Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Акнун онҳо – Булбули Водӣ ва Ҳавасгул Сабуровна сӯзану ришта гаштанд. Дар ду рӯз афсона шуд қиссаи «Лайлию Маҷнун»-и сонӣ ва номи Булбули Водию маъшуқи ҷонфидояш аз даҳон ба даҳон гузашт. Охир, як ноҳияи мисли кафи даст чӣ ҷон дорад? Аз ин тараф пуф кунӣ, аз он тараф акси садо меояд.
Котиби масъул Талбӣ Салим рашк мебурд ба Булбули Водӣ, ки дили духтараки комсомолро афсун кардаасту имрӯз не, фардо як почакандаи рӯзнома ҳатман ба мансаби болотар мепарад. Кош, ӯ ҳам шоир мешуд, ки аз кашмокаши беҳуда раҳида, оби даҳони чанд касро калоба мекард! Хонаи бетолеъӣ бисӯзад, магар чашми уқоби бахт дар ростои ӯ кӯр гаштааст?!
Раззоқ Таваккали арразабон ҳар замон дили котиби фоназанро пора-пора мекард, ки акнун ҷабру ҷафои Булбули Водиро ба гардан ва ҳар рӯз хуни дил хӯрда, ба ҷояш мақола навиштан гир. Лекин муҳаррир Дилдор Шокирзода қариб ҳар рӯз Булбули Водиро ба вохӯриҳо гусел карда, дар ҳузури ҷонишину котиб аз пушт бо ифтихор мегуфт:
- Ситораи шӯҳратро чанг зада гирифт, ҷавонмард. Ҳоли мебинед, шеъру шоирӣ ба номи Булбули Водӣ ҷовид мемонад. «Гӯсолаи мешуданӣ аз почакаш маълум». Роҳгардиашро бинед, мисли фил бақуввату устувор гаштааст. Ҳа, бошад ана аз ҳамин зайл шогирд бошад! Охир, ин шӯҳрат, ифтихори коллектив! Ту, Талбиҷон, бисёр пӯпу варам накун, саҳифаро аз маводҳои «Тоҷикта» пур кардан гир.
-Пур мекунам, лекин почаки шуморо хоб набарад, домулло! Ман аз чашми шоир тарсонам, яке мансабатро нагирад, бисёр боло-боло мепарад, сағера.
-Бепарво бош, Талбӣ, мансабгир ҳоло аз очааш зода нашудааст!..
Дар ҳайати таҳрир танҳо мухбир Замираи Қодир намерасид. Вай акнун «хурӯсак» таваллуд карда, дар рухсатии солона ҳалосак мезад. Эҳа, агар Замираи хабаркаш мебуд, аҷаб қилу қоли тозае мебофт! Хуб, ки вай несту Талбӣ Салим гӯши ором дорад, вагарна деги ғайбат рӯзи дароз ҷӯшида, ба қиём ҳам намеояд. Бо вуҷуд, Замирабону гоҳ-гоҳ фурсат ёфта, редаксия медарояд ва гапҳои ғуншудаю мағорбастаро ба Талбӣ Салим мерасонад. Дилаш ки нимкола холӣ шуд, сӯи мағозаҳову истгоҳҳои занҳо мешитобад, то аз хабарҳои тозатари ноҳия огоҳ бишавад.
Талбӣ Салим, баъди шунидани иттилооти муфассали Замираи Қодир, аз чӣ бошад, ки хеле осуда ва табъхуш мегардид. Сиррашро ифшо намекард, аммо пӯшида набуд, ки дили Талбӣ аз дидани мухбирзан коса-коса об мехӯрд ва аз сӯҳбаташ бо ҳар баҳона роҳат мебардошт. Вақте ки Замира ҷисми фарбеҳи худро бардошта мерафт, Талбӣ аз думболи ӯ муддати мадид бо афсӯс чашм мехобонд ва якбора тоб хӯрда, Моҳбонуи котибаро бо гапҳои «хуш» пучидан мегирифт ва аз ин рафтор олам-олам лаззат мебурд. Ин карат низ ҳамин тавр шуд:
- Моҳбону! – бо завқ гуфт Талбӣ. – Охир, пир шудӣ, кай шавҳар мекунӣ?
- Кори ту чӣ, мардаки поҳанг? Зану фарзанд дорӣ, айба намедонӣ, ки ҳами гапора мезанӣ?! – сар шапид Моҳбону ва кур-кур хандид. Маълум, ки дилаш об хӯрд аз ин гапҳо.
- Чӣ, гови пир кунҷора намехӯрад?! Булбули Водиро бин, дар дашту даман чарида гаштаст, - завқид котиб.
- Сӯзу бикаф, чокак! Қандаша занад, ҷавонмард! Ҳунар дорад, ту воре пои дигарона хоида нанишастааст. Шеър мегӯяд, шеър! Ба вохӯрии меҳмонони хориҷӣ тайёрӣ мебинад. Гурда дорад, гурда!
- Эҳа, мебинем, ки ун ғулбаи тезчанголи комсомол чӣ зайл дар теппаи сараш хона монда, ба даричаи биниаш «туф» мекунад! «Шӯхӣ накун бо арбоб, арбоб занад ба ҳар боб». Чорабинӣ гузарад, дигар саг суроғаш намекунад. Зинда бошем, мебинем.
- Ҳм, як мардаки поҳанг, хоми хомӣ! Намедонӣ, ки дили духтар мисли пари қу нарм аст. Ҳар саҳар ду сухани ширинаш бигӯ, ҳама дорогиашро мебахшад. Булбули Водӣ ҳамин хел истеъдод дорад, ту воре Ғӯли биёбон нест! – гуфту ба берун давид Маҳбону, ки ба чанголи Талбӣ наафтад.
- Сабр кун, ҳоло хонааш яксар месӯзад! Лагади гови мурдаро нахӯрдааст, шоири Маҷнун,-хулоса кард Талбӣ Салим ва бехост аз худ пурсид:-Аз ин қиссаи ошиқӣ занаш Хосият бохабар бошад?.. Аз афташ гӯши занак бод нагирифтааст, вагарна бинои редаксияро кайҳо охӯрҷа мекард. Янгаро ҳушдор бояд дод, набошад як оилаи тифоқ вайрон мешавад, вайрон! Ман дар бало мемонам, на дигарон...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё