Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ АРАБИ НОДОР, ЗАНАШ ВА ХАЛИФАИ БАҒДОД

Як шаб аъробизане мар шўйро

Гуфту аз ҳад бурд гуфтугўйро,

К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем,

Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох(в)ашем.

Нонамон на, нонхуришмон дарду рашк,

Кўзамон на, обамон аз дида ашк.

Ҷомаи мо рўз тоби офтоб,

Шаб ниҳолину лиҳоф аз моҳтоб.

Қурси маҳро қурси нон пиндошта,

Даст сўйи осмон бардошта.

Нанги дарвешон зи дарвешии мо,

Рўзу шаб аз рўзиандешии мо.

Шавҳар, ки шикояти занро аз бечизию нодорӣ шунид, ўро ба сабр даъват карду гуфт:

– Аз умри мо чизе намондааст, бояд ба бешу кам тоқат кард, ки ҳар ду даргузар аст, намебинӣ аз пашша то пилу аз фохта то бозро Худованд рўзӣ мерасонад. Чӣ гуна мумкин аст моро фаромўш кунад? Ту ҷуфту ҳамсари манӣ. Бояд дар сабру тоқат ҳам монанди ман бошӣ:

Ҷуфти мойӣ, ҷуфт бояд ҳамсифат,

То барояд корҳо бо маслиҳат.

Ҷуфт бояд бар мисоли ҳамдигар,

Дар ду ҷуфти кафшу мўза дарнигар.

Гар яке кафш аз ду танг ояд ба по,

Ҳар ду ҷуфташ кор н-ояд мар туро.

Зан аз суханони мард дар хашм шуду бар ў бонг зад:

Турраҳот аз даъвиву даъват магў,

Рав, сухан аз кибру аз нахват магў.

Чанд ҳарфи тумтароқу кору бор?

Кору ҳоли худ бибину шарм дор.

Кибр зишту аз гадоён зишттар,

Рўз сарду барфу он гаҳ ҷома тар!

Чанд даъвову даму боди бурут?

Эй туро хона чу байтуланкабут.

Аз қаноат кай ту ҷон афрўхтӣ?

Аз қаноатҳо ту ном омўхтӣ.

Ақли худро аз ман афзун дидаӣ?

Мар мани камақлро чун дидаӣ?

Шавҳар гуфт:

– Рўзӣ қисмат асту агар ин ҷаҳон аз дур пур шавад ҳам, агар рўзии ту набошад, чизе барои ту нахоҳад шуд.

Бояд таслим ва хушнуд буд.

Тарки ҷангу раҳзанӣ, эй зан бигў

В-ар намегўйӣ, ба тарки ман бигў.

Мар маро чӣ ҷойи ҷанги неку бад?

К-ин дилам аз сулҳҳо ҳам мерамад.

Гар хамуш гардӣ вагарна он кунам,

Ки ҳамин дам тарки хонумон кунам.

Зан чун мардро хашмгин дид, ба гиря афтод:

Зан чу дид ўро, ки тунду тавсан аст,

Гашт гирён. Гиря худ доми зан аст.

Гуфт: «Аз ту кай чунин пиндоштам?

Аз ту ман уммеди дигар доштам».

Ман ҳар чӣ дорам, аз ту аст ва ҳар чӣ мекунам барои ту ҳаст. Агар ҳам аз нодорӣ менолам, дилам ба ту месўзад:

Ту маро дар дардҳо будӣ даво,

Ман намехоҳам, ки бошӣ бенаво.

Ҳоло ки ту хашмгинӣ, аз гуфтаи худ пушаймонам.

Ман бо дору нодории ту пухтаам ва ҳоло низ дил ба сабру таслим месупорам:

Аз фироқи талх мегўйӣ сухун,

Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.

Зан ҳамчунон узрхоҳ буду ҳар дам ашки ў бештар мешуд. Мард аз гиряи ў дилаш барошуфт ва хашмаш фурў нишаст ва ба дилҷўйӣ аз зан пардохт:

Рустами Зол ар бувад в-аз Ҳамза беш,

Ҳаст дар фармон асири золи хеш.

Гуфт Пайғамбар, ки зан бар оқилон

Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.

Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд,

З-он ки эшон тунду бас хира раванд.

Кам бувадшон риққату лутфу видод,

З-он ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод.

Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,

Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.

Мард дилаш ба ҳоли зан сўхту ба панди ў дар боби кўшишу талош бештар ва ба даст овардани рўзии гузарон беҳтар дил дод ва гуфт:

Мард гуфт: «Эй зан пушаймон мешавам,

Гар будам кофир, мусулмон мешавам.

Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,

Бармакан якборагим аз беху бун».

Кофири пир ар пушаймон мешавад,

Чунки узр орад, мусулмон мешавад.

Мавлавӣ мегўяд:

–Мўсо (а) ва Фиръавн асири як ирода ҳастанд.

Чунон ки заҳру позаҳр ва торикию нур аз як сарчашмаанд. Мўсо (а) рўзҳо аз Худо мехост, ки ўро ба Фиръавн пирўзӣ диҳад ва шабҳо Фиръавн дар хилват ба даргоҳи Худованд муноҷот мекард, ки ўро назди мардумон саршикаста накунад ва аз Мўсо (а) шикаст нахўрад.

Марде ба занаш гуфт:

–Аз хилофати ту гузаштам ва ҳоло ту агар чизе медонӣ маро, раҳнамоӣ кун!

Зан гуфт:

–Ба ту пешниҳоде дорам. Ин обе, ки мо менўшем, оби нопок аст, ки дар ҳавои покизаи биёбон борид ва мо дар кўза кардем. Дар Бағдод халифа нишастааст.

Одаме аст бахшандаву саховатманд. Оби шаҳр нософ аст. Ба гумони ман, як кўза обро назди вай бибар. Ў, ки марди сахию дасткушод аст, ба ту ҳадя хоҳад дод ва мо аз нодорӣ раҳо хоҳем шуд.

Мард кўзаро дар намад печид ва ба Бағдод равон шуд. Рўзҳо бодияро паймуд, ба Бағдод расид. Ба дари кохи халифа рафт. Нигаҳбонон ўро пазироӣ карданд ва ба пеши халифа бурдандаш. Кўзаи оби боронро ба халифа дод. Ў, ки медонист аъробӣ дар биёбон ҳаргиз оби равони гуворо нанўшидааст, нахост хиҷолатзадаву шармандааш кунад. Аз дарёфти ҳадяи ў худро хурсанд нишон дод.

Дастур дод, кўзаро пур аз зар карданд ва ба аъробӣ доданд, то ба диёри худ бозгардад. Ва фармуд, ки дар бозгашт аз канори рўди Даҷла бибарандаш, ки оби равонро бинаду бифаҳмад, ки ҳадяи ў ночиз буда, аммо дар пешгоҳи халифа пазируфта шуда, подоши некўкории худро низ дарёфтааст.

ДОСТОНИ ДОНИШМАНДИ ЗАБОНДОН ВА КИШТИБОН

Донишманде, ки забон медонисту кораш дастури забон дарс додан буд, ки ба арабӣ онро «илми наҳв» меноманд, ба киштӣ нишаст, то сафар кунад. Азбаски ба дониши худ мағрур буд, ҳар касро ба чашми камтар нигоҳ мекард. Дар киштие, ки савор шуд, ба киштибон бо такаббур гуфт:

–Оё ту аз илми наҳв хабаре дорӣ ва онро ёд гирифтаӣ?

Ў ҷавоб дод, ки ман корам киштибонӣ асту онро хуб медонам, илми наҳв ҳам нахондаам.

Донишманди забондон гуфт:

–Чун илми наҳв намедонӣ, ними умрат ба бод рафтааст:

Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,

Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано».

Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,

Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.

Чанде нагузашт, ки дар баҳр тўфоне шуду киштӣ ба гирдобе афтод. Киштибону ҳамкоронаш бо талошу кўшиш дар садади наҷоти мусофирон ва ҷилавгирӣ аз ғарқи киштӣ буданд. Ҳар кас барои ҷони худ мекўшид.

Ногаҳон киштибон донишманди наҳвиро садо кард ва аз ў, ки аз тарси ҷон заҳракаф шуда буд, пурсид:

– Оё ту илми шиноварӣ медонӣ?

Наҳвӣ бо шармсорӣ гуфт:

– Не!

Киштибон гуфт:

– Эй донишманди гиромӣ, бо ин бало, ки гирди сари мо мегардад, ҳар кас илми шино надонад, ҳама умраш бар бод аст!

Бод киштиро ба гирдобе фиканд,

Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:

«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигў»,

Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрў!»

Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,

З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».

Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,

Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.

Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад

В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?

Ҳар кӣ худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон,

дар рўзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад.

пешина
аз 47
навбатӣ