Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ НАҚҚОШОНИ ЧИНӢ ВА СУРАТГАРОНИ РУМӢ

Суратгарони чинию румӣ назди подшоҳе омаданд ва ҳунарҳои худро бар ў арза карданд. Чиниҳо даъвогар шуданд, ки онҳо дар наққошӣ бар ҳама саранд ва румиён ин даъворо хилоф донистанд. Пас подшоҳ дастур дод, ҳар даста ҳунари худро нишон диҳад ва қарор шуд ду пойгоҳ дар ихтиёри онҳо бигузоранд. Ҳар даста ҳунармандии худро ба шоҳ нишон бидиҳанд. Ду хона дар баробари якдигар, ки ба ҳам роҳ доштанд, ба ҳар кадом вогузор шуд. Чиниҳо ба даруни хонаи худ рафтанду аз хазина рангҳои гуногун хостанд. Шабу рўз кашиданд, то зеботарин нақшҳоро бар девори намоишгоҳ кашиданд. Ҳунармандони румӣ низ дар ҷойгоҳи худашон бо кўшиши фаровон ба сайқал задани деворҳо пардохтанд, на ранге ба кор бурданд ва на нақше оварданд. Шабу рўз деворҳоро месовиданд ва онҳоро чун ойина менамуданд, ки ҳар нақше дар онҳо метофт, акс медод.

Корҳо, ки анҷом шуд, шоҳ ба тамошои ҷойгоҳи чиниҳо омаду аз дидори ҳунари онҳо ва нақшҳое, ки ба девор нигошта буданд, дар шигифт шуд. Ба онҳо офарин гуфт. Он гоҳ ба хонаи румиҳо рафт ва онҳо пардаи ҳоили овезони байни ду хонаро канор заданд. Ногоҳ ҳамаи нақшҳои хонаи ҳамсоя бар деворҳои он ҷо зоҳир шуд. Деворҳои чун ойина ҳама кори чиниёнро дар худ инъикос карданд:

Акси он тасвиру он кирдорҳо,

Зад бар ин софишуда деворҳо.

Ҳар чӣ он ҷо дид, ин ҷо беҳ намуд,

Дидаро аз дидахона мерабуд.

Румиён он сўфиёнанд, эй падар!

Бе зи такрору китобу бе ҳунар.

Лек сайқал кардаанд он синаҳо,

Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.

Он сафои ойина, васфи дил аст,

Сурати бемунтаҳоро қобил аст.

Аҳли сайқал растаанд аз бўю ранг,

Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг.

Марг, к-ин ҷумла аз ў дар ваҳшатанд,

Мекунанд ин қавм бар вай ришханд.

Кас наёбад бар дили эшон зафар,

Бар садаф ояд зарар, на бар гуҳар.

Гарчи наҳву фиқҳро бигзоштанд,

Лек маҳви фақрро бардоштанд.

То нуқуши ҳашт ҷаннат тофтаст,

Лавҳи дилшонро пазиро ёфтаст.

Сад нишон доранду маҳви мутлақанд,

Чӣ нишон? Бал айни дидори Ҳақанд.

Румиёни наққош монанди сўфиён ростгў ҳастанд, ки китоб нахондаву дарс наёмўхта ва ҳунар нашинохта, бо синаи софу холӣ аз рашку тамаъ, кинаю бадхоҳӣ ҳама чизро мебинанду нахонда медонанд ва наомўхта огоҳанд. Дилро аз кина пок кардаанд, то ҳақиқат дар он инъикос гардад. Ақл дар ин ҷо хомўш аст. Агар сухане гўяд, онҳоро, ки ранг аз дил пок кардаанд, гумроҳкунанда аст аз рангу бў растаанд, зоҳири донишро раҳо карда, ба ҳақиқати аслӣ расидаанд.

ДОСТОНИ ҲАЙВОНОТИ ҶАНГАЛ ВА ШЕРУ ҚАЗИЯИ КЎШИШУ ТАВАККУЛ

Дар бешае ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекарданд.

Шере онҳоро ҳар дам мавриди ҳамла қарор медод ва зиндагиро дар он ҷойи хурраму босафо бар онҳо ҳаром мекард. Рўзе ҳама ҳайвоноти сокини ҷангал гирд омаданд ва ба шер паём доданд, ки агар дар озори онҳо накўшад, онҳо қабул доранд, ки ҳар рўз хўроки онро бирасонанд, то ин ки бе заҳмату дарди сар ғизои худро ба даст оварад. Шер гуфт:

–Ба шарти ин ки ба ваъда вафо кунед, мепазирам.

Ҳайвоноти ваҳшӣ ҷавоб доданд:

–Ту ба мо эътимод кун ва ба Худо таваккул:

Дар ҳазар шав, диданат шўру шар аст,

Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.

Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,

То нагирад ҳам қазо бо ту тез.

Шер гуфт:

Гуфт: «Оре, ки таваккул беҳтар аст,

Ин сабаб ҳам суннати Пайғамбар аст.

Гуфт Пайғамбар ба овози баланд:

«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:

Нест касбе аз таваккул хубтар,

Чист аз таслим худ маҳбубтар?

Бас гурезанд аз бало сўйи бало,

Бас ҷаҳанд аз мор сўйи аждаҳо.

Он ки ў аз осмон борон диҳад,

Ҳам тавонад, к-ў зи раҳмат нон диҳад.

Шер гуфт:

–Бо ин ҳама Худованд сабаби ҳар чизро ба кўшишу ҷидду ҷаҳд фароҳам кардааст. Агар накўшӣ, ба ҷое нахоҳӣ расид. Даст дод, ки бар аҳд содиқ бошад ва ҳар кас аз неъматҳои Худованд баҳра барнагирад, шукри ўро ба ҷо наовардааст:

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,

Ҷабр неъмат аз кафат берун кунад.

Ин қадар ақле, ки дорӣ, гум шавад,

Сар, ки ақл аз вай бипаррад, дум шавад

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,

Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:

–Агар корҳо ба кўшиш буд, аз оғози ҷаҳон ҳазорон ҳазор кўшиданду ба ҷое нарасиданд ва ҷон доданд. Бояд ба доду ба қисмат розӣ шуд ва аз талоши беҳуда бозистод. Магар нашунидаӣ достони он марди содаро, ки рўзе ҳаросон худро ба боргоҳи Сулаймон (а) тарсону рангпарида афканд. Сулаймон (а) иллати нигаронии ўро пурсид:

Ҷавоб дод:

–Дар кўча мегузаштам, Азроилро дидам, ки бо ҳайбат ва ҳайронӣ ба ман нигарист,

Сулаймон (а) пурсид:

–Ҳоло аз ман чӣ мехоҳӣ?

Гуфт:

–Ба бод фармон деҳ, маро аз ин шаҳр ба Ҳиндустон бибарад. Магар аз дасти Азроил раҳоӣ ёбам.

Сулаймон (а) хоҳиши вайро баровард ва бод ўро ба Ҳиндустон бурд. Рўзи дигар ҳангоми боздид Сулаймон (а) аз Азроил (а) пурсид:

–Чаро фалонро тарсондӣ?

Азроил (а) гузориш дод, ки ман дирўз аз сўйи Худованд вазифадор шудам ҷони ўро имрўз дар Ҳиндустон бигирам. Чун ўро дар ин ҷо дидам, дар шигифт шудам, ки агар сад пар ҳам дошт, наметавонист ба Ҳиндустон биравад. Ва имрўз онро дар он диёр дидам ва ҷонашро гирифтам.

Шер гуфт:

–Ин ҳикоят дуруст аст, вале магар ҷаҳди паёмбаронро нашунидаед, ки бо чӣ кўшише мардумро ба ҷониби Худованд даъват мекарданд?

Оқибат ҳайвоноти ваҳшӣ бо шер аҳду паймон бастанд, ки ҳар рўз хўроки ўро омода кунанд ва агар аҳд шикастанд, шер ҳамаро ҷазо кунад. Онҳо ба қарори худ побанд шуданду ҳар рўз қуръакашӣ мекарданд ва номи ҳар кӣ мебаромад, ўро барои хўрдан пеши шер мефиристонданд. Шер ҳам ба дигарон озоре намерасонид. То рўзе қуръа ба номи харгўши зираке афтод ва ў гуфт:

– Ба ман муҳлат бидиҳед, ки фикре дорам, то ҳамаро аз бадкории шер осуда кунам.

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:

– Аз ту тавонотару донотар ҳам натавонистанд, ки коре бикунад. Ту бо ин ҷуссаи лоғару хурд чӣ тавонӣ кард?

Ҳайвоноти беша аз харгўш пурсиданд, ки нақшаи ў чист, чӣ гуна мехоҳад шерро бифиребад? Беҳтар аст фикри худро бо ҳама дар миён бигузорад ва машварат кунад:

Эй ки бо шере ту дарпечидаӣ,

Бозгў ройе, ки андешидаӣ.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.

Харгўш гуфт:

Гуфт: «Ҳар розе нашояд бозгуфт,

Ҷуфт тоқ ояд гаҳе, гаҳ тоқ ҷуфт.

Аз сафо гар дам занӣ бо ойина,

Тира гардад зуд бо мо ойина».

Аз замонҳои қадим гуфтаанд, ки қарз ва рафтуомаду сарвати худатро аз дигарон пинҳон кун, то бароят фитна накунанд ва бар ту рашк набаранд.

Бо ин тартиб, харгўш дар рафтан пеши шер дер карду шер ҳам аз нарасидани ғизо нигарон шуд ва меғуррид, ки нокасон посу қавлу қарор надоранд ва ман беҷиҳат ба онҳо эътимод кардам:

Шер мегуфт аз сари тезиву хашм,

К-аз раҳи гўшам адў барбаст чашм.

З-ин сипас ман нашнавам он дамдама,

Бонги девон асту ғулон он ҳама.

Бардарон, эй дил, ту эшонро, маист,

Пўстшон баркан, к-ишон ҷуз пўст нест.

Шер дар ғавғо буд, ки харгўш аз дур пайдо шуд.

Бонг зад, ки рўзҳои пеш ман говонро дидаам, ҳеҷ кадом мисли ту густох набуданд.

Харгўш бо зорӣ гуфт:

–Дер омадани ман бесабаб нест. Агар иҷозат диҳӣ, онро бигўям.

Шер гуфт:

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,

Узри аҳмақро намешояд шунид.

Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,

Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.

Узрат, эй харгўши аз дониш тиҳӣ,

Ман на харгўшам, ки дар гўшам ниҳӣ».

Харгўш гуфт:

–Ману харгўши дигар субҳ зуд ба роҳ афтодем, ки назди ту биёем. Дар роҳ шери дигаре роҳро бар мо баст. Ҳар чӣ гуфтем, ки ту дар интизорӣ, напазируфту туро дашном дод ва гуфт:

– Агар бар ту даст ёбад, аз ҳам медарад ва билохир бо исрору хоҳиши мо пазируфт, ки дўсти маро гаравгон бигирад, то ман биёям ва хабарат бидиҳам.

Шер чун суханҳои харгўшро шунид, гуфт:

–Ғам махўр, ки туро ва дўстатро раҳо хоҳам кард.

Он шерро, ки ба ман хиёнат кардааст, ба сазои худ хоҳам расонд. Биё, бо ҳам биравем ва ҷойгоҳи ўро ба ман нишон бидеҳ. Ҳарду ба роҳ афтоданд. Ҳангоме ки муқаддар аст ҳодисае пеш ояд, донишу биниши касе монеи он нахоҳад шуд ва тавоноию доноӣ пеши ҳодисаро намегирад.

Чун Сулаймон лашкаркашӣ кард, ҳамаи ҳайвоноти даранда ва ғайри дарандаи саҳроӣ ба кўмаки ў шитофтанд. Аз ҷумла ҳудҳуд хидмати худро пешкаш кард.

Сулаймон пурсид:

– Аз дасти ту чӣ коре меояд?

Ҳудҳуд гуфт:

–Ман тезбинам ва аз ҳаво зери заминро мебинам, ҳар куҷо об бошад, хабар медиҳам. Аз ин ҷиҳат вуҷуди ман барои лашкар лозим аст.

Зоғ, ки парандаи ҳасуд аст, ҳозир буд, хандид ва гуфт:

–Ту агар рост мегўйӣ, чаро доми шикорчиро намебинӣ?

Ҳудҳуд гуфт, ки Худованд дар табиати ман тезбинӣ ниҳодааст, аммо он ҷо ки қазо меояд, ҳар чашме кўр мешаваду ҳар донише бефоида:

Ман бибинам домро андар ҳаво,

Гар напўшад чашми ақламро қазо.

Харгўш бо шер ба роҳ афтод ва ўро ба сари чоҳе, ки пештар медонист, бурд. Чун ба наздики чоҳ расиданд, худро тарсону ларзон нишон доду қафо кашид. Шер бо хашм пурсид, ки «чаро ақиб мондаӣ?» Харгўш бо тарсу ларз ҷавоб дод:

Ранги рўямро намебинӣ чу зар?

З-андарун худ медиҳад рангам хабар.

Ранги рў аз ҳоли дил дорад нишон,

Раҳматам кун, меҳри ман дар дил нишон.

Ман аз шер, ки дар чоҳ аст, метарсам. Агар ту маро дарбар гирӣ, тарсам дур мешавад ва ўро ба ту нишон медиҳам.

Шер харгўшро дарбар гирифт ва ба чоҳ нигарист.

Акси худашро дид. Пиндошт, ки шери дигаре аст ва рақиби ўст, ки харгўши дувумиро дар бағал дорад. Пас хашмгин харгўшро раҳо карду худро дар чоҳ андохт.

Дар чоҳ афтодан ҳамону ҷон додан ҳамон шуд:

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Харгўш ҳамин ки ба кушта шудани шер бовар ҳосил кард, шоду хандон ба сўйи дўстони дигар давид ва муждаи марги душманро дод. Ҳайвоноти ваҳшии дигар, ки ин раҳоиро бар асари ҳушу зиракӣ ва доноии харгўш медонистанд, гирд омаданду ўро ситоиш ва шукри неъмат карданд.

Харгўш ба онҳо гуфт:

Гуфт: «Таъйиди Худо буд, эй меҳон!

В-арна харгўше кӣ бошад дар ҷаҳон?

Қувватам бахшиду дилро нур дод,

Нури дил мар дасту поро зўр дод».

Мо худ душмани худем, ҳамчунон ки он шер акси худро душмани худ тасаввур кард.

Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун,

Монд хасме з-ў батар дар андарун.

Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин сухраи харгўш нест.

Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад,

Шер он аст, он ки худро бишканад.

пешина
аз 47
навбатӣ