ТИРАМОҲ
Шуҳрати бисёр дорад тирамоҳ,
Номи лангардор дорад тирамоҳ.
Дасти боло, рӯйи хандон, чашми сер,
Домани пурбор дорад тирамоҳ.
Паҳн карда хони зебо дар замин,
Нозу неъматҳои дунё дар замин,
Мекунад моро ба даргоҳаш хабар,
Дорад он туйу тамошо дар замин.
Хам шуда сӯйи замин бо эҳтиром,
Медиҳам аз номи деҳқонҳо салом,
Чун дарахти сершоху сербарг,
Мисли домоду аруси некном.
Кӯҳсор аз шарқ чун деҳқони пир
Мебарад туйонаҳои беназир,
Лаълии заррин ба сар бардошта,
Ҳар саҳар гӯяд, ки «Аз ман ҳадя гир!»
Мирзо Турсунзода
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё