Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МАРДИ БАҚҚОЛ ВА ТЎТӢ

Буд баққолеву вайро тўтие,

Хушнавое, сабз, гўё тўтие.

Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон,

Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.

Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ,

Дар навои тўтиён ҳозиқ будӣ.

Баққоле дар дуконаш як тўтӣ дошт, сухангў ва нуктадон. Рўзе баққол дар сари кораш набуд. Тўтӣ аз сўе ба сўе парвоз мекард. Парҳойи ў ба шишаҳои равғани гул хўрд. Шишаҳо ба рўйи замин афтода шикастанду равғанҳо рехтанд. Баққол бозгашт ва чун он ҳол бидид, барошуфт ва мушти сахте бар сари тўтӣ кўфт, ба тавре ки мўйҳои сараш рехтанд ва кал шуд. Аз дарди он зарба муддате забонаш банд омад ва аз сухан гуфтан бозмонд. Баққол, ки ба ширинсухании ў хў гирифта буд, нигарони сухан кардани ў шуд ва аз карда пушаймон гардид. Худашро сарзаниш кард. Се рўзу се шаб гузашт ва тўтӣ як калом нагуфт. Саҳарӣ баққол дар дукон буд.

Марди бофандае бо сари бараҳна ва бемў аз назди дукони ў мегузашт. Истод ва нигоҳе ба тўтӣ андохт.

Чашми тўтӣ, ки ба ў афтод, ногаҳон ба сухан омад:

Омад андар гуфт тўтӣ он замон,

Бонг бар дарвеш зад чун оқилон.

К-аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша равған рехтӣ?

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

К-ў чу худ пиндошт соҳибдалқро.

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Тўтӣ аз дидани марди кал ўро ҳам бо худ қиёс кард ва пиндошт, ки корфармояш ба сари ў ҳам кўфтааст ва мўйҳояш рехтааст. Ва хаёл кард, ки ў ҳам шишаҳои равғанро шикастааст.

Бисёр касон ҳоли худро бо дигарон қиёс мекунанд ва аз шабоҳати зоҳир ба муҳокимаронӣ мепардозанд.

Чӣ басо, ки дар маънӣ ба якдигар қобили санҷиш набошанд. Мавлоно Румӣ ба бозгуфтани ин достонҳо масалҳои зиёдеро ҳам овардааст, монанди ин ки оби талху оби ширин ҳар ду ба зоҳир зулолу софу яксонанд, аммо дар чашидан тафовути онҳо намоён мегардад ё шўразору замини хуб ё намози мунофиқу муъмин. Монанди шикорчӣ, ки садои парандагонро тақлид мекунад ва парандаи ғофил ба тасаввури ин ки ҳамҷинси ўст, ба сўйи садо меравад ва дар дом меафтад. Чӣ басо, ки ҳарфҳо ва гуфтаҳои фиребандаи мардуми дағал бо фармудаи дурусткорон якҷўр бошад.

Чун басе Иблиси одамрўй ҳаст,

Пас, ба ҳар дасте нашояд дод даст.

ДОСТОНИ БОЗАРГОН ВА ТЎТӢ

Буд бозаргону ўро тўтие,

Дар қафас маҳбус, зебо тўтие.

Чунки бозаргон сафарро соз кард,

Сўйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.

Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд

Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гўй зуд».

Ҳар яке аз вай муроде хост кард,

Ҷумларо ваъда бидод он некмард.

Гуфт тўтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,

К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»

Гуфташ он тўтӣ, ки он ҷо тўтиён

Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.

К-он фалон тўтӣ, ки муштоқи шумост,

Аз қазои осмон дар ҳабси мост.

Бар шумо кард ў салому дод хост

В-аз шумо чора, раҳи иршод хост.

Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,

Ҷон диҳам, ин ҷо бимирам дар фироқ?

Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,

Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?

Инчунин бошад вафои дўстон?

Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?

Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор,

Як сабўҳӣ дар миёни марғзор».

Ёди ёрон ёрро маймун бувад,

Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.

Марди бозаргон чун ба Ҳиндустон расид, дар бешае ба дасти тўтиён бархўрду паёми тўтии худро ба онҳо расонид. Тўтиён шуниданд ва бар дурии дўсти худ ғусса хўрданд. Аммо яке аз он миён бо шунидани паёми тўтӣ дасту пояш ларзиду бар замин афтод ва нафасаш банд шуд. Бозаргон нигарон шуд, ки чаро он тўтӣ ҷон дод ва худро сарзаниш кард, ки кош паёмро намедодам.

Пас аз ин ки аз сафар омаду барои ҳар як аз хешону хидматгорон армуғон овард, ба қафаси тўтӣ наздик шуд ва шарҳи ҳол бигуфт. Тўтии ў ҳам чун достонро аз забони бозаргон шунид, танаш ба ларза даромад ва чун мурдае дар кунҷи қафас нақш бар замин шуд. Бозаргон афсўсхўрон даст бар сар мезаду мегуфт:

Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»

Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,

Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.

Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!

Банд бояд кард селеро зи сар,

Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,

Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.

Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,

Зуд рўй аз рўйи ў бартофтам».

Эй забон, ту бас зиёнӣ бар варо,

Чун туӣ гўё, чӣ гўям ман туро?

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,

Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?

Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,

Гарчи ҳар чӣ гўияш, он мекунад.

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Бозаргон чун тўтиро хуфта ёфт, дари қафасро боз кард ва ўро берун кашид. Тўтӣ зинда шуду ба ҳаво парид ва бар дарахте нишаст. Бозаргон дар шигифт шуд, ки он мурдан чӣ буд ва ин паридан чист! Ба тўтӣ гуфт:

Он кӣ ғофил буд аз кишту баҳор,

Ў чӣ донад қимати ин рўзгор?

Ў чӣ кард он ҷо, ки ту омўхтӣ?

Сохтӣ макреву моро сўхтӣ».

Гуфт тўтӣ, к-ў ба феълам панд дод,

Ки раҳо кун лутфи овозу видод.

З-он ки овозат туро дар банд кард,

Хештан мурда пайи ин панд кард.

Яъне, эй мутриб, шуда бо ому хос,

Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.

Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,

Ғунча бошӣ, кўдаконат баркананд.

Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,

Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.

Ҳар кӣ дод ў ҳусни худро дар мазод,

Сад қазои бад суйи ў рў ниҳод.

Чашмҳову хашмҳову рашкҳо

Бар сараш резад чу об аз машкҳо.

Душманон ўро зи ғайрат медаранд,

Дўстон ҳам рўзгораш мебаранд.

Тўтӣ бар шохаи дарахт бозаргонро панд доду гуфт:

– Барои он ки аз дом раҳоӣ ёбӣ, бояд аз ҷони ширинат бираҳӣ. Дўсти ман дар Ҳиндустон худро ба мурдан заду ба ин васила ба ман пайғом дод, ки агар ман хоҳам аз қафас озод шавам, бояд кори ўро такрор кунам ва бимирам, то раҳо шавам. Ман ҳам панди ўро ба кор бурдам. Инак, ба сўйи дўстон парвоз мекунам ва туро ба Худо месупорам.

пешина
аз 47
навбатӣ