Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӣ» НАЙНОМА

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,

К-аз найстон то маро бибридаанд,

Аз нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигўям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе к-ў дур монд аз асли хеш,

Боз ҷўяд рўзгори васли хеш.

Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,

Ҷуфти хушҳолону бадҳолон шудам.

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,

Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Сирри ман аз нолаи ман дур нест,

Лек чашму гўшро он нур нест.

Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест.

Лек касро диди ҷон дастур нест.

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,

Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,

Ҷўшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Най ҳарифи он ки аз ёре бурид,

Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.

Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?

Ҳамчу май дамсозу муштоқе кӣ дид?

Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,

Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,

Мар забонро муштарӣ ҷуз гўш нест.

Дар ғами мо рўзҳо бегоҳ шуд,

Рўзҳо бо сўзҳо ҳамроҳ шуд.

Рўзҳо гар рафт, гў: «Рав, бок нест,

Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».

Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,

Ҳар кӣ берўзист, рўзаш дер шуд.

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,

Пас, сухан кўтоҳ бояд, вассалом!

Банд бигсил бош озод, эй писар!

Чанд бошӣ банди симу банди зар?!

Гар бирезӣ баҳрро дар кўзае,

Чанд ғунҷад? Қисмати якрўзае?

Кўзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,

Ў зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.

Шод бош, эй ишқи пурсавдои мо,

Эй табиби ҷумла иллатҳои мо.

Эй давои нахвату номуси мо,

Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!

Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,

Кўҳ дар рақс омаду чолок шуд.

Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,

Ҳамчун най ман гуфтаниҳо гуфтаме.

Ҳар кӣ ў аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.

Чунки гул рафту гулистон даргузашт,

Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.

Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,

Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.

Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,

Чун набошад нури ёрам пешу пас?

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ «Маснавии маънавӣ»-ро бо ин қитъаи зебо оғоз мекунад. Ў достони найро, ки аз найситон бурида шуда, аз ёрони худ ҷудо мондааст, бо тарзи шево баён мекунад. Най менолад ва бар дурӣ аз найзор ва найҳои дигар зорӣ мекунад ва навои сўзноки худро, ки ҳикоят аз дур мондан аз хона, ватан, хонавода, аслу табори хеш аст, сар медиҳад ва ба гўши дигарон мерасонад. Ҳама гирди асли худ мегарданд ва агар дур афтода, ба нола дармеоянд. Ҷўшишҳо ва кўшишҳо барои ин аст, ки ба «асл»-и хеш баргардем ва най ин орзу ва хоҳишро бо навои дилнишин ба гўши ҳама мерасонад. Ин қисса, ки дар муқаддимаи «Маснавии маънавӣ» аст, аз гўётарину зеботарин гуфторҳои Мавлоност. На танҳо аз ҷиҳати маъно дилнавоз, балки аз лиҳози лафзу ҳунари шеърӣ низ гўшнавоз мебошад.

Ҳоло ба гуфти Мавлавӣ:

Бишнавед, эй дўстон, ин достон,

Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

пешина
аз 47
навбатӣ