Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Онҳо вохӯрданд.
Ҳоло ҳозир Ҳавасгул дар назари Булбули Водӣ мисли ғизол рамандаю зебо менамуд. Аз он Ҳавасгули пешина нишоне намонда. Дар ин чанд моҳи надиданаш сад дар сад тағийр ёфта буд кабки маст. Даҳони як вақтҳо кӯчаку беобаш кунун амсоли гелос сурх, дар рухсораҳои ёқутфомаш сояҳои ларзони зулфони дарозаш арғушт мерафтанд. Чашмони сиёҳи гӯсфандиаш тӯпи дилро бомбаборон ва мисли тарбузи чарс садкафон мекард. Аз мӯи мушкине, ки як вақт мисли думи зоғ пушти сар мебаст, нишон намонда. Дар шаршараи мӯйҳои майдабофаш хумори оббозӣ рӯ мезад, мисли шаршараи сохтаи «ҳавли»-и бобои Ҳамроқул. Куртаи атласи сурхи анорӣ ӯро мисли маҳтоби шаби чордаҳ пурраю зебо, дилкашу қашанг гардонда буд. Булбул ҳар замон нигоҳашро гурезонда, оби даҳон фурӯ мебурд ва меболид, ки ин моҳи пурапайкар дар бараш қадам мезанад. Ин бахт басанда буд ба рӯи ӯ.
-Ба ту ҳасад мебарам, -тире ба хомӯш афканд Ҳавасгул.–Хонаи обод зану фарзанд дорӣ...
-Хонаи обод?.. –кӯргиреҳ уфтод байни абрӯвони Булбул.–Гапи беҳуда. Зане, ки мисли ту ҳусни оламгир дорад, меарзад беҳуда ҳасад хӯрад, магар?
-Ҳм, ҳусн чӣ медиҳад? Ана, ман чӣ дидам? Ҳоло ҳам кор- кор гуфта давидаму нафаҳмидам, ки гули ҳуснам кайҳо хазон шудааст.
-Не, хато мекунӣ, ҳоло аз ҳазор гул ним гулат ханда накардааст. Мисли ғӯра дар дами шукуфтанӣ,-ҷӯшид илҳоми Булбул. –Агар ба шавҳар мебаромадӣ, ҳоло пири фартуте будӣ, ки даҳон гапатро намегирифт. Офаринам намегӯӣ, ки бо як зани мисли ангиштсанг сиёҳ, монандаи чӯби хушк лоғару бебағал тоқат карда, ҳанӯз ҳам қоматам нашикастааст. Кӣ гуфтааст? - дар хотирам нест, лекин дуруст гуфтааст:
Илоҳо дар ҷаҳон як зан намонад,
Агар монад аз они ман намонад!
Ҳавасгул баланд хандид. Мурғакони шохи дарахт рамиданд. Зани
шаттоҳе дасти писарчаашро сахттар кашида, бо ҷаҳл: «Нигоҳ накун, духтарои ин замона шарму ҳаё надоранд! Дар куҷое рост омад, шакидан мегиранд»,-гуфту роҳашро давом дод. Аммо Ҳавасгул баландтар хандид. Вале дар ин қаҳқаҳа як чизи ба хандаи муқаррарии вай бегона эҳсос мешуд. Пистонҳои зери пироҳани Ҳавасгул мисли кабӯтарон тапиданд, баъд «шӯталаб» орому ҷиддӣ гашт.
-Ақаллан... безан мебудӣ...-ғурунгид ӯ.
Кунду кархт шуд Булбул. Чӣ гуфтанашро надонист. Ба таги забонаш гӯё нос паотофта бошад, хомӯш монд.
-Дилам ба ту месӯзад, - забон гардонд Ҳавасгул. –Дар райони як муштак хор шуда меравӣ.
-Чӣ хел?- ба худ омад Булбул.
-Охир, фикр кун: дар райони пушти нохун туро кӣ мешиносад? Дар вилоят гапи дигар. Ақаллан дар идораи радио кор кунӣ, овозаат зуд паҳн мешавад. На ҳар кас мисли ту садои ширин дорад. Росташ, район ҷои ту не, беҳтараш ба ридио биё. Худам ба кор мемонамат. Дигар ҳар рӯз овозатро шунида, курта-курта гӯшт мегирам. Асосан барои ҳамин бо ту вохӯрдан мехостам.
Дар лаби Булбул гӯё мӯҳри сарбаста пахш карда буданд.
-Акнун метавонӣ табрикам кунӣ, -дар лабони Ҳавасгул табассуми малеҳ ба бозӣ даромад.
-Ба чӣ муносибат?
-Ман... шавҳар мекунам...
-О...о...
-Ҳа, чӣ даҳонат воз монд?
-Ман... Кор чӣ мешавад?- осема шуд Булбул.
-Кор?! Ба шавҳарам вобаста, «ҳа» гӯяд-медавам, «не» гӯяд- мешинам.
-Охир, ба духтарон таъна мезадӣ, ки баробари шавҳар кардан, даррав хонашин мешаванд-ку?!
-Хатоямро акнун фаҳмидам. Барои зан мард ва хона даркор будааст. Тамоми умр муҷаррад мондан ва мисли Саодат Қобиловна ҷунбонда гаштан намехоҳам. Хуб шуд, ки ба бӯйи вайрон кардани вохӯрии меҳмонони хориҷӣ аз ноҳия сабукдӯшам карданд. Шояд сардори идораи ғизо ҳам хушбахт бошад?.. Акнун аз пайи бунёди оила мешавам. Кас соҳиби оила набошад, фарзанд надошта бошад, аз куҷо ба қадри зиндагӣ ва модарон мерасад? Бо дасти худ фарзанд тарбия накунӣ, модариро чӣ зайл эҳсос мекунӣ? Ба ман ин хел зиндагӣ даркор нест. Надонам фикри дигарон чӣ тавр, аммо ман қатъӣ ба ҳамин қарор омадам.
-О, аксар котибзанҳо барои боло рафтан шавҳар намекунанд-ку?!
-Онҳо мансабу шӯҳратро алвотар медонанд. Кадом мард мехоҳад зери фармони зан кор кунад? Якта-нимта рихинаш ёфт мешавад, лекин марди ҳақиқӣ худро дур мегирад аз чунин зан. Он гоҳ зани бешавҳар чӣ кор кунад?
-Зан бешавҳар намемонад.
-Ту медонӣ, ки Саодат Қобиловна шавҳар дорад?
-Не!
-Шавҳараш як марди нобиност.
-Чӣ хел?
-Вай ҳам солҳои дароз бешавҳар монд, ҷалабӣ карда гашт. Баъд як марди
нобиноеро аз куҷое пайдо кард. Нобино дар ҳаёташ занро надида буд. Саодат Қобиловнаро чунон пазмон мегашт, дӯстдорӣ ва хуфту хез мекард, ки зани бероҳа якбора тақсим карданро аз ёд бибурд. Агар Саодат як лаҳза фурсат меёфт, даррав назди нобино мешитофт, хуморашро мешикаст ва тамоман ҳасади марди дигареро намехӯрд. Чунки нобино бо тамоми назокат ҳунари мардиашро собит ва бонуро қаноъат мекард.
-Ту ҳам чунинашро ёфтаӣ, магар?
-Бале, ман ҳам чунинашро ёфтам! Тақдир мо ҳамин будааст. Бахти деромадаро аз чанг раҳо додан намехоҳам. Акнун, ҷаноби Булбул, маро фаромӯш бикун!
-Чӣ хел фаромӯш кунам, охир?! Ваъда карда будем, ки ба он тарафи дунё ҳам, якҷоя меравем-ку?!
-Ун ваъда кадом рӯз буд, имрӯз дигар аст. Моҳиро дар вақташ бо шаст гирифта натавонӣ, насиби каси дигар мегардад,- Ҳавасгул баланд хандид ва пешонии Булбулро бӯса карда:
-Сарҳисобашро худат ёб, ба ман дер шуд, -гуфту дигар ба пушташ нигоҳ накарда, шитобон бирафт.
Пешонии «шоир»-и ноком аз бӯсаи ширин гӯё дар гирифт. Ӯ бо кафи даст ҷои «захм»-ро молид ва ба замин туф кард.
Байни роҳ ҳайрону музтар монда буд Булбул.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё