Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ба ҳушдори дақиқи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавваҷҷуҳ шавад: ”...фаромӯш набояд кард, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин гуна бетарафию хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандон ва зиёиёни асолатбохта буд”. Албатта, чунин тарзи “анҷоми рисолати иддае аз зиёиён ва олимон” ва мавқеъгирии “ақибгароёна”-и онҳо яке аз сабабҳои коста шудани мақоми илм дар ҷомеа гардид.

Дар солҳои ба ном “эҳёи маънавиёти миллӣ”, ки аслан “эҳёи ҷаҳонбинии ғайрианъанавии исломӣ буд”, ниҳодҳои илми тоҷик, бахусус, ниҳодҳои академии бахши гуманитарии он ба ҳамлаҳои бештару шадидтари ин ҷаҳонбинӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Бинобар вазъи он замони кишвар, ҷаҳонбиниҳои дигари ғайридинӣ дар майдони муборизаҳои идеологӣ фазои холишударо пур карда натавонистанд ва ба ҳадди максималӣ мавқеъро аз даст доданд.

Новобаста аз он, давлатдории мустақили худӣ таҳти раҳнамоии Пешвои миллат дар дохил ва сатҳи ҷаҳон дар лаҳзаи кӯтоҳи таърихӣ ба мақоми хос расид, ба садои ҳарфи он гӯш дода мешавад, ки қобили таҳсин, ифтихор ва умеди ҳар фарди он аст.

Ҳарчанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил танҳо таърихи 33 соли давлатддории худӣ дорад, ки аз он барои эҳёи давлатдорӣ, кишварсозӣ ва рушд танҳо 24 сол дар ихтиёр доштааст, ки аз нигоҳи илмӣ фурсати хеле ночиз ҳам мебошад.

Аз ин рӯ, ба бовари мо, масъалаи тарзи дурусти тафаккурсозӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа имрӯзу фардо ҳам яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи давлатӣ боқӣ мемонад. Ба таври дигар, тафаккурсозӣ ва ё тағйири тафаккур дар мутобиқат бо фазои воқеии ҷаҳони муосир вазифаи муҳимтарин боқӣ мемонад, ки бояд тамоми неруҳои ҷомеа ва давлат, аз ҷумла илм бояд ба он равона ва ҷиддитар саҳм гиранд, то ҳалли тамоми масъалаҳои дигар, аз ҷумла пешрафти кишвар дар рӯ ба рӯи монеаҳои ҷиддӣ қарор нагирад.

Алҳол фазои маънавиёти динӣ, ҷаҳонбинии динӣ дар умум, дар низоми ҷаҳонбинии ҷомеаи ҷавони тоҷикистонӣ, ки аз назари мо, воқеан ҳам, нигароникунанда ва як намуди дарди ҷомеа мебошад, ба таваҷҷуҳи хос ниёз дорад ва муҳимтар аз он, ба хотири дарёфти роҳҳои беҳтари таъсиргузории ҷаҳонбинии воқеӣ ва илмӣ, зарурати ба таври ҷамъӣ ташаккул додани "ҳамлаҳои мағзӣ, фикрӣ"-и умумӣ, ба қавли нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷалолуддини Балхӣ - Румӣ “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад”, тавассути механизмҳои мушаххас андешида шавад.

Тавре мо дарк кардем, Пешвои миллат ду моҳ пас ташхиси ин “бемории ҷомеа” давои онро нишон доданд, ки номи кӯтоҳаш илм аст. Яъне, танҳо аз тариқи рушди соҳаи илм ва пояи асосии он - маориф ҷаҳонбиниҳои дигар, аз ҷумла илмӣ, фалсафӣ, дунявӣ ва ҳатто ҷаҳонбинии диниро аз нигоҳи илм ба сатҳи баланд расондан имконпазир ва ҳатмӣ аст.

пешина
аз 12
навбатӣ