти илмӣ хеле камтар ба назар мерасанд.

Дар ин маврид саволе дар миён аст, ки чаро олимони соҳаҳои гуногун, ниҳодҳои илмӣ, маориф, ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми зиёиён, ки бештар аз 300 ҳазор нафарро ҳам ташкил медиҳанд ва ҷомеа аз онҳо интизориҳои бештар ҳам дорад, ба ин масъалаҳои зикршуда, аз ҷумла, мавзуъҳои доғи ҷомеа, аз қабили густариши ҷаҳонбинии ғайри илмӣ (динии (ислом)-и сиёсӣ, “хушкандешӣ" ё “тангандешӣ” (шиордоданҳои бидуни истидлол), тақдиргароӣ, тааассубу хурофоти ҳамагир бо ҷиддият иқдом намекунанд? Ба чолишҳои ҷомеа, ки натиҷаи ривоҷ додани ҷаҳонбиниҳои устуравӣ ва ривоятӣ мебошанд, бо таҳлилу тадқиқотҳои воқеии илмӣ равшании бештар намеандозанд, ба баҳсҳои илмӣ, гуфтумони байни ҷаҳонбиниҳо хеле кам ворид мешаванд.

Барои андеша, ба мисоли зерин таваҷҷуҳ шавад. Тибқи гузориши расмии Созмони Милали Муттаҳид, дар Тоҷикистон мизони бештари “кӯдакҳамсарӣ” (издивоҷи духтарон дар синни поин) дар тамоми Осиёи Марказӣ аст. Дар он изҳори нигаронӣ шудааст, ки издивоҷи ноболиғон аксаран ҳамчун як маросими динӣ сурат мегирад. Аммо насли оянда, ки аз ин “модарони хурдсоли 15-16-солаи чизеро надидаву нашунида” ба дунё меояд, чӣ сатҳи огоҳӣ хоҳад дошт, масъалаест, ки боиси ташвиши ҷиддӣ монда, ба суханони илм ниёз дорад.

Бояд гуфта шавад, ки Тоҷикистон заминаи хуби илми академикӣ дорад, ки яке аз мероси боарзиш ва ғайри қобили инкории замони Шуравӣ мебошад. Яке аз масъалаҳои асосии илми муосири ватанӣ ин ба таври назаррас дида нашудани натиҷаи он, ба истилоҳ, “дар истеҳсолот” (калкаи русии начандон муваффақ, Ҳ.И), ки дурусти он, яъне дар рӯзгори ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа аст, ки нигаронии Пешвои миллат низ дар ин маврид қобили зикри хос аст.

Бахусус, таъкиди хоси Сарвари давлат дар ин замина хеле бамаврид аст, ки “дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст”.

пешина
аз 12
навбатӣ