МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ЗАРГАРИ ОҚИБАТАНДЕШ
Он яке омад ба пеши заргаре,
Ки тарозу деҳ, ки барсанҷам заре.
Пирамарде назди заргаре омад ва аз ў хост, ки тарозуяшро бидиҳад, то зарҳояшро вазн кунад. Заргар гуфт: –Эй пирамард, ман ғирбол надорам.
Пирамард гуфт: –Чаро ришханд мекунӣ? Ман аз ту ғирбол намехоҳам, тарозу хостам.
Заргар гуфт: –Бидон, ки ман ҷорўб ҳам надорам.
Пирамард фарёд зад: – Масхарагӣ накун, тарозу биёвар!
Гуфт: Бишнидам сухан, кар нестам,
То напиндорӣ, ки бемаънистам!
Аммо ту марди пире ҳастӣ, дастҳоят меларзад, тиллоҳои ту ҳам хурду резаанд. Аз дастат рўйи хок мерезанд. Баъд аз ин ҷорўб мехоҳӣ, то онҳоро ҷамъ кунӣ.
Баъд ғирбол мехоҳӣ, ки хоку хошокро бибезӣ, ҳол он ки ман на ғирбол дораму на ҷорўб.
Ман зи аввал дидам охирро тамом,
Ҷойи дигар рав аз ин ҷо, вассалом.
З-ибтидои кор охирро бибин.
То набошӣ ту пушаймон явму дин.
ДОСТОНИ ДАРВЕШИ КЎҲНИШИН
Гар бо ҳамаӣ, чу бе манӣ, бе ҳамаӣ,
В-ар бе ҳамаӣ, чу бо манӣ, бо ҳамаӣ!
Дарвеше дар кўҳсоре хона дошт ва дар танҳоӣ зиндагӣ мекард. На дўсте, на ҳамнишине ва на ҳамсояе.
Дар он ҷо умр ба парастиши Худои ягона мегузаронд.
Ҳар касеро Худованд барои коре сохта ва шавқу майли онро дар дил андохтааст.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.
Дасту по бе майл ҷунбон кай шавад?
Хору хас бе обу боде чун равад?
Дар кўҳистон дарахтони мевадор фаровон буд.
Дарвеш аз онҳо мехўрд, аз оби гуворои чашма менўшид ва ба ибодати Худо мепардохт. Рўзе ба худ гуфт: –Бо Парвардигор паймон мебандам, ки ҳаргиз меваи дарахтонро начинам ва ҳар чиро, ки бод ба замин резонад, мехўрам. Ва ҳамин корро ҳам кард.
Муддате бар назри худ будаш вафо,
То даромад имтиҳоноти қазо.
Дарвеш намедонист, ки ҳар назре мекунад, бояд аз Худо ёрӣ бихоҳад, зеро борҳо иродаи Парвардигор одамиро аз майлу хоҳиши худ боздоштааст.
Инсон аз сарнавишти хешу кори қазову қадар ноогоҳ аст ва намедонад, ки чӣ бар сари ў хоҳад омад.
Чашм бозу гўш бозу дом пеш,
Сўйи доме мепарад бо парри хеш.
Панҷ рўз гузашт, боде навазид, мевае аз дарахт ҷудо нашуд. Дарвеш аз гуруснагӣ ба ҳоли беҳушӣ афтод, аммо намехост аҳди худро бишканад. Дар поёни рўз боде вазид ва шохҳои дарахти нокро поён овард.
Гуруснагӣ бар дарвеш ғалаба кард. Пеш аз он ки нокҳо ба замин биафтанд, якеро аз шох канд.
Ҳам дар он дам гўшмоли Ҳақ расид,
Чашми ў бикшоду гўши ў кашид.
Ҳамон дам дастае аз дуздон, ки моли фаровоне дуздида буданд, ба он кўҳистон расиданд ва хостанд моли дуздиро миёни худ тақсим кунанд. Аммо посбонон пайи онҳоро гирифта, ба зудӣ ба он ҷо расиданд ва ҳамаи дуздонро дастгир карда, дарвеши бечораро ҳам ҷузъи онҳо шумурда, дастҳояшонро баста назди фармондеҳи худ бурданд. Ў ҳам фармон дод, то дастҳою пойҳои дуздонро бибуранд. Ҷаллод дасти дарвеши бадбахтро ҳам бурид. Пас, ногаҳон чашми раиси посбонон ба ў афтоду ўро шинохт. Фарёд кашид: –Ин дарвеш марди Худост, дузд нест!
Ин фалон шайх аст аз абдоли Худо,
Дасти ўро ту чаро кардӣ ҷудо?!
Ҷаллод аз тарс ба гиря афтод ва гуфт: –Ман ўро нашинохтам.
Пас, худро рўйи пойҳои дарвеш андохт ва дархост намуд, ки ўро бибахшад.
Дарвеш гуфт: –Осудахотир бош, зеро ту гуноҳе надорӣ. Ман ба назри худ вафо накардам ва сазоям ҳамин аст!
Гуфт: «Медонам сабаб ин нешро,
Мешиносам ман гуноҳи хешро.
Ман шикастам ҳурмати имони ў,
Пас яминам бурд додистони ў.
Ман шикастам аҳду донистам бад аст,
То расид он шумии ҷуръат ба даст.
Дасти мову пойи мову мағзу пўст
Бод, эй волӣ! Фидои ҳукми дўст».
Гуноҳ аз ман аст, аҳде, ки бо Худованд карда будам, шикастам ва ҳол ин ки яқин доштам, ки Парвардигор маро ёварӣ мекунад ва ман ба гуруснагӣ тоб меоварам. Инак, дар озмоиш рўсиёҳ шудам!
Боязиди Бастомӣ ҳам дарёфт, ки дар парастиш кўтоҳ омадааст, савганд хўрд, ки як сол об нахўрад, то танбалиро аз худ дур кунад!
Гуфт: «То соле нахоҳам хўрд об,
Ончунон карду Худояш дод тоб».
Ба ҳамин ҷиҳат Боязид аз бузургтарин орифони замони худ шуд ва овозаи ворастагии ў ҳама ҷо печид.
Вале ман тоб наёвардам ва дучори ин бало шудам.
Аммо Худованд медонист, ки дарвеш имони дурусте дорад. Бо ин ки дасташ бурида шуда буд ва мардум ўро дарвеши якдаст меномиданд, бахшишу меҳрубонии худро аз ў дареғ нафармуд.
Рўзе яке аз муридони ўро гузораш ба он кўҳсор афтод. Вориди хонаи вай шуд. Дид бо ду даст сабад мебофад. Дар шигифт шуд, вале дарвеш ўро сарзаниш кард, ки чаро бехабар омадааст.
Мурид гуфт: –Аз шавқе, ки ба шумо доштам, фаромўш кардам, ки дарро тақ-тақ бизанам ва узр хост. Дарвеш хандид ва ўро бахшид. Хоҳиш кард он чи дидааст, ба касе нагўяд. Магар то вақте ки дарвеш аз ин ҷаҳон рафта бошад. Мурид пазируфт, аммо мардум кам-кам аз ин роз огоҳ шуданд. Ҳар рўз меомаданд ва аз равзани хона ўро мепоиданд, ки чӣ гуна бо ду даст сабад мебофад.
Дарвеш, ки аз фош шудани асрораш огоҳ шуд, даст ба дуо бардошту гуфт: – Эй Худованд, ман ин розро пинҳон кардам. Ту худ хостӣ ошкор шавад.
Гуфт: «Ҳикматро ту донӣ, Кирдгор,
Ман кунам пинҳон, ту кардӣ ошкор».
Худованд фармуд: –Мардуме буданд, ки туро гунаҳкор медонистанд ва эҳтироми туро риё мехонданд. Мо бо дасти бурида туро барои кор имкон бахшидем, то онҳо ба ин ҳақиқат пай баранд, ки носипосӣ аз ту сар назада, балки барои шикастани аҳду паймон танбеҳ шудаӣ. Ин кароматро ба ту барои дили онҳо додам, ки ба ту бадбин набошанд ва бидонанд, ки бандаи дўстдори мо ҳастӣ.
Ин каромат баҳри эшон додамат
В-ин чароғ аз баҳри он бинҳодамат.
ДОСТОНИ ШАЙХ ВА ХОНАВОДААШ
Буд шайхе, раҳнамое пеш аз ин,
Осмонишамъ бар рўйи замин.
Дар рўзгори пешин шайхе ботаҷрибаю некўкор буд, ки дар миёни қавми худ чун раҳнамову пешво обрўву эътибори баланд дошт. Паёмбари акрам (с) ҳам гуфтааст:
–Пири ботаҷрибаву доно пайғамбаре аст миёни мардуми худу хешонаш.
Як рўз хонаводаи шайх ўро сарзаниш карданд, ки чаро сангдил аст ва дар марги азизони худ гиряву зорӣ намекунад, ашке намерезад, гўё дар дили ў раҳм нест.
Ту намегирйӣ, намезорӣ чаро?
Ё ки раҳмат нест дар дил, эй киё!
Чун туро раҳме набошад дар дарун,
Пас, чӣ уммедастамон аз ту кунун?
Мо ба уммеди туем, эй пешво,
Ки бинагзорӣ ту моро дар фано.
Шайх гуфт: –Гумон накунед, ки дар дили ман раҳм нест. Ман ба кофирон ҳам раҳм дорам. Агар касе санге ба саг бизанад, ўро бозмедорам ва дуо мекунам, ки саг хўи сагӣ надошта бошад, ба касе озор нарасонад, касе ҳам ба ў санг назанад. Ин ки дар балою мусибат ашк намерезам, аз имоне аст, ки ба Худо дорам. Чун муътақидам, ки ҳар чӣ аз Худованд мерасад, некў аст. Ў додгар аст ва ҳар чӣ мекунад, ба фоидаи мову росткории мост.
Занаш гуфт: –Чӣ тавр мумкин аст, ки касе фарзандашро аз даст бидиҳад, вале ғамгин нашавад?
Мард гуфт: –Эй зан! Онҳо чӣ зинда ва чӣ мурда аз ман дур нестанд. Ман ҳамеша онҳоро мебинам ва бо онҳо ҳастам.
Гарчи берунанд аз давру замон,
Бо мананду гирди ман бозикунон,
Халқ андар хоб мебинандашон,
Ман ба бедорӣ ҳамебинам аён.
Ман медонам, ки ҷонҳои онҳо зиндони танро шикастанд ва ба раҳмати Худованди Мутаъол пайвастаанд; ҷое рафтаанд, ки мо ҳам рўзе хоҳем рафт, дер ё зуд якдигарро хоҳем ёфт.
ДОСТОНИ МАРДИ КЎР ВА ҚИРОАТИ ҚУРЪОН
Марди камбағале чанд рўз меҳмони марди кўре шуд. Дар хонааш Қуръоне диду дар шигифт шуд, ки ин мард кўр аст ва тавоноии хондан надорад, чӣ ҳоҷат ба он дорад? Чанд бор хост аз дўсташ бипурсад, ки аз Қуръон чӣ баҳрае мебарад? Вале худдорӣ кард, чун наметавонист беэҳтиромӣ кунад ё кори бемаъние анҷом бидиҳад.
Гуфтаанд, ки сабр калиди росткорӣ аст. Рўзе Луқмони ҳаким пеши Довуд (а) пайғамбар рафт. Дид, ки ў оҳанро ҳалқа-ҳалқа мекунад ва онҳоро ба ҳам мепайвандад. Луқмон, ки аз зиреҳсозӣ чизе намедонист, мехост ҳикмати кори вайро бидонад. Аммо чун яқин дошт, ки Паёмбар кори беҳуда намекунад, нахост аз ў бипурсад, ки чӣ месозад. Лекин бар дилаш гузашт, ки сабр кунад, шояд бе пурсиш ба мақсад бирасад.
Боз бо худ гуфт: «Сабр авлотар аст,
Сабри то мақсуд зутар раҳбар аст».
Луқмон дар андеша буд, ки Довуд (а) зиреҳро тамом карду пўшид ва ба Луқмон гуфт, ки дар ҷанг ин беҳтарин либос аст. Луқмон ҳам гуфт, ки либоси сабр ҳам некў аст, ки чун беҳтарин паноҳгоҳи инсон ҳангоми ғаму андўҳ аст.
Гуфт Луқмон: «Сабр ҳам некў дамест,
Ки паноҳу дофеъи ҳар ҷо ғамест».
Сабрро бо ҳақ қарин кард, эй фалон,
Охири «Валаср»-ро огаҳ бихон.
Сад ҳазорон кимиё Ҳақ офарид,
Кимиёе ҳамчу сабр Одам надид.
Меҳмони он марди кўр ҳам сабр кард, то ин ки рози соҳибхона ошкор шуд.
Нимашаб овози Қуръонро шунид,
Ҷаст аз хоб, он аҷоибро бидид.
Аз садои кўр, ки Қуръон мехонд, бедор шуду дид, ки кўр Қуръонро кушода, ангуштҳои худро рўйи калимаҳо мекашад ва калимотро дуруст мехонад, гўё чашми ў биност. Меҳмон гуфт: –Ту чунон мехонӣ, ки гўё кўр нестӣ.
Гуфт: Эй гашта зи аҳли тан ҷудо,
Ин аҷаб медорӣ аз сунъи Худо?
Ман аз Худованд хостам, ки чун чашмам намебинад, ки ин ҳама хости ўст, ҳар гоҳ бихоҳам Қуръонро бихонам, чашмҳоямро ба рўйи калимот бино кунад ва Парвардигор ҳам хоҳиши маро пазируфт. Шунидам, ки фармуд:
–Хости туро қабул кардам, чун худи ту ҳам ба қабули он умедвор будӣ ва биноии худро барои коре, ки хушнудии мо дар он аст, мехоҳӣ.
Аз он ҳангом то кунун, ҳар гоҳ ки ба хондани Қуръон мепардозам, нуре метобад ва чашмам калимотро ҷудо мекунад. Худое, ки бидуни дид ба ман тавоноии хондан медиҳад ва бечароғ рўшноие ба ман мебахшад, ман дигар чӣ ғам дорам?
Гўянд рўзе Баҳлул аз дарвеше пурсид: –Чунӣ?
Гуфт: –Чун аст ҳоли касе, ки ҳар чӣ мебинад, мехоҳад ва ҳар чӣ мехоҳад, мебинад?
Гуфт Баҳлул он яке дарвешро:
«Чунӣ, эй дарвеш? Воқиф кун маро».
Гуфт: «Чун бошад касе, ки ҷовидон
Бар муроди ў равад кори ҷаҳон?
Чун қазои Ҳақ ризои банда шуд,
Ҳукми ўро бандаи хоҳанда шуд.
Одамӣ, ки тан ба ризои Ҳақ диҳад, ҳар чӣ бихоҳад, ба ў мерасад. Чунин касе имонаш барои ишқи биҳишт ё тарси ҷаҳаннам нест.
Баҳри Яздон мезияд, не баҳри ганҷ,
Баҳри Яздон мемурад, н-аз хавфу ранҷ.
ДОСТОНИ МАРДУМИ ШАҲРИ САБО ВА НОДОНИИ ОНҲО
Ёдам омад қиссаи аҳли Сабо,
К-аз дами аҳмақ сабошон шуд вабо.
Он Сабо монад ба шаҳри бас калон,
Дар фасона бишнавӣ аз кўдакон.
Кўдакон афсонаҳо меоваранд
Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.
Ҳазлҳо гўянд дар афсонаҳо,
Ганҷ меҷў дар ҳамай вайронаҳо.
Шаҳри Сабо як шаҳри афсонавие буд, монанди он чи дар афсонаҳои кўдакон мехонанд. Дар афсонаҳои кўдакон ҳарчанд шигифтангез ба назар ояд ҳам, дар онҳо панду андарзҳост. Шаҳри Саборо, гуфтаанд, ки бисёр бузург буд, вале ба андозаи як коса бештар набуд. Ва монанди пиёз давр дар давр сераҳолӣ буд, аммо беш аз се нафар роҳбари маънавӣ надошт. Яке аз он се нафар марде буд бисёр дурбин, вале кўр, Сулаймонро намедид, аммо мўрро медид. Дигар гўши тез дошт, вале кар буд ва севумӣ бараҳнае буд, ки метарсид дузд домани куртаашро мебурад.
Як рўз кўр гуфт:
–Ман бинам ҷамоате ба сўйи мо меоянд.
Кар гуфт:
–Садои пояшро мешунавам.
Бараҳна гуфт:
–Эй вой, ки доманамро хоҳанд бурд!
Пас аз тарс ҳар се гурехтанд ва ба деҳе расиданд.
Дар он деҳа мурғеро диданд, ки аз захми уқобҳо заррае гўшташ намонда буд. Онро хўрданд ва ҳар се чун фил хурсанд шуданд. Бо ин ки ҳар як ба калонӣ мисли филе буданд, аз шикофи девор берун рафтанд.
Мавлавӣ мегўяд, ки дар ин тамсил марди кар намунаи одамонест, ки орзуҳо доранд, марги дигаронро мебинанд ва ба марги худ намеандешанд.
Кўр нишони одаме аст, ки аз айби худ бехабар аст, аммо айби дигаронро мў ба мў мешуморад. Бараҳна касе аст, ки дунёро дўст медорад ва ҳамеша метарсад, нашаваду молашро бибаранд.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми шаҳри Сабо одамҳои баде буданд. Аз доноёну огоҳон мерамиданд.
Худованд он қадар ба онҳо неъмат бахшида буд, ки ҳадду андоза надошт. Боғҳо хуррам буданд, дарахтон пур аз мева, сарвати фаровон, сагҳои он ҷо нони ширин мехўрданд ва гургҳо сер буданд. Дар он ҷо дузд набуд ва гургон ба одамону гўсфандон коре надоштанд.
Ҳамин фаровонию хушӣ онҳоро бадахлоқу носипос карда буд. Сездаҳ пайғамбар аз сўйи Худо ба он шаҳр омада ва ба мардум гуфта буданд:
–Бояд шукри ин ҳама неъмати Худоро бикунед.
Онҳо ҷавоб доданд, ки мо аз ин ҳама хушию фаровониҳо хаставу дилгир шудаем.
Паёмбарон гуфтанд:
–Дилҳои шумо бемор шудааст, ҳамон тавр ки пурхўрии зиёд ҳолро бад мекунад, афзоиши молу сарват ҳам дилро бемор месозад:
Анбиё гуфтанд: дар дил иллатест,
Ки аз он дар ҳақшиносӣ офатест.
Неъмат аз вай ҷумлагӣ иллат шавад,
Тўъма дар бемор, кай қувват шавад?
Бо ин ҳама фиристодагони Худованд кўшиданд онҳоро ба роҳи рост биёваранд ва дурустию некўкорӣ биёмўзанд. Аммо панду андарз асар надошт, чун аз хайрандешон ва некўхоҳон бадашон меомад.
Паёмбарон гуфтанд: –Бояд иллатро пайдо кард ва дармон намуд.
Дафъи иллат кун, чу иллат хав шавад,
Ҳар ҳадисе кўҳна пешат, нав шавад.
То ки аз кўҳна барорад барги нав,
Бишкуфонад куҳна сад хўша зи гав.
Он табибони табиат дигаранд,
Ки ба дил аз роҳи набзе бингаранд.
Мардуми Сабо гуфтанд: – Суханҳое, ки мегўянд, далеле мехоҳад.
Ҷавоб шуниданд: – Офтоб омад, далели офтоб!
Дар миёни рўз гуфтан: «рўз ку?»
Хеш расво кардан аст, эй рўзҷў?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё