Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Оё нависанда аз рӯйи талаботи грамматика асар меофарад, ё аз рӯйи тафаккуру тахайюл ва осори гаронқиммати адабӣ? Аммо, бо вуҷуди он забондонӣ, ки сарчашмаи асоси он осори адабӣ ва мантиқ аст, аксаран дар канор мемонад. Забони ба ном “адабии” ҳозираи тоҷик дар қолаби грамматика маҳдуд шуда, забони зиндаро “трафаретӣ ё шаблонӣ” кардааст. Дар ҳоле ки мавзуъҳо ва мазмунҳои зиёде дар ин соҳа вуҷуд доранд, аз қабили мавзуъҳои вобаста ба назарияи забоншиносӣ, забони мантиқ, мантиқи забон, услубшиносӣ, шевашиносӣ, забонҳои бостонии гурӯҳи шарқии эронӣ ва ғайра, ки беҳтарини онҳо метавонад таҳқиқ ва дар ғанитар кардани забони миллӣ амалан истифода шаванд.

Аммо, дар акси он, ин ҳолатҳо касро ба фикри танҳо “илм барои илм” мебарад. Олимони зиёде ин воқеиятро дидан намехоҳанд, ё наметавонад ва ҳатто аз чунин масъалагузориҳо, ки мураккабтар ҳам мебошанд, меранҷанд ва мавзуъҳои сода ва пеши по уфтодаро идома медиҳанд, ки барои ҷомеа манфиати камтар доранд ва ба эътибори илм ҳам чизеро намеафзоянд.

Як мисоли воқеӣ, ки 43 сол қабл дар Донишгоҳи Кобул ва мактаби таҳсилоти умумии он ҷо мушоҳида кардем. Ба забондониву нутқи равону дурусти бародарони афғонистонӣ хеле таваҷҷуҳ кардам ва дарёфтам, ки муваффақияти онҳо ба омӯхтани мантиқ ва матнҳои беҳтарин дар мактабҳои ибтидоӣ оғоз мешудаст. Инро дар низоми таълимотии динӣ ҳам дидам, ки тамоми дарсҳои мадрасаву макотиби динӣ аз дарси суханварӣ ва мантиқ оғоз мешаванд ва танҳо пас аз ду сол ба илоҳиёт мепардозанд. Барои ҳамин сухани равон, бурро ва мантиқӣ доранд, ки бо он тарзи гуфтору баён одамонро мафтуни ривоёту устураҳо ва қиссаҳо мекунанд ва сипас, ба содагӣ барои ҳадафҳояшон истифода мебаранд.

Дар илмҳои дигар, аз қабили тиб, дорусозӣ, равоншиносӣ ва иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), ки зарурати нақши хоси онҳоро дар замони феълӣ худи Пешвои миллат махсус таъкид карданд, ҳанӯз дастовардҳо ночизанд (ё шояд ҷойе бошанду мо огоҳ нестем). Масалан, рушди илмҳои сиёсатшиносӣ ва бахусус, сотсиология барои анҷоми тадқиқот дар соҳаи иҷтимоъшиносӣ, дар шароити ҷаҳони мудерн аҳаммияти фавқулода доранд. Зеро ҷомеа, ба истилоҳ, организми зинда аст ва сотсиология ба маънои содатаринаш омӯзиши муносибати байни одамон, гурӯҳҳо ва ҷамъиятҳо аст. Аз ин хотир, таъсиси марказҳои омузиши афкори омма дар кишвар барои сиёсати давлат, ҳамчун “ғизои фикрӣ” (“food for thought”), барои созгор кардани он бо воқеият хеле муҳим аст.

пешина
аз 12
навбатӣ