МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ТАВБАИ НАСЎҲ
Дар рўзгорони гузашта марде буд, Насўҳ ном, ки чеҳраи ў ҳолату рангу рухсори занонро дошта ва ба ин сабаб ў хидматгории гармобаи занонро пешаи худ карда буд.
Буд рўйи ў чу рухсори занон,
Мардии худро ҳамекард ў ниҳон.
Бо вуҷуди ин ки худро ба шакли зан меорост ва ҷомаи занона бар тан мекард, дар шаҳватронӣ аз мард чизе камӣ надошт. Бо молиши занони бузургону шоҳзодагон лаззат мебурд. Барои ин кор борҳо пеши худ тавба мекард, аммо ҳар бор тавбаашро мешикаст:
Тавбаҳо мекарду то дармекашид,
Нафси кофир тавбаашро медарид.
Оқибат рўзе назди орифи худопарасте рафт ва аз ў дархост кард, ки дар ҳаққи ў дуо кунад, зеро он марди худопараст монанди Худо аз рози ниҳони ў огоҳ буд.
Аммо ба ҳукми Парвардигори бузург розпўшӣ кард, зеро мардони Худо ҳамеша қуфле бар забон доранд:
Бар лабаш қуфл асту дар дил розҳо,
Лаб хамўшу дил пур аз овозҳо.
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нўшидаанд,
Розҳо дониставу пўшидаанд.
Он марди ориф Насўҳро расво ва фош накарда гуфт:
–Умедвории Худованд аз он чӣ ту пинҳон мекунӣ, туро тавба диҳад:
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нўшидаанд,
Розҳо дониставу пўшидаанд.
Ҳар киро асрори кор омўхтанд,
Муҳр карданду даҳоншон дўхтанд.
Аз ин ки дуои мардони Худо дар назди Яздони пок ҳамеша пазируфтааст, Худованд дуои ўро пазируфт ва оқибати кори он мискину бечора дар охири охирон хуб шуд.
Рўзе дар гармоба гавҳаре аз зару зевари яке аз шоҳзодадухтарон гум шуд. Дари гармобаро бастанду ҳама сўрохию шикофиҳоро кофтанд. Амр карданд, ки ҳама ходимон омодаи кофтуков бошанд. Насўҳ аз тарси расвоие, ки дар натиҷаи ҷустуҷў зан набуда, мард буда ни ў ошкор мешавад, ба ларза афтод ва дар гўшае пинҳон шуд. Аммо аз тарси расвоӣ ва марг бо тани ларзон аз таҳи дил аз кори зишти худ пушаймон гашта, тавба мекард ва бо Худо розу ниёз ва лобаю зорӣ менамуд.
Гуфт: «Ё Раб, борҳо баргаштаам,
Тавбаҳову аҳдҳо бишкастаам.
Кардаам онҳо, ки аз ман месазид,
То чунин сели сиёҳе даррасид.
Навбати ҷустан агар дар ман расад,
Ваҳ, ки ҷони ман чӣ сахтиҳо кашад».
Сардорон ҳукм карданд, ки ҳама коргарони гармоба либосҳои худро аз тан бикашанд, то лучу урён кофтуков шаванд. Чун Насўҳ беҳтарини коргарон ва мавриди лутфи занони аъёну шоҳзодагон қарор гирифта буд, кофтукови ўро ба охир гузоштанд. Вале ў аз тарс беҳушу аз худ бехуд дар гўшае афтода буд. Ў чунон аз таҳи дил меларзиду ашк мерехт ва пушаймонии худро ба даргоҳи Худованд изҳор мекард, ки ба ҳоли ў дили санг об мешуд.
Гар маро ин бор сатторӣ кунӣ,
Тавба кардам ман зи ҳар нокарданӣ.
Тавбаам бипзир ин бори дигар,
То бибандам баҳри тавба сад камар.
Ман агар ин бор тақсире кунам,
Пас дигар машнав дуъову гуфтанам».
Ин ҳамезориду сад қатра равон,
Ки дарафтодам ба ҷаллоду авон.
То намирад ҳеч афранге чунин,
Ҳеч мулҳидро мабодо ин ҳанин.
Навҳаҳо мекард ў бар ҷони хеш,
Рўйи Азройил дида пеш-пеш.
Эй Худову, эй Худо чандон бигуфт,
К-он дару девор бо ў гашт ҷуфт.
Дар ин ҳангом шунид, ки ўро барои кофтуков даъват мекунанд:
Чунки ҳушаш рафт аз тан, беамон,
Сирри ў бо Ҳақ бипайваст он замон.
Чун тиҳӣ гашту вуҷуди «ў» намонд,
Бози ҷонашро Худо дар пеш хонд.
Чун шикаст он киштии ў бемурод,
Дар канори раҳмати дарё фитод.
Ҷон ба Ҳақ пайваст чун беҳуш шуд,
Мавҷи раҳмат он замон дар ҷўш шуд.
Чунки ҷонаш вораҳид аз нанги тан,
Рафт шодон пеши асли хештан.
Ҷон чу бозу тан мар ўро кундае,
Пойбаста, паршикаста, бандае.
Чунки дарёҳои раҳмат ҷўш кард,
Сангҳо ҳам оби ҳайвон нўш кард.
Пеш аз ин ки ўро пайдо кунанд, ногаҳон ғавғое шуду гурўҳе мужда доданд, ки «шукри Худо, гумшуда ёфт шуд». Ин овозҳо ба гўши Насўҳ расид ва ба ҳуш омад.
Дид, ки ҳама болои сари ў истодаанд ва аз ин ки аз ў ҳам гумони бад бурдаанд, узр мехоҳанд. Донист, ки дуои ў пазируфта шудааст. Ба онҳо гуфт:
– Ин лутфи Худованди тавбапазир аст, вагарна ман медонам, ки гуноҳам чист ва медонам, ки аз он чӣ дигарон гумон мебаранд, бадтарам. Аммо бахшиши Худованд болотар аз инҳост:
Ман ҳамедонам ва он саттори ман
Ҷурмҳову зиштии кирдори ман.
Ҳақ бидид он ҷумларо, нодида кард,
То нагардам дар фазиҳат рўйзард.
Боз раҳмат пўстиндўзим кард,
Тавбаи ширин чу ҷон рўзим кард.
Ҳар чӣ кардам, ҷумла нокарда гирифт,
Тоати нокарда оварда гирифт.
Ҳамчу сарву савсанам озод кард,
Ҳамчу бахту давлатам дилшод кард.
Номи ман дар номаи покон навишт,
Дўзахӣ будам, бибахшидам биҳишт.
Дар ҳамай олам намегунҷам кунун.
Офаринҳо бар ту бодо, эй Худо!
Ногаҳон кардӣ маро аз ғам ҷудо.
Баъд аз ин ки доду ғавғо поён ёфт, як нафаре аз ҷониби духтари подшоҳ назди Насўҳ омад ва паём овард, ки шоҳдухтар мехоҳад ба гармоба биояд. Хоҳиш кардааст, ки маҳз ту бояд ўро ёрӣ диҳӣ. Насўҳ
Гуфт: Рав, рав дасти ман бекор шуд,
В-ин Насўҳи ту кунун бемор шуд.
Чун бар тавбаи худ пойдор монда ва растагор шуда буд, бо худ гуфт:
Ман бимирам як раҳу боз омадам,
Ман чашидам талхии маргу адам.
Тавбае кардам, ҳақиқат бо Худо,
Нашканам, то ҷон шудан аз тан ҷудо.
Аз он пас тавбаи Насўҳ миёни мардум машҳур шуд.
Тавбаи ҳақиқӣ, тавбае, ки ҳаргиз шикаста намешавад ва бо ин номи «тавбаи Насўҳ» то ба ҳол вирди забони мардуми форсизабон аст.
ДОСТОНИ ХАРИ МАРДИ ҶОМАШЎЙ ВА РЎБОҲУ ШЕР
Ҷомашўе хари лоғари камқуввате дошт. Дар ҷое, ки зиндагӣ мекард, сабзаву алаф кофӣ ёфт намешуд. Гоҳо хари бечора ҷуз об чизи дигаре барои хўрдан намеёфт.
Дар он наздикӣ бешае буд, ки шере он ҷо зиндагӣ мекард ва чанд ҳайвони дигаре гирди ў гашта, ризқу рўзӣ меёфтанд. Аз қазо, рўзе он шер бо филе рў ба рў шуду бо ҳам ҷангиданд.
Зўри фил боло гирифт ва чанд захме бар шер зад ва шер нотавон шуда, аз шикор бозмонд. Чун дарандагони дигар аз боқимондаи шикори шер мехўрданд, беқудратии шер сабаб шуд, ки ҳам шеру ҳам дигарон беғизо ва гурусна монданд. Шер дар он чораро дид, ки рўбоҳро ба ҷустуҷўйи харе ё гове бифиристад, то онро ба дом андохта, бо фиреб назди шер биёварад ва шеру дигар дарандагон шикамҳоро аз ғизо пур кунанд.
Рўбоҳ бо худ гуфт:
– Ба ҳар ҳол, шер подшоҳи мост ва мо хидматгорони ў. Пеш аз захмӣ шуданаш мо аз боқимондаи шикори ў сер мешудем. Ман бояд бо ҳилаю афсун ҳайвонеро фиреб диҳаму онро дастраси шер гардонам:
Ҳилаву афсунгарӣ кори ман аст,
Кори ман дастону аз раҳ бурдан аст.
Пас ба роҳ афтод. Дар кўҳу дара мегашт, чашмаш ба хари марди ҷомашўй афтод, ки дар миёни саҳро дар ҷустуҷўйи сабзаву алаф аст. Пеш рафта салому аҳволпурсӣ кард ва пурсид:
–Ту дар ин саҳрои хушки беалаф чӣ кор мекунӣ?
Гуфт: «Чунӣ андар ин саҳрои хушк,
Дар миёни санглоху ҷойи хушк?
Гуфт хар: «Гар дар ғамам, гар дар Ирам,
Қисматаш Ҳақ кард, ман з-он шокирам.
Шукр гўям дўстро дар хайру шар,
З-он ки ҳаст андар қазо аз бад батар».
Рўбоҳ шукргўйии харро написандид ва гуфт:
– Бар ҳар ҷонваре фарз аст, ки дар пайи рўзии ҳалол бикўшад, то он чӣ мехоҳад, ба даст овард.
Олами асбобу чизе бесабаб
Менаёяд, пас муҳим бошад талаб.
Бе калид ин дар кушодан роҳ нест,
Бе талаб нон суннати Аллоҳ нест.
Хар гуфт:
–Ин сухани ту аз заъфи таваккул аст. Ту бояд бидонӣ, он ки ҷон медиҳад, нон ҳам медиҳад.
Гуфт: «Аз заъфи таваккул бошад он
Варна бидҳад нон касе, ки дод ҷон.
Ҷумларо Раззоқ рўзӣ медиҳад,
Қисмати ҳар кас ба пешаш мениҳад.
Рўбоҳ гуфт:
–Он таваккул, ки ту аз он мегўйӣ, камёб аст.
Гуфт рўбоҳ: «Он таваккул нодир аст,
Кам касе андар таваккул моҳир аст.
Гирди нодир гаштан аз нодонӣ аст,
Ҳар касеро кай раҳи султонӣ аст?
Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шўру шар».
Хар гуфт:
– Ин сухани ту дуруст нест.
Гуфт: «Ин маъкус мегўйӣ, бидон,
Шўру шар аз тамъ ояд сўйи ҷон.
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд».
Магар ту достони он зоҳидро нашунидаӣ. Зоҳиде дар ривояти Паёмбари акрам (с) дида буд, ки Худованд рўзиро бихоҳӣ ё нахоҳӣ, ба сўйи бандагонаш мефиристад. Ў барои озмоиш аз шаҳр берун рафта, дар биёбони дур аз ободӣ, дар доманаи кўҳе хобид.Дар он ҳангом корвоне роҳ гум карда буд ва аз ҳамон ҷо мегузашт. Ўро дида, дар тааҷҷуб шуданд, ки дар ин макони дур аз ободӣ ин мард чӣ кор мекунад. Барои аз ҳолаш бохабар шудан болои сараш рафтанд. Ў худро ба беҳушию бехабарӣ зад. Аҳли корвон пиндоштанд, ки ў аз гуруснагӣ беҳол шудааст. Базўр даҳонашро боз карда дар он хўрок рехтанд. Мард дар аввал муқобилият мекард, аз хўрдани ғизо худдорӣ менамуд ва бо худ мегуфт, ки бояд озмоишро то охир бирасонам. Дилаш ба ў гуфт:
–Ту худ медонӣ, ки Худо рўзирасон аст. Ҳоло дигар чаро ноз мекунӣ, дар ҳоле ки рўзӣ ба пойи худ пеши ту омадааст.
Рўбоҳ гуфт:
–Ин достонҳоро ба ҳоли худ гузору ҳаракати дасту по кун. Зиндагонӣ кўшишу ҳамкорӣ аст. Ҳар кас коре мекунад, то чархи рўзгор бичархад. Муфтхўрӣ кори дуруст нест.
Хар гуфт:
– Аз таваккул беҳтар касбу коре нест.
Хулоса, ба ин тартиб миёни онҳо гуфтугўйи бисёр шуд. Дар охир рўбоҳ гуфт:
–Фарз кардем, ки ҳамаи гуфтаҳои ту дуруст аст. Вале магар нишондоди Худовандро фаромўш кардӣ, ки гуфтааст: «худатонро ба дасти худ дар бало наандозед?». Ба ҷойи ин ки дар марғзори сабзу хуррами чанд қадам аз ту дуртар чарида гардӣ, дар ин биёбони хушки беобу алаф мечарӣ. Барои идомаи зиндагӣ ба макони беҳтар кўчида рав:
Сабр дар саҳрои хушку санглох
Аҳмақӣ бошад, ҷаҳони Ҳақ фарох.
Дар ин наздикиҳо алафзори васеъ аст, ки ҳайвоноти гуногун дар он мечаранду осуда зиндагӣ мекунанд.
Хари нодон аз рўбоҳ напурсид, ки агар ту рост мегўӣ ва он ҷо неъмат фаровон аст, чаро ту ин қадар харобу нотавонӣ?
Он яке пурсид уштурро, ки ҳай!
Аз куҷо меойӣ? Эй иқболпай!
Гуфт: «Аз ҳаммоми гарми кўйи ту»,
Гуфт: «Худ пайдост дар зонуйи ту».
Хар медид, ки рўбоҳ ба ў ваъдаи фаровонию неъмат медиҳад, аммо худаш аз гуруснагӣ ҳоли табоҳе дорад.
Бо вуҷуди ин, чун харигарӣ дар вуҷуди ўст, аз шунидани васфи сабзазор ва ваъдаи обу алафи фаровон дил аз даст дод, зеро гуфтаҳо аз рўйи ақида ва имон набуд.
Хар тақлидкор аст ва он чӣ дигарон гуфтаанд, такрор мекунад. Хар ба тамаъи сабзаву алаф ба фиреби рўбоҳ афтод ва аз паси ў равона шуд.
Як нафар дар аснои гурехтан ба хонае даромад.
Соҳиби хона гуфт:
–Ба хайр бошад, аз чӣ мегурезӣ?
Гуфт:
–Ба ҳукми шоҳ дар кўча харҳоро мегиранд.
Соҳибхона гуфт:
– Ту чӣ ғам дорӣ, ту хар нестӣ-ку!
Гуфт: «Пас ҷидданду гарм андар гирифт,
Гар харам гиранд, ҳам набвад шигифт.
Гуфт:
Одамӣ бошу зи харгирон матарс,
Хар наӣ, эй Исии даврон, матарс.
Чархи чорум ҳам зи нури ту пур аст,
Ҳошалиллаҳ, ки мақомат охур аст.
Чун ба наздики қароргоҳи шер расиданд, шери сабраш тамомшуда бархосту бо шитоб ба хар ҳамла кард.
Хар ўро аз дур дида гурехт ва шери захмхўрдаи ҳанўз камқувват ба вай расида натавонист.
Рўбоҳ гуфт:
–Эй шер, чаро сабр накардӣ, ки ба ту наздиктар шавад?
Макри шайтон аст таъҷилу шитоб,
Лутфи Раҳмон аст сабру эҳтисоб.
Гуфт:
–Ман гумон кардам, ки ҳанўз зўри бозуям барҷост ва қудрати шикоргирӣ мондааст. Маро бибахш, бикўш, ки бори дигар ўро пеши ман биёварӣ. Доруи дардҳои ман дилу ҷигари ўст. Ин бор қавл медиҳам, ки то наздики ман наояд, аз ҷой наҷунбам.
Рўбоҳ гуфт:
–Агар чанде сахт тарсида асту дигар тан ба қазо нахоҳад дод ва фиреб нахоҳад хўрд, ў аз харигарӣ дур нест. Боз ҳам дар макру ҳилаи ман меафтад.
Тавбаҳо кардаст хар бо Кирдгор,
Ки нагардад ғарраи ҳар нобакор.
Тавбаҳояшро ба фан барҳам занем,
Мо адувви ақлу аҳду равшанем.
Он гоҳ дубора худро ба назди хар расонид.
Хар гуфт:
– Наздики ман маё, ки душмани манӣ!
Ноҷавонмардо, чӣ кардам ман туро,
Ки ба пеши аждаҳо бурдӣ маро?
Рўбоҳ гуфт:
–Он ки ту дидӣ, шер набуд, тилисми сеҳру ҷоду буд, ки ба чашми ту шер менамуд. Ман аз ту заифтару харобтарам. Он ҷо чаро мекунам, то ҳол шереро надидаам.
Гуфт рўбаҳ: «Он тилисми сеҳр буд,
Ки туро дар чашм он шере намуд.
В-арна ман аз ту ба тан мискинтарам,
Ки шабу рўз андар он ҷо мечарам.
Гарна з-он гуна тилисме сохтӣ,
Ҳар шикамхоре бад-он ҷо тохтӣ».
Ва ин тилисмро барои ин сохтаанд, ки ҳар шикамбадори пурхўре он ҷо наравад ва ба тамаъи дар он марғзор мондан наафтад.
Хар гуфт:
–Аз пеши ман дур шав, ту душмани манӣ ва дар рехтани хуни ман саъй мекунӣ. Ман шерро, ки дидам, гўё Азроилро дидаам. Ҳамаи танам аз тарс ба ларза афтод. Ҳамон ҷо гуфтам, ки «эй Худованд, пойи маро қувват бидеҳ, ки бигурезам. Шарт мекунам, ки дигар васваса накунам ва тамаъ наварзам». Барои ҳамин Худо маро аз кушта шудан раҳонид:
Он чи медидам зи ҳавли беамон,
Тифл дидӣ, пир гаштӣ дарзамон.
Рўбоҳ гуфт:
–Ваҳму хаёлат сабаби гумроҳӣ ва каҷандешии ту шудааст. Аз худ каме берун биё, то ҳақиқатро дарёбӣ:
Чун туро ваҳми ту дорад хирасар,
Аз чӣ гардӣ гирди ваҳми он дигар?
Оҷизам ман аз мании хештан,
Чӣ нишастӣ пурманӣ ту пеши ман?
Оқибат дар баробари далели рўбоҳ хар оҷиз шуд.
Боз харигарии ў боло гирифт ва дубора фиреб хўрд:
Ҳирс кўру аҳмақу нодон кунад,
Маргро бар аҳмақон осон кунад.
Боз аз пушти рўбоҳ равон шуд ва наздики шер расид. Шер то дастраси ў қарор гирифтани хар наҷунбид. Баъд барҷасту шиками ў дарид. Чун бар асари ҳаракатҳо ташна шуда буд, ба сари чашма рафт, то баргаштани ў рўбоҳ дилу ҷигари харро хўрд. Вақте ки шер баргашт ба ҷустуҷўйи дилу ҷигари хар пардохт ва ҳарчи кофт, чизе пайдо накард, ба рўбоҳ гуфт:
–Магар ин хар дилу ҷигар надошт?
Гуфт: «Гар будӣ варо дил, ё ҷигар,
Кай бад-ин ҷо омадӣ бори дигар?
Он қиёмат дида буду растахез
В-он зи кўҳ афтодану ҳавлу гурез.
Гар ҷигар будӣ варо, ё дил будӣ,
Бори дигар кай бари ту омадӣ?»
Рўбоҳ гуфт:
– Агар ин бечора дилу ҷигар медошт, дубора фиреби маро намехўрд ва наздики ту намеомад:
Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рўҳ, ҷуз гил нест он.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё