МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ШАЙХУ МУРИД
Муриде рўзе пеши шайхи худ рафт. Ўро гирён дид.
Шайхро чун дид гирён он мурид,
Гашт гирён, об аз чашмаш давид.
Мурид аз гиряи шайх ба гиря афтоду ҳой-ҳой гирист. Дар масал аст, ки одами шунаво як бор механдад ва одами кар ду бор. Як бор аз хандаи одами шунаво ба ханда меафтад, бе донистани иллати хандаи одам аз рўйи тақлид ба хандаи ў. Бори дуюм, иллатро ҷўё мешавад ва далели хандаро дармеёбад ва боз механдад.
Пас муқаллид низ монанди кар аст,
Андар он шодӣ, ки ўро дар сар аст.
Муриди шайх ҳам, бе он ки бидонад чаро шайх мегиряд, монанди ў ашк мерехт. Баъд аз он пеши шайх изҳори иродат кард ва бозгашт. Шайх муриди хоси дигаре дошт, ки ҳамеша дар хидмати ў буд. Ҳоли ўро медонист, ки ҳеҷ кореро бе далели ақл намекунад ва барои дарду ғами худ намегиряд. Аз ин ҷиҳат, чун мурид ба роҳ афтод, дунболаш рафт ва дур аз диди шайх ба ў гуфт:
–Эй мард, ту бо дидани гиряи шайх гирён шудӣ ва надонистӣ барои чӣ гиря мекунӣ. Албатта, ин кори ту аз ҷиҳати тақлид буд. Вале мабодо гумон кунӣ, ки гиряи тую ў монанд аст. Агар чунин биандешӣ, дарвоқеъ, инкори шайх ва муроди худро кардаӣ. Ману ту монанди сабаде ҳастем рўйи об, ки хаёл мекунанд пур аз об шудааст. Аммо ҳамин ки онро бармедоранд, обе дар он нест. Ё монанди ойинае ҳастем, ки нури офтоб дар он инъикос мешаваду гумон мекунад нури худи ўст, ки медурахшад. Аммо ҳамин ки офтоб ғуруб кард, торикӣ мешавад ва аз рўшноӣ дар ў хабаре нест.
Гиряи шайх дами Исо (а) аст, на чун ҳар даме, ки аз ғам ё шодӣ бошад. Он чӣ одамӣ бинаду аз дидори он шоду хандон шуда ё ғамгину гирён мегардад, ба ваҳму хаёли мо дарнамеояд.
Зоҳираш монад ба зоҳирҳо, валек
Қурси нон аз қурси маҳ дур аст нек.
Масали мурид масали тўтӣ аст, ки дар баробари ойина нигоҳаш доштаанд, ў дар ойина тўтии ҳамҷинси худро мебинад. Устодро, ки пушти ойина ниҳон шуда сухан мекунад, намебинад ва хаёл мекунад, ки тўтии ойина сухан мекунад. Ў ҳам тақлидашро мекунад.
Дар пайи ойина он усто ниҳон,
Ҳарф мегўяд адиби хушзабон.
Тўтияк пиндошта, к-ин гуфти паст
Гуфтани тўтист, к-андар ойинаст.
Пас зи ҷинси хеш омўзад сухан
Бехабар аз макри он гурги куҳан.
Аз паси ойина меомўзадаш
В-арна н-омўзад ҷуз аз ҷинси х(в)адаш.
Гуфтро омўхт з-он марди ҳунар,
Лек аз маъниву сирраш бехабар.
Аз башар бигрифт мантиқ як ба як,
Аз башар ҷуз ин чӣ донад тўтияк?
ДОСТОНИ МАРДИ НЕКЎКОРИ АҲЛИ ЗАРВОН
Дар Зарвон ном деҳе дар кишвари Яман марди накўкоре зиндагӣ мекард, ки пайваста роҳе барои кўмак ба дармондагону ниёзмандон пайдо мекард.
Мекўшид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳоҷатмандӣ бираҳонад.
Каъбаи дарвеш будӣ кўйи ў,
Омадандӣ мустамандон сўйи ў.
Ў ҳангоме ки гандумро дарав мекард, даҳяки онро ба нодорон мебахшид ва чун гандуми боқимондаро орд мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Вақте, ки нон мепухт, даҳяки нонро ба дигарон мебахшид.
Рўзе фарзандони худро гирд оварда, васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон, дармондагону бечорагонро фаромўш кунед. Агар ҳаққи фақирону бечорагонро бидиҳед, Худованд ба кишту меваи баракат ато менамояд.
Ризқ аз Вай ҷў, маҷў аз Зайду Амр,
Мастӣ аз Вай ҷў, маҷў аз бангу хамр.
Ин замину тухм, обу кишт сабабҳоянд. Масалан, ҳамаи инҳо фароҳам шуд, аммо дона сабз нашуд ва нарўйид, чӣ мекунӣ? Нола мекунӣ, даст ба дуо бармедорӣ ва ба Худованди доно паноҳ мебарӣ. Ту корро анҷом бидеҳ, вале баракату ҳосилро аз Худои қодиру тавоно биҷўй.
Оқибат з-инҳо бихоҳӣ мондан,
Ҳин, киро хоҳӣ дар он дам хондан?
Агар ҳамаро бигузорию ба Худованди доно паноҳ барӣ, ҳаргиз зиён нахоҳӣ дид. Рўзгоре мерасад, ки мард аз бародараш мегурезаду фарзандон аз падару модар.
Агар Худованди мутаъол бо ту бошад, аз ин ҳодисаҳо ҳарос набояд дошта бошӣ. Чӣ басо ёрону наздикону хешовандон аз рашку ҳасад ё тамаъу ғараз туро бигузоранд. Нигарон машав! Ўро бихоҳу чашм ба дигарон надошта бош! Агар дўсти ҳасуд имрўз туро раҳо кард, ё хўйи бади худро ошкор кард, нороҳат нашав, балки хушҳол бош, ки худро ба ту шиносонд ва гавҳари хешро нишон дод. Вагарна чӣ басо то охири умр гирифтори ў бимондӣ. Умру молу тандурустии худро нисор мекардӣ.
Ёри ту чун душмане пайдо кунад,
Гарри ҳиқду рашки ў берун занад.
Ту аз он эърози ў афғон макун,
Хештанро аблаҳу нодон макун.
Балки шукри Ҳақ куну нон бахш кун,
Ки нагаштӣ дар ҷуволи ў куҳун.
Аз ҷуволаш зуд берун омадӣ,
То биҷўйӣ ёри сидқи сармадӣ.
Чӣ беҳтар аст, ки одаме аз бадии ёрони ҳасуд ва кинаҷў халос шавад, вақти худро сарфи ҷустуҷўйи ёрони ҳақиқӣ кунад ва ба даргоҳи Худованд паноҳ барад.
Он марди накўкор фарзандони худро ин гуна панд медод ва аз онҳо мехост, ки Худоро фаромўш накунанд ва моли Худоро бо халқ бихўранд, то ҳамеша тавонгар бимонанд. Аммо афсўс, ки онҳо сазовори некўкорӣ набуданд ва дилҳои онҳо замини шўразореро мемонд, ки дар он ҳеҷ донае сабз намешавад ва ҳосил намедиҳад.
Пайғамбарон, ҳама халқро ба корҳои нек даъват мекарданд, вале панди онҳо дар ҳама яксон асар намекард. Танҳо мардумони хушбахт гўш ба насиҳатҳои некўхоҳон мекунанд. Сухани хуб дар дили санг асар намекунад.
З-он чи кўҳу санг дар кор омаданд,
Менашуд бадбахтро бикшода банд.
Аммо ҳеҷ мушкиле ба осонӣ ҳал намешавад. Чӣ бисёр дилҳои сангин, ки доду атои Худованд онҳоро қобилият медиҳад. Аммо доштани қобилият танҳо шарт нест, шарти асосӣ иродаи бахшиши ўст.
Худованд ҳар корро ба сабаб вогузоштааст. Асл ин аст, ки ҳеҷ коре бе сабаб воқеъ намешавад. Бо ин ҳама гоҳ иродаи Парвардигор бар хилофи одати мо ба вуқўъ меояд ва бесабаб ҳам касе сазовори атои Худованд мешавад. Монанди Мўсо (а), ки бар хилофи одати рўзмарраи мо асои дасти ў аждаҳо мешуд. Ё садҳо муъҷизаҳои пайғамбарони дигар, ки ҳама бесабаб ва хилофи одатҳои мо воқеъ шудаанд.
Бо ин ҳама Худованд мукофоти некўкоронро кафолат додааст ва агар касе ба даромаду моли хеш нодоронро шарик кунад, шак нест, ки ҳоҷатманду гирифтори мушкилӣ нахоҳад шуд.
ДОСТОНИ ЗОҲИДУ ЗАНАШ ВА КАНИЗАК
Зоҳиде зани серрашк ва канизаки зебое дошт. Зан аз бисёрии рашк пайваста канизакро мепойид, ки мабодо миёни ў ва шавҳараш робитаи наздикӣ барқарор шавад. Иттифоқан, рўзе зан ба гармоба рафт ва канизакро ҳам ҳамроҳ бурд. Ногоҳ ёдаш омад, ки таштро фаромўш кардааст. Ба ночор канизакро барои овардани ташт ба хона фиристод. Канизак, ки шаш сол боз ошиқи зоҳид буд, аз шодӣ, ки ўро дар хона танҳо хоҳад ёфт, болу пар баровард ва худро ба хона расонид.
Зоҳид ҳам, ки чунин тасодуфи дилангезро интизор набуд, ўро дар оғўш кашид.
Гашт паррон, ҷониби хона шитофт,
Хоҷаро дар хонаи хилват биёфт.
Ҳар ду ошиқро чунон шаҳват рабуд,
К-эҳтиёту ёди дар бастан набуд.
Ҳар ду бо ҳам дар хазидан аз нишот,
Ҷон ба ҷон пайваст он дам з-ихтилот.
Зан, ки дар гармоба буд, ногаҳон ба ёдаш расид, ки иштибоҳ кардааст ва бо дасти худ он канизаку шавҳарашро ба ҳам расонидааст. Пас бошитоб шустушў карду бо дили шўрида ва нигаронии фаровон рў ба хона ниҳод. Чун бад-он ҷо расид ва дарро боз кард, канизаку зоҳид садои поро шуниданд ва канизак либос пўшиду зоҳид ба намоз пардохт. Зан аз чеҳраи ошуфтаи канизак дарёфт, ки кор аз кор гузашта ва ў дер расидааст.
Чун шавҳарро дар намоз ларзон дид, домани куртаи ўро боло зад ва ба рози нуҳуфта пай бурд. Он гоҳ муште бар сари зоҳид кўбиду гуфт:
– Эй номард! Ба ин олудагӣ ба намоз истодаӣ ва фаромўш кардаӣ, ки:
Рўзи маҳшар ҳар ниҳон пайдо шавад,
Ҳам зи худ ҳар муҷриме расво шавад.
Дасту по бидҳад гувоҳӣ бо баён
Бар фасоди ў ба пеши мустаъон.
Даст гўяд: «Ман чунин дуздидаам»,
Лаб бигўяд: «Ман чунин пурсидаам».
Аммо хашму нороҳатӣ дигар суде надошт, дасти қазову қадар бар рашки зан пирўз шуд. Он чӣ набояд иттифоқ биафтад, воқеъ шуда буд ва ҳеҷ кўшише пеши онро гирифтан наметавонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё