Афсонаҳои халқӣ

яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеъаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳад; қисса, достон; ҳикоят, нақл, саргузашт
Китобдор · 3 октябри 2024 · 5 саҳифа
Хандаи мардум
Афсонаи тоҷикӣ
Буданд, набуданд, як падару як писар буданд. Як рӯз онҳо ба шаҳр равон шуданд. Падар харсавор буду писар пиёда. - Ина бинед-а, - гуфтанд роҳгузарон. Шарм намедорад: як марди каппа-калон харсавору як кӯдаки бечора пиёда шудаст. Аҷаб падар-е!
Падар аз хар фаромаду ба писараш гуфт:
- Чон писар, ман аз гапу калочаи мардум метарсам. Бишин ба хар, ман пиёда меравам.
Писар харсавору падар пиёда шуд. Инро дида роҳгузарон гуфтанд:
- Ё тавба-а-а, аҷаб замонҳо расиданд: писар харсавор, гўё ягон мансабдори калон бошад, падари бечора аз пушти хар медавад. Ин хелашро бори аввал мебинем.
Он гоҳ падар ба писараш гуфт:
- Писарам, ман харсавору ту пиёда будӣ, мардум хандиданд, ман пиёдаву ту харсавор шудӣ, боз ҳам хандиданд. Биё, ҳар ду пиёда шавем. Инаш ба назари онҳо беадолатона наменамудагист.
Ҳамин хел ҳам карданд: ҳар ду пиёда шуданду хар бебор рафтан гирифт. Аммо мардум боз ҳам ба тарафи онҳо ангушт рост карда гуфтанд:
- Ин ду аблаҳа бинед: хари тайёрро савор нашуда пиёда мераванд. Ин ҷо гӯё як хар не, се хар будагӣ барин.
Падару писар ба андеша рафтанд. Падар гуфт:
- Ҷони падар, ман харсавору ту пиёда будӣ, мардум хандиданд, баъд ту харсавору ман пиёда шудам, мардум боз ҳам хандиданд, сонӣ ҳар ду пиёда шудем, ин дафъа ҳам хандиданд, акнун биё, ин хел мекунем: ҳар ду ба хар савор мешавем. Наход ба ҳаминаш ҳам гап ёфта ханданд?!
Инро гуфта дукаса ба хар савор шуданд. Каме рафта буданд, ки як гурӯҳ роҳгузарон ба онҳо ишоракунон гуфтанд: - Ин ду бераҳмро бинед: ба як хари бечора дукаса савор шудаанд! Нигоҳ карда гунаҳкор мешавӣ ба ин тоифа!
Ин гапро шунида падар гуфт:
- Писарҷон, дидӣ, ман савору ту пиёда - бад, ту савораву ман пиёда - бад, ҳарду пиёда боз бад, дар охир ҳар ду савора боз ҳам бад. Биё, харамонро бардошта барем. Канӣ, бинем, ин дафъа чӣ мегуфта бошанд?!
Падару писар ду чӯб гирифта аз зери ишками хар гузаронда бардоштан хостанд.
- Шумо чӣ кор карданӣ? - пурсид як роҳгузар.
- Харро бардошта бурданием, - гуфт падар.
- Барои чӣ - ҳайрон шуд роҳгузар. Девона шудед? Кӣ харро бардошта бурдаст? Харро фақат хар мебардорад. Шумо чӣ, хар шудед?!
Падару писар сахт изо кашиданд, замин накафид, ки дароянд. Вақте ки он роҳгузар рафт, падар ба хари бечора, ки гӯшҳояшро овезон карда, давоми воқеаро мунтазир буд, нигоҳ кард, баъд ба ду чӯбе, ки дар канори рох мехобиданд, назар намуд, сонӣ ба писари гарангшудааш чашм дӯхт ва як оҳи сабук кашида гуфт:
- Имрӯз, ҷони падар, ману ту як панди бузург гирифтем аз зиндагӣ. Ба сухани ҳар роҳгузар гӯш дода, дар ҳар маврид шармандаву шармсор шудем, гапи сахт шунидем. Акнун мо фаҳмидем, ки ба сухани ҳама гӯш додан, кори аблаҳон будааст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё