Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ КАДХУДО, ЗАНАШ ВА МЕҲМОН

Тани одамӣ монанди меҳмонхона аст. Ҳар дам меҳмони наве аз роҳ расида меояд ва вориди меҳмонхона мешавад. Ҳеч гоҳ аз омадани меҳмони нав набояд дар ташвиш шуд, зеро ҳар чӣ аз ғайб бирасад, дар он ҳикмате ва неъмате мавҷуд аст.

Меҳмони нохондае аз роҳ расид. Соҳибхона ўро азизу гиромӣ дошт. Дастархоне барояш густурда, ўро пазироии шоёна намуд. Дар гўши занаш гуфт, ки як бистар барои худамон наздики дар биандоз ва як бистари дигар барои меҳмон дар кунҷи хона мураттаб намо. Зан, чунон ки шавҳараш гуфта буд, ҷойи хоб андохт ва онҳоро танҳо гузошта ба ошпазхона рафт. Кадхудо ва меҳмон то муддате аз дастархон хушку тар хўрдаю саргузаштҳо ба якдигар ҳикоят карданд. Чун меҳмон хаста шуд, бархост ва ба бистаре, ки зан барои худашу шавҳараш дар назди дар андохта буд, рафт, то хоб кунад. Соҳибхона хиҷолат кашид ва натавонист ба меҳмон гўяд, ки ҷойи хоби ў дигар ҷой аст. Он шаб борони сахт боридан гирифт. Зан бехабар аз ҳодисаи ҷойивазшавии бистарҳо урён шуда, ба ҷойхоби меҳмон даромад ва чанд бўсае ба рўйи ў зад, ба гумоне, ки шавҳараш аст ва дар гўшаш гуфт: – Дидӣ, ки ин борони сахт меҳмонро дарди сарат кард.

Меҳмон аз ҷо ҷасту гуфт: – Эй зан, ташвиш накаш, ман чакман дорам ва аз роҳ рафтан дар зери борон намеҳаросам:

Зуд меҳмон ҷасту гуфт: «Эй зан биҳил,

Мўза дорам, ғам надорам ман зи гил.

Ман равон гаштам, шуморо хайр бод,

Дар сафар як дам мабодо рўҳ шод.

Он гоҳ либосҳои худро пўшиду ба роҳ афтод. Бо худ мегуфт: –Хушии роҳи сафар сабаби дермонӣ ва дарозкашии сафар аст.

Зан, ки аз гуфтаи худ пушаймон шуда буд, гуфт: –Ман шўхӣ кардам, марҳамат, бимон ва нарав.

Аммо меҳмон хоҳиши ўро қабул накард ва ба роҳ баромад. Мерафт ва гўё шамъе пеши пойи ўро равшан мекард ва торикиро аз миён мебурд.

Соҳибхона ва занаш марди Худо будани ўро донистанд ва аз ин ки ў дар хонаи онҳо наистод, нороҳат шуда буданд. Онҳо бовар ҳосил карданд, ки меҳмон аз ёрони Хоҷаи Хизр будааст ва дар хаёлашон мешуниданд, ки он мард мегуфт:

– Ман аз ёрони Хоҷаи Хизр будам ва агар ҳама шаб дар хонаи шумо мехуфтам, ба шумо садҳо ганҷ медодам. Аммо афсўс, ки рўзии шумо набудааст.

Фикр дар сари одамӣ монанди меҳмон аст. Фикр хоҳ ғам оварад, хоҳ шодӣ, бояд онро гиромӣ дошт, зеро агар ғам набошад, шодӣ шинохта намешавад:

Фикри ғам гар роҳи шодӣ мезанад,

Корсозиҳои шодӣ мекунад.

Хона мерўбад ба тундӣ ў зи ғайр,

То дарояд шодии нав з-асли хайр.

Мефишонад барги зард аз шохи дил,

То бирўяд барги сабзи муттасил.

Меканад бехи сурури куҳнаро,

То хиромад завқи нав аз моваро.

Ғам канад бехи кажи пўсидаро,

То намояд бехи рўпўшидаро.

Ғам зи дил ҳар чӣ бирезад, ё барад,

Дар иваз ҳаққо, ки беҳтар оварад.

Паёмбари Худо – Айюб (а) ҳафт сол бо хушнудӣ дар балоҳои бешумор тоқат кард ва ҳаргиз нохушнудӣ нишон надод. Ў медонист, ки агар абри тира осмонро напўшад, барқ назанад ва раъд нағурраду борон наборад, замин сарсабз нахоҳад шуд, дарахтон шукуфа нахоҳанд овард, рўйиданиҳо нахоҳанд рўйид. Бинобар ҳар чӣ аз ғаму шодӣ мерасад, неъмати Худост ва шукри он воҷиб аст, то бало ва бадбахтӣ бигзараду осоишу хушӣ ҷойи онро бигирад.

ДОСТОНИ БА ҶАНГ РАФТАНИ СЎФӢ

Як дарвеши бенаво ҳангоми ҷанг худро дар лашкар андохта, омодаи набард шуд. Ҳамин ки ҷанг оғоз гардид ва диловарон ба майдони ҷанг рафтанд, сўфӣ монанди дигар барҷомондагону пирон дар хаймагоҳ монд. Сарбозон ғалаба карданд ва бо ғанимати бисёр бозгаштанд. Аз он чӣ оварда буданд, ба ў ҳам саҳме доданд, ки дилхуш бошад. Сўфӣ напазируфту гуфт:

– Чун ман ҷанг накардаам ва душманро наши- кастаам, ҳақ надорам чизе ғанимат гирам.

Лашкариён гуфтанд: –Мо аз душман асири бисёр гирифтаем, якеро дастбаста ба ту медиҳем, ўро бикуш, то дар савоб шарик бошӣ.

Сўфӣ аз ин пешниҳод хушнуд шуд ва шамшер бардошту асирро аз хайма берун бурд, то ки ўро бикушад.

Чун баргашташ дароз кашид, як нафарро аз пушти ў фиристоданд. Он мард ўро дид, ки дар гўшае афтода ва асири дастбаста гулўи ўро бо дандон мегазад ва сўфӣ аз ҳуш рафтааст. Дигаронро хабар кард, онҳо омада асирро ҷудо карданд ва ба рўяш гулоб пошиданд, то ба ҳол омад. Аз ў пурсиданд:

–Чӣ шуд, ки асири дастбастаро натавонистӣ куштан ва ў туро ба замин хобонид?

Сўфӣ гуфт: –Ҳангоме ки хостам бо шамшер сарашро аз тан ҷудо кунам, нигоҳи тунду тезе ба ман андохт, ки ман аз тарс беҳуш шудам.

Гуфт: «Чун қасди сараш кардам ба хашм,

Турфа дар ман бингарид он шўхчашм.

Чашмро во карду паҳн ў сўйи ман

Чашм гардониду шуд ҳушам зи тан.

Гардиши чашмаш маро лашкар намуд,

Ман надонам гуфт чун пурҳавл буд?

Қисса кўтаҳ кун, к-аз он чашм инчунин

Рафтам аз худ, уфтодам бар замин».

Лашкариён гуфтанд: –Ту бо ин дилу заҳра мехостӣ ҷанг ҳам бикунӣ?

Ҷанг кори шерони нар аст, ки аз дидани тани бесару хуни рехта бар хок ҳарос надоранд:

Инчунин ҳуше, ки аз муше парид,

Андар он саф теғ чун хоҳад кашид?

Кори ҳар нозукдиле набвад қитол,

Ки гурезад аз хаёле чун хаёл.

Аз дасти ҳар нозукдиле ҷанг кардан барнамеояд.

Кори яке хона нишастан асту кори мардони нотарс ҷангидан.

ДОСТОНИ ШИКОРЧӢ ВА МУРҒИ ЗИРАК

Рафт мурғе дар миёни марғзор,

Буд он ҷо дом аз баҳри шикор.

Мурғе ба марғзоре, ки дар он ҷо шикорчӣ дом гузошта буд, расид. Дар он ҷо чанд дона дар рўйи замин хобида буд. Ин донаҳоро шикорчӣ партофта, худ зери баргу гиёҳҳо пинҳон шуда буд, ки сайдро фиреб бидиҳад. Мурғ ўро дид ва ба сўяш рафта пурсид:

–Ту кистӣ, ки либоси сабз пўшидаю миёни гиёҳони сабз нишастаӣ?

Гуфт ўро: «Кистӣ ту? сабзпўш!

Дар биёбон, дар миёни ин вуҳуш».

Мард гуфт: –Ман як марди зоҳиду гўшанишинам, ки аз кори дунё худро буридаам. Чун маргро ҳамсояи худ дарёфтаам, зеро одамӣ оқибатуламр хоҳад мурд ва танҳо дар гўр хоҳад хуфт, беҳтар аст, ки аз ҳамроҳнишинӣ бо дигарон бипарҳезам ва худро аз офати пайвастагӣ бо онҳо бираҳонам. Аз ин ҷиҳат ман дар саҳро хилвату танҳоиро интихоб кардаам. Чӣ медонам, ними умрро дар орзуи дўст гузаронидам ва ними дигареро дар ғуссаи душманон.

Рў ба хок орем, к-аз вай рустаем,

Дил чаро дар бевафоён бастаем?

Ними умр аз орзуи дилситон,

Ними умр аз ғуссаҳои душманон.

Як шахс гўсфандеро ба ресмон баста, аз паси худ мекашид. Дузде расиду ресмонро бурид ва гўсфандро бурд. Вақте ки мард аз дуздида шудани гўсфанд огоҳ шуд, дар ҷустуҷўйи он пас гашт. Ба ҳар сў мегашту пурсуҷў мекард. Касеро бар сари чоҳ дид, ки сарашро бар замин мезанаду зорӣ мекунад. Ў дузди гўсфанд буд, вале мард ўро намешинохт. Мард аз дузд пурсон шуд, ки чаро менолад ва чунин парешон аст. Дузд гуфт:

–Ҳамёни зарам, ки дар он панҷсад динор буд, дар ин чоҳ афтод. Агар ту онро аз чоҳ берун оварӣ, панҷяки онро ба ту медиҳам.

Мард худ ба худ гуфт: –Сад динор баҳои даҳ гўсфанд аст. Агар дузде гўсфандамро бурд, Худованд ба ҷойи он баҳои даҳ гўсфанд ба ман мерасонад:

Ҷомаҳо барканду андар чоҳ рафт,

Ҷомаҳоро бурд ҳам он дузд тафт.

Либосҳояшро кашиду ба чоҳ даромад, ҳар қадар ҷуст, кисаи зарро наёфт. Аз чоҳ берун омад, дид на либос ҳасту на аз он мард асаре пайдост.

Ў яке дузд аст фитнасирате,

Чун хаёл ўро ба ҳар дам сурате.

Кас надонад макри ў илло Худо,

Дар Худо бигрезу вораҳ з-он дағо.

Мурғ гуфт: – Эй мард, аз танҳошинӣ бипарҳез, зеро агар мусалмонӣ бояд бидонӣ, ки дар дини ислом гўшанишинӣ раво нест. Намози ҷумъаро барқарор кардаанд, ки ҳама бо ҳам гирд оянд ва якдигарро ба некӣ панд диҳанду аз бадӣ бипарҳезанд. Гўшанишинӣ дар дини Исо (а) аст, на дар дини Муҳаммади Мустафо (с).

Мард гуфт: –Ҳамнишинӣ бо мардуми доноро воҷиб кардаанд, аммо бештари мардум авоманду нодон ва дар ҳукми сангу кулўх. Бо чунин касон набояд шиштухез кард, зеро ин гуна мардум аз кулўху санг бадтаранд. Кулўху санг ба касе озор намерасонанд, вале нодонҳо ҳазорҳо офат доранд.

Худ кулўху санг касро раҳ назад,

З-ин кулўхон сад ҳазор офат расад.

Пас аз ин гуфтушунид мурғ аз мард пурсид: – Ин донаҳои гандум моли кистанд?

Мард гуфт: –Моли ятими бесарпарасте ҳастанд ва назди ман амонат гузоштааст.

Мурғ гуфт: –Ман гурусна ва дармондаам. Дар ҳолати ман мурдор ҳам барои ман ҳалол аст. Ту ба ман ёрӣ расон ва иҷозат бидеҳ, эй амини муҳтарам, ки ман чанд донаки онҳоро бихўрам.

Мард гуфт: –Ту заруратро худат муайян мекунӣ. Магар намедонӣ, ки хўрдани моли ятим чӣ зиёне дорад?

Мурғ андаке ба худ фурў рафт, аммо оқибат ҳирсу тамаъ бар ў дастболо шуду ба хўрдани донаҳои гандум пардохт. Хўрдан ҳамон буду гирифтори дом шудан ҳамон. Дар он ҳол ба нолидану дуо хондан оғоз кард ва намедонист, ки дуо баъди харобшавии шаҳри Басра суд надорад. Дуоро пеш аз хўрдану гирифтор шудан боистӣ хонд ва бар гуруснагӣ сабр бояд кард, то гирифтори дом нашавӣ!

Он замон ки дев мешуд роҳзан,

Он замон бояст «Ёсин» хондан.

Посбоне шаб ба хоб рафт. Дуздон омада корвонро ғорат карданду моли мардумро бурданд. Бомдод соҳибони мол омаданд ва диданд, ки шутурон бо борҳо нопадид шудаанд. Посбонро ҷанҷол карданд, ки чӣ ҳодиса шуд?

Гуфт: –Дуздони ниқобдор корвонро бурданд. Ба ў гуфтанд:

– Ту магар санг будӣ? Чаро пеши роҳи онҳоро нагирифтӣ?

Гуфт: –Шумори онҳо зиёд буд ва ман танҳо.

Гуфтанд: –Агар ҷанг наметавонистӣ, чаро фарёду ҳаёҳу накардӣ, ки бедор шавем?

Гуфт: –Шамшер кашиданд, ки агар фарёд кунӣ, туро мекушем. Он гоҳ ман аз тарс хомўш шудам. Акнун ҳар қадар мехоҳед, фарёд мекашам.

Мурғ гуфт: –Ин оқибати касе аст, ки фиреби зоҳидонро бихўрад!

Зоҳид гуфт: – На, ин сазои касе аст, ки моли ятимро бихўрад!

Мурғ ба нола афтод. Чунон зорӣ кард, ки дили шикорчию бандҳои доми ў ҳам ба ларза омаданд. Дар ин ҳолати бехудӣ мурғи фиребхўрда бо Худо розу ниёз мекарду мегуфт:

К-аз таноқузҳои дил пуштам шикаст,

Бар сарам ҷоно, биё, мемол даст.

Зери дасти ту сарамро роҳатест,

Дасти ту дар шукрбахшӣ оятест.

Сояи худ аз сари ман бармадор,

Беқарорам, беқарорам, беқарор.

Эй зи ту вайрон дукону манзилам,

Чун нанолам? Чун бияфшорӣ дилам.

Ҷони ман бистон, туӣ ҷонро усул,

З-он ки бе ту гаштаам аз ҷон малул.

Ошиқам ман бар фани девонагӣ,

Серам аз фарҳангиву фарзонагӣ.

Он гоҳ нолон гуфт: – Дигар корам ба ҷое расидааст, ки бояд пардаи шармро бидарам ва он чи дар дилам ҳаст, ошкоро бигўям.

Ҳар мавҷуде дар ҷаҳон ба чизе дилбастагӣ дорад ва бад-он қарор ёфтааст, вале:

Кор ў дорад, ки Ҳақро шуд мурид,

Баҳри кори Ў зи ҳар коре бурид.

Дигарон монанди кўдаконанд. Чанд рўз ба бозии зиндагӣ машғулу хушнуд ё ғамгин. Воқеан, кор касе дорад, ки ба дунболи Ҳақ асту ба сўйи ў менигарад ва барои кори Худованди бузург аз ҳар кори дигар рўй мегардонад.

пешина
аз 47
навбатӣ