МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ КАДХУДО ВА ЗАНАШ
Буд марде кадхудо, ўро зане,
Сахт таннозу палиду раҳзане.
Кадхудое зани зебо, вале зишткору дағал дошт.
Марди заҳматкаш ҳар чӣ ба хона меовард, зан онро талаф мекард ва нобуд месохт. Шавҳараш аз беэътиноӣ ва бадкории ў ба танг омада буд.
Рўзе кадхудо аз ним ман бештар гўшт харида, ба хона овард. Ба зан доду гуфт: –Имрўз меҳмон дорам, бо ин гўшт хўроке тайёр кун ва аз пушти кори худ рафт.
Зан гўштро кабоб карда, бо шароб хўрд ва чун шавҳараш ба хона баргашт, аз занаш пурсид, ки хўрокпазӣ дар кадом ҳолат аст, зеро меҳмон ҳам ҳамин ҳозир аз роҳ расида меояд. Зан гуфт, ки гўштро гурба хўрдааст ва агар барои меҳмон хўрок лозим бошад, бояд биравӣ ва боз гўшт бихарӣ.
Кадхудо хашмгин шуд, тарозу овард ва гурбаро баркашид. Гурба ним ман вазн дошт. Он гоҳ ба он зани дурўғгўй гуфт: –Гўште, ки ман харида будам, аз ним ман бештар буд. Чӣ гуна гурбае, ки ҳоло ҳам аз ним ман зиёд вазн надорад, гўштро хўрдааст:
Ин агар гурбаст, пас он гўшт ку?
В-ар бувад ин гўшт, гурба ку? Бигў!
ДОСТОНИ АМИРУ ҒУЛОМ ВА ЗОҲИД
Буд амире, хушдиле, майборае,
Каҳфи ҳар махмуру ҳар бечорае.
Мушфиқе, мискиннавозе, одиле,
Ҷавҳаре, зарбахшише, дарёдиле.
Шоҳи мардону амиралмўъминин,
Роҳбону роздону дўстбин.
Даври Исо буду айёми Масеҳ,
Халқ дилдору камозору малеҳ.
Дар рўзгори гузашта амире буд меҳрубону зиндагиро хушгузарон, майдўсту ҳам майхора. Бечораро кўмакрасон, додгару бахшандае, ки мардумонро ба дини Исо (а) ташвиқ мекард ва меҳмоннавозу дўстнигаҳдор буд. Шабе як шахс меҳмони хонаи амир шуд.
Амир ба хотири осоишу хушҳолии меҳмон ба ғуломаш фармуд, ки барои меҳмон май омода кунад ва чун дар хонааш шароб набуд, ўро назди роҳибе, ки беруни шаҳр зиндагӣ мекард, фиристод, то аз ў бода бихарад.
Дар он замон дар шариати Исо (а) майнўшӣ иҷозат буд.
Ғулом ба дайри раҳибон рафт ва ду кўза аз майи ноб пур карда, ба сўйи хонаи амир шитофт:
Зар бидоду бодаи чун зар харид,
Санг доду дар иваз гавҳар харид.
Бодае, к-он бар сари шоҳон ҷаҳад,
Тоҷи зар бар тораки соқӣ ниҳад.
Фитнаҳову шўрҳо ангехта,
Бандагону хусравон омехта.
Устухонҳо рафта, ҷумла ҷон шуда,
Тахту тахта он замон яксон шуда.
Дар роҳи бозгашт ғулом ба зоҳиди хушкмағзи ғамзадаю мутаассибе вохўрд:
Пешаш омад зоҳиде, ғамдидае,
Хушкмағзе, дар бало печидае.
Тан зи оташҳои дил бигдохта,
Хона аз ғайри Худо пардохта.
Гўшмоли меҳнати безинҳор,
Доғҳо бар доғҳо чандин ҳазор.
Зоҳид аз ғулом пурсид: – Дар ин кўзаҳо чист?
Гуфт: – Шароб.
Гуфт: – Барои кӣ мебарӣ?
Гуфт: – Барои фалон амир.
Зоҳид бонг зад: –Шаробнўшӣ шоистаи амир нест, кори Шайтон аст!
Ва бо асои худ кўзаҳоро шикаст. Ғулом аз хашми зоҳид гурехт ва назди амир омаду он чи гузашта буд, гуфт. Ғулом гуфт:
–Зоҳид мегуфт, ки агар май ҳалол аст, барои мардуми авом ҳалол аст, на барои мардумони доно ва диндорон.
Гар ҳалол омад пайи қути авом,
Толибони дўстро омад ҳаром.
Ошиқонро бода хуни дил бувад,
Чашмашон бар роҳу бар манзил бувад.
Душмани роҳи Худоро хор дор,
Дуздро минбар манеҳ, бар дор дор.
Зад зи ғайрат бар сабў сангу шикаст,
Ў сабў андохт в-аз зоҳид биҷаст.
Амир хашмгин шуд ва ба ғулом гуфт:
–Хонаи зоҳидро нишон бидеҳ, то бо ин гурзи гарон сари ўро бикўбам. Ў чӣ медонад, ки амри маъруф чист.
Ў риёкорӣ мекунад ва мехоҳад худро миёни мардум машҳур созад:
Ў чӣ донад амри маъруф аз сагӣ,
Толиби маъруфӣ асту шуҳрагӣ.
То бад-ин солуси худро ҷо кунад,
То ба чизе хештан пайдо кунад.
Ҳунари ў такаббур ва худнамоӣ аст.
Ман меравам то сазояш бидиҳам.
Амир хашмгин, гурз бар даст худро ба дари кулбаи зоҳид расонд. Зоҳиди бечора аз тарс худашро зери тўдаҳои пашм пинҳон карда буд, дашномҳои амирро шунида овоз намебаровард ва бо худ мегуфт:
–Ин ойина аст, ки метавонад айби туро ба ту бинамояд!
Гуфт: «Дар рў гуфтани зиштии мард
Ойина тонад, ки рўро сахт кард.
Рўй бояд ойинавор, оҳанин,
Тот гўяд: Рўйи зишти худ бибин».
Аз доду фарёди амир ҳама аҳли маҳалла хабардор шуданд, берун баромада даври амирро гирифтанд, аз ў бахшиши зоҳидро дархост намуданд ва мегуфтанд:
–Ин мард пир шудааст, ақлаш заиф гардида аз он ҳама зуҳду тоат чизе дар хирадаш кушода нашудааст. Ў сазовори гузашту бахшиши шоҳ аст. Аз гуноҳи ў бигузар:
Мағзи ў хушк асту ақлаш ин замон
Камтар аст аз ақлу фаҳми кўдакон.
Зуҳду пирӣ заъф бар заъф омада
В-андар он зуҳдаш кушоде ношуда.
Ранҷ дида, ганҷ нодида зи ёр,
Корҳо дида, надида музди кор.
Амир гуфт:
–Ў кист, ки санг бар сабўи мо бизанад ва ғуломи моро биёзорад, моро пеши меҳмон хиҷилу шармсор кунад?
Бандаи моро чаро озурд дил?
Кард моро пеши меҳмонон хиҷил.
Шарбате, ки беҳ зи хуни ўст, рехт?
Ин замон ҳамчун занон аз мо гурехт
Лек ҷон аз дасти ман ў кай барад?
Гир, ҳамчун мурғ боло барпарад.
Тири қаҳри хеш бар парраш занам,
Парру боли мурдарегаш барканам.
Гар равад дар санги сахт, аз кўшишам,
Аз дили сангаш кунун берун кашам.
Ман биронам бар тани ў зарбате,
Ки бувад қавводагонро ибрате.
«Бо ҳама солус? Бо мо низ ҳам?
Доди ўву сад чу ў ин дам диҳам».
Хашми хунхораш шуда буд саркаше,
Аз даҳонаш мебаромад оташе.
Мардум дасту пойи амирро мебўсиданд ва мегуфтанд:
–Хашмгирӣ ва кинадорӣ шоистаи подшоҳ нест. Ту шоҳи меҳрубону нармдилӣ ва ҳоҷат ба бодаю май надорӣ:
Ҳеч муҳтоҷи майи гулгун наӣ,
Тарк кун гулгуна, ту гулгунаӣ.
Ту хушу хубию кони ҳар х(в)шӣ,
Ту чаро худ миннати бад мекашӣ?
Амир гуфт: – Ин паёмбарону мардумони ҷон огоҳ ҳастанд, ки барои сархушӣ ба май ниёз надоранд. Онҳоро ҷонашон бо Худо наздик аст ва аз ин наздикӣ ғарқи шодианд, аммо ман бода менўшам, то сархуш шавам:
Ман чунон хоҳам, ки ҳамчун ёсамин
Каж ҳамегардам чунон, гоҳе чунин.
Вораҳида аз ҳама хавфу умед,
Каж ҳамегардам ба ҳар сў ҳамчу бед.
Ҳамчу шохи бед гардон чаппу рост,
Ки зи бодаш гуна-гуна рақсҳост.
Он ки хў кардаст бо шодии май,
Ин хуширо кай писандад, хоҷа, кай!
Анбиё з-он з-ин хушӣ берун шуданд,
Ки сиришта дар хушии Ҳақ буданд.
З-он ки ҷоншон он хуширо дида буд,
Ин хушиҳо пешашон бозӣ намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё