Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ШИНОСОИИ ФИЛ

Ҳиндиҳо филеро барои тамошои мардум оварда, ўро дар хонаи торике ба тамошо гузошта буданд.

Аз барои дидани мардум басе

Андар он зулмат ҳамешуд ҳар касе.

Мардум чун ўро дар торикӣ дида наметавонистанд, ҳар кас дасташ ба ҳар ҷойи бадани фил, ки мерасид, тасаввуре аз ў ва шакли вай дар зеҳни худ меофарид.

Он якеро каф ба хартум уфтод.

Гуфт: «Ҳамчун новадон аст ин ниҳод».

Якеро ба гўши ў даст расид. Онро ба шакли бодбезан ёфт. Дигаре пойи филро молид, тасаввури сутун дар зеҳнаш омад. Яке дигар даст бар пушти фил кашиду гуфт:

– Ин тахти равон аст.

Аз ин ҷиҳат, дар бораи чигунагии шакли фил дар тасаввури онҳо ихтилоф пайдо карданд. Агар он хона равшан мебуд, филро на новадону на бодбезан, на сутуну на тахти равон медиданд, балки филро фил медиданд, ҳама ба иттифоқ хулоса мекарданд ва бо ҳам ихтилофе намедоштанд, ҳама чизро бо чашми ботин дуруст метавон дид:

Чашми ҳис ҳамчун кафи даст асту бас,

Нест кафро бар ҳама ў дастрас.

Чашми дарё дигар асту каф дигар,

Каф биҳил в-аз дидаи дарё нигар.

Мавлавӣ мегўяд:

–Касоне, ки аз рўйи хомӣ таассуб меварзанд, онҳое ҳастанд, ки чашми дилашонро ба кор наандохтаанд, балки бо ламс кардан мехоҳанд роҳи ҳақиқатро пайдо кунанд:

Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, эй киром,

Мо бар ў чун меваҳои нимхом.

Сахт гирад хомҳо мар шохро,

З-он ки дар хомӣ нашояд кохро.

Чун бипухту гашт ширин лаб газон,

Суст гирад шохҳоро баъд аз он.

Чун аз он иқбол ширин шуд даҳон,

Сард шуд бар одамӣ мулки ҷаҳон.

Сахтгириву таассуб хомӣ аст,

То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Дам мазан, то бишнавӣ з-он офтоб,

Он чӣ н-омад дар китобу дар хитоб.

ДОСТОНИ НУҲ ВА ПИСАРАШ

Ҳангоме ки тўфон шуд ва рўйи заминро фаро гирифт, ҳазрати Нуҳ (а) худопарастону дигар мавҷудотро дар киштӣ ҷой дод. Писарашро дид, ки рўйи об шино мекунад. Ўро фарёд заду гуфт:

–Дар киштии падар биншин, то аз нестӣ раҳоӣ ёбӣ.

Писар гуфт:

–Маро аз киштии ту бад меояд. Бо шино худамро ба он кўҳи баланд мерасонам ва аз хатар дар амон мемонам.

Гуфт: «На, ман ошно омўхтам,

Ман ба ҷуз шамъи ту шамъ афрўхтам.

Нуҳ (а) гуфт:

–Тўфон шиддат мегирад ва рўйи кўҳро ҳам об хоҳад гирифт. Дар он ҷо паноҳе нест. Дар киштии ман аз осеб дур мемонӣ.

Гуфт: «Ман кай панди ту бишнидаам,

Ки тамаъ кардӣ, ки ман з-ин дудаам.

Хуш наёмад гуфти ту ҳаргиз маро,

Ман бариам аз ту дар ҳар ду саро».

Канъон, ки номи писари Нуҳ (а) буд, гуфт:

–Ман аз хонадони ту нестам ва ба ҳарфҳои ту ҳам гўш намекунам.

Ҳар чӣ Нуҳ (а) гуфт, Канъон напазируфт, мавҷе расид ва Канъонро аз киштӣ дур кард. Нуҳ (а) даст ба дуо бардошт ва гуфт:

–Худоё, ту ваъда додӣ маро ва хонаводаамро аз ин балои бузург бираҳонӣ. Акнун ба писарам лутф кун ва ўро аз мавҷи бало бираҳон!

Вале Худованд гуфт:

Гуфт: «Ў аз аҳлу хешонат набуд,

Худ надидӣ, ту сапедӣ, ў кабуд?»

Чунки дандони ту кирмаш дарфитод,

Нест дандон, барканаш, эй устод!

Нуҳ (а) аз гуфтори худ пушаймон шуд ва гуфт:

–Эй Худо, ғайри ту дўст надорам. Ту аз ҳама чиз огоҳӣ.

Худованд гуфт:

–Агар ту бихоҳӣ, дилатро намешиканам ва писаратро ба киштӣ мерасонам, аммо ман туро аз нияти ботили ў огоҳ кардам.

Гуфт: «На, на, розиям, ки ту маро

Ҳам кунӣ ғарқа, агар бояд туро.

Ҳар замонам ғарқа мекун, ман х(в)ашам,

Ҳукми ту ҷон аст, чун ҷон мекашам.

Нангарам касрову гар ҳам бингарам,

Ў баҳона бошаду ту манзарам.

Ошиқи сунъи туам дар шукру сабр,

Ошиқи маснўъ кай бошам чу габр?

Ошиқи сунъи Худо бофар бувад,

Ошиқи маснўъи ў кофар бувад».

ДОСТОНИ МАРДИ БЕКОРАЕ, КИ АЗ ХУДО РЎЗИИ БЕРАНҶ МЕХОСТ

Дар замони паёмбар Довуд (а) марде буд нодон ва бекор, ки:

Ин дуо мекард доим, к-эй Худо,

Сарвате беранҷ рўзӣ кун маро!

Ў ба Худованд мегуфт:

– Ту маро бекор офаридаӣ ва танбалиро дар зотам ниҳодаӣ! Пас ба ман ҳам рўзии бе дарди сар бидеҳ, бидуни ин ки ниёз ба кўшишу кор дошта бошам. Ман одаме ҳастам коҳилу сояхоб.

Ҳар киро пой аст, ҷўяд рўзие,

Ҳар киро по нест, кун дилсўзие!

Ту, ки маро чунин офаридаӣ, рўзии маро ҳам осон бирасон!

Халқ механдид бар гуфтори ў,

Бар тамаъхомию бар пайкори ў.

Вале ў на аз сарзаниши мардум меранҷид ва на дар дуою хоҳиш аз Парвардигор кўтоҳӣ мекард.

Мардумон ба ў гуфтанд:

–Дар ин замон назди Худо ҳеҷ бандае наздиктар аз Довуд (а) нест. Ў овозе дорад, ки ҳар кӣ бишнавад, бар ҷой мехкўб мешавад, шеру оҳу ба садои ў бо ҳам гирди ў мегарданд ва гўё ҳамдигарро намебинанд. Ў пайғамбари Худо ва фармонбардори ўст, бо ин ҳама бартарию наздикӣ Парвардигор рўзии ўро ҳам ба кўшишу кораш бастааст.

Бо ҳама тамкин Худо рўзии ў,

Карда бошад баста андар ҷустуҷў.

Бе зиреҳбофию ранҷе рўзиаш,

Менаёмад бо ҳама пирўзиаш.

Довуд (а) бояд зиреҳ бофаду рўз гузаронад. Бекор рўзии ў намерасад. Ҳоло ту чӣ мегўйӣ? Бандаи ночизе на мақоме дорӣ, на коре. Чӣ ҳукми беҷое аз Худованд талаб дорӣ?

Ин суханонро гўши он мард намешунавид. Ў ҳамчунон аз Худо рўзии беранҷ дархост мекард ва мегуфт:

–Агар ман танбалам, Худо маро танбал офарида аст.

Рўзе наздики пешин, дар ҳоле ки ба дуою зорӣ саргарм буд:

Ногаҳон дар хонааш гове давид,

Шох зад, бишкаст дарбанду калид.

Ногоҳ гове ба шох дари хонаи ўро шикасту ба дохили хона ҷаҳид. Он марди бекор аз ҷой ҷасту дасту пойи говро баст, сарашро бурид ва суроғи қассоб рафт, ки то танаш гарм буд, пўсташ кунад:

Пас гулўи гов бибрид он замон

Бетаваққуф, бетааммул, беамон.

Мавлавӣ мегўяд, ки ҳар чӣ ҳаст, аз Худост. Ўст, ки хоҳиши орзуро дар ниҳоди одамӣ офаридааст. Худи ў ҳам бояд корро осон кунад ва роҳ ба мо нишон диҳад, то ба мақсуд бирасем ё ин ки орзую хоҳишро аз дили мо бардорад.

Офаридгор Ўст! Ва ҳар чӣ ҳаст аз сангу гиёҳ, дому даду одамӣ забон ба ситоиши ў доранд. Ҳеҷ кас аз ҳоли дигаре хабар надорад. Одамиён якдигарро гумроҳ медонанд ва худро ба роҳи рост ҳақ, аммо Худост, ки:

Гавҳари ҳар як ҳувайдо мекунад,

Ҷинс аз ноҷинс пайдо мекунад.

Доно ва нодон аз меҳру бемеҳрии Худованд огоҳанд. Аммо ҳеҷ як меҳре, ки дар бемеҳрӣ ниҳон аст, ё бемеҳрие, ки дар меҳр нишон дода мешавад, огоҳ нест, магар касоне, ки аз дониши бепоён лабрез бошанд ва аз рози ҳар офаридае хабар дошта бошанд.

Рўзи дигар соҳиби гов пайдо шуд ва гиребони кушандаи говро гирифт, ки чаро гови ўро куштааст.

Гуфт: «Ман рўзӣ зи Ҳақ мехостам,

Қибларо аз лоба меоростам.

Он дуои куҳнаам шуд мустаҷоб,

Рўзии ман буд, куштам, нак ҷавоб!

Соҳиби гов ўро кашон-кашон назди Довуд (а) бурд ва саргузаштро баён кард. Довуд (а) аз кушандаи гов пурсид:

–Чаро говро куштӣ?

Гуфт: «Эй Довуд! Будам ҳафт сол

Рўзу шаб андар дуову дар суол.

Баъд аз ин ҷумлай дуъову ин фиғон

Гове андар хона дидам, ногаҳон

Куштам онро, то диҳам дар шукри он,

Ки дуъои ман шунуд он ғайбдон».

Марди танбал гуфт:

–Эй Паёмбари Худо! Ту ҳам ҳамон ҳарфи даъвогарро мегўйӣ. Ҳама медонанд, ки ман ҳафт сол аз Худованд рўзии ҳалоли беранҷ мехостам. Ногаҳон гове дари хонаи маро шикасту ба дарун омад. Оё касе ҷуз Худованд онро фиристода буд?

Ин бигуфту гирявар шуд ҳой-ҳой,

То дили Довуд берун шуд зи ҷой.

Дили Довуд (а) ба ҳоли зори мард сўхт ва ба соҳиби гов гуфт:

–Як рўз муҳлат бидеҳ, то ман барои ин кор фикре бикунам. Он гоҳ ба хилват шитофт, то бо Худо розу ниёз кунад ва дурустию нодурустии саргузашти мардро биёбад.

Ҳақ намудаш, он чи бинмудаш тамом,

Гашт воқиф бар сазои интиқом.

Довуд (а) ҳақиқати қазияро дарёфт ва донист, ки ин ҳодиса ногаҳонӣ нест, давоми гузашта аст. Рўзи дигар ҳардуро хост ва ба соҳиби гов гуфт:

–Ту бояд кушандаи говро бибахшӣ, то Худованд, пўшонандаи роз туро расво накунад.

Соҳиби гов фарёд зад:

–Ин чӣ қазоватест? Ту пайғамбарӣ, бояд бо адлу инсоф кор кунӣ!

Довуд (а) донист, ки он шахс маънои дастури ўро нафаҳмидааст, ҳол он ки паёмбар нахост ўро расво кунад. Аммо чун нофармонию нодонии ўро дид, ҳукм кард, ки ҳоло ки ба он мард гузашт намекунад, бояд ҳар чӣ дорад, ба кушандаи гов бидиҳад. Мард аз шунидани ин ҳукм барошуфт ва бадзабонӣ кард.

Довуд (а) гуфт:

–Ҳоло ки худат дар расвоии худ мекўшӣ, бояд бидонӣ, ки зану фарзандони ту ҳам аз ин пас канизу ғуломи кушандаи гов хоҳанд буд.

Рав, ки фарзандони ту бо ҷуфти ту

Бандагони ў шуданд, афзун магў!

Мардум, ки ҳозир буданд ва ин ҳукмро шуниданд нигарон шуданду ба Довуд (а) эътироз карданд, ки ин чӣ фармоне аст? Бечораро говаш куштаанд, ҳоло ба ҷойи товон амволи худро бояд бидиҳад ва зану фарзандаш ҳам канизу ғуломи ў шаванд?

Довуд (а), ки нороҳатии мардумро дид, гуфт, ки ин фармон далеле дорад ва барои донистани он фардо ҳама дар таги фалон дарахт ҳозир шаванд, то аз асли ҳодиса огоҳ гарданд.

Ҷумла бархезед, то берун равем,

То бар он сирри ниҳон воқиф шавем.

Дар фалон саҳро дарахте ҳаст зафт,

Шохаҳояш анбуҳу бисёру чафт.

Сахт росих хаймагоҳу мехи ў,

Бўйи хун меоядам аз бехи ў.

Хун шудаст андар буни он хушдарахт,

Хоҷаро куштаст ин манҳусбахт.

То кунун ҳилми Худо пўшид он,

Охир аз ношукрии он қалтабон,

Чун дастҳои соҳиби говро бастанд, Довуд (а) гуфт:

–Ин мард ғуломи бобои кушандаи гов будааст. Рўзе хоҷаи ў зери ин дарахт чодар зада буд, ин мард ўро кушт ва сарашро бо корде, ки нишони ўро дорад, дар зери ин дарахт таги хок кард. Он гоҳ дастур дод, заминро канданд ва сари куштаю кордро ёфтанд.

Баъд аз он гуфташ: «Биё, эй додхоҳ,

Доди худ бистон ту аз ин рўсиёҳ!

Ҳам бад-он теғаш бифармуд ў қасос,

Кай кунад макраш зи илми Ҳақ халос!

Ҳилми Ҳақ гарчи мувосоҳо кунад,

Лек чун аз ҳад бишуд, пайдо кунад.

Кушта шуд золим, ҷаҳоне зинда шуд,

Ҳар яке аз нав Худоро банда шуд.

Ин мард хоҷаи худро кушт, ҳоло барои куштани гове фарзанди ўро бозхост мекунад ва ба ин тариқ худаш парда аз рўйи ҷинояти худ бармедорад, вагарна то имрўз Худованд гуноҳи ўро дар парда нигоҳ дошта буд.

Ҳеҷ гуноҳе пўшида намемонад ва ҳеҷ хуни ноҳаққе бе қасос нахоҳад монд!

ДОСТОНИ УСТОД ВА ШОГИРДОН

Кўдакони мактабе аз сахтгирии устоди тундхўйи худ ба танг омада буданд. Ба фикр афтоданд, ки чорае биандешанд, то чанд рўзе мактаб баста шавад. Зирактарини шогирдон гуфт:

–Бояд устод бемор шавад, то мо аз зиндону озори ў осуда шавем. Дигарон гуфтанд:

– Ин мард монанди санги хоро барҷой истодааст, ҳаргиз бемор намешавад.

Кўдаки боҳуш гуфт:

–Чора ин аст, ки ман фардо субҳ ба ў хоҳам гуфт:

–Устод чаро рангу рўятон парида? Магар, Худой накарда, бемор шудаед? Пас аз ман ҳар касе ба мадраса меояд, бояд ба навъе аз нохушӣ ва рангпаридагии ў ҳарф бизанад, то хаёли ў парешон ва таъбаш нохуш гардад. Кам-кам, воқеан, нохуш мешавад.

Ҳама рой ва тадбири ўро писандиданд.

Ройи он кўдак бичарбид аз ҳама,

Ақли ў дар пеш мерафт аз рама.

Фардо ҳамин корро карданд. Ҳар кас устодро дид, дилсўзӣ кард ва аз нохушии ў ҷўё шуд.

Бардамид андешае з-он тифли хурд,

Пир бо сад таҷриба бўе набурд!

Устод гуфт:

–Ман нохушие надорам, беҳуда мегўед, вале исрори навомадҳо ба табъи ў кам-кам таъсир кард ва хаёлаш парешон гардид. Бадгумон шуд ва андак-андак фикри нохуше ўро машғул дошт. Оқибат бо ҳоли зор аз ҷо бархост, мактабро баст ва рў ба хона ниҳод.

Аммо кўдакон аз дунболи ў ба хонааш рафтанд ва дар роҳ дилдорӣ медоданд, ки Худованд ўро дармон хоҳад кард. Устод ба хона, ки расид, ба занаш фарёд зад, ки чаро бомдод ўро аз рангпаридагӣ хабар накардааст.

Зан гуфт:

–Ту нохуш нестӣ, ранги чеҳраат ба солим буданат шаҳодат медиҳад.

Мард гуфт:

–Ман аз беморӣ меларзам, ту мегўйӣ нохуш нестам.

Зан пеши худ гуфт:

– Ў нохуш нест, аммо агар бигўям нохуш нестӣ, намепазирад ва агар бигўям нохуш ҳастӣ, нохуш хоҳад шуд.

Фоли бад ранҷур гардонад ҳаме,

Одамиро, ки набудасташ ғаме.

Устод хобид ва кўдакон гирдогирдаш ба дарс хондан нишастанд. Кўдаки зирак оҳиста ба дигарон гуфт:

–Беҳтар аст бо садои баланд дарс бихонем, то ки моро ба хона ҷавоб диҳад.

Ҳама ҳамин корро карданд. Кўдаки зирак фарёд кашид:

–Баланд садо накунед, ҳоли устод бадтар мешавад!

Устод гуфт:

–Рост мегўяд! Шумо ба хонаҳоятон биравед, то ҳоли ман беҳтар шавад.

Пас бурун ҷастанд сўйи хонаҳо,

Ҳамчу мурғон дар ҳавои донаҳо.

Ва шоду хушҳол ба хонаҳои худ рафтанд. Модаронашон ғамгин шуданд, ки чаро мактабхона таътил шудааст. Кўдакон гуфтанд:

–Устод бемор аст. Аммо модарҳо бовар накарданд ва ҳама фардо ба дидорбинии ў рафтанд. Диданд, ки дар ҳақиқат нолону нохуш дар рахти хоб афтодааст. Аз ҳолаш ҷўё ва пурсон шуданд.

Занаш гуфт:

–Аз зиёдии кор бемор шуд ва худаш хабар надоштаасту дирўз кўдакон ба ҳоли зораш пай бурдаанд. На ў ва на модарон огоҳ нашуданд, ки ин кўдакон буданд, ки вайро ба нохуш шудан водор карданд ва бовар кунонданд, ки воқеан нохуш аст.

Ҳеҷ кас ба кори зираконаи онҳо пай набурд, ки бо ҳаракатдиҳии ваҳму хаёл устодро бемор карданд ва ба ин бадбахтӣ андохтанд.

Бисёрии хушӣ ва нохушиҳоро инсонҳо дар хаёлу ваҳми худ месозанд ва бо ин тасаввурот нохуш мегарданд.

пешина
аз 47
навбатӣ