МавзӯъШеър

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
МУБОРАК БОД, БАЧАГОН! Республикаи мо, Меҳрубон Тоҷикистон Қадам биниҳодааст Ба қуллай шаст. Шоҳиди тавлиди онам, Хоҳед агар шунидан Нақламро, Наздик оед, Азизони ман. ДАР ДАРВОЗАИ ШАРҚ Дар фазои беканор Чун барқ Мужда рахшид, Ки
ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАТИ АМОНӢ АСКАР Аз ўҳдаи ҳама кор Осон барояд аскар, Лозим шавад, ба оташ Тозон дарояд аскар. Аскар наҷўяд асло Болин куҷою бистар, Дар рўи сангу оҳан Осуда хобад аскар. Чизе расад барояш, Бошад варо кифоят, Аскар
МӮСИЧА Мӯсича лона дорад Дар таги айвони мо, Дар кафи дастони мо, Дар сари мижгони мо, Дар лабаки хони мо, Дар миёни ҷони мо. Мӯсича ҳар пагоҳӣ Ҳубу-бу-бу мекунад, Ку-ку-ку-ку мекунад, Ёду хотири моро Ҳай таҳурӯ мекунад, Моро кӯдак
Қасидаи мазкур ҳасбиҳолӣ буда, бо оҳангҳои шиквоию иҷтимоии хосе рӯи кор омадааст. Зеро шикваи шоир аз ибтидо то интиҳо аз тангии маишӣ нест, балки аз пирӣ, солхӯрдагӣ, куҳансолист. Ҳадаф ҳамоно ғанимат донистани умр, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт,
Қасидаи шайбия Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам, ва аз ин дарахт ҳамин меваи ғам аст барам. Ба ҳам шукуфаю мева кӣ дид, турфа, ки ман Шукуфаро нигарам бар дарахту мева х(в)арам, Шукуфа дер напояд, шигифт аз он дорам, Ки дам ба дам зи замона
Дигар аз қасидаҳои хеле ҷолиби Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ қасидаест таҳти унвони: «Дар мавъиза аст ин қасида». Мавзӯи марказии он аз унвонаш пайдост, ки мавъизат, андарз, ҳикмат, панд, суханони ҳикматомез, насиҳатомез мебошад. Аммо ин ҳама дар
Ҳамин «Маснавии маънавӣ»-ст, ки номи Мавлоноро шӯҳратёр кардаву тавони суханвариашро найваста меафзояд. Ин асар дар вазни рамали мусаддаси мақзуф (фоилотун, фоилотун, фоилун: -V - - / -V - - / - V -) навишта шуда, дар он масойили бисёри диниву мазҳабӣ,
Қиссаи бозаргон ва тӯтии маҳбуси ӯ Буд бозаргону ӯро тӯтие, Дар қафас маҳбус, зебо тӯтие. Чунки бозаргон сафарро соз кард, Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард. Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гӯӣ зуд». Ҳар яке аз вай
ҚАСИДАИ ҲАБСИЯИ «ТИРУ ТЕҒ АСТ БАР ДИЛУ ҶИГАРАМ» МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам, Ғаму тимори духтару писарам. Ҳам бад - ин сон гудозадам шабу рӯз Ғаму тимори модару падарам. Ҷигарам пора асту дил хаста Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.
Ҳикояти Маҷнун Чу Маҷнун дур монд аз кӯи Лайлӣ, Ба оҳу нола гуфто: Вои Лайлӣ! Надонам бо ғами Лайло чӣ созам, Ба чандин оҳу вовайло чӣ созам? Зи кӯяш сад ғаму андӯҳ бурдам, Ба зери меҳнати чун кӯҳ мурдам. агар боди сабо ояд зи кӯяш, Ки бозам
Маснавиёти Ҳилолӣ Баъди он ки Ҳилолӣ шоири машҳури ғазалсаро гардида, дар байни аҳли илму адаб эътибори сазовор меёбад, баъзе адибон ӯро таъна мекунанд, ки ҳамаи ин шӯҳрату дағдаға танҳо дар ғазал аст ва иқтидори ӯ ба сароидани маснавӣ намерасад. Пас аз
Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти М.Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Силсилаи Модарномаи Турсунзода дар маҷмӯаи «Посбони оташ» гирд омадааст. Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост
ТОҶИКИСТОН, ВАТАНАМ Ҳаст дар рӯйи замин гӯшаи зебо чу биҳишт, Сифаташ кас натавонист ба як бор навишт. Рӯдакӣ, Айниву Лоиқ ба сифоташ гуфтанд, Шукр дорам, ки маро низ ҳамин хок сиришт. Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам, Балки ҷониву
ТОҶИКИСТОН Тоҷикистон, бо ҳавоят зиндаам, Бо фурӯғи ҷонфизоят зиндаам. Рӯдҳоят менавозанд сози ишқ, Бо насими кӯҳҳоят зиндаам. Эй Ватан, ин қадр барно гаштаӣ, Пуршукӯҳу файзафшон гаштаӣ. Шаҳрҳои тушуда аз нав ҷавон, Бе муҳобо, зеби дунё
Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад. Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос, Хирад мояи зиндагонӣ шинос. Хирад раҳнамою хирад дилкушой, Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой, Аз ӯ шодмонию з-ӯ мардумист, Аз ӯят фузунию з-ӯят камист. Хирад
Э кош, бидонистаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме? Гармуқбилам, осудаю хуш зистаме, Варна ба ҳазор дида бигристаме. Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт, Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
Аз асарҳои арабии Ибни Сино «Қасидаи айния», ки номи пурраи он «Алқасидат улайният аррӯҳият фӣ нафс» мебошад, бештар диққати аҳли таҳқиқу мутолиаро ба худ ҷалб кардааст. «Қасидаи Айния» чанд бор ба забони форсӣ ҳам бо саъйи чанде аз донишмандон
Ба забони форсӣ: Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард, К-аз он шаш бувад марди озода фард, Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ, Намудан ниёзу заъифию дард. Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард. Чу шиддат бувад, роз пайдо
АЗ ҚИТЪАОТ ВА ЛУҒЗИЁТ Шабе бо суроҳ, ҳамегуфт шамъ. Ки, эй мояи маҳфилорои дӯст, Туро бо чунин қадр пеши қадаҳ Суҷуде паёпай, бигӯ, аз чӣ рӯст? Суроҳӣ ба ӯ гуфтӣ нашнидаӣ: «Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст». Азизоне, ки чун гул сурхрӯянд,
Он чунон шуру таманноӣ ту бар сар дорам, Лашкари толиби дидори туро сардорам. Домани ишқи туву дасти талабҳои дилам, Дил набардорам агарчи бикаши бардорам. Нест нақши ба ҷуз аз нақши ту бар дафтари дил, Зори дармони туям аз ҳамагон безорам. Накашам миннати кас чунки манам бандаи ту, Аз ту дар хавф фитам ҳам зи ту умедворам. Чи муаммост, ки ин радду бадал мебинам, Марди соҳибдилам аз бас ки туӣ дилдорам. Нақди ҷону дили моро ки харидори нест, Ба чӣ бозор барам то дияташ бозорам. Гар қабули ту фитад ҳастии офатзадаам, Чӣ ғамаст гар накунад ҳарду ҷаҳон иқрорам. Фозил аз мартабаву ҷоҳи фалак ғарра мабош, Гуфт мури ки ҳамон сар ки ту дори дорам.
Бо нигаҳи ту тавъам аст шаъшаъаи ҷавониям, Мерави ҳазф мешавад номаи комрониям. Огаҳи аз ниёзи ман рамзкушои рози ман, Чун Хати субҳ ошкор пиши ту ҳар ниҳониям. Хоки танам мабин чунин ин қафасист руҳро, Бо ту уруҷ мекунад нимаи осмониям. Вазъи баҳор доштам зири ҳимояи шубоб, Эй ки насиби чашми туст. марҳалаи хазониям. Қатъи умед кардаам аз ҳама ғайри даргаҳат, Худ ба ҳарими худ бикаш худ ба худат расониям. Ин ҳама гирудор чист, бозии дилбаронаат, То ба куҷо расониям то ба куҷо берониям. Зурваи қадр он бувад фозил агар тавон расид, Гу ба хушӣ бехон маро то ба тараб расониям
Шаҳпараки холдор, Боли ту - нақшу нигор. Нақшу нигорат бувад Манзараи навбаҳор. Болу парат - ранги гул, Ҷону дилат - беқарор. Ҳар гули боғу чаман - Дар раҳи ту интизор. Файз барад гул зи ту, Гул зи ту ояд ба бор. Аз бари гул омадӣ? Сӯйи гулӣ раҳсипор? Балки худат як гулӣ, Як гули фасли баҳор! ЁРИ Бинам, Нигор-хола Бо мушкилӣ равон аст, Дар ҳар ду дасти ӯ - бор, Бораш басе гарон аст. Аз рӯи меҳрубонӣ Ман кӯмакаш бидодам, То хона бурда бораш, Пеши дараш ниҳодам. Хам гашта аз рухи ман Ӯ бӯса карду гуфто: — Чизе диҳам бароят, Аз чизи хубу зебо. Аз меҳр ӯ ба ман дод Як себаки гулобӣ. Ман гуфтамаш: — Ташаккур! Гуфт ӯ: — Камол ёбӣ.
Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?! Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?! Яке андар даҳони ҳақ забон аст, Яке андар даҳони марг дандон?! Ланги даванда-ст, гуш неву суханёб, Гунги фасеҳ аст, чашм неву ҷаҳонбин. Тезии шамшер дораду равиши мор, Колбади ошиқону гунаи ғамгин?! Он чист, бар он табақ ҳаметобад Чун мулҳами зери шаъри уннобӣ?! Соқаш ба масал чу соъиди ҳуро, Пояш ба масал чу пойи мурғобӣ?!
(Ба Мирзо Турсунзода) Мирзоҷони мо, Бобоҷони мо, Шоири маҳбуб, Дилу ҷони мо. Ашъори туро Олам медонад, Қиссаи туро, Ҳама мехонад. Кӯдаке дидӣ, Бо қуттие буд, Дар лаби баҳре, Тақдираш чӣ шуд? Маҳбуби олам, Маҳбуби кишвар, Ба ҷони моён Туӣ баробар. Бошӣ саломат, Эй, бобои ҷон, Мо бобо шавем, Ту – бобокалон. АЗ МАСКАВ ЧӢ МЕОРЕД? (Ба нависандаи маҳбуб Ҷалол Икромӣ) Бобои мо, бобои мо, Бобои дилдарёи мо. «Шодӣ» бувад авлоди мо, Дар кишвари ободи мо. ӯ зиндагонӣ мекунад, ӯ қаҳрамонӣ мекунад. Фирӯза – фирӯзи замон, Чун модари мо меҳрубон. Бахшандаи бахти занон, Рахшандаи ҳар хонадон. ӯ зиндагонӣ мекунад, ӯ қаҳрамонӣ мекунад. Бар дидаи бобо Ҷалол Махсумсафар осудаҳол, Сайёраи соҳибҷамол Бо Анвари соҳибкамол, ӯ дарс мегӯяд ба мо, Аз меҳнату аҳду вафо. Афтода андар тори худ, Печида мондаст анкабуд. Тирморҳои бепаноҳ Рафтанд бар боди фано. Зоғони бадмури замон Мурданд беному нишон. Бобои мо, бобои мо, Маҳбуби мо, дунёи мо, Ин дафъа Маскав меравед, Бар мо чиҳо меоваред? Чун тӯҳфаи қиматбаҳо, Оред асар нав-нав ба мо. Дар ҷашни ҳафтоди Шумо Бар хонаи шоди Шумо, Меҳмони раҳдурӣ биёд, Ойими танбӯрӣ биёд. Дар тӯятон бозӣ кунем, Рақсему дилшодӣ кунем. БА ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНОВА Бибии мо Гулчеҳра, Гулчеҳраи шоира. Аз роҳи дур меояд, Бо дили пур меояд. Дар шаҳри Мултон будаст, Дар Хоҷа Мастон будаст. Аз сӯи боғ меояд, Аз Сичароғ меояд. ӯ «Себи хубон» дорад, «Шаддаи марҷон» дорад. Бибии панҷоҳсола Ба Наргису ба Лола «Ду бехи олу» овард, Олуи хушбӯ овард. Дар вақти «Борон» овард, Ба сӯи ҳолмон овард. «Имрӯз ид»-и бибиҷон, Меоянд ёру дӯстон. Холаи зардӯз омад, Деҳқон – Фаромӯз омад. Дурдона ҳам меояд, Мадина ҳам меояд. «Чархи фалак» равон шуд, Аспу шутур давон шуд. «Чил кокули бозингар», Чил духтари тӯйхабар Яксара рақсон шуданд, Шеъру ғазалхон шуданд Тӯйи калон муборак, Аз дилу ҷон муборак!
Шабпарак, шабпарак, Болҳоят бодпарак. Ба дида хушнамо Ба сони қаҳрабо. Ба савсан, ба райҳон Ба наргис, ба ҳолмон Ба рӯи лолаҳо Нишинӣ доимо. Бигӯ, эй гулшинос, Мекунам илтимос. Кадом гул хушрӯяст, Кадом гул хушбӯяст?. БОЙЧЕЧАК Гули хушрӯ, бойчечак, Гули худрӯ, бойчечак. Паёми навбаҳорӣ, Ҳай зеби тоқӣ дорӣ. Чинамат даста-даста, Тозон барам ба раста, Раста пури гул шавад, Ҳар кас туро бибӯяд, Биболаду бигӯяд: Бӯйи бойчечак омад, Тӯйи бойчечак омад. ГУЛИ НАВРӮЗӢ Гули наврӯзии ман, Тоқии гулдӯзии ман. Дар боғи мо бишкуфтаӣ, Чун бахти фирӯзии ман. Ҳастӣ навиди навбаҳор, Зеби шукӯҳи марғзор. Бигрифтаӣ, хуррам шуда, Дашту даманро дар канор. Ҳусни навӣ дар боғу роғ, Гаштем аз ту хушдимоғ. Мурғи саҳар омад зи дашт, Акнун туро дорад суроғ. Аз лутфи борони баҳор Бошад туро авҷу барор. Мо ғаллакорӣ мекунем, Файзу фаровонӣ биёр. Айёми фирӯз омада, Дар иди наврӯз омада. Рақсу ғазалхонӣ кунем, Моҳи дилафрӯз омада. СЕБАРГА Себаргаҷон, себарга, Дорӣ гулҳои ранга, Баргони каб-кабудат Метобад танга-танга. Шарбати ширин дорӣ, Шарбати доруворӣ. Оруҳои асалро Шарбатхӯрӣ меорӣ. ГУЛИ ҚАНДАК Гули қандак, Гули қандак, Гули хушрӯ, Гули хушбӯ. Ту, эй ору, Марав ҳар сӯ, Бишин андак Сари қандак. Барои мо Аз он фардо Намо тайёр Асал бисёр. ГУЛИ ҚОҚУ Гули қоқу, гули қоқу, Гули хушбӯ, гули хушрӯ. Ба сар зебо лапар дорӣ, Ба сар зебо лапар дорӣ, Лапар не, тоҷи сар дорӣ. Ба каф тоҷи туро монам, Ба роҳи бод ҷунбонам. Ба мисли болаки шаҳбоз Кунад дар осмон парвоз. Лапар бар сар гули қоқу, Дур аз мо пар, гули қоқу.
Як тактаки ришдароз Гуфто ба ишваю ноз: –Ман донаи хушрӯям, Накорида мерӯям. Дар чӯлу дар биёбон Ҳосили ман фаровон. Кӯмочи мардон манам, ӯмочи тафсон маннам. Гуфто ба Тактак Гандум: –Эй нишони рӯзи шум! Ҳар ҷо ки қаҳтӣ бошад, Дони туро мепошад. Ман ошаму ман нонам, Ман неъмати деҳқонам. Донаи ман заррин аст, Ошу нонам ширин аст. Дида баҳси онҳоро, Деҳқон-амак бигуфто: –Номи Талхак шавад гум, Нишонаи рӯзи шум! Нонаки тактакиро Дигар набинам асло. Шиками сери мардум, Нонаку оши гандум. Гандум фаровон шавад, Олам гулистон шавад. ДУ ПУНДОНА Ду донаи пундона Баромаданд аз хона. Аз ҳама ҷудо шуданд, Дар як ҷо баҷо шуданд. Нарафта сӯйи майдон, Нарафта сӯйи деҳқон Бригадирро наёфта, Агрономро накофта, Дар пуштаки бошишгоҳ Бихобиданд як бегоҳ. Ба рӯшон борон борид, Борони найсон борид, Ду донаи ҳамсоя Бисабзиданд якҷоя. Намуданд онҳо гумон Зиндагишон шуд осон. Ҳар ду то охири сол Сабзанд акнун бемалол. Деҳқон наомад ин ҷо, Оброн наомад ин ҷо. Аз гармои тобистон Зери офтоби сӯзон, Тафсида ташна монданд, Ҳар ду ҳам гушна монданд. Аз назди онҳо Зафар, Як рӯзе шуд раҳгузар. Аҳволи онҳоро дид, Ҳуш аз сараш парид. Каландашро оварда, Бехашонро нарм карда, Бо сатилча ба онҳо Даррав об доду ғизо… Дар тирамоҳ, албатта, Оранд як доман пахта. ЛӮБИЁ ВА ҶУВОРӢ Аз сари сол ду дона, Гӯё шуданд ҳамхона. Ҷуворию лӯбиё, Сар кашиданд аз як ҷо. Лӯбиёи ҷойдорӣ Ба пояи ҷуворӣ Часпида буд дудаста, Қад мекашид пайваста. Аз гӯши ӯ ҷуворӣ Кашида, медод ёрӣ. Ёри якдигар шуданд, Ҳар ду баробар шуданд. Қад кашида ба боло Ҳосил оварданд онҳо. Бе пуштибон лӯбиё Ҳосил намедод асло. ГУЛПАРВАРӢ Намудем аз ҳар ҷо ғун, Тухмиҳои гуногун. Гули ошиқи печон, Тоҷи хурӯсу райҳон. Намозшому настаран, Хайрии сурху савсан. Дар ҷӯяҳои қатор Коштем авали баҳор. Гулҳоро кардем парво, Шукуфтанд пешу қафо. Гулгашти кӯчаи мо Шуд кирои тамошо.
Колхози мо пурзӯр аст, Ғаллакори машҳур аст. Қад-қади роҳи оҳан, Корид имсол ҳам арзан. Ҳар ҷо-ҳар ҷо бачаҳо, Таги дӯлонаҳоро, Аз алаф тоза кардем, Капаю коза кардем. Ҳар ҷо хӯсаҳо сохтем, Поёну боло сохтем. Чақ омаду чуқ омад, Бисёр чумчуқ омад. Чумчуқҳоро «ҳой» гуфтем, «Равед аз ин ҷой» гуфтем, Гунҷишкҳо тарсиданд. Сӯи тепа париданд. НОН Зеби дастурхони мо, Ҳурмати меҳмони мо. Обрӯю эътибор, Қуввату дармони мо. Резаҳояшро чида, Мемолам ман ба дида, Дил мезанад беқарор Бӯи нонро чашида. Меҳнати деҳқон аст он, Ҳам шуҳрату шон аст он, Неруи бозую даст, Ҳаёти инсон аст он. Аз неъматҳои дунё, Аз шираю шарбатҳо Ҳеҷ кадомаш мисли нон Ширин не, дар коми мо. ДОНАИ ГАНДУМ Ба дастам донаи гандум, Бувад вазнин ба мисли сурб. Ба пешаш тангаву тилло, Надорад заррае ҳам қурб. Ба дастам донаи гандум, Бипошам дар замини нарм. Фитад дар хоку ҷон гирад, Ба ӯ форад ҳавои гарм. Ба дастам донаи гандум, Намоён хӯшаи заррин, Намоён серии мардум, Ҳаёти хурраму ширин. Ба дастам донаи гандум, Бикорам, марди деҳқонам, Замину меҳнату гандум, Диҳад дони фаровонам. КАРАМ Тухми карам коридем, Дар хоки нам коридем. Cабзид карам бармаҳал, Зери шиша рӯи пал. Ниҳолҳоро овардем, Дар замин кӯчат кардем. Карами печон будаст, Тухми Марғелон будаст. Баргаки паҳну сафед Болои ҳам, ки печид, Калон-калон карам дод, Тӯби ғелон карам дод. Ҳар каллааш ҷӯраҳо, Мешавад як дег шӯрбо. КАДУ Таги гандума кофтем, Як дона каду ёфтем. Сап-сафедак барф барин, Тугмаи садаф барин. Бобо ба ман замин дод, Як рӯи пал барин дод. Онро мулоим кардам, Тухми каду корридам. Баъди борон як cаҳар, Донаи ман кашид сар. Ниҳолаки кадуро Ман додам обу ғизо. Калон бишуд ниҳолак, Давон ба ҳар сӯ палак. Якташ ба сари девор, Баромад ба сафедор. Якташ ба болои дар. Печид ба шохи ар-ар, Каду якбора гул кард, Хостаи мо шуд заб-зард. Долу дарахти бобом, Болои девору бом, Аз каду пурбор шуданд. Монанди гулхор шуданд. Калон-калони ширин, Тарбузи Ёвон барин.
Рафта будам соли нав, Ҳамроҳи очам Маскав. Даромадем ба метро, Онро кардем тамошо. Дидам булварҳояшро, Ҷоҳои зебояшро. Дар Маскав барои мо Аз ҳама ҷои зебо «Олами бачагон» аст, Магазини калон аст. Моли фаровон дорад, Ҳар чӣ хоҳӣ, он дорад. Асбобҳои хониш ҳам, Дафтар, китобу қалам, Лӯхтакҳои бозингар Маймуну хирсу кафтар… Ҳар гуна тӯҳфаҳоро Мо харидем аз он ҷо. Ин «Олами бачагон» Дорад якчанд ошён. Дар ҳар ошёнаи он Ҳаст зинаҳои равон. Истода дар зинаҳо Баромадем ба боло. Ман дар ошёни боло Шудам ғарқи тамошо. Очаамро кардам гум, Мондам дар байни мардум. Ман шудам қариб гирён, Мегаштам ҳайрон-ҳайрон. Як амаки пагондор, Бишуд ба ман мададгор. Фарёд кард аз радио, Омад очам, ёфт маро. Ҳаст «Олами бачагон» Мисли бозори калон. Ту ҳам равӣ ба Маскав, Аз очат ҷудо машав! ПАЛАВИ БОМАЗЗА Уҳумбаҷон, уҳумба, Доғ шуд равғани думба. Сонӣ аз сабзии нав Ман пухтам оши палав. Бар табақча кашидам, Оши сергӯшту равған. Модарам хӯрда аз он – Бомазза! – гуфто ба ман. ЧӢ ОМАД? Гурум-гурум чӣ омад? Ҳо ана, ким-чӣ омад. Тирезаҳо ларзиданд, Паррандаҳо тарсиданд. Аспи масти Нуралӣ, Канда гурехт аз ҳавлӣ. Гурба аз тарсаш нахуфт, Боре «мияв» ҳам нагуфт. Баромадем бачаҳо, Дар ду бари кӯчаҳо. Ҳама ҷо пур аз одам, Тори дарахти тут ҳам. Сари девори бобом, Ҳам рӯи ҳавлию бом. Кампирҳо «оҳ» мегуфтанд, «Ин чӣ бало!» – мегуфтанд. Гурум-гурум чӣ омад? Ҳо ана, як чӣ омад! Ба деҳа кран омад, Крани садман омад. Крани гардандароз, Гарданаш гардани ғоз, Шохи чормағза ларзонд, Анча чормағза резонд. Мо бачаҳо давидем, Чормағзакоя чидем. Гурум-гурум боз омад, Як корвони соз омад. Сонӣ омад тройлер, Наъра зада мисли шер. Мошинаҳои бисёр, Бордонашон пури бор. Ҳам мошини «МАЗ» омад, Аз пасаш «КРАЗ» омад. «Диду-диду-дид» карданд, Хишту семент оварданд. Борҳои онҳо ҳар хел, – Тахтаю чӯбу панел. Гурум-гурум чӣ омад? Ба деҳа ҳар чӣ омад. Хонаи чархдор омад, Якта не, бисёр омад. Онҳо бинокор доранд, Устои ҳар кор доранд. Ҳар хел ҳунар оварданд, Аз худи шаҳр оварданд. Дар ду соҳили дарё, Фароварда борҳоро. Дар бари теппа даррав, Бино шуд деҳаи нав. Гурум-гурум чӣ омад? Ба деҳа ҷарчӣ омад. Дар ин ҷо бинокорон Месозанд ГЭС-и калон!
Аз таги кӯҳи калон Дар мавзеи Пастакон. Дарёи Вахш аз туннел Мебарояд дав-давон. Дарё мисли аспи маст, Дорад даву дорад шаст. Ромаш кардам ба зӯрӣ, Лаҷоми фӯлодаш ҳаст. Мо оби Пастаконро Аз насос бар каналҳо, Сар медиҳам меравад, Туғёнкарда ба саҳро. Бар дашти Ёвон равад, Чӯлу биёбон равад: Бар Даҳанакиик Оби фаровон равад. Нишебу теппаю ҷар, Шуд замини босамар. Меҳнати дасти одам, Бар дидаҳо ҷилвагар. Об омад, ободӣ шуд, Вай боиси шодӣ шуд. Сад боғу роғи хуррам, Дар ин дашту водӣ шуд. ДИДОР Дина барои Дилдор Дадом овард аз бозор Либосҳои матросӣ, Телпакчаи кокулдор. Либосро кард ӯ дар бар, Телпакро ниҳод ба сар. Киштичааш дар бағал, Роҳравиаш шуд дигар. Аз обу аз оббозӣ Аввал метарсид Дилдор, Акнун намешавад дур Вай ҳеҷ аз лаби ҷӯбор. АРҒУНЧАК Дар таги бед бойчечак, Дар шохи бед арғунчак. Аз зина поён ҷастам, Ба арғунчак нишастам. Аз замин боло шудам, Дар тори ҳаво шудам. «Ҳа» гуфтаму «ҳу» гуфтам, Арғунчакро «чу» гуфтам. Арғунчаки болдор, Маро болотар бардор! СИТОРАҲО Дар осмону гулшан Дидам ба мисли гулхан, Ситораҳои алвон, Ситораҳои равшан. Ситораҳои кайҳон – Ситораҳои рахшон. Ситораҳои хушбӯй, Ситораҳои майдон. Чидам зи боғ шодон Ситорагул фаровон. Ба модарам супурдам Чун тӯҳфа аз дилу ҷон. Равам агар ба кайҳон Чинам ситорамарҷон. Биёрам армуғонӣ Барои халқи пуршон.
Додари ман,ҷони ман, Шодии даврони ман, Соҳиби дандон шудаст, Баччаи хандон шудаст. Дандонаш марҷон барин, Биринҷи афғон барин… Оча, ба мо қурут деҳ, Оча, ба мо нахӯд деҳ. Биринҷу равған бидеҳ. Cабзиву шалғам бидеҳ. Қурута дандон кунем, Нахӯда бирён кунем. Палави гардон кунем, Дандонбаророн кунем. МАРҲАБО Марҳабои хушрӯяк, Марҳабои дилҷӯяк. Духтараки чаққон аст, Дар мактаб аълохон аст. Дар синфи ду мехонад, Шеъри бисёр медонад. Ҳама таронаҳоро, Байту афсонаҳоро Хонда намудаст азбар, Аз бобои Миршакар. Аз Убайду Диёрӣ, Гулчеҳраву Баҳорӣ Чун апаи Гулрафтор Шеър хонад бо дутор. Марҳабои хушрӯяк, Байту таронагӯяк, Гулҳои чаман дорад, Бахти туву ман дорад, Фардои Ватан дорад. АФСОНА ВА ҲАҚИҚАТ Парвоз як замоне Орзуи одамон буд, Нишаста мепариданд, Рӯи гилеми кабуд. Алоуддини сеҳргар, Бо сеҳри чароғи худ Дар як нафас гӯиё Қалъа барпо менамуд. Бинокорони Роғун Шаҳри калон месозанд, ГЭС-у дарғоти баланд, Баҳри калон месозанд. Ҷаҳоннамо оина Дар куҷое буд, набуд, Ба ҳар касе, ки хоҳад, Хоса сӯҳбат менамуд. Вале ягон кас онро Надид то замони мо. Радиотелескопе Кард олиме ихтиро. Одам бо меҳнати худ Орзуяшро кард ифшо, Хоҳӣ рӯи ҷаҳонро Диҳад ба ту тамошо. Нарафта асло аз ёд Моҷарои «Навобод», Барои як қатра об Буд ҷангу доду фарёд. Насосҳои Пастакон Ба қубурҳои обкаш Аз Ёвон то Уялӣ Об медиҳад бебаркаш. Эраҷи тилисмшикан Хаёлӣ паҳлавон буд, Бо як ишораи ӯ Кӯҳи азим талқон буд. Ҳоло Эраҷ акоям Дар туннели Данғара, Синаи кӯҳро кофта, Ба саҳро об мебарад. Даври мо даври меҳнат, Давраи эҷодкорист. Аз кафи дастони мо Орзуи одам ҷорист.
Майнаамро об кардам, Ман як кори боб кардам, Аз телпаки додарам, Аз камзӯли хоҳарам, Аз асои бобоям, Аз фӯтаи додоям Сохтам аҷоиб хӯса Монанди мири кӯса. Бурда ниҳодам онро Дар байни боғи боло. Гунҷишк аз он хӯсидаст, Зоғи сиёҳ тарсидаст. Дигар майнаи бало Намеояд боғи мо. Калхот хӯсаро дидаст, Аз шохи бед паридаст. Лек омад аз куҷое Мусичаи доное, Дар тори телпаки он Ниҳодааст ошён! МАН БАЧАИ КАЛОНАМ Додом мошинча овард, Маро ба он савор кард. Мошинчаро давондам, Кучукчаро тарсондам. Кучукчаи ҳалқадум Ба мошинча кард ҳуҷум. Аз мошинча афтидам, Ба ҳоли худ хандидам. Гирёнчак не, хандонам, Ман бачаи калонам. НАВОЗИШ Назокати шашсола Монанди барги лола. Духтараки доноӣ, Ба дилу дида ҷойӣ. Ҳамдами момо туӣ, Ҳамдами бобо туӣ. Эркаи додо туӣ, Гули дасти мо туӣ. Меравад очат ба кор, Меравад отат ба кор. То омадани онҳо Мерӯбӣ хонаҳоро. Назокати донояк, Донои хонапояк. Бозичаҳоят бисёр, Яку дуву севу чор.. Дар бехи фаршу девор Онҳоро карда қатор Назокати хушгуфтор, Очат биёяд аз кор. Оғӯши худро бикшо, Ба пешвози ӯ баро, Очат туро бӯ кунад, Отат туро бӯ кунад. Бӯяки ту гул барин, Накҳати сунбул барин. КИРМАК Модари ман аз колхоз, Як қуттӣ кирмак овад. Додоҷонам дар хона, Даррав сукичаҳо кард. Кирмакҳои хурдакак, Аввал буданд мисли мӯ. Меҷунбиданд беқарор, Бардошта сар аз ҳар сӯ. Бо мошинча аз майдон, Ман кашондам барги тут. Бо қайчӣ реза кардам, Додам ба онҳо зуд-зуд. Кирмакҳо калон шуданд, Омад кард меҳнати мо. Даста мондем саросар, Пила таниданд онҳо.
Мусичаи рӯи санг, Нишастаӣ поят ланг, Ҷону танат ба дард аст, Туро кӣ маҷрӯҳ кардаст? Аз гурба озор дидӣ? Ё ки аз мор тарсидӣ? Биё, назди тиреза, Ба ту диҳам нонреза Бар поят дору молам, Асали ору молам. БО ДАҲОНИ БОЗАШ Дорад акоям Ҳабиб, Як мошини аҷоиб. Мошини гардандароз, Гарданаш тири ҷувоз. Вай бо даҳони бозаш, Бо гардани дарозаш. Бо дандони фӯлодин, Доим мекобад замин. Нишаст акоям ба он, Кофт ҷӯбори калон. Тайёр кардем мо сарбанд, Дар бари кӯҳи баланд. Оби фаровон омад, Аз Кофарниҳон омад. Дар заминҳои обшор, Мо мекунем киштукор. АНОРИ ДОНА-ДОНА ( Бо оҳанги халқӣ ) Як дона гул, ду дона , Анори дона-дона, Мо омадем ба мактаб, Танбал ҳанӯз дар хона. Як дона гул, ду дона , Анори дона-дона, Бар саволи муаллим, Вай мехонад афсона. Дар боғи мо шафтолу Биҳиву себу олу. Мо мегирем панҷу чор, Танбал фақат яку ду. Дорад дар ҷайбаш ланка, Аз пӯстаку аз танга, Ҳушу гӯшаш дар берун, Пояд овози занга. Об омаду об омад, Об дар печу тоб омад. Аз танбал ин пагоҳӣ Ин гуна ҷавоб омад: Як дона гул, ду дона , Анори дона-дона, Мехонам аз таҳи дил Ман имсол бебаҳона.
Дар болои чорраҳа Светофор фурӯзон, Агар гузаштан хоҳӣ, Роҳро медиҳад нишон. Агар чароғи сурхаш, Равшан шавад, шав ҳушёр: Гузаштан аз мошинҳост, Исто дар ҷоят қарор. Чароғи зард даргирад, Бояд шавӣ ту тайёр, Назар бикун ба атроф, Дигарҳо ҳам интизор. Чароғи сабз дар гирад, Гузар акнун ту даррав, Сустӣ кунӣ, чароғҳо Тағйир меёбанд аз нав. ИЗО КАШИД Дина тағоям аз шаҳр Овард ба ман кабутар. Кабӯтари резинӣ, Кабӯтари бозингар. Дар рӯи кати айвон Бозӣ мекардам бо он. Гурбачаи ҳамсоя Аз боғ омад дав-давон. Бозичаро вақте дид, Хез карда вайро қапид. Аз ин сайди «муфт» аммо, Гурбача изо кашид. АРОЗ Сайфуллои қаддароз, Мекунад доим ароз: –Шавларо намехӯрам, Самбӯса дорад карам. Безорам ман аз угро, Ба ман биёред шӯрбо... Ҳатто намехӯрад он, Гӯшти моҳии бирён. Гурбае гашта пайдо Дуздида бурдаст онро. Сайфулло ароз кардаст, Гурба ӯро соз кардаст.
Ҳастӣ, Душанбе, чун баҳор, Шаҳри базеби беғубор. Аз меҳнату аз кори ту, Дорам ҳамеша ифтихор. Шаҳри ҷавони тоҷикон, Гулбоғи сабзи бехазон. Ҳусни ту мафтун мекунад Қалби маро дар ҳар замон. Хурам гулу гулзори ту, Хуррам дару девори ту, Ҳар як ниҳоли сабзи боғ, Ҳам кӯчаву бозори ту. Аз ҳар тарф андар нумӯ. Барқад иморатҳои ту. Сар сӯйи афлок устувор, Доранд аҷоиб як шукӯҳ. Эй гӯшаи боғи Ватан, Сарсабзи кун мисли чаман. Чун гул шукуфон мешавӣ, Аз қудрати бозуи ман. МО БИНОКОРЕМ Мо бинокорем, Дасти мо ҳунар. Миёнро бастем Созу маҳкамтар. Теппаю талро Кардем ҳамвор, Бар шаҳр мондем Яке подевор… Қад-қади кӯча Бино месозем, Бинои худро Зебо месозем. Лаб- лаби ҷӯча Шамшоди қатор, Ду бари он кӯл Пур-пури чинор. Бинои мактаб Аз ҳама баланд, Намояд аз дур Басо дилписанд. Як тараф клуб, Ҷои тамошо, Ҷои дамгирӣ Боғи нави мо. Мо бинокорем, Мо сарфарозем, Дар деҳи Роғун Шаҳр месозем. ДАР РОҒУН Дар домани кӯҳ Бо дастони мо, Биноҳои нав Гардида барпо. Баланду дилкаш, Сар сӯи осмон, Панҷу шаш қабат, Ҳар кадоми он. Кранҳои зӯр Аз дур метобанд, Ҷои дарғотро Онҳо мекобанд. Кор андар Роғун Ҳоло меҷӯшад, Фардо ба олам Вай нур пошад. АЗ НОРАК БА РОҒУН Ман киштибонам, Киштӣ меронам, Аз шаҳри Норак, Бо баҳри Норак, Меравам акнун То шаҳри Роғун. Дар Нораки мо Ҳар гуна усто – Харроту гилкор, Кӯҳкану монтёр, Бисёр ҳастанд, Корашон писанд. Усто мебарам, Меорам усто, То шаҳри Роғун Бо раҳи дарё. Ман киштибонам, Киштӣ меронам. Бор ба Роғун Ман мекашонам.
Аз деҳи мо болотар, Дар домани ҳалқаҷар. Як майдони калон ҳаст, Ҳамвор чун кафи даст. Бофта барояш баҳор, Қолӣ аз нақшу нигор. Тирукамон барояд, Хушрӯй менамояд. Мухлиси футбол бошӣ, Дар ҳаваси гол бошӣ, Аз дари тирукамон, Бо пайраҳаи калон, Биё, биё, марҳамат, Ба пеши мо, марҳамат! СЕБИСТОН Аз кӯҳи Шар-шар Намоӣ гузар, Ба деҳаи мо Марҳамат намо. Деҳи Себистон, Деҳаи калон. Мардуми мо шод, Аз паи эҷод. Мо дар шитобем, Туннел мекобем. Аз дарёи Вахш, Дарёи ҷонбахш, Об биёрем, Пахта мекорем. Дашти Данғара Фардо яксара Обшор шавад, Пахтазор шавад. ШАҲРИ ДУШАНБЕ Шаҳри Душанбе – Шаҳри ҷавонӣ. Cарсабзу хуррам, Чун зиндагонӣ. Гулгаштҳоят Бисёр дилкаш, Чун боғу бӯстон Сабзу мунаққаш. Нав-нав биноҳо Гардида барпо, Сар сӯи афлок Бар дидаи мо. Дар рӯи дарё Дорӣ ту шаҳпул, Дар ҳар сари пул Як хирмани гул. Бахшад ҳаловат Гулбоғу гулшан, Салқин ҳамеша Аз оби фантан. Кунҷу канорат Гардида зебо, Аз тори теппа Кардам тамошо. Нашъунамо кун, Эй шаҳри хубон, Ту ифтихорӣ Бар Тоҷикистон.
Дарёчаи деҳи мо, Туғён дорад доимо. Аз таги тарма ояд, Аз сари шах фарояд. Мекунад чунон шитоб, Мехӯрад сад печу тоб Донӣ куҷо меравад? Аз паи чӣ медавад? Обаки ҷонбахш аст ӯ, Як шохаи Вахш аст ӯ. Соҳилро пур мекунад, Дарёро зӯр мекунад. Бино кунем дар Роғун, Дарғоти ГЭС-и калон. Обаки шӯхи дарё, Дарояд ба новаҳо. Шарораи зӯр шавад, Олам пури нур шавад. ЧОРЧИНОР Деҳаи мо Чорчинор Чор чинори соз дорад. Навдаҳои ҳар чинор Сори хушовоз дорад. Аз ғайрати бачаҳо Чорчинори мо хуррам, Суффаҳои озода Ҳамеша пури одам. Роҳгузарҳо шодона Ба ин ҷо мебиёянд: Дар сояи чинорҳо Нишаста меосоянд. ДАР ТАГИ ЧИНОР Деҳаи мо калон аст, Атрофаш кӯҳистон аст. Дар назди ҳавлии мо, Як чинори хушнамо. Чанори гумбаз барин, Манори чилгаз барин. Ҳар пагоҳӣ пас аз кор, Бар сояи ин чинор, Одами бисёр ояд, Хурсандиҳо физояд. Одамони гуногун, Бо чеҳраҳои гулгун, Аз кору бори рӯзгор, Суҳбат кунанд ҳар бор. Аҳлона ҳамчун як тан Таги чинор омадан Одати мардум шудаст, Номи ғайбат гум шудаст. Бесардору бераис, Барпо мегардад маҷлис, Ҳал мешавад ҳар боре, Масъалаи бисёре. Оғоз ёбад аз ин ҷо, Кори бенуқси фардо. ЧӮПОНӢ Дар домани кӯҳу дара, Дар марғзорони сара, Дар дашту саҳрову чаман, Бошад макони сайри ман. Корам басо душвору зӯр, Дорам басо аз вай ҳузур. Баррачаҳои беқарор, Боду ҳавои беғубор. Овози оби шаршара, Оҳанги кабкони дара, Долу дарахти бешазор Монанди бӯи навбаҳор, Бар ман ҳаловат медиҳанд, Дармону қувват медиҳанд. Ман ҳокими кӯҳу камар, Шодам аз ин касбу ҳунар.
Медонед, эй ҷӯраҳо, Буд деҳи мо дар куҷо? Дар лаби оби ҷонбахш, Дар лаби дарёи Вахш. Дар сари кӯҳи баланд, Дар як ҷои дилписанд, На хурду на калон буд, Дар ҷои деҳаи мо Тутқавул номи он буд. Медонӣ чӣ шуд ҳоло Ба он боре ногаҳон Омаданд иженерон. Кафро ба ҷабин карданд, Тепаҳоро чен карданд. Як инженер бигуфто: «Бояд шавад баҳр ин ҷо, Баҳри базебу калон, Хеле чуқур қаъри он...» Мо кӯчидем аз он ҷо Ба Нораки дилоро. Хонаю дар гирифтем, Ҷои беҳтар гирифтем. Ба сохтмони Норак, Ёрӣ намудем ҳар як. Канӣ, бигӯ: Тутқавул, Дар кул аст ё дар чӯл? Сохтем ГЭС-и тавоно, Оби Вахш омад боло, Гапи инженерҳо шуд, Баҳри Норак барпо шуд. Деҳаи кӯҳнаи мо Монд андар қаъри дарё, Ба дида ноаён шуд, Маъвои моҳиён шуд. ДЕҲАИ МО Аз ҳар канор омадем, Фасли баҳор омадем, Аз кӯҳистон омадем, Мо ба Ёвон омадем. Дар дашти хушманзара Барпо шуд деҳе сара. Як ҷӯи давон дорад, Обаки равон дорад. Мактаби калонаш ҳаст, Боғи бачагонаш ҳаст. Деҳаи мо дилнишин, Номи деҳи мо Норин БАҲРИ НОРАК Кранҳои борбардор, Шуданд омодаи кор. Аз чор тараф «МАЗ» омад, «БЕЛАЗ»-у «КРАЗ» омад, Мошинҳои гуногун Аз дари туннел берун. Дар рӯи Пули Сангин Бишуд бозори мошин. Сангу шағал кашондем, Ба тори тал кашондем, Ду кӯҳи қоматбаланд Баҳамдигар расиданд, Ғулғула дар фазо шуд, Баҳри наве пайдо шуд. ПАҲЛАВОН Як мошини зӯр омад, Аз як шаҳри дур омад, Ғалла дарав мекунад, Корро даррав мекунад. Медаравад ҷудо соз, Ҷаву гандуми колхоз. Каҳҳоро ҷамъ мекунад, Худаш ғарам мекунад. Ғаллаҳоро мебезад, Дар кӯлвораш мерезад. Ба мошин бор мекунад, Беминнат кор мекунад. Даравгари чаққон аст, Дастёри деҳқонон аст. Биё, равем ба саҳро, Онро кунем тамошо. Комбайн бувад номи он, Мошин не, паҳлавон.
Аз хизмати аскарӣ Омад ҳамин саҳарӣ Бародари калонам Азизи дилу ҷонам. Телпакаш нишон дорад, Нишони рахшон дорад. Онро ниҳодам ба сар, Шудам гӯиё аскар, Фардо калон мешавам Ба Москва меравам, Дар Майдони Сурхи он Қадам мезанам шодон, Чун аскари бонизом, Чун аскари бонизом. РОҒУН Мо – баччаҳои Роғун, Мо – баччаҳои қобил Мо – зодагони меҳнат, Соҳиби ҷою манзил. Чун рӯи навбаҳорон Роғуни мо базеб аст. Аз рӯи шӯҳраташ он Бар дидаҳо қариб аст. Роғун макони меҳнат, Макони кору бор аст. Ҳар он каси ҳунарвар Лоиқи ифтихор аст. Аз зӯри дасти моён Роғун шавад дилоро. Нуру сафо биёрад Бар деҳу кишвари мо. ФАХРОБОД Мулки Ҳуснобод Фахрободи ман, Гулшани зебои навбунёди ман. Ҷойи ангури шакарборам туӣ, Зиннати Вахши пуранворам туӣ. Себу ангуру анори лолагун Мешавад аз ҳиммати деҳқон фузун. Кони мева кони шарбат гаштаӣ, Хони пур аз нозу неъмат гаштаӣ. Хоки ту пайваста зар меоварад, Қудрати меҳнат зафар меоварад. Боғи сабзи Тоҷикистонам туӣ, Ифтихори халқи пуршонам туӣ. БЕМАЛОЛ Байни кӯҳҳои баланд Воқеъ аст деҳаи мо. Дар ҷои хушманзара, Ҷои хеле дилрабо. Деҳа гарчи хурдакак, Долу дарахташ бисёр. Дарёчаи шӯхи он Меояд аз чашмасор. Аз меҳнати мардумаш Файзу сахо меборад. Пешравии илму фан Ба мо шодӣ меорад. Симчӯб овардем қатор Аз кӯҳу аз теппаҳо. Хати телефон омад Аз Душанбе то ин ҷо. Одамони деҳи мо Гардиданд аз ин хушҳол, Хоҳем агар бо Маскав Гап мезанем бемалол.
Дарзии хушдӯз, Холаи дилсӯз. Куртаи ту Лолаи Наврӯз. Холаи ғамхор, Кори ту бисёр, Дӯхтӣ бар ман Куртаи гулдор. Тугмаҳои он Чун садаф зебо, Медиҳад аз дур Дар барам ҷило. Бар ман бизебад Куртаи гулдор, Бар ту мегӯям: – Раҳмати бисёр! ДАР МЕҲМОНӢ Ҳавлии тағом рафтам, Назди Гуландом рафтам. Ман як ҳафтаи расо Шудам меҳмони онҳо. Тағом маро ҷон мегуфт, Кабкаки хушхон мегуфт. Будем ману Гуландом, Ду мағзаки як бодом. Чизе хоҳем доимо, Буд баҳри мо муҳайё. Лекин акси падарам Бӯи хуши модарам, Шӯхиҳои додарам Намерафтанд аз сарам, Ба ёди рӯи онҳо Даромадам ман ба роҳ. ГУСЕЛ Хонаи мо ин бегоҳ Пур-пури одам шудаст, Хешу таборони мо Ҳама ин ҷо ҷамъ шудаст. Дастаи ҳофиз омад, Раққоса дорад бубин. Мехонанд ин бегоҳӣ Ашӯлаҳои ширин. Акои ман Сулаймон Ба аскарӣ меравад. Дар ҳифзи хоки Ватан Бояд диловар шавад. Дар ҳалқаи ҷӯраҳош Акои ман дилшод аст, Гул-гул шукуфта гӯё Ин бегоҳӣ домод аст. Акои ман диловар Агар равад аскарӣ, Хизмати хуб мекунад, Дорам ба ӯ боварӣ. Акои ман аскар шуд, Биёед, эй ҷӯраҳо, Бо рақсу бозии худ Гусел намоем ӯро.
