ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар
Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа
Дар ин ҷо набояд он нуктае сарфи назар шавад, ки аҳли ҷомеа, дар умум, аз илм натиҷаҳои амалии бештар интизоранд, ки дуруст ҳам мебошад ва на китобҳои камарзише, ки ҳатто андешаи касро такон намедиҳад ва солиён дар кунҷе хобидаанд.
Ҳар яки мо аз рушди босуръати технология огоҳем, ки ҳар рӯз бо ихтироооти навин рифоҳи ҳаётро болотар мебарад. Илми ватании мо барои аксари сокинони кишвар, ки дар муҳити баландкӯҳӣ, миёнакуҳӣ қарор дошта, беш аз 70-75%-он деҳотнишин мебошанд, ҳанӯз ягон ихтироот, абзори корӣ ва ё василаи содатарин, ки заҳмати дастиашонро саҳлтар карда тавонад, насохтааст, чӣ расад ба ихтирооти мураккабтар.
Ҳамин тариқ, инсони муосир барои дарёфти посухҳои илмӣ ба чолишҳои замони худ, яъне, имрӯз зарурат дорад ва замони мудерн бо ҳама неку бади фаровонаш тақозо дорад, ки ҷомеа бояд аз ифтихор ба ибтикор, яъне ба самти амал қадамҳои ҷиддитар бардорад.
Дар чунин шароит аз дидгоҳи мо зарурате ба миён омадааст, ки илмҳо бояд бинобар афзалиятҳо, мавқеъ ва арзиши амалӣ дар ҳаёти воқеии ҷомеа як навъ раддабандӣ, ё рутбабандӣ, яъне “авлавиятбандӣ” шаванд. Ба ибораи дигар, барои илмҳои гуманитирӣ (бахусус, барои мазмунҳои мисли забону адабиёт, таърих дар муассисаҳои илмӣ маҳдудиятҳое муқаррар шавад, яъне, теъдоди унвонҷӯён ва кормандони илмӣ дар доира ва теъдоди муайян мушаххас нигоҳ дошта шаванд. Баръакс, дар соҳаҳои барои хоҷагии халқи кишвар, дар марҳилаи навбатии рушди он зарур, аз ҷумла илмҳои дақиқу риёзӣ, техникӣ, мантиқ, равоншиносӣ, (психология), кайҳоншиносӣ (астрономия ва космология), мантиқи забон ва забони мантиқ, ҷомеашиносӣ, (аз ҷумла низоми омӯзиш ва таҳлили мунтаззами афкори омма) ҳар гуна монеаҳо бардошта шаванд ва барои ҷалби тадқиқгарон ба онҳо мусоидату ҳавасмандӣ бештар шаванд.
Пешвои миллат хеле бамаврид зикр мекунанд, ки барои ободии кишвари мо пойдории он дар оянда ва мавқеи хоси он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ “...рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад”, фавқуллода муҳим аст.
Нуктаи дигари муҳим, назар ё афкори маъмули ҷомеаи мо, аз ҷумла сохтору ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди худи илм мебошад. Замони фаъолият дар сохторҳои гуногуни давлатӣ дар мавриди муносибати ҷомеа ба нақшу зарурати илм дар ҷомеа як дидгоҳи стандартӣ мушоҳида гардид, ки хулосааш чунин аст: “Барои олим, агар фикр дошта бошад (ба таъбири худашон калла дошта бошад), ба ғайр аз як мизу курсӣ чизи дигар лозим нест”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё