МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ШЕРИ БЕЁЛУ БЕДУМУ ШИКАМ
Дар шарҳи ҳоли аҳли Қазвин навиштаанд, ки одаташон чунон буд, ки бар бозу, пушт, сина ва шиками худ бо сўзан задану рондани хуни зери пўст нақшҳои гуногун мезаданд ва ин кор василаи худнамоӣ ва ифтихори онҳо будааст. Дар он шаҳр касоне буданд, ки дар ин кор маҳорат доштанду ҳар кас ҳар шаклу суратеро мехост, бар ҳар як аз аъзои бадани ў нақш мекарданд.
Як рўз як қазвинӣ назди устоди сўзанкор меравад ва аз ў мехоҳад, ки бар бозуяш шакле нақш кунад:
Гуфт: «Чӣ сурат занам, эй паҳлавон?»
Гуфт: «Барзан сурати шери жаён,
Толеам шер аст, нақши шер зан,
Ҷаҳд кун, ранги кабудӣ сер зан».
Устод пурсид:
–Ба куҷои баданат шер нақш кунам?
Қазвинӣ гуфт:
– Бар шонаам, то ба ман нерў ва тавоноӣ дар бозу диҳад!
То шавад пуштам қавӣ дар разму базм
Бо чунин шери жаён дар азму ҷазм.
Устоди сўзанкор оғоз ба кор намуду бо неши сўзан, ки бо ранги кабуд бар пўсти тани он мард фурў мебурд, ба тасвири шер пардохт. Аммо ҳамин ки паҳлавон неши сўзанро эҳсос кард, ба дард тоқат наёварду пурсид:
– Куҷоӣ шерро нақш кардан дорӣ?
Гуфт:
– Аз дум шурўъ кардам.
Қазвинӣ гуфт:
– Шер бедум ҳам мешавад. Аз ҷойи дигар шурўъ кун.
Шери бедум бош, гў, эй шерсоз!
Ки дилам сустӣ гирифт аз захми гоз.
Дубора ба маҳзи фурў бурдани сўзан гуфт:
– Даст нигаҳ дор! Ин ҷо куҷои шер аст?
Ҷавоб шунид:
– Гўши ў.
Гуфт:
– Бигузор ин шер бе гўш бошад. Ҷойи дигар бипардоз!
Устод бори сеюм ба нақши шиками шер пардохт.
Фарёди дардноки марди қазвинӣ баланд шуд, ки «чӣ мекунӣ?»
К-ин севум ҷониб чӣ андом аст низ?
Гуфт: «Ин аст ишками шери азиз».
Гуфт: «То ишкам набошад шерро,
Гашт афзун дард, кам зан захмҳо».
Хира шуд даллоку бас ҳайрон бимонд,
То ба дер ангушт дар дандон бимонд.
Бар замин зад сўзан аз хашм устод,
Гуфт: «Дар олам касеро ин фитод?
Шери бедуму сару ишкам кӣ дид?
Инчунин шере Худо худ н-офарид».
Устоди сўзанкор аз хашм қаламу сўзани худ ба замин партофт ва гуфт:
– То кунун шери беёлу думу шикам кӣ дидааст?
ДОСТОНИ ШИКОРИ ШЕР ВА ГУРГУ РЎБОҲ
Шеру гургу рўбаҳе баҳри шикор
Рафта буданд аз талаб дар кўҳсор.
Ҳар се муддате дунболи шикор гаштанд. Бо талоши фаровон як гову як бузу як харгўш шикор карданд ва танаи онҳоро ба бешае кашиданд. Дар миёни роҳ шер чунин пиндошт, ки гургу рўбоҳ ба шикорҳо тамаъ кардаанд. Хост мизони вафодории онҳоро биёзмояд.
Ҳамин ки ба ҷойи амне расиданд, шер ба гург гуфт.
Шикорҳоро қисмат кун!
Гург гуфт:
– Гов саҳми шоҳ ва буз саҳми ман ва харгўш ҳам барои рўбоҳ бошад.
Шер аз ин ки гург худашро ҳамрадифи ў донист ва барои хеш саҳме гузоштааст, хашмгин шуду барҷаст ва сари гургро аз тан ҷудо кард. Он гоҳ ба рўбоҳ гуфт:
–Ту шикорҳоро тақсим кун!
Рўбоҳ, ки аз ҷудо шудани сари гург аз бадан панд гирифта буд, гуфт:
–Гов хўроки чошти шоҳу буз ғизои наҳору харгўш ҳам шабчарони ў бошад. Шер аз тадбири рўбоҳ шодмон шуду ба рўбоҳ гуфт:
– Инчунин тақсимотро аз кӣ омўхтаӣ?
Гуфт: «Эй рўбаҳ, ту адл афрўхтӣ,
Инчунин қисмат зи кӣ омўхтӣ?
Аз куҷо омўхтӣ ин, эй бузург?»
Гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург».
Гуфт: «Чун дар ишқи мо гаштӣ гарав,
Ҳар серо баргиру бистону бирав.
Рўбаҳо, чун ҷумлагӣ моро шудӣ,
Чунат озорем? Чун ту мо шудӣ.
Мо турову ҷумла ишкорон туро,
Пой бар гардуни ҳафтум неҳ, баро.
Чун гирифтӣ ибрат аз гурги данӣ,
Пас ту рўбаҳ нестӣ, шери манӣ.
Рўбоҳи зирак он гоҳ шерро сипос гузошт, ки баъд аз гург ўро маъмури тақсими шикорҳо кард, вагарна ў ҳам иштибоҳи гургро такрор менамуд ва мумкин буд ба сарнавишти ў дучор шавад.
Рўбаҳ он дам бар забон сад шукр ронд,
Ки маро шер, аз пайи он гург хонд.
Гар маро аввал бифармудӣ, ки ту,
Бахш кун инро, кӣ бурдӣ ҷон аз ў?
Пас сипос ўро, ки моро дар ҷаҳон,
Кард пайдо аз паси пешиниён.
То шунидем он сиёсатҳои Ҳақ,
Бар қуруни мозия, андар сабақ.
То ки мо аз ҳоли он гургони пеш,
Ҳамчу рўбаҳ поси худ дорем беш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё