Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе.
Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша, то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе!
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе...

Боқӣ Раҳимзода

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.