Зеҳн
Афсонаҳои халқӣ

яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеъаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳад; қисса, достон; ҳикоят, нақл, саргузашт

Китобдор · 3 октябри 2024 · 5 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Гурба ва дум

Будаст-набудаст, як гурбаи зарди почасафед будаст. Вай дар байни хасбедаҳои болои бом зиндагӣ мекардааст. Гурба ширро дӯст медоштааст, онро хеле мекофтааст, аммо намеёфтааст. Як рӯз аз болои бом дидааст, ки як кампирак говро ҷӯшида, ширро ба таги сабад мемонад.

Гурба аз шодӣ лабонашро лесида, «Ана, он чиро ки меҷӯстам, ёфтам!» гуфтааст.

Вай тамоми рӯз поидааст, ки фурсате ёфта, чашми кампирро хато кунаду ширро хӯрад. Аммо кампир ба ҷое нарафтааст. Ниҳоят шабона, вақте ки кампир хобидааст, гурба оҳиста даромада ҳамаи ширро хӯрдааст. Кампир пагоҳӣ хеста дидааст, ки дар хурма як қатра ҳам шир намондааст.

Аҷабо, шири маро кӣ дуздида бошад? - ҳайрон шудааст ӯ

Кампир говро ҷӯшида, ширро боз ба таги сабад гузоштааст. Гурба имшаб ҳам омада ширро хӯрдааст. Дар охир кампир ба танг омада, аз паи ба даст афтондани дузд шудааст. Вай кордро ба даст гирифта, ба назди сабад омада, дуртар аз он хобидааст. Гурба боз ба шикор баромада, кампирро дар пеши сабад дидааст. Вай аввал хуб гӯш карда донистанӣ шудааст, ки кампир дар хоб аст, ё бедор. Лекин кампир худро ба хоб зада, хуррок кашидааст. Гурба сабадро бардошта, ширро мазакунон хӯрдан гирифтааст. Дар ҳамин вақт кампир бо корд гурбаро чунон задааст, ки думи вай аз бехаш ҷудо шудааст. Гурба аз тарс хез зада, ба болои девор баромадааст ва дидааст, ки думаш нест. Пас ғамгин шуда, зорию тавалло кардааст:

- Мияв, мияв, кампири меҳрубон, ту аз гуноҳи ман гузар, думамро гардонда деҳ.

- Аввал ширамро деҳ, ҷавоб додааст кампир. Гурба чӣ кор карданашро надониста ноилоҷ баназди гов рафтааст. - Мияв, мияв, гови қадрдон, дӯсти меҳрубон, ба ман шир деҳ, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

Гов гуфтааст:

- Аввал ба ман алаф деҳ, алафро хӯрам, шир шавад, баъд хоҳишатро иҷро мекунам.

Гурба барои алаф ба назди замин рафтааст.

- Замин, ҳой замин, ту ба ман алаф деҳ, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

- Хеле ташнаам, об деҳ, баъд алаф медиҳам, - ҷавоб додааст замин.

Гурбаи бечора илоҷи дигар наёфта, сарашро хорида - хорида ба назди машкоб рафтааст.

Машкоб, машкоб, ба ман об деҳ, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

- Шикамам гурусна, ба ман тухм деҳ, баъд ман об медиҳам, - гуфтааст машкоб.

Гурба оҳиста-оҳиста ба назди мурғ рафтааст:

- Мурғак, мурғак, ба ман тухм деҳ, тухмро ба машкоб диҳам, машкоб ба ман об диҳад, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

Мург гуфтааст:

- Аввал ту ба ман дон биёр, баъд тухм медиҳам. Гурбаи сарсон ба назди деҳқон омадаасту гуфтааст: - Деҳқон, деҳқон, ба ман дон бидеҳ, донро ба мурғак диҳам, мурғак ба ман тухм диҳад, тухмро ба машкоб диҳам, машкоб ба ман об диҳад, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

Деҳқон гурбаро дидан замон хурсанд шудаасту гуфтааст:

- Эй гурбаҷони мошӣ, соқу саломат бошӣ! Биё ба ман ёрӣ деҳ, ки мушҳоро нест кунам. Онҳо хонаамро аз чор тараф сӯрох карда, ғалларо хӯрданд. Баъд ба ту дон медиҳам.

Гурба ин таклифро қабул кардаасту ба хонаи деҳқон рафта, дар як рӯз ҳамаи мушонро нобуд кардааст. Деҳқон хурсанд шуда, ба гурба як доман дон додааст.

Гурба шодикунон донро ба мурғак бурдааст, мурғак тухм додааст, тухмро ба машкоб бурдааст, машкоб об додааст, обро ба замин бурдааст, замин алаф додааст, алафро ба гов бурдааст, гов шир додааст, ширро ба кампир бурдааст, кампир думашро баргардонда додааст.

Гурбаи хушҳол думро ба назди кӯҳнадӯз бурда гуфтааст. - Кўҳнадӯз, ҳой кӯҳнадӯз, даррав думакамро дӯз! Кӯҳнадӯз думи гурбаро асли қадимаш барин дӯхтааст. Гурба аз нав думдор шуда, ракскунону бозикунон ба хонааш рафтааст.

Каду

Афсонаи мардуми Португалия

Як одам навдаи борики кадуро диду дар зери дарахти булут нишаста худ ба худ гуфт:

Бояд ҳамааш баръакс бошад, меваи шохаҳои дарахти булут каду барин бузург бошаду меваи навдаи каду ҷалғӯза барин майдаҳак...

Ҳамин вақт як ҷалғӯза афтиду ба фарқи сари ӯ задааст. Одам аз гуфтааш пушаймон шуда хитоб кардааст: - Аҷаб аҳмақе бұдаам! Агар меваи булут мисли каду бузург мебуд, ҷобаҷо мемурдам?!.

пешина
аз 5